Ноҳияи Айнӣ 23-юми ноябри соли 1930 ташкил ёфтааст. Он дар водии Зарафшон ҷойгир буда, дар шимол бо вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон, ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд, дар шимолу шарқ бо ноҳияи Деваштич (собиқ Ғончӣ), дар шарқ бо ноҳияи Масчои Куҳӣ ва Рашт, дар ғарб бо шаҳри Панҷакент ва дар ҷануб бо шаҳру ноҳияҳои Шаҳринав, Ҳисор, Варзоб, Ваҳдат ва дар ҷанубу ғарб бо вилояти Сурхандарёи Ӯзбекистон ҳаммарз аст. Маркази ноҳия шаҳраки Айнӣ буда, беш аз 12 000 аҳолӣ дорад. Шаҳраки Айнӣ дар 177 км ҷанубтари Хуҷанд ва 140 км шимолтари шаҳри Душанбе қарор гирифтааст. Аҳолии ноҳия соли 2015-ум 76 ҳазору 900 нафарро ташкил медод. Дар ноҳияи Айнӣ ҷамоатҳои деҳоти Айнӣ, Анзоб, Дар-Дар, Зарафшон, Рарз, Урметан, Фондарё ва Шамтуч мавҷуд аст. Роҳбарии ноҳияи Айниро марди фарҳангиву кордон ва зиндадил Муродзода Муқим Қаюм бар дӯш доранд.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ фаъолияти худро дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба роҳ монда, баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, таъмини фаъолияти соҳаҳои иҷтимоӣ, ободу зебо гардонидани маҳали зист, беҳтар намудани зисту зиндагии мардум корҳои амалиро ба анҷом расонидааст.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Айнӣ барои солҳои 2016-2020” чораҳои дахлдор андешида меояд. Барнома аз 199 лоиҳа иборат буда, маблағи он 211,0 млн сомониро дар бар мегирад. Аз ҷумла, аз буҷети ҷумҳуриявӣ 49,5 млн сомонӣ, аз буҷети вилоятӣ 15,9 млн сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 3,6 млн сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ 17,2 млн сомонӣ, сармояи хориҷӣ 68,5 млн сомонӣ ва лоиҳаҳои манбаи маблағгузориашон гуногун 52,1 млн сомонӣ мебошад.

Рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия дар доираи барнома сурат гирифта, мониторинги он гузаронида шуда, аз руйи бахшҳо таҳлил мегардад. Натиҷаи мониторинг аз рӯйи ҳисобҳои пешакӣ нишон медиҳад, ки иҷроиши он ба маблағи 78,8 млн сомонӣ иҷро гардидааст, ки 37,3 фоизи маблағҳои умумии Барномаро дар бар мегирад.

 

Ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ

Дар ноҳияи Айнӣ ба ободонии маркази ноҳия, бо инфрасохтор ва иншооти ёрирасон таъмин намудани он диққати махсус дода шуда, таъмири биноҳо, сафолакпӯш намудани роҳравҳо, таъмири хати об, дигар намудани симои меъмории он ба роҳ монда шудааст.

Вобаста ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 бунёди 211 адад иншооти соҳаи маориф, тандурустӣ, роҳҳо, корхонаҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳали зист, анҷом додани корҳои созандагиву ободкорӣ, боғу гулгаштҳо, майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдакон дар назар дошта шуда, бунёд карда мешаванд. Дар арафаи таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар деҳаи Айнӣ – ҳудуди ҷамоати деҳоти Айнӣ 11 адад иншооти тибқи нақша-чорабиниҳо; майдончаи бозии кӯдакон ва майдончаи варзишӣ, меҳмонхона, маркази хизматрасонӣ, сохтмони мағозаи фурӯши маҳсулоти молҳои омехта, бинои меҳмонхона ва ошхона, сартарошхона, нуқтаи фурӯши доруворӣ ва маркази дандонпизишкӣ, таъмири пули мошингузар, ҳуҷраи хатна, таъмири роҳрави бунгоҳи тиббӣ, бинои дидбонгоҳи оташхомӯшкунӣ, бинои ҳаммоми замонавӣ ба истифода супорида шуд. Сохтмони бинои мактаб дар деҳаи Хайробод давом ёфта, ба бунёди бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Томин санги асос гузошта шуд.

Дар шаш моҳи соли равон сохтмончиёни ноҳия ба маблағи 13565,8 ҳазор сомонӣ сармояи асосӣ аз худ карданд, ки нисбати соли гузашта 7163,1 ҳазор сомонӣ зиёд буда, 2,0 баробар зиёд аст. Инчунин, 13393,0 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлгариро ба анҷом расониданд, ки ин низ 2 баробар зиёд мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ободонии маркази ноҳия тибқи нақшаи генералӣ амалӣ карда шуда истодааст.

 

Соҳаи сайёҳӣ

Ноҳияи Айнӣ яке аз минтақаҳои сайёҳии кишвар маҳсуб ёфта, рушди соҳаи сайёҳӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ такмил додани инфрасохтор дар мавзеҳои сайёҳии ноҳия, аз қабили “Искандаркӯл”, “Кӯлҳои Аловуддин”, “Дараи Яғноб” рафта истода, 2 ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла намояндагии ширкатҳои сайёҳии мамлакат ва ноҳия амал мекунанд.

Ҷиҳати амалӣ гаштани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.05.2019, №227 “Дар бораи ташкил намудани Парки табиии миллии Яғноб” корҳои фаҳмондадиҳӣ рафта истодааст. Дар ин самт қарори раиси ноҳия аз 02.04.2018, №211 дар бораи нақша-чорабинии ноҳиявӣ бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мавриди амал қарор дода шуд. Ҷиҳати иҷрои “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020”, қарори раиси вилоят аз 21.05.2018, №192 “Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани “Барномаи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар вилояти Суғд“, қабл аз ҳама қарори раиси ноҳия аз 18-уми майи соли 2018, таҳти №325, «Дар бораи Барномаи рушди сайёҳӣ дар ноҳияи Айнӣ барои солҳои 2018-2020” ба тасвиб расонида шуд.

Бо мақсади иҷрои банди 36-и Паём ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.01.2019, №39, банди 1-и ташкилу муаррифии ҷойҳои нодири сайёҳӣ, мероси таърихию фарҳангӣ, ҳайвоноту наботот тадбирҳои судманд амалӣ мешавад.

Ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ фароҳам овардани шароит аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи Работ, шаҳраки Зарафшон, маркази ноҳия, такоби Хушекат инфрасохтори хизматрасонӣ бо истифода аз меҳмонхонаҳои хусусии дорои ташноб, хӯроки тезтайёр, ҷойҳои истироҳат ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, меҳмонхонаҳои “Нури Раҳмон”, “Варзи Манор”, “Суғд”-и маркази ноҳия, “Қаҳрамон” (шаҳраки Зарафшон), мавзеи Искандаркӯл, Аловуддин ба хизматрасонӣ омодаанд.

Аз даромадгоҳи ноҳия дар ду шафати роҳи Душанбе-Хуҷанд бозорчаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил ва маҳсулот ба фурӯш бароварда шуда, пешкаши сайёҳону меҳмонон гардонида мешавад.

Инчунин, сохтмони меҳмонхонаи замонавии дараҷадор оғоз гардидааст.

 

Фалғар

То миёнаҳои асри XIX дар ҳудуди ноҳия бекигарии Фалғари аморати Бухоро амал мекард. Баъди тақсимоти миллӣ-маҳаллӣ дар Осиёи Миёна ва таъсиси Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон Фалғар 23.11.1930 ба ҳайси ноҳияи мустақил ба округи Панҷакент шомил ва аз октябри соли 1939 ноҳияи Фалғар ба ҳайати вилояти навтаъсиси Ленинобод ҳамроҳ карда шуд. Соли 1978 бошад, бо қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ноҳияи Фалғар ба ноҳияи Айнӣ тағйири ном кард.

 

Фон

Фон (Куҳҳои Фон) куҳсорест дар байни қаторкуҳҳои Зарафшону Ҳисор, дар ҳудуди ноҳияҳои Панҷакенту Айнӣ. Аз водии дарёҳои Арчамайдону Киштӯд (дар ғарб) то водии дарёҳои Искандару Фон (дар шарқ) ба масофаи 45-50 км тӯл кашидааст. Куҳҳо асосан аз оҳаксанг, варақсанг, алевролит ва регсанг таркиб ёфтаанд, ки синнашон ба давраҳои силуру девон мансубанд.

