Масъалаи фарогири аксар маҳалҳои ҷумҳурӣ
Пешвои миллат, асосгузори сулҳу ваҳдат, сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид кардаанд, ки дар масъалаи номгузории маҳалҳо ба саҳлангорию саросемагӣ роҳ дода нашавад. Ман худ шоҳиди бевоситаам, ки бо ибтикори Президенти мамлакат пеш аз он ки ба ноҳияи Ҳисор мақоми шаҳр дода шавад, барои ба он пайдо кардани номи мувофиқу муносиб чӣ хел омӯзишҳо гузарониданд ва бо чӣ гуна масъулиятшиносӣ фикри олимону донишмандон ва аҳолиро пурсиданд. Ҳамин гуна амалро пеш аз ивазкунии номи чанде аз шаҳру ноҳияҳои дигар низ раво донистанд. Чизи муҳими дигар: Дар конфронси ҷумҳуриявии илмию амалие, ки 29-уми сентябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Номҳои ҷуғрофӣ ва суннати номгузорӣ» барпо шуда буд, ҳам масъулини соҳа, ҳам олимони варзида ва ҳамонҳое, ки нисбати камбудиҳои дар ин самт ҷойдошта бетараф набуданд, хеле дилсӯзона ҳарф зада, таъкид карданд, ки дар номгузорӣ ва номивазкунии мавзеъҳои ҷуғрофӣ, алалхусус деҳаҳо ба саҳлангорию бемасъулиятӣ роҳ дода нашавад. Мутаасифона, дар номивазкунии як деҳаи бароям бисёр азиз – Қаҳрамон, ки шомили ҷамоати деҳоти собиқ Қарамқул, ҳоло ба номиМирзо Турсунзодаи шаҳри Ҳисор аст, нисбати ин таъкиду талаботу амалҳо беэътиноию беэҳтиромӣ зоҳир кардаанд.
Чандин солҳо пеш, масъулини вақти ҷамоати номбурда, ҷиҳати бехабарии худ аз маънию мантиқи азалии вожаи «Қаҳрамон” ва таърихи чӣ тавр бо ҳамин вожа ифода шудани номи деҳаро надониста, бе ягон хел омӯзиш онро «ӯзбакӣ» гуфтаанд ва бо сокинонаш маслиҳат накарда ба «Баракат» иваз кардаанд. Чаро маҳз Баракат? Кӯшиш мекунам, атрофи ҳамин матлаб андеша ронда, исбот намоям, ки ин ном ҳамсанги вожаи «Қаҳрамон» нест ва ҳамчун ном ба деҳаи зикршуда мувофиқ намеояд.
Решаи вожаи «баракат» аз калимаи «барака» аст, ки маъниҳоизиёд дорад. Масалан, бино ба нишондоди«Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (с.2008), ангушти шашуми шахс ва худи шахсеро, ки дар яке аз дастонаш шаш ангушт дорад ифода мекунад. Ду дона мева ва ё сабзавотеро, ки ба ҳам пайванданд, низ барака (баракат) мегӯянд. Ин вожа боз маъноҳои фоидаю нафъ ба даст овардан ва даромади бештар гирифтанро ҳам мефаҳмонад. Ин мафҳумро бештар ҳангоми дуои нек кардан ва харидуфурӯш намудан истифода мебаранд. Дар номгузории маҳалҳо хеле кам вомехӯрад, ҳамон ҳам дар ҳолати надонистану нафаҳмидани маънии аслиаш. Вожаи «қаҳрамон» бошад, ифодагари маъноҳои диловар, диловарӣ, далер, далерӣ, мардонагӣ, паҳлавонӣ, фидокорӣ ва корнамоӣ кардану шуҷоат нишондодан мебошад.
Чуноне, ки дидед, вожаи барака (баракат) хусусияти даъваткунӣ надорад ва дар ҳама ҳолат гирифтани даромад ва фоидаи зиёдро ифода мекунад. Аммо, фарқ намегузорад, ки ин даромаду фоида бо кадом усул ба даст меояд,– бо меҳнату заҳмат ё роҳи дигар. Лекин, вожаи «қаҳрамон» баръакс, даъват менамояд ва талқин мекунад, ки барои барака (баракат) ёфтан, яъне файзу фаровонӣ дидан ва фоидаю нафъи бисёр гирифтан, аввал меҳнат кардану заҳмат кашидан, корнамоию қаҳрамонӣ нишон додан лозим аст. Ин вожа дар умқи худ ҳушдор медиҳад, ки маҳз нафъи бо меҳнату заҳмат ба даст омада, боиси хушбахтию саодатмандӣ мегардад, на бо роҳу усули дигар.
Деҳаи ман маҳз дар натиҷаи ана ҳамин гуна меҳнату заҳмат ва корнамоию қаҳрамонии сокинонаш номи «Қаҳрамон»-ро гирифта буд. Ба таърих рӯ меорам: То нимаи 2-юми солҳои 30-юми асри гузашта, заминҳое, ки имрӯз аз соҳили рости заҳбури калон ва селдара ҳастанд, умуман обёрӣ намешуданд. Дар ин қисматҳо деҳот ҳам набуд. Дар обёрӣ ва корамкунии ин заминҳо сокинони Авзикентро ҷалб карданд. Мардуми ин деҳаи куҳистон дар сари замин капаю козаю чайлаҳо сохта, шабу рӯз садоқатмандона заҳмат мекашиданд. Ҳар як ваҷаб заминро аз сангҳои хурду калон тоза карда, барои кишти пахта омода менамуданд. Одамони имкониятдошта, ҳам дар замини хоҷагӣ кор мекарданду ҳам мувофиқи иҷозати ҷамоат болотар аз ҷӯйбори кандаашон (ҷӯйбори имрӯзаи миёни деҳа), дар ҷойи лалмӣ хонаҳо бунёд менамуданд. Онҳо мавзеъи бунёдкунии хонаҳои худро «Авзикенти поён» номиданд. Аммо он дар ҷамоат чун «Авзикент» сабт шудааст, ки мантиқан нодуруст аст. Зеро Авзикент дар куҳистон асту «Авзикенти поён» дар ҳамвории 9 км поёнтар.
Хулоса дар натиҷаи меҳнати дилгармона ва садоқатмандонаи мардум хонаҳо пайи ҳам қомат меафрохтанду заминҳо пайи ҳам киштбоб мегаштанд. Заҳмати мардум махсусан баъди ташкилшавии МТС-ҳо (Стансияҳои мошинию тракторӣ) пурсамар гардид. Онҳо ба гуруснагию қашшоқии замон ва бедодгариҳои давраи сталинӣ нигоҳ накарда, дар солҳои 1937-1938 пайи ҳам аз заминҳои навкорам ҳосили баландтарини пахта рӯёниданд, ки дар он замон баробари қаҳрамонии бузург буд. Овозаи ин қаҳрамонии авзикентиҳо дар саросари ноҳияю минтақа паҳн гардид. Вақте, ки соли 1938 ТОЗ-ҳоро (Товарищество по обработке земли) барҳам дода, ба ҷойи онҳо колхозҳо ташкил намуданд, ин қаҳрамонии мардумро ба эътибор гирифта, колхози онҳоро «Қаҳрамон» номиданд. Ана, аз ҳамон замон то ба имрӯз ин мавзею ин деҳа «Авзикент» ё «Авзикенти поён» не, балки «Қаҳрамон» номида мешавад.
Чаро номи онро дар ҳуҷҷатҳои ҷамоат тағйр надодаанд? Сабаб дар он аст, ки дар ҷамоатҳо ҳамчун маҳалли аҳолинишин номи рустоҳоро сабт мекарданд, на колхозҳоро. «Қаҳрамон» ҳам барои ҷамоат деҳа не, колхоз буд ва боз чандин деҳаҳои дигарро муттаҳид менамуд, ки «Авзикент» яке аз онҳост. Бо вуҷуди ин номи «Қаҳрамон» дигар аз даҳони мардум нарафт. Ҳатто ҳоло ҳам, баъди чандин соли «Баракат» номгузорӣ шуданаш онро «Баракат» не, «Қаҳрамон» мегӯянд.
Гилаи мо аз роҳбарияти вақти ҷамоати Қарамқул, ҳоло М.Турсунзода он аст, ки эшон метавонистанд ойконими «Авзикент»-ро «Қаҳрамон» кунанду бо ҳамин номи 80 сол пеш дар натиҷаи меҳнати суботкоронаю содиқонаи мардум ба миёномадаро расмӣ гардонанд. Охир, ин ном бо гузаштагони сокинони имрӯзаи деҳа пайвандии бевосита дорад ва хотираи бузургест аз заҳмат, корнамоию қаҳрамонии бобою бибиҳояшон, аз шодию сурури онҳо ва бедодгариҳои давраи сталинӣ. Маҳз ба ҳамин хотир ин ном барои эшон, аз ҷумла камина ҳам бисёр азиз ва муқаддас аст.
Вақти «Қаҳрамон»-ро ба «Баракат» иваз намудан, ба сари масъулин назадааст, ки баракат бо «баракат» гуфтану «баракат» навиштан пайдо намегардад. Баракат аз меҳнат, аз заҳмат ҳосил мешавад. Аз меҳнату заҳмати сарсарӣ не, аз меҳнату заҳмати далерона, фидокорона, суботкоронаю қаҳрамонона. Афсӯс, ки роҳбарияти вақти ҷамоати номбурда ба ҳамин чизи оддӣ сарфаҳм нарафтаанд. Зиёда аз ин, мувофиқа ба Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё пажуҳишгоҳҳои забон ва таърих як сӯ, ақаллан лозим надонистаанд, ки бо сокинони ин русто машварате ороста фикри эшонро бипурсанд. Ин тарзи рафтор як навъ беҳурматию нописандиест нисбати таъкидҳои роҳбари кишвар, сокинони ин деҳа, тешазаниест ба решаи таърихи ин деҳа, хизмати хирсонаест барои фарҳанг, таърих ва суннати номгузории ҷуғрофии тоҷик, асоси мустаҳкамест барои нодуруст фаҳмидани таърихи деҳаи номбурда. Зиёда аз ин, агар ба нишондоди «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (с. 2008) такя кунем, ин гуна амал, яъне хати бутлон задану ботил кардани ҳамин хел корнамоию қаҳрамонӣ ҳамрадифи хиёнаткориҳо аст. Охир, ойконими «Қаҳрамон» як навъ муҷассамаи муҳташами таърихӣ аст, – аз корнамоию қаҳрамонии бобою бибиҳои сокинони имрӯзии деҳа.
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ маъракаи ивазкунии номҳои нозебу носазои маҳалҳо идома дорад. Бо истифода аз ин, сокинони деҳа аз сохторҳои марбута ва ашхоси ба ин масъала сарукор дошта, илтимосу илтиҷо доранд, дар барқарор намудани номи воқеӣ ва таърихии Қаҳрамон мусоидат намуда, бо ҳамин дар барқароршавии ин муҷассама саҳм бигиранд.
Ин кор зарурати воқеӣ, фарҳангӣ, суннатӣ, тарбиявӣ ва таърихӣ дорад. Дар таркиби вожаи «Қаҳрамон» натанҳо симо ва корнамоию қаҳрамонии сокинони баландному шуҳратёри деҳа нуҳуфтааст, балки қимату арзиш, маънию мазмуни он аз «Баракат»-и хаёлию дурӯғин дида чандин борҳо баландтару афзалтар аст. Илова бар ин, вожаи «Қаҳрамон» ҷанбаи тарбиявии жарфтар дорад ва барои болотар шудани ҳиссу ифтихори ватандории сокинонаш мусоидат мекунад.
Ҳасан Юсуфи ФАЙЗБАХШ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,
Конфедератсияи байналхалқии Иттифоқҳои журналистӣ,
барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи А.Лоҳутӣ.