Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иҷрои дастуру супоришҳояшон, ки аз Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, дар давраи ҳисоботӣ таъмини рушди устувори соҳаҳои хоҷагии халқ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ҳамаҷониба таъмин намудани дастгирии давлатии соҳибкорӣ, бахусус дар самти истеҳсоли маҳсулоти истеҳсолӣ ва афзунгардонии потенсиали содиротии ноҳия, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро ҳамчун самтҳои афзалиятноки фаъолияти худ қарор додаанд. Оид ба натиҷаҳо ва фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабарнигори МТЖТ бо раиси ноҳияи мазкур Муқим Муродзода суҳбат анҷом дод.

 Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд кард, ки барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Айнӣ барои солҳои 2021-2025 бо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, аз 30-юми декабри соли 2020 таҳти №42 қабул гардида, ба он 84 лоиҳа ба маблағи 364,8 миллион сомонӣ ворид гардидааст.

Дар ин давра мониторинги “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия Айнӣ дар солҳои 2021-2025” ба ҳолати 1-уми июли соли 2023 гузаронида, муайян карда шуд, ки барои амалисозии барнома 29 лоиҳа ба маблағи 232 миллиону 077,9 ҳазор сомонӣ иҷро гардида истодааст.

Амалишавии барномаи мазкур ба рушди устувори бештари иҷтимоию иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинон дар ноҳия мусоидат карда, боиси пешрафт ва шукуфоии ноҳия мегардад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба татбиқи “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Айнӣ барои солҳои 2021-2025” чораҳои дахлдор андешида меояд.

Иҷрои буҷет

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки дар нимсолаи аввали соли 2023 бо мақсади боз ҳам ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷет ва тадриҷан кам кардани бақияпулиҳои андоз, дарёфти сарчашмаҳои нави андозҳо нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 102,5 фоиз иҷро гардида, ба ҷойи 202857,9 млн. сомонии дар нақша пешбинишуда 207964,3 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки 5 млн. 106 ҳазор сомонӣ зиёд ва нисбати ҳамин давраи соли 2022-ум 11 млн. 943,2 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ бошад, 45 миллиону 384 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷрои он ба маблағи 45 миллиону 449,8 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 100,1 фоизи нақшаро дар бар мегирад ва аз нақшаи пешбинигардида 65 ҳазору 827 сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра нақшаи қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ 92,9 фоиз иҷро шуда, танҳо ба ду соҳаҳои асосӣ: маориф ва тандурустӣ 35,5 миллион сомонӣ ё 80,9 фоизи маблағи буҷет равона гардидааст.

Сармоягузорӣ

Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки дар давраи ҳисоботӣ ба беҳбудии фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусӣ ва мусоидат ба рушди соҳибкорӣ диққати аввалиндараҷа дода шуд.

Дар ноҳия дар натиҷаи фаъолият оид ба ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ тибқи маълумотҳо панҷ лоиҳаи сармоягузорӣ зерин амалӣ гардидааст, ки дар доираи он дар ин давра 16,714 млн доллари  ИМА маблағгузорӣ гардидааст.

Дар ноҳияи Айнӣ панҷ лоиҳаи сармоягузории давлатии зерин амали гардида истодааст.

  1. Лоиҳаи “Сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии мактабҳо, марҳилаи 4”;
  2. Лоиҳаи “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ”;
  3. Лоиҳаи фавқулодда бар зидди бемории СОVID-2019;
  4. Лоиҳаи “Сохтмони нақби автомобилгарди Истиқлол, марҳилаи 2”;
  5. Лоиҳаи “Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетии Осиёи Марказӣ”.

