Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ хабарнигори МТЖТ бо раиси ноҳияи мазкур Нишонзода Даврон суҳбат анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолият намуд.
Зиёда аз он баҳри рушди бомароми иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои миёнмуҳлати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида меоянд.
Бо изҳори сипосу миннатдории сокинони заҳматнописанди ноҳия зикр бояд кард, ки натиҷа ва дастовардҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия аз дастгириву ғамхориҳои пайдарпай ва шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ ва вазифагузориҳое, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ карда буданд, сарчашма мегирад.
Алалхусус дар амали сохтани ҳадафҳои стратегӣ, ки ҳамасола дар Паёмҳои Сарвари давлат ироа мегарданд, мо ғамхории Пешвои муаззами миллатро ҳамеша эҳсос мекунем. Ва дар раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар татбиқи он дар ноҳия ба таври назаррас ба чашм мерасад.
Иҷрои буҷет
Чунончи, мавсуф изҳор дошт, мутобиқи маълумот дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2024 рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт таъмин гардида, нақшаи қисми даромади буҷаи маҳаллии ноҳия бо тағйироту иловаҳояш ба маблағи 27 млн. 581,3 ҳазор сомониро дар бар гирифта, иҷроиши он ба маблағи 29 млн 749,5 ҳазор сомонӣ мерасад, ки баробари 108 фоизи нақша буда, аз нақша 2 млн. 168,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Ҳашт намуди андозу даромадҳо ба пуррагӣ иҷро гардид.
Аз ҳисоби буҷети вилояти Хатлон ба буҷети ноҳия ба маблағи 18 млн. 399 ҳазор сомонӣ маблағҳои мақсаднок (субвенсия) ҷудо карда шудааст, ки иҷроиш 100 %-ро ташкил менамояд.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 96 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи ҳароҷоти моҳҳои январ-июни соли 2024, 48 млн. 798,6 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 46 млн. 859,8 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст ва аз нақша 1 млн. 938,8 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар идомаи суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти молиявии соҳибкорони маҳаллӣ, аз тарафи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳии хурди ноҳия ба 4207 нафар аз ҷумла 2851 нафар мард ва 1356 нафар зан ба маблағи 46,3 млн. сомонӣ қарзи мақсаднок дода шуданд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1069 нафар ва ба маблағи 9 млн. сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра шумораи субъектони ҳуқуқию инфиродӣ тибқи нишондоди Феҳристи ягонаи давлатӣ ва тибқи маълумотҳои нозироти андоз дар ноҳия 263 соҳибкори инфиродӣ бо патент ва 454 соҳибкорон бо шаҳодатномаи махсус фаъолият кунанда ба андозбандӣ ҷалб гардида, аз ҳисоби онҳо 994,3 ҳазор сомонӣ ба буҷет ворид гардида, аз ҳисоби 2978 адад ҳоҷагиҳои деҳқонӣ бошад 6,4 млн. сомонӣ ба буҷет ворид гардидааст.
Ба ҳолати имрӯза 8 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амали гардида истодааст ва иҷроиши он маблағи 6,9 млн. доллари америкоиро ташкил медиҳад.
Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ
Дар хусуси рушди иҷтимоиёт ва иқтисод номбурда сухан карда, аз ҷумла зикр кард, ки вобаста ба амалигардонии “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021 – 2025” дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва бо мусоидати роҳбарони ташкилоту муассисаҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуданд. Аз 84 лоиҳаи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дӯстӣ барои солҳои 2021 – 2025”, ки 245 миллиону 500 ҳазор сомониро дар бар мегирад, иҷроиши Барнома ба ҳолати 1-уми июли соли 2024, ҳамагӣ 27 лоиҳа ба маблағи 205,54 млн. сомонӣ иҷро гардидааст, ки ин нишондод аз ҳисоби азхудкунии 83,72 фоизро ташкил менамояд.
Саноат ва энергетика
Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ҷиҳати татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат, аз тамоми имкониятҳо пурсамар истифода намуда, дар ин самт ба дастовардҳо низ ноил шудаем. Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 55,5 млн сомонӣ расонида шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 5,7 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати хурокворӣ 124,1 фоиз, саноати сабук 116,4 фоиз, коркарди чубу тахта 114,1 фоиз, масолеҳи бинокорӣ 101,7 фоиз, коркарди филизот 122 фоизро ташкил медиҳад.
Дар 6 моҳи соли 2024, 2 адад коргоҳу корхона Осиёби ордбарорӣ ва ҶДММ “Нурализода” коргоҳи истеҳсоли хишти сементӣ аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шудаст.
Оид ба оқилонаю сарфакорона истифодабарии нерӯи барқ, саривақт пардохт намудани маблағи он корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо ба миқдори 54 млн. 574,3 ҳазор кВт соат барқи фоиданок ба маблағи 10 млн. 878,6 ҳазор сомонӣ интиқол ёфта, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ҳамагӣ 9 млн. 417 ҳазор сомониро тишкил намуда, баробари 86,56 фоиз, аз ҷумла аз ҳисоби аҳолӣ 88,36 фоизро ташкил додааст.
Сохтмон ва меъморӣ
Номбурда дар ҷараёни суҳбат аз вазъи сохтмону меъморӣ дар ноҳия изҳори назар карда, минҷумла гуфт, ки дар моҳҳои январ-июни соли 2024 ҳаҷми маблағгузории асосии иҷрошуда аз ҳамаи сарчашмаҳои сармоягузорӣ 77,9 млн. сомонӣ, корҳои сохтмонӣ ва васлгарӣ 76,3 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 664 млн. сомонӣ зиёд мебошад, фондҳои асосӣ 8,1 млн сомонӣ ва дар масоҳати 8,9 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои шахсии истиқоматӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023, 3699 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият
-Ноҳияи Дӯстӣ ба истиқболи 35 солагии ҷашни Истиқлоли кишвар корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст ва чуноничи раиси ноҳия худ иброз дошт, оид ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарори раиси ноҳияи Дӯстӣ аз 26 феврали соли 2022, №222 «Дар бораи тасдиқ намудани Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия» дар ҳайати шаш гурӯҳҳои корӣ қабул гардида, 181 адад иншооту биноҳои истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда буд ва дар соли 2024 нақшаи иловагӣ ба шумораи 86 бинову иншоот ҳамагӣ 267 бинову иншоот ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла: 57 иншоот дар соли 2022, 68 иншоот дар соли 2023, 59 иншоот дар соли 2024, 52 иншоот дар соли 2025, 31 иншоот дар соли 2026. То санаи 1 июли соли 2024 дар ноҳияиДӯстӣ 184 бинову иншоот ба истифода дода шудааст, ки 69%-и нақшаи солҳои 2022 – 2026-ро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, иттило дода шуд, ки бо мақсади арзанда пешвоз гирифтани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як деҳу маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳия чораҳои зарурӣ андешида, лоиҳаҳои намунавии бинои маркази саломатӣ, таваллудхона, мактаб, синфхонаҳои иловагӣ, боғчаи кӯдакона, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн, коргоҳҳои дӯзандагӣ, майдончаи варзишӣ, чойхона, китобхона ва дигар марказҳои хизматрасониро аз Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарзи ройгон гирифта ба соҳибкорон пешниҳод карда шудааст ва дар ин самт корҳо идома дорад.
Мувофиқи нақшаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2024 дар ноҳияи Дӯстӣ 59 иншоот ба нақша гирифта шуда, то санаи 1 июли соли 2024 дар ноҳия 28 иншоот ба истифода дода шуд, ки 47,5%-и иҷрои нақшаи соли 2024-ро дар бар мегирад.
Кишоварзӣ
-Дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 692,6 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023-юм 65,9 млн. сомонӣ зиёд иҷро гардидааст.
Ҳиссаи растанипарварӣ 612 млн 472 ҳазор сомонӣ, ҳиссаи чорвопарварӣ бошад 80 млн 210,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар 6 моҳи соли 2024 дар ноҳия ҳамагӣ 19 ҳазору 269 гектар кишти зироатҳои гуногун гузаронида шудааст.
Кишти зироати асосӣ – пахта дар майдони 7738 гектар ба нақша гирифта шуда, 104,3 фоиз нисбати соли гузашта таъмин гардидааст.
Ғалладонагиҳо ҳамагӣ 4233 гектар кишт гузаронида шуда, 90,1фоизи нисбати соли гузаштаро ташкил менамояд.
Картошка 383,2 гектар, сабзавот 2150,3 гектар, полезиҳо 1411,5 гектар ва зироатҳои хӯроки чорво 2606,3 гектар кишт гузаронида шудааст,-қайд кард раиси ноҳия.
Маориф ва илм
Илму маориф дар ҳаёти иҷтимоиву ахлоқии ҷомеа муҳим арзёбӣ мегардад, гуфт раиси ноҳия ва илова кард, ки соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб рафта, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди соҳаи мазкур ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа зоҳир менамояд.
Бояд қайд намуд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 29 885 нафар хонандагон аз ҷумла 14 448 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки нисбати соли таҳсили 2022-2023, 1000 нафар хонанда зиёд аст.
Дар ҳисоби муассисаҳои таълимии ноҳия 1106 адад компютер мебошад, ки иҷрои барномаи компютеркунонӣ дар ноҳия 106,1%-ро ташкил медиҳад. (1 компютер барои 14,1 нафар хонандагони синфҳои 5-11 рост меояд). Инчунин дар муассисаҳои таълимии ноҳия 202 адад принтер, 44 адад проектор, 27 адад тахтаи электронӣ ва 38 адад генератор мавҷуд аст.
Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия дар ҳаракати олимпиадаҳои фаннии хонандагон фаъолона иширок намуда, дар даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии хонандагон 1588 нафар, дар даври вилоятӣ 305 нафар ва дар даври ҷумҳуриявӣ 20 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иштирок намуда, 4 ҷойҳои аввал, 5 ҷойи дуюм ва 11 ҷойи сеюмро аз фанҳои гуногун дар сатҳи вилоят ишғол намуда, дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ низ назаррас буда, 4 ҷой, аз ҷумла: 1 ҷойи дуюм аз фанни химия, 3 ҷойи сеюм аз фанни забони англисӣ ва забони русӣ ишғол намуданд.
Аз рӯйи имтиёзи муқарраргардида аз хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 2 нафар аз Стипендияи раиси вилояти Хатлон ва 38 нафар бо Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мебошанд.
Дар даври аввали озмуни Ҷумҳурявии “Илм- фурӯғи маърифат” аз 45 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 400 нафар довталабон аз рӯи 6 номинатсия иштирок намуданд, ки аз ҳар як номинатсия 3 нафар дар умум 30 нафар роҳхат ба даври вилоятӣ гирифтанд.
Дар даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” моҳи апрели соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.
Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (300 нафар) аз рӯйи панҷ номинатсия санаи 17 майи соли 2024 баргузор гардид, ки 33 нафар ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Тандурустӣ
Инчунин, номбурда тазаккур дод, ки масъалаи беҳтар намудани дастрасӣ, сифат ва самаранокии хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин рушди шаклҳои нави кӯмаки аввалияи тиббиву санитарӣ, яке аз вазифаҳои асосии мақомот баҳисоб меравад.
Дар соҳаи тандурустӣ 933 нафар кормандони соҳа ба аҳолӣ хизмати тиббӣ расонида, аз ин шумора маълумоти олӣ 108 нафар, миёнаи тиб 438 нафар, хурди тиб 256 нафар ва дигар кормандон 113 нафарро ташкил медиҳанд. Дар давоми моҳҳои январ-июни соли 2024 ҳамаги 119 нафар бемории ВНМО дар қайди диспансерӣ мебошанд аз онҳо 74 нафараш мардҳо ва 45 нафараш занҳо буда, аз 119 нафар бемории ВНМО – 9 нафараш кӯдакони то 18 сола дар бар мегиранд (аз 9 нафар кӯдак 4 нафараш писар ва 5 нафараш духтар) мебошанд.
Шумораи беморони гирифтори бемории СИЛ-370 нафар ба қайд гирифта шудааст. Бемороне, ки дар давоми 6 моҳ ба қайд гирифта 30 нафарро ташкил намуда, аз онҳо 28 нафараш бори аввал ва 2 нафари дигараш такрорӣ мебошад.
Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
-Ҷавонон неруи созанда ва бунёдкоронаи имрузу ояндаи давлату миллат ба ҳисоб рафта, дар ноҳия шумораи умумии ҷавонони ноҳия тибқи маълумоти оморӣ 37 307 нафар аз инҳо 18786 нафар писарон ва 18 521 нафарашон духтарон, ки 29,7 фоизи аҳолии ноҳияро ташкил мекунанд.
Шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 39 нафар мебошанд.
Яке аз самтҳои сиёсати давлатии ҷавонон ин таъмини иштироки ҷавонон маҳсуб ёфта дар ин самт дар доираи нақшаи корӣ 32 маротиба мулоқоту вохӯри доир намуда, 2232 нафар ҷавононро бо ҳам овард, ки 1220 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.
Варзишгарони ноҳия аз иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ соҳиби 26 медал аз он ҷумла: 10-тилло, 3-нуқра ва 13 биринҷӣ ва аз мусобиқаҳои вилоятӣ соҳиби 40 медал аз он ҷумла: 18-тилло, 10-нуқра ва12-биринҷӣ гардиданд.
Дар ноҳияи Дӯстӣ 152 адад иншооти варзишӣ мавҷуд мебошад, ки аз инҳо 1 адад варзишгоҳ дорои 3000 ҷойи нишаст, 41 майдончаи футбол, 49 майдончаҳои волейбол, 26 майдончаҳои баскетбол, 5 майдончаҳои туби дастӣ, 5 шаҳрчаҳои гимнастикӣ, 14 толорҳои варзишӣ ва 11 толори саққобозӣ мебошанд,-изҳор дошт, мавсуф.
Замин ва муҳити зист
Чи тавре, ки ҳамсуҳбати мо қайд кард, дар марзи маъмурии ноҳияи Дӯстӣ 123619 гектар, аз ҷумла 22260 гектар заминҳои обӣ, заминҳои корам 14938 гектар, аз ҷумла обӣ 14625 гектар, дарахтони бисёрсола 1201 гектар, аз он обӣ 1200 гектар, заминҳои партов 957 гектар, заминҳои алафдарав 2127 гектар, аз ҷумла обӣ 1,0 гектар, чарогоҳҳо 44886 гектар, заминҳои хоҷагии ёрирасони шахсии шаҳрвандон 817 гектар, заминҳои наздиҳавлигӣ 5347 гектар, аз ҷумла обӣ 4141 гектар, ҷангалу бешазор 11363 гектар, буттазор 2256 гектар, ботлоқҳо 138 гектар, заминҳои зери об 10218 гектар, заминҳои зери роҳ, кӯчаҳо ва майдонҳо 1036 гектар, заминҳои зери сохтмон ва иншоотҳо 1171 гектар ва дигар заминҳо 26684 гектар мавҷуд мебошад.
Дар давоми 6 моҳи сипаришуда 54 маротиба Аксияи «Тозагии маҳал, роҳ ва соҳил» гузаронида шуда, ҷамъи иштирокчиёни аксия 5870 нафарро ташкил намуда зиёда аз 181,5 м3 партовҳо ба партовгоҳ кашонида шуда, дар баробари ин 18,3 км роҳ ва ҷуйбору новаҳои обгузари ноҳия аз партовҳо тоза карда шуданд. Бо мақсади баланд бардоштани маърифати экологии аҳолии ноҳия 119 маротиба байни мактаббачаҳо ва аҳолӣ суҳбатҳо гузаронида 9 маротиба аз тариқи телевизион ва 10 маротиба тариқи радио гузориш пешниҳод шудааст.
Бо ҳисси масъулият иброз медорем, ки дар соли 2024 ва солҳои минбаъда нишондиҳандаҳои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияро боз ҳам беҳтар гардонида ва мардуми ноҳия корҳои ободонию созандагиро вусъат бахшида, ба дастовардҳои калони меҳнатӣ ноил мегарданд.
МТЖТ