Табиати дилфиреб, хосса шаху кухсорон ва кӯлу дарёчаҳои шӯхи ноҳияи Айниро наметавон бе истифодаи такрор ба такрор аз вожаҳои «беназир» ва «беҳамто» тавсиф кард. Куҳҳои ноҳияи Айнӣ дар баробари дигар навоҳии Тоҷикистон макони канданиҳои фоиданоки кишвар аст. Аксар сарватҳои зеризаминиро метавон аз ин макон дарёфт кард.

Мавзеи кӯли Аловуддин ҳамчун марвориди беназир дар иҳотаи куҳҳои Фон, маҳали дилписанди сайёҳон аз саросари ҷаҳон аст. Дар ин мавзеъ қуллаҳои баланди Чимтарға (5489 метр), Бодхона (5138 метр), Чапдара (5050 метр) ва ғайра ҷойгир аст. Ҳамаи ин маконҳои афсонавӣ дар водии Зарафшон – ноҳияи Айнӣ қарор доранд. Ҳар як хоҳишманд, хоҳ сайёҳи дохилӣ бошад ё хориҷӣ, бо харҷи маблағи кам метавонад ба дидани ин маконҳои афсонавӣ, назаррабо ва дилфиреб мушарраф гардад. Дар мавзеи куҳҳои Фон бошишгоҳ барои сайёҳон амал мекунад, ки хоҳишмандони варзиши куҳнавардӣ метавонанд аз он истифода баранд.

 

Фондарё

Фондарё – яке аз дарёҳои Тоҷикистон, ки шохоби тарафи чапи дарёи Зарафшон аст, 24 километр дарозӣ дораду масоҳати ҳавзаи ҷоришавӣ 3230 километри мураббаъ ва хурӯҷи об 62,6 метри кубӣ/с мебошад. 58 дарсади оби он аз ҳисоби шохоби асосиаш – дарёи Яғноб, ки аз пиряхҳои қаторкуҳи Зарафшон об шуда меояд ва 30 дарсадаш аз Искандардарё, ки аввали он аз Искандаркӯл оғоз мегирад, ба Фондарё мерезад.

Ин дарё дар назди шаҳраки Зарафшон – дарёи Яғноб бо Искандардарё якҷоя шуда, Фондарё ном мегирад ва 2 километр то шаҳраки Айнӣ норасида бо дарёи Зарафшон якҷоя мешаванд.

Дарозии Фондарё бо дарёи Яғноб ҳамагӣ 140 километрро ташкил медиҳад. Бо хати дарё роҳи автомобилгарди Душанбе – Самарқанд – Тошканд мегузарад.

 

Искандаркӯл

Искандаркӯл яке аз кӯлҳои зебои Тоҷикистон мебошад. Он дар баландии 2195-2200 метр (аз сатҳи баҳр) мавқеъ ва 86-72 метр жарфӣ, 3,2 км дарозӣ, 1,5 км паҳноӣ, 14,5 км доира дорад. Гармии об +11,5 то +180, зимистон ях мекунад.

Пайдоиш ва ташаккулёбии Искандаркӯлро коршиносони соҳаи геология дар рӯй додани ҷараёнҳои дохилии замин, мавҷҳои палеосейсмикии 8-9-балла, зарбаҳои зеризаминӣ (таркишҳо) ва экзогенӣ, лағжиш (ярч) ва селу селравиҳо, фурӯғалтиҳо аз ҳисоби боришоти аз меъёр зиёд, обҳои зеризаминӣ, ки дар давру замонҳои гузаштаи геологӣ ҷой доштанду ба атроф паҳн гардида, чун «оташ ба бензин» сабаби асосӣ мебошад, медонанд.

 

Буҷети ноҳияи Айнӣ

Дар 6 моҳи соли равон бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет ва тадриҷан кам кардани бақияпулиҳои андоз, дарёфти сарчашмаҳои нави андозҳо, аз нақшаи 91,4 млн сомонии муайянгардида амалан 94,6 млн сомонӣ андозу даромадҳо ворид гардидааст, ки афзоиши он 103,5 фоизро ташкил медиҳад. Ҷамъи воридоти андозҳо (бе андози иҷтимоӣ) бошад, дар ин давра аз нақшаи 76,8 млн сомонӣ дар асл 76,9 млн сомонӣ маблағҳо ворид гардидааст, ки 100,2 фоизро ташкил медиҳад. Қарзи музди меҳнат дар ташкилотҳои буҷетӣ, корхонаҳои ғайрибуҷетӣ ба назар намерасад. Музди миёнаи меҳнат дар ноҳия тамоюли афзоиш дорад ва он 1490,3 сомониро ташкил медиҳад.

 

Рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ

Дар ноҳия ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон диққати махсус дода, 1719 нафар соҳибкор, аз он ҷумла 1047 нафар шахсони воқеӣ ва 575 нафар шахсони ҳуқуқӣ хизматрасониҳои гуногунро ба аҳолӣ ба амал мебароранд.

Дар бобати ҳолати ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ мувофиқи соҳаҳо ва корҳои баанҷомрасида, аз ҷумла бунёди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани масоҳати гармхонаҳо, сардхонаи ҳозиразамон муҷаҳҳаз бо технологияҳои муосир бояд қайд кард, ки корхонаи коркарди меваи хушк, сехи коркарди меваи Шамтуч, сардхона ва гармхона дар деҳаи Рарз бунёд гардида, ҳоло фаъолият доранд.

Ҳамзамон, бо мақсади дастгирии бевоситаи соҳибкорон дастрасии онҳо ба қарзҳои бонкӣ тибқи талаботи банди 18 ва 20-и Паёми Сарвари давлат таъмин гашта, он таҳти назорати доимӣ қарор дорад. Дар ин давра 5618,3 ҳазор сомонӣ маблағҳо дар ин самт ҷудо гардидааст.

Дар ноҳия 4 филиали бонкҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, “Бонки Эсхата”, “Ориёнбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва ҳамзамон маркази хизматрасонии бонкии “Айнӣ”-и ТАҚХ “Рушди Ориён”, Фонди қарзи хурди “Ҳамёрӣ”, “Рушди водии Зарафшон”, ҶДММ ТАҚХ “Имон Интернешнл” хизмат мерасонанд.

 

Соҳаи саноат

Мутобиқи банди 11-и Паём, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат дар соли 2018 ва вазифаҳо барои соли 2019” аз 30.01.2019, №39, банди 2, саноатчиёни ноҳия дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 448624,2 ҳазор сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 54443,6 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 113,8%-ро ташкил менамояд.

Истеҳсоли консентрати 30-фоизаи сурмаю симоб ба 37185,3 тонна (8701,5 тонна зиёд), 1600,55 тонна металли сурма, 45,2 тонна металли симоб, 651083,06 тонна ангишт истеҳсол гардид. Дар ин самт лоиҳаи сохтмону таъсиси корхонаи бузурги “ҶДММ Талко-Голд”, ки ба тавлиди сурма, тилло машғул хоҳад шуд, амалӣ гашта истодааст. Дар ин давра таъсиси корхонаи истеҳсолӣ, сафолакбарорӣ дар ноҳия бо таъсиси 4 ҷойи кори доимӣ бо иқтидори 80,0 ҳазор дона дар як сол ба фаъолият оғоз кард.

Дар соҳаи саноати сабук ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои халқӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 20 адад дастгоҳи адрасу атласбофӣ, 14 адад дастгоҳи калони қолинбофӣ ва 25 адад дастгоҳи қолинбофии хурд амал мекунанд.

 

Соҳаи кишоварзӣ

Дар ин давра ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ ба 29723,0 ҳазор сомонӣ расонида шудааст, ки он дар соҳаи растанипарварӣ 7629,0 ҳазор сомонӣ, чорводорӣ 22094,0 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар 6 моҳи соли равон дар ноҳия 2872,4 тонна шир, 544,4 тонна гӯшт, 34,5 ҳазор дона тухм, асал – 6 тонна, пилла – 4,8 тонна, пашм – 86,7 тонна, меваҷот – 440 тонна, картошка – 180 тонна, ғалладона – 746 тонна истеҳсол карда шудааст.