Дар самти татбиқи “Лоиҳаҳои сабз”, хусусан барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди “иқтисоди сабз”, аз ҷумла “энергияи сабз” Ҷумҳурии Тоҷикстон метавонад ба яке аз кишварҳои туризми сабз табдил гардад. Зеро Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти амалӣ намудани рушди “иқтисоди сабз” ва “энергияи сабз”-ро дорад ва метавонад дар минтақа яке аз кишварҳои пешсаф бошад. Маҳз бо мақсади татбиқи “лоиҳаҳои сабз” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Пайми навбатии худ пешниҳод намуданд, ки барои роҳандозии барномаву лоиҳаҳои мақсадноки рушди “иқтисоди сабз”, аз ҷумла “энергияи сабз” бояд механизми маблағгузории фондҳои махсус васеъ ҷорӣ карда шавад.

Иқлими ноҳияи Айнӣ ҷиҳати ривоҷ ёфтани рушди “иқтисоди сабз” мусоид буда, барои амалишавии лоиҳаҳои “энергияи сабз” заминагузорӣ дорад.

Маврид ба зикр аст, ки санаи 2 июни соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо Роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев бо пахши тугмаи рамзӣ ба сохтмони силсиланерӯгоҳҳои барқии обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон дар маҳалли сохтмони неругоҳ дар деҳаи Ёвони ноҳия ҳусни оғоз бахшиданд. Бояд гуфт, ки мутахассисони ҳарду ҷониб барои бунёди неругоҳҳо бо иқтидорӣ умумии 320мВт марҳилаҳои асоснокии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд.

Рушди соҳаи саноат

Мавсуф инчунин, афзуд, ки тавре маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъқид карданд: “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”.

Аз ин рӯ, дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба рушди соҳаи саноат нигаронида шудааст.

Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 16 корхонаи саноатӣ фаъолият намуда, аз он 3 адад ба истеҳсоли ангишт, 1 адад ба истеҳсоли консентрати 30 фоиза, 1 адад ба истеҳсоли метали сурма ва симоб, 2 адад ба истеҳсоли тилло, 3 адад ба истеҳсоли хишти сементӣ, 2 адад ба истеҳсоли маҳсулоти нонӣ, 1 адад ба коркарди обҳои ташнагишикан ва 1 адад ба консерваҳои меваю сабзавот машғул мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2023 ба 1 млрд 651 миллиону 210,0 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 174 миллиону 624,9 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 111,8 фоизро ташкил менамояд. Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ВМ ҶДММ “Комбинати Металлургии Тоҷик” 195,8 фоиз, ҶДММ “Ширкати металургии Анзоб” 164,4 фоиз, Корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико “Анзоб” 102,6 фоиз иҷро намуданд.

Бояд қайд намуд, ки аз тарафи ҶДММ “Ширкати металлургии Анзоб” 5 ҳазору 063,7 тонна метали сурма истеҳсол карда шуд, ки иҷрои он 104,9 фоизро дар бар мегирад. Ҳамзамон, Ширкати мазкур 288,26 тонна метали симоб истеҳсол кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 164,4 фоизро ташкил медиҳад.

Дар нимсолаи аввали соли 2023 истеҳсоли консентрати сурма аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди Корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико “Анзоб” 24 ҳазору 357,34 тонна расонида шуд, ки назар ба соли гузаша 621,27 ҳазор тонна зиёд буда, ин нишондиҳанда 102,6 фоизро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои ангишт истеҳсолкунанда 519 ҳазору 632,09 тонна ангишт истихроҷ карданд. ҶДММ “Комбинати металургии Тоҷик” истеҳсоли ангиштро 195,8 фоиз иҷро намуд, ки назар ба соли гузашта 119,8 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ҳамзамон, дар заминаи эълон гардидани солҳои рушди саноат 2022-2026 дар ноҳия 15 адад корхонаҳои хурду бузургӣ саноатӣ бо таъсис додани 1300-ҷойи кори нав ташкил мегардад.

Дар самти ҷалби сармояи мустақим, бунёди корхонаҳои нав, воридоти технологияҳои инноватсионӣ, сохтмону таъсиси корхонаи бузурги “ҶСП Талко-Голд” ва ҶДММ “ТВЕА-Душанбе саноати  кӯҳӣ” мавриди истифода қарор дода шуд.

Бо ҷалби соҳибкорон ва сармоягузорони хориҷи дар ин давра ду адад корхонаҳои хурди истеҳсоли хишти сементӣ, як адад коргоҳи дузандагӣ дар деҳаи Урметан, корхонаи маъдантозакуни дар назди ҶДММ “ТВЕА-Душанбе саноати кӯҳӣ” таъсис дода шуда аҳолии ноҳия бо ҷойи навӣ кори таъмин шуданд.

Ҷиҳати афзоиши ҳаҷми маҳсулоти саноати чораҳои амалӣ андешида шуда, дар нимсолаи аввали соли равон дар ноҳия 4 адад корхонаҳои истеҳсоли нав, аз ҷумла: Соҳибкори инфиродӣ Шокиров Зиёвиддин ба истеҳсоли хишти сементӣ ва ҶДММ “Холиқиён” ба истеҳсоли хишти сементӣ, як адад коргоҳи дузандагӣ дар деҳаи Урметан ва корхонаи маъдантозакуни дар назди ҶДММ “ТВЕА-Душанбе саноати кӯҳӣ” таъсис дода шуда, бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ баҳри баланд бардоштани сифати маҳсулотҳои воридотивазкунанда таъсис дода шудааст.

Барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ чораҳои амалишуда собит менамояд, ки аз ҳисоби корхонаҳои нав 300-400 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд. Корхонаи аз кор бозмонда  дар ноҳия мавҷуд нест.

Бояд иброз намуд, ки дар ноҳия барои амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар ва солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.

Ҳамзамон истифодабарии захираҳои ашёи хоми ноҳия барои таъсиси дигар корхонаҳо, аз ҷумла истеҳсоли неруи барқ, кокс, семент, нуриҳои минералӣ органикӣ, ва дигар маҳсулотҳо мувофиқ мебошад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ҷиҳати таъсиси парки индустриалии саноатӣ дар “Водии Зарафшон”-ро ба нақша гирифта шудааст, ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Ҳамзамон, ба оғози корҳои сохтмони заводи истеҳсоли семент дар мавзеи Талоқи Марзич “Фон-семент” бо иқтидори 150 000 тонна дар як сол санги асос гузошта шуд, ки ҷиҳати муҳайё намудани 100 ҷойи корӣ замина фароҳам хоҳад овард.

Рушди соҳаи сайёҳӣ

Ҳамсуҳбати мо оид ба рушди сайёҳӣ дар ноҳия сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бунёд ва беҳтар намудани шароити инфрасохтори сайёҳӣ, экологӣ, табобатӣ, варзишию шикор ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ бо мақсади нақша-чорабиниҳои амалисозии стратегияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 корҳои муайяне ба сомон расонида шуд.

Айни ҳол дар шафати роҳи Душанбе-Хуҷанд дар маҷмуи хизматрасониҳои сайёҳӣ аз қобили нуқтаи таъмири воситаҳои нақлиёт, фурӯши қисмҳои эҳтиётии нақлиёт ва нуқтаҳои фурӯши сузишворӣ мавҷуданд.

Рушди соҳаи сайёҳӣ бо ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ такмил додани инфрасохтор дар мавзеҳои сайёҳии ноҳия аз қабили “Искандаркӯл”, “Кулҳои Аловуддин”, “Дараи Яғноб”, мавзеъҳои таърихӣ рафта истода, намояндагии ширкатҳои сайёҳии мамлакат дар ноҳия амал мекунанд. Дар мавзеи Саратоғ минтақаи сайёҳии мавсимии шаҳраки хаймаҳо фаъолият мекунад.

Дар ноҳия 1 осоишгоҳ, 11 меҳмонхона, 2 осорхона, кулҳои мавзеҳои “Искандаркул, Аловуддин ва  дараи Яғноб мавҷуданд.

Ҳамзамон, барои омода намудани меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳӣ барои қабули сайёҳон дар маҷлисҳои назоратии назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ба масъулини соҳа, соҳибмулкон дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.

Бояд қайд намуд, ки дар ҳамаи 7 меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳии Искандаркӯл, кӯлҳои Аловуддин, Саратоқ, мавзеъҳои таърихии ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, меҳмонхонаҳо ва мавзеъҳои сайёҳии ноҳия барои қабули сайёҳон бо риояи ҳатмии қоидаҳои беҳдошти санитарӣ, барои таъмини бехатарии сайёҳон бо истифода аз маводҳои антисептикӣ ва дигар маҳлулҳои безараргардонӣ омодаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар заминаи амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сайёҳӣ”, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон “Дар бораи стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва нақшаи чорабиниҳои “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷкистон барои давраи то соли 2030 барои солҳои 2019-2022” чораандеши намуда, ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ, таблиғи мавзеъҳои сайёҳию таърихӣ ва ба ҳамин васила рушди соҳаи сайёҳӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст.

Дар нимсолаи аввали соли равон 3425 нафар сайёҳ, аз ҷумла 264 сайёҳи хориҷӣ, 3161 сайёҳи дохилӣ ба ноҳия ташриф оварданд ва ба  онҳо 4,3 ҳазор  сомонӣ  хизмат расони карда шудааст.

Ҷиҳати ҷалби сайёҳони дохилию хориҷи фароҳам овардани шароит аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар мавзеи Работ, шаҳраки Зарафшон, маркази ноҳия, такоби Хушекат инфрасохтори хизматрасони бо истифода аз меҳмонхонаҳои хусусии дорои ташноб, хуроки тезтайёр, ҷойҳои истироҳат ба роҳ монда шудааст.

Аз ҷумла, меҳмонхонаҳои “Нурӣ Раҳмон”, “Варзи Манор”, “Суғд”-и маркази ноҳия, “Қаҳрамон” (шаҳраки Зарафшон), мавзеи Искандаркӯл ва Аловуддин ба хизматрасонӣ омодаанд.

Сармояи инсонӣ

Номбурда афзуд, ки фаъолияти кории шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилоят, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф баҳри баланд бардоштани сатҳи дониш ва таълиму тарбияи насли навраси ноҳия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, созандагӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу умумибашарӣ равона карда шудааст.

Ҷиҳати дар амал татбиқ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-08-2019 таҳти №438 “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, ҳамаи имкониятҳои васеи худро истифода бурда, барои рушду нумӯи он саҳми беандозаи худро гузошта,  нисбати амалишавии он як қатор корҳоро ба анҷом расонид.

Дар 67 муассисаи таълимии ноҳия 131 нафар омӯзгори забони русӣ, ки аз он ҷумла 46 нафарашон занҳо мебошанд ва 118 нафар омӯзгори забони англисӣ, ки аз он ҷумла 39 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд, фаъолият менамоянд.

Оиди боз ҳам баланд бардоштани сифати таҳсилот аз ин фанҳо ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба забономӯзи дар муассисаҳои таълимии ноҳия маҳфилҳои фаннӣ амал менамоянд.

Оид ба фаъолияти соҳаи тандурустӣ ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки зикр бояд кард, ки дар соҳаи тандурусти ноҳия таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасонии баландихтисос ва махсусгардонида шуда ноил гардад.

Айни замон дар беморхонаи маркази, беморхонаи шаҳраки Зарафшон сохтмони хати иншооти софкунии обҳои партоб бо маблағгузории ташкилотҳои хориҷа идома дорад.

Санаи 5-уми июли соли равон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Урметани ноҳия беморхонаи минтақавии №2, ифтитоҳ карда шуд.

Дар фароварди суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббии ноҳия ва дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандон чораҳои зарури андешида шуда истодааст. Бояд кайд кард, ки ба унвони Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост оиди таъмини кадрҳои ҷавони соҳаи тиб пешниҳод карда шуд. Мутахассисони ҷавон бо ҳуҷраҳои кории ба қадри имкон таҷҳизонида шуда ва бо лавозимотҳои тиббии зарурӣ таъмин карда шуданд.

Дар ҳама муассисаҳои тандурустии ноҳия гушаи гиёҳҳои шифобахш ташкил карда  шудааст.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь