Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабарнигори МТЖТ бо раиси ноҳияи мазкур Муқим Муродзода суҳбат анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.
Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 баҳри баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фаъолият намуд.
Зиёда аз он баҳри рушди бомароми иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар доираи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ва барномаҳои миёнмуҳлати мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешида меоянд.
Бо изҳори сипосу миннатдории сокинони заҳматнописанди ноҳия зикр бояд кард, ки натиҷа ва дастовардҳои соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ноҳия аз дастгириву ғамхориҳои пайдарпай ва шабонарӯзии Ҷаноби Олӣ ва вазифагузориҳое, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ноҳияи Айнӣ карда буданд, сарчашма мегирад.
Алалхусус дар амали сохтани ҳадафҳои стратегӣ, ки ҳамасола дар Паёмҳои Сарвари Давлат ироа мегарданд, мо ғамхории Пешвои муаззами миллатро ҳамеша эҳсос мекунем. Ва дар раҳои аз бумбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар татбиқи он дар ноҳия ба таври назаррас ба чашм мерасад.
Соҳаи саноат
Мавсуф ҳамчунин иттило дод, ки барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, зиёдшавии ҳаҷми истеҳсоли рақобатпазири ватанӣ, бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои зарӯрӣ амалӣ намуда истодаем.
Шумораи умумии коргарони корхонаҳои саноатии ноҳия ба ҳолати имрӯза 4496 нафарро ташкил дода, музди миёнаи моҳонаи коргарон бошад 5818 сомониро дар бар мегирад.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ноҳия дар нимсолаи аввали соли 2024 ба 2 миллиарду 745 миллиону 514 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 миллиарду 94,3 миллион сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 166,3 фоизро ташкил менамояд.
Бояд қайд намуд, ки аз тарафи Ширкати металлургии Анзоб 6 ҳазору 573,12 тонна метали сурма истеҳсол карда шуд, ки иҷрои он 129,8 фоизро дар бар мегирад. Ҳамзамон, Ширкати мазкур 232,76 тонна метали симоб истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 80,7 фоизро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ истеҳсоли консентрати сурма аз тарафи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Корхонаи муштараки Тоҷикистону Амрико “Анзоб” ба 26 ҳазору 265,26 тонна расонида шуд, ки назар ба соли гузашта 1907 тонна зиёд буда, ин нишондиҳанда 107,8 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра корхонаҳои ангишт истеҳсолкунанда 699 ҳазору 621,1 тонна ангишт истихроҷ карданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 179 ҳазору 989,1 тонна зиёд, мебошад, ки иҷрои он 134,6 фоизро ташкил медиҳад.
Дар асоси пешниҳоди ҳисоботи оморӣ соли равон ба миқдори 7 ҳазору 582 дона либоси ягонаи мактаби истехсол гардид, ки ин 104,6 фоизи соли гузаштаро дар бар мегирад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 2 корхонаи нави саноатӣ ҶДММ “Ангишти Тахт” ва ҶДММ “Рескон” ба қайд гирифта шуд, ки фаъолияти назаррасро ба роҳ монданд.
Қайд бояд намуд, ки афзудани теъдоди коргоҳҳои саноатӣ ба баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолии кишвар мусоидат хоҳад кард, зеро баробари бунёди коргоҳҳои нав ҷойҳои корӣ зиёд гардида, сатҳи муҳоҷират коҳиш ёфта, зиндагии шаҳрвандон хуб ва иқтисодиёти мамлакат боз ҳам беҳтар мешавад.
Иҷрои буҷет
Номбурда тазаккур дод, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ) 112,7 фоиз таъмин гардида, ба ҷойи 235 миллиону 321 ҳазор сомонии пешбинишуда 265 миллиону 232 ҳазор сомонӣ маблағ ворид шуд, ки нисбат ба нақша 29 миллиону 911 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар давраи ҳисоботӣ бошад, аз 53 миллиону 890 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, иҷрои он ба маблағи 64 миллиону 100,7 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки 118,9 фоизи нақшаро дар бар мегирад. Қисми хароҷот бошад 99,5 фоиз иҷро гардид.
Дар давраи ҳисоботӣ 1 намуди андоз: андоз аз арзиши иловашуда бо иҷроиши 44,4 фоиз, таъмин карда нашуд, ки аз ин ҳисоб 10 миллиону 401,6 ҳазор сомонӣ ба буҷет маблағ ворид нагардид.
Бақияпулиҳои андоз ба маблағи 193,2 ҳазор сомонӣ боқӣ монда, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22,4 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Дар ин давра пардохти музди маоши кормандони ташкилотҳои буҷетӣ пурра пардохт гардида, қарздорӣ аз музди меҳнат вуҷуд надорад.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар хусуси вазъи сохтмон ва меъморӣ дар ноҳия раиси ноҳия сухан карда, аз ҷумла қайд кард, ки вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022 таҳти №АП-188 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳия сохта ба истифода додани 595 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун бо таъсиси 853 адад ҷойҳои нави корӣ ба нақша гирифта шудааст.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида ҳар сол, оғоз аз соли 2022 бояд 119 адад иншоот, дар умум то соли 2026- 595 иншоот сохта ба истифода дода шавад.
Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар умум аз 595 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун бо таъсиси 853 адад ҷойҳои нави корӣ 330 адад иншоот бо таъсиси 459 адад ҷойи корӣ мавриди истифода қарор дода, ба ҳисоботи оморӣ ворид карда шуд, ки фоизи иҷроиш 55,5 %-ро ташкил медиҳад.
Дар нимсолаи аввали соли равон дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 47 миллиону 70,8 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуда, корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағӣ 52 миллиону 543 ҳазор сомонӣ иҷро гардидаанд.
Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 ба маблағи 53 миллиону 913 ҳазор сомонӣ аз худ карда шудаааст.
Дар шашмоҳаи аввали аввали соли 2024 аз ҳисоби сарчашмаҳо 2 ҳазору 591 метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 668 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Боиси қаноатмандист, ки имрӯзҳо бо ташаббусу дастгирии соҳибкорон дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроия дар тамоми гушаву канори ноҳия бунёду сохтмони иншоотҳои самташон гуногун сохта ба истифодадода шуда истодааст. Аз ҷумла, оғози корҳои сохтмонии бинои беморхонаи минтақавии №6, майдончаҳои варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ, сафолакпуш намудани роҳи маҳаллӣ, меҳмонхонаҳо ва чандин иншоотҳои муҳим дар Ҷамоати деҳоти Фондарё оғоз гардиданд, ки бо сифати баланд корҳо идома доранд.
Дар баробари ин, дар ин давра дар деҳаи Сангистон муассисаи томактабии №6 бо фарогирии 48 нафар тарбиягиранда ба фаъолият шуруъ намуд.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки таъмини рушди соҳибкории хурду миёна ва ба ин васила таъсис намудани ҷойҳои нави корӣ барои аҳолӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия мебошад.
Тибқи маълумоти оморӣ дар давраи ҳисоботӣ 2022 нафар соҳибкори инфиродӣ ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 290 нафар бо патент, 461 нафар бо шаҳодатнома бо тартиби махсус, 1146 хоҷагиҳои деҳқонӣ ва бо шаҳодатнома 125 нафар фаъолият менамоянд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин давра фаъолияти 12 субъекти фаъолияткунанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 зиёдшудааст. Дар ин давра аз ҳисоби соҳибкорон 1 миллиону 672,6 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гаштааст.
Дар нимсолаи аввали соли равон аз тарафи бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо 8 нафар шаҳрвандон оид ба истифодабарии амволи давлатӣ шартнома ба маблағи 17 ҳазору 424 сомонӣ баста ба иҷора дода шудааст, аз ин 11 ҳазору 324 сомонӣ маблағ ба буҷаи маҳаллӣ ворид шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия 7 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 17 миллиону 727 ҳазор доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии азхудкардашуда 17 миллиону 71 ҳазордоллари ИМА-ро ташкил медихад.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади дастрасии соҳибкорон ва эҳтиёҷмандон ба хизматрасонии бонкӣ аз тарафи муассисаҳои бонкии ноҳия ба 2414 нафар ба маблағи 19 миллиону 42 ҳазор сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 миллиону 96,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз тарафи муҳоҷирони меҳнатӣ маблағҳои интиқол дода шуда 99 миллиону 183 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 71 %-ро дар бар мегирад. Ин рақам бозгӯи он аст, ки сол то сол сатҳи муҳоҷират коҳиш ёфта, кормандон дар корхонаҳои маҳаллӣ соҳиби ҷойи корӣ гашта истодаанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нимсолаи аввали соли 2024 аз 84 лоиҳа дар доираи татбиқи Барнома 54 лоиҳа корҳо рафта истода, ё 71,1 фоизи маблағи умумии Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давоми солҳои 2021-2025 ба анҷом расонида шудааст.
Хоҷагии ҷангал
Раиси ноҳия иттило дод, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар заминҳои фонди давлатии ҷангали ноҳия аз ҳисоби шарикони рушд ва лоиҳаи ИНВЕСТ дар водии Зарафшон ба масоҳати 96 гектар ҷангалзор бунёд ва барқарор карда шудааст. Аз ин миқдор бунёди агроҷангал дар доираи имкониятҳои мавҷуда дар заминҳои фонди давлатии ҷангал дар масоҳати 12,0 гектар, 7253 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сузанбарг ва буттагӣ бунёд карда шудааст.
Соҳаи маориф
Чунончи гуфта шуд, соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноку калидии рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, ҷиҳати дастгирӣ ва таъмини рушди бомароми фаъолияти соҳа дар ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад ва ҳамеша дар мадди назари Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат қарор дорад.
Дар назди 49 муассисаи таҳсилоти умуми ноҳия 53 гурӯҳи Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 843 нафар тарбиятгиранда ташкил карда шудааст.
Дар маҷмуъ 1384 нафар кӯдак ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шудааст, ки 20,1% кӯдакони синни томактабиро дар ноҳия ташкил медиҳад.
Дар 7 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ синфҳои камнуфус таъсис дода шудааст. Таълими равияҳо дар 17 муассиса яъне равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва равияи табии риёзӣ ба роҳ монда шудааст. Фарогирӣ ба зиннаи 3-юми таҳсилот дар соли хониши ҷорӣ 97,1 фоизро ташкил медиҳад. Соли таҳсили 2023-2024-ро 1102 нафар хонандагони хатм намуданд, ки аз ин шумора 814 нафари онҳо тариқи маркази миллии тестӣ аз қайд гузаштанд, ки 73,8%-ро ташкил медиҳад. Дар соли таҳсили ҷорӣ барои ноҳияи Айнӣ 16 адад квотаи Президентӣ ҷудо гардида буд, ки шумораи пешниҳодшуда бо пуррагӣ иҷро гардид.
Дар давраи ҳисоботи дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1181 адад компютер, 317 адад принтерҳо, 114 адад тахтаи электронӣ ва 118 адад проектор мавҷуд мебошад, ки ба 10,6 нафар хонанда як компютер рост меояд. Ин 98%-и иҷроиши Барномаро дарбар мегирад. Дар ин давра 120 адад компютер ва 50 адад принтер харидорӣ карда шуд.
Мувофиқи талаботи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” то ин давра 271 адад ба нақша гирифта шуда буд, ки аз ҳисоби маблағҳои дар ин самт пешбинӣ гардида 248 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ карда шуд, ки ин 91,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Дар шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ 48 адад кабинетҳои фаннӣ харидорӣ шуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Инчунин дар ин давра 300 адад тахтаҳои синфӣ ва 1200 адад мизу курсиҳо харидорӣ шуд.
Дар асоси талаботҳои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат”, “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” дар ноҳия баргузор карда шуда истодаанд. Моҳи марти соли ҷорӣ даври якуми озмуни “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст” бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф гузаронида шуд, ки дар он 1199 нафар хонандагон ва 70 нафар омӯзгорону калонсолон иштирок намуда, 289 нафар хонанда ва 21 нафар омӯзгорону калонсолон ба даври ноҳиявии озмун роҳхат гирифтанд. Дар асоси Низомномаи даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” давоми моҳи апрел дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо иштироки намояндагони шуъбаи маориф гузаронида шуд. Моҳи майи соли равон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фуруғи маърифат” баргузор гардид, дар натиҷа 36 нафар хонандагон ва 1 нафар донишҷу ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Натиҷаи даври ноҳиявии олимпиадаи хонандагони синфҳои 5-11 нишон дод, ки аз шумораи 5104 нафар иштирокчиён 29 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умуми ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
Мавриди қайд аст, ки соли равон 250 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия инштирокчии олимпиадаҳои байналмиллалии фосилавӣ гардиданд.
Дар олимпиадаи байналмилалии Федератсияи Россия аз фаннҳои метематика, информатика, забони русӣ, забони англисӣ ва мантиқ аз муассисаҳои таълимии ноҳия 108 нафар хонандагон иштирок намуда, аз ин шумора 35 нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Дар дигар олимпиадаи байналмилалии шаҳри Рими кишвари Итолиё ва шаҳри Парижи кишвари Фаронса хонандагон аз фанни математика иштирок намуданд, ки аз ин шумора 3 нафар хонандагон аз МТМУ №6 шаҳраки Зарафшон-1 соҳиби медали тилло, 14 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии рақамҳои №6, 8, 9, 37 ва 42 соҳиби медали нуқра ва 3 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии рақамҳои №6, 8 ва 19 соҳиби медали биринҷӣ гардиданд. Инчунин 2 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии рақамҳои №8 ва №14 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Дар МТМУ №8-и деҳаи Зоосун бо маблағи 35000 сомонӣ ошхонаи муассисаи мазкур пурра таъмир гардида аз тарафи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ба маблағи 85000 сомонӣ таҷҳизоти ошхона оварда ба ошхона насб гардид. Инчунин дар муассисаи мазкур таъмири ошиёнаи 3-юми бинои мазкур, ки 12 синфхона дорад ба маблағи 240 000 сомонӣ аз тарафи сафорати Олмон ба роҳ монда шудааст, ки то соли нави таҳсил пурра ба истфода дода мешавад.
Бо кӯмаки башардӯстонаи Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид 7838 (3835 нафар духтарон) нафар хонандагони синфҳои ибтидоии ноҳия бо хӯроки гарми яквақта таъмин карда шуда истодаанд.
Тандурустӣ
Дар боби соҳаи тандурустӣ ҳамсуҳбати мо сухан карда, минҷумла изҳор дошт, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ дар ноҳия яке аз соҳаҳои рӯ ба афзоиш буда, талабу ниёзҳои мардум ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ сол аз сол меафзояд.
Дар давраи ҳисоботи дар беморхонаҳои ноҳия 1754 беморон бистари гардида 1736 нафари онҳо табобат ёфтаанд, яъне ҷавоб шудаанд.
Дар ноҳия шумораи мутахассиони соҳаи тандурустӣ 551 нафарро ташкил медиҳад, аз он ҷумла мутахассиони дорои маълумоти олӣ дошта 88 нафар ва мутахассионидорои маълумоти миёнаи тиббӣ 463 нафар мебошанд.
Таъмин намудан бо мутахассисони дорои маълумоти олӣ ба 10 ҳазор аҳолӣ 9,8 нафар ва бо мутахассисони дорои маълумоти миёнаи тиббӣ 51,5 нафар буда, дараҷанокии мутахассисони дорои маълумоти олӣ 52,4 фоиз ва кормандони миёнаи тиб 46,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дараҷанокии мутахассисони дорои маълумоти олӣ 28 нафар (31,8%) ва кормандони миёнаи тиб 132 нафар (28,5%) –ро ташкил медиҳад.
Нигора САИДБЕКОВА