Дар ноҳия 2 адад хоҷагии зотпарварӣ, 41 адад хоҷагии ҷамоавӣ, 1128 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Майдони умумии заминҳо 515820,1 га буда, заминҳои корами обӣ 1441,6 га, чарогоҳ 141459 га, боғҳо 834,3 га, заминҳои наздиҳавлигӣ 1625 га, заминҳои ёрирасони шаҳрвандон 624 га мебошад.

Гуфтан бамаврид аст, ки дар ноҳия 4 адад пойгоҳҳои обкашӣ мавҷуд аст, ки тавассути онҳо 502 га замин обёрӣ карда мешавад.

 

Соҳаи нақлиёт

Дар ҳудуди ноҳия 253,1 км роҳҳо ба уҳдаи МДНРА-и ноҳия қарор дорад. Таъмиру тармим ба маблағи 116,8 ҳазор сомонӣ равона шудааст, ки 54,8  фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Дар ин давра 72,4 км роҳҳо таъмиру тармим гардида, аз он 37,0 км таъмири ҷорӣ, 35,4 км шағалпӯш карда шудаанд. Ин корҳо аз буҷети Вазорати нақлиёт 116,8 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон 1,1 ва аз ҳисоби аҳолӣ 38,9 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

 

Соҳаи маориф

Айни замон дар ноҳия 66 мактабҳо, аз он 53 муассисаҳои миёна, 13 муассисаи асосӣ фарогири 18485 нафар хонандагон ва 4 муассисаи томактабӣ бо 18 мураббӣ ва 346 нафар кӯдакон амал мекунанд. Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1719 нафар омӯзгорон фаъолият менамоянд, ки аз инҳо 1393 нафар бо маълумоти олӣ, 90 нафар бо маълумоти олии нотамом ва 236 нафар бо маълумоти миёнаи махсус мебошанд.

Бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо, хонандагони лаёқатманд озмунҳои “Китобхони беҳтарин”, “Расми беҳтарин”, “Рӯдакихонӣ”, “Хушнависон”, “Наттоқи беҳтарин” ташкил ва гузаронида шудааст. Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 835 компютер, 256 принтер, 39 адад тахтаи электронӣ ва 39 адад видеопроектор мавҷуд аст.

Дар назди Маркази таҳсилоти иловагии шуъбаи маориф 27 маҳфил амал мекунад ва шумораи аъзо ба 970 нафар расида, барои ҳунаромӯзии хонандагон тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст.

Сохтмони мактаб дар деҳаи Зеробод барои 640 нафар хонанда идома дошта, сохтмони толори варзишӣ дар назди МТМУ №35 дар арафаи анҷомёбист.

Ҷиҳати иҷрои дастури Пешвои миллат дар деҳаи Хайробод сохтмони мактаб барои 160 ҷойи нишаст рафта истодааст.

 

Соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ

Дар ноҳияи Айнӣ 57 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 8 беморхона, 22 марказҳои саломатӣ, 27 хонаҳои саломатӣ, 1 маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ амал мекунанд.

Сохтмони бинои беморхонаи деҳаи Урметан барои 40 кат идома дошта, маркази дандонпизишкӣ ва дорухона дар деҳаи Урметан, бинои дорухона ва ташхисгоҳи УЗИ дар деҳаи Дар-Дар ба истифода дода шуд.

Ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоии гуруҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, нафарони бесаробон корҳои зиёде анҷом дода шуда истодааст. Айни замон ба 142 нафар шахсони яккаву танҳо, пиронсолон, шахсони дар ҳолати душвори зиндагӣ қарордошта хизмати иҷтимоӣ аз ҷониби шуъбаи ёрии иҷтимоӣ дар хонаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия расонида шудааст.

Ҷиҳати дастгирии оилаҳо ва шахсони камбизоату муҳтоҷ дар арафаи иду ҷашнҳо ба 1307 нафар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба маблағи 345,7 ҳазор сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроия, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ёрии моддӣ расонида шудааст.

Ба 80 оилаҳои камбизоат барои маросими дафн 85,6 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ ҷудо гардидааст. Ба 4 нафар маъюбон аробача ҷудо карда шуда, дар ин давра 2311 нафар оилаҳои камбизоат аз кӯмаки иҷтимоӣ бархӯрдор гардидаанд.

Тайи ин давра баҳри Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2020 тадбирҳои судманд андешида, дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 23 марказҳои тавонбахшӣ, аз ҷумла 1 зали машваратгузаронӣ, 12 хонаҳои машғулияти кӯдакони маъюб, 10 хонаи кормандони тавонбахшӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот таъсис дода шуда ва биноҳо таъмиру азнавсозӣ карда шудаанд. Биноҳои маъмурӣ, кӯчаҳои пиёдагард бо роҳравҳои зарурӣ барои маъюбон (пандусҳо) таъмин гаштаанд.

 

Соҳаи фарҳанг

Айни замон дар ҳудуди ноҳия 1 бахши фарҳанг, 32 муассисаҳои клубӣ, 39 китобхонаҳои системаи марказонидашуда, 2 мактаби санъат, 1 Қасри фарҳанг, 1 осорхона ва 1 маҷмааи таърихию фарҳангии ба номи Нақибхон Туғрал амал менамоянд. Фонди китоби китобхонаҳои ноҳия 187852 нусха ва китобдиҳӣ 47201 нусхаро ташкил медиҳад. Бахши фарҳанги ноҳия дар баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ба муносибати санаҳои таърихӣ дар ин давра фаъолияти назаррас намуда, дар оянда низ бо барномаҳои ҷолиби диққат ва бо навовариҳо дар байни мардум ва иду чорабиниҳо омодагиҳо мегирад.

Дар Осорхона 580 нигораҳо ҷамъ оварда шуда, 449 нигора чун туҳфа ба фонди Осорхона ворид гардидааст.

 

Кор бо ҷавонон ва варзиш

Дар ноҳия 27900 нафар ҷавонон буда, аз онҳо 13900 нафарашон духтарон мебошанд.

Дар ин давра даври аввали мусобиқаи варзишии футбол баҳри дарёфти “Ҷоми Раиси ноҳия” барои ҷавонону наврасон доир карда шуд ва он идома дорад. Бо мақсади сайқал додани зеҳни толибилмон ва рушд ёфтани варзиш бозии шашкаю шоҳмот, тенниси рӯи миз бо иштироки ҷавондухтарон идома дорад.

Дар ноҳия бо дастгирии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид таҳти лоиҳаи “Мусоидат барои васеъ намудани имкониятҳои иҷтимоию иқтисодии занон ва ҷавонон дар водии Зарафшон” Клуби соҳибкорони ҷавон, “Мактаби тиҷоратӣ” барои занон ва ҷавонони ноҳия, ки хоҳиши соҳибкорӣ доранд, семинар-машварат дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот оид ба “Рушди соҳибкорӣ дар деҳот” гузаронида шуд.

Дар ин давра дар маркази ноҳия майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд ва дар деҳаи Марзич толори варзишӣ сохта шуда истодааст. Ҳоло шумораи толорҳои варзишӣ ба 20 адад ва майдончаҳои варзишӣ ба 77 адад расидааст.

Зиёда аз он, дар маркази ноҳия ҳоло сохтмони варзишгоҳи замонавӣ бо назардошти боғи фарҳангию фароғатӣ, кортҳо, ҳавзи шиноварӣ дар майдони 14,2 га замин дар мавзеи Дашти Варз давом ёфта, 1976,0 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расидааст.

Тибқи дастури Пешвои муаззами миллат дар маҳаллаи аҳолинишини маркази ноҳия майдончаи ҳозиразамони футболи хурд, волейбол ва баскетбол ба истифода дода мешавад.

 

Ба ҷои охирсухан

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия айни замон тамоми нерӯ ва ғайраташро ба он равона кардааст, ки аҳли меҳнати ноҳияи Айнӣ бо масъулияти баланд кор кунанд, самаранокии меҳнатро баланд намуда, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҷашну маросимҳои муҳимро бо дастовардҳои беназир дар партави сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол гиранд. Бо ин мақсад то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорону меҳандӯстон ва ҳамватанони бурунмарзӣ бунёди 211 иншооти гуногунро ба нақша гирифта, азм доранд ноҳияи Айниро ба як гулистони зебову афсонавӣ табдил дода, номи неки онро боз ҳам шуҳратёр гардонанд.

 

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь