Нисфирӯзӣ аз барномаи «Евронюс» ғарқи тамошои иттилооти ЮНЕСКО оид ба Саразми бостон будам, ки ба гӯшу машомам суруди форами завҷаам ва накҳати оши палав аз ошхона расид.
Ба ошхона гузаштам ва дидам, ки дар ҳақиқат кадбону суруди фораме месуруду ба овози ӯ садоҳои оркестри зирбаку пухтупази палав ҷӯр мешуданд. Биринҷ дар дег зери пали обе худро боз гӯё дар манзили бобогиаш ҳис мекарда бошад, арз мекард:
– Ман зироатеам, ки аз дунболи гандум, аз ҷаннат фиристода шудаам. Кишту парваришу истеҳсоли ман аз қадимулайём ба деҳқон вобаста аст, ки ӯро деҳгон, яъне сокини деҳ ҳам мегӯянд. Барои истеҳсоли ман палҳои бузурги чор атрофашон вотбардошта, оби ҳамешагии он палҳо дар давоми 7-8 моҳ, хишоваи алафҳои бегонаи атрофам, таъмин кардани рустаниам бо ғизо заруранд, ки ин корҳоро метавонад танҳо касе иҷро кунад, ки ӯ деҳқон бошад, яъне сокин ва муқими маҳале, деҳе. Чунин деҳқонон дар ҷуғрофиёе, ки аз ман оши палав мепухтанд, нахуст тоҷикон буданд. Чун макони сабзидаю расидани ман пали обе буд ва дар дег ҳам гӯё дар зери пали обе маро чун ош мепухтанд, ба он ош «палав», яъне «пали об» ном гузоштанд. Пас аз 7-8 моҳ, ки хӯшаҳоям пухтаю расиданд, боз ҳамон деҳқон бо ҳамдеҳагон маро даравида, аз пояҳоям тоза карда, ба обҷувозам мебаранд. Дар обҷувоз, ки чун осиёбест дар канори деҳ ва аз номаш маълум, ки кадом қавме онро кашф кардаю сохтааст ва дар ин ҷуғрофиё дигар қавмҳо ҳам вайро обҷувоз меноманд, маро аз либоси дурушти чун шолам, ки шояд аз ҳамин сабаб ҳам тоҷикон шолиаш гӯянду дигарон ҳам ба онҳо бо пайравӣ чунинаш номанд, чун арӯсон берун меоранд. Мароми кори обҷувозро фақат деҳқони асил медонаду халос. Агар ҳавасманде бо обҷувоз сарукор доштан хоҳад, он гоҳ ман ё майда-майдаю реза-реза мешавам, ё аз либосам тозаю хуб берун намеоям. Дар обҷувоз, ки дар зери зарбаҳояш аз либосам берун меоям, ба ман «Биринҷ», яъне бо ранҷҳо истеҳсолшуда ном мегузоранд. Маро ҳар қавму миллате чун зироати лазиз, ба ҳар навъу намуд чун оше ва ҳатто чун ноне истеъмол мекунанд, вале ман худро фақат дар даруни оши палав (оши палоб)-и тоҷикон дубора дар манзили худ, яъне боз дар даруни пали об бароҳаттар ҳис мекунам. Ман чун биринҷ сипосгузорам аз он қавме, ки гӯё матлаби маро дарк карда бошанд, аз ман оше мепазанд ва ба ман дар он гӯё боз чун ҳангоми пухтаю расиданам дар саҳро, дар зери пали об, чун рамзе, ҷой ва мақоми аввал медиҳад.
Бо дам хӯрдани ош ва табақи дамро аз рӯи он гирифтани завҷаам, акнун оши палав чун паҳлавони ҳангоми набард, бо даму ҳавли гарму ҷӯшу хурӯш суханро давом медод ва далелҳо пеш меовард:
– Ман чун оши палав бо накҳату маззаи гувороям, бо ваҳдате, ки бо лаҳму рӯғану сабзию пиёз, нахӯду дорчин, зираю зарчӯба, заъфарону намаку об дорам, аз кашфкунандагонам – тоҷикон сипосгузорам. Охир, чи тавр сипосгузор набошам, ки узв – узви маро ҳама ном тоҷикист, ҳамаи онҳоро замоне тоҷикон ёфтаю истеҳсол кардаю номгузорӣ кардаанд, ҳатто обҷувозро ҳам. Дар ҷуғрофиёе, ки ман кашф шудаам, мардумони дигар низ маро чун тоҷикон палав ва ҳамаи он чиро, ки дар таркиб дораму номи тоҷикӣ доранд, бо ҳамон номашон ба забон мегиранд. Ман чун палав рамзеам аз ҳамон “пали об”-и деҳқони тоҷик.
Ман худ бо ҳамаи он чизҳое, ки дар таркиб дорам, таъомеам ваҳдатофар ва ваҳдатқарин. Бо зеби дастурхон буданам, дар атрофам ҳамаро ҷамъ мекунам. Ман – Палав, дар давраҳои мусолиҳаю оштӣ чун оши оштӣ борҳо восита ва боиси аҳду паймонҳо гардидаам. Дар ҷуғрофиёи ман аз қадимулайём ин вожаи тоҷикон – оши оштиро низ дигар қавмҳо ҳам ба ҳамин ном ном мегиранд. Аммо, ҳазорон афсӯс, ки дар ЮНЕСКО ном ташкилоти байналхалқие маро – оши палав (оши палоб)-и дар ҷаҳон маъруфро хуб намешинохтаанд. Шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки дар номнавис кардани оши палав дар ин ташкилот ба тоҷикон мақоми дуюмро раво дидаанд. Агар тоҷикон аз камҳавсалагӣ, ки хоси онҳост, даъвои ихтироъкор будан ба оши палавро накунанд, пас ман худам чун оши палав талаб дорам, ки дар ЮНЕСКО ба тоҷикон дар ихтирои ман мақоми аввал дода шавад. Охир, тоҷикон ба дастоварди ягон миллати дигаре дастдарозӣ накардаанд ку! На ба бешбармоқи кӯчию на ба борши русӣ.
ЮНЕСКО бояд мутахассисони қилро аз хамир ҷудокунанда ва этнографҳои тавоно дошта бошад!!!

Аз забон ва аз сари деги оши палав, Қаҳрамон БУРҲОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь