Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ва ду санаи таърихӣ – 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукмати кишвар, МИҲД-и вилоят ва талошҳои роҳбарияти шаҳр, масъулони ташкилоту идораҳо ва соҳибкорон маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Бохтар ба куллӣ симои худро дигар карда, ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи кишвар табдил ёфтааст. Аз ҷумла соҳаҳои андозу молия, маорифу тандурустӣ, саноат, кишоварзӣ, фарҳанг, ҷавонон, занон ва дигар соҳаҳо рушд карда, сатҳу сифати зиндагии мардум таъмин гаштааст. Оид ба ин ҳама дастоварду пешравиҳо хабарнигори МТЖТ бо раиси шаҳри Бохтар Муминзод Абдулмаҷид суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаши хонанда менамоем.
Бохтар дар масири рушд
Мавсуф дар оғози суҳбат гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳли заҳмати шаҳри Бохтар дар доираи Стратегияи миллии рушди мамлакат барои давраи то соли 2030 ва ҳамзамон баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи давлат ва Паёми навбатии Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои пурраи нишондиҳандаҳои дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи аввали соли 2024 корҳои муайянеро ба анҷом расонидаанд.
Бо вуҷуди таъсири буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ ва афзоиши фишор ба иқтисоди миллӣ, дар натиҷаи заҳмати аҳлона кормандони соҳаҳои хоҷагии халқ, рушди иқтисодии шаҳр аз ҳисоби соҳаи саноат ба андозаи 105,7 фоиз, кишоварзӣ 107 фоиз, савдо 138 фоиз, хизматрасонӣ 114 фоиз, сохтмон 130 фоиз ва алоқа 117 фоиз таъмин шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 23 корхонаҳои нав таъсис дода шудаанд, ки аз ин 9 адад дар соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, 7 адад дар соҳаи сохтмонӣ, 3 адад дар соҳаи истеҳсолот, 2 адад дар соҳаи тандурустӣ, 1 адад дар соҳаи маориф ва 1 адад дар соҳаи алоқа мебошад.
Дар шаш моҳи соли 2024 ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ нисбати ҳамин давраи соли гузашта 19,5 фоиз афзуда, ба 168,5 млн сомонӣ баробар шуд.
Нақшаи андозҳо барзиёд иҷро шуд
Қайд гардид, ки нақшаи қисми даромади буҷет аз рӯи контингентӣ умумӣ 105 фоиз иҷро гардида, ба буҷет ба ҷойи 136,7 млн сомонии пешбинигардида 142,6 млн сомонӣ ворид гардид, ки он нисбати нақша 5,9 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Нақшаи воридоти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба андозаи 102 фоиз, қисми даромади буҷети маҳаллӣ 103 фоиз ва қисми хароҷоти буҷет 96 фоиз таъмин карда шудааст.
Баҳри иҷрои ӯҳдадорӣ ба буҷети вилояти Хатлон 39,8 млн сомонӣ равона гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4,5 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Вобаста ба ғанӣ гардонидани буҷети маҳал чораҷӯӣ гардида, дар 6 моҳи сипаришуда 451 манбаъҳои нави андозсупорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар маҷмӯъ шумораи андозсупорандагон ба 5982 адад расидааст.
Таваҷҷуҳ ба ҷалби сармояҳои дохиливу хориҷӣ зиёд аст
Ҷиҳати таъмини рушди устувори шаҳр бо қарори Маҷлиси вакилони халқ Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Бохтар бо арзиши 1 млрд 556 млн 255 ҳазор сомонӣ қабул гардида, арзёбии он ба ҳолати 1 июни соли 2024 нишон дод, ки 44 лоиҳа ба маблағи 441 млн. сомонӣ пурра амалӣ гардида, 57 лоиҳа ба маблағи 912,3 млн сомонӣ мавриди амал қарор дорад, ки маблағи умумии корҳои иҷрошуда 1 млрд 353,3 млн сомонӣ ё худ 87 фоизи барномаро дар бар мегирад.
Иҷроиши барнома дар соли 2021 – 126,7 фоиз (553,8 млн. сомонӣ), дар соли 2022 – 103,4 фоиз (304,7 млн. сомонӣ) ва дар соли 2023 – 115 фоиз (440,9 млн. сомонӣ) таъмин карда шудааст.
Вобаста ба ҷалби сармояҳои хориҷию дохилӣ, махсусан, сармояҳои мустақим чораҳои зарурӣ андешида шуда, то имрӯз дар шаҳр 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 123,7 млн доллар таҳти амал қарор дошта, маблағгузории онҳо то ин давра 72,5 млн доллар ё худ 58,8 фоизро дар бар мегирад.
Ҳамчунин, ба маблағи 18,1 млн доллар сармояҳои хориҷӣ ҷалб карда шудаанд, ки аз ин 2,9 млн доллар сармояҳои мустақим мебошанд.
Дар баробари ин, дар доираи 5 лоиҳа сармоягузорӣ, аз ҷумла 1 адад сармояи мустақим дар самти таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёт, таҷдиди қубурҳои обу корез, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва варзишӣ ба маблағи умумии зиёда аз 20 млн сомонӣ созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шуда, рӯзҳои наздик корҳои сохтмонӣ оғоз хоҳанд ёфт.
Таъмини сокинон бо ҷойи кор
Дар ин давра 726 ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин 40 ҷойи кор аз ҳисоби иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ мебошад.
Музди миёнаи меҳнат дар шаҳр 2171 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақа 404 сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта музди меҳнат 251 сомонӣ ва нафақа 44 сомонӣ зиёд буда, қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат ё нафақа вуҷуд надорад.
Ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳр 6450 нафақагир аз рӯи синну сол, 2461 нафар нафақахӯрони маъюб, 16 нафар ятимони кул, 291 гирандагони хизматҳои иҷтимоӣ ва 2306 оилаи камбизоат ба қайд гирифта шуда, дар ин давра аз ҷониби роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорон ва шахсони саховатманди шаҳр барои дастгирии ятимону барҷомондагон, маъюбону бепарасторон, оилаҳои камбизоат ва дигар табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ба маблағи умумии 2,2 млн сомонӣ кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида шудаанд.
Таъмини шуғли пурмаҳсули аҳолӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат буда, сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат аз татбиқи босамар ва оқилонаи он вобаста аст.
Дар давоми 6 моҳи соли 2024 дар шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳр 700 шаҳрванд ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ бо мақсади бо кор таъмин намудани корҷӯён, бекорон ва муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта тибқи нақшаи тасдиқгардида 8 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо аз ҷониби 8 ташкилоту муассиса 77 ҷойҳои холии корӣ пешниҳод карда шуданд. Дар ярмаркаҳои мазкур 1000 нафар шаҳрвандони корҷӯй иштирок намуда, 320 нафар барои худ ҷойҳои кории муносиб пайдо намуда, ба 100 нафар роҳхат дода шудааст.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти мамлакат оиди ба касбомӯзӣ ҷалб намудани шаҳрвандони бекасб чораҷӯӣ гардида дар 6 моҳи соли ҷорӣ 8 курси омӯзишӣ аз рӯи ихтисосҳои “Бофандагӣ”, “Дӯзандагӣ”, “Ороиши мӯй” ва “Қаннодӣ” ташкил карда шуда, дар онҳо 135 нафар шахсони бекор ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуданд.
Баҳри дастгирии иҷтимоии бекорон дар ин давра ба 188 нафар ҷавонони аз хизмати ҳарбӣ баргашта ва 40 нафар шахсони аз маҳбас озодшуда ба маблағи умумии 136,8 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ дода шудааст.
Саноат дар шаҳр рушд кардааст
Раиси шаҳр афзуд, ки Ҳукумати мамлакат ва муҳтарам Пешвои муаззами миллат саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул намуданд, зеро рушди саноат барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рақобатнокии он замина мегузорад.
Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 154 млн сомонӣ расидааст, ки ин баробари 105,7 фоизи ҳамин давраи соли гузашта ё худ 8,3 млн сомонӣ зиёд мебошад.
Дар доираи 5-солаи рушди соҳаи саноат ва мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ, ки бо қарори Маҷлиси вакилони халқ тасдиқ шудаааст, то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр бунёди 17 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шудааст, ки сохтмони 3 адади онҳо дар соли 2024 пешбинӣ гардида, то имрӯз 2 корхона – ҶДММ “Коргоҳу дӯзандагии “Малика” оид ба истеҳсоли маҳсулотҳои гуногуни дӯзандагӣ ва ҶДММ “Мустафо Бохтар” оид ба истеҳсоли хишти сементӣ ташкил гардид, ки аз ин ҳисоб 33 ҷойҳои нави корӣ фароҳам ва ба маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ 438,7 ҳазор сомонӣ илова карда шуд.
Дар 6 моҳи соли 2024 ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳо 108,7 млн кВт/соат қувваи барқ ба маблағи 38,7 млн сомонӣ интиқол гардидааст, ки қабули барқ нисбати ҳамин давраи соли сипаришуда – 2,5 млн кВт/соат зиёд мебошад.
Маблағи пардохтшуда 28,4 млн сомонӣ ё худ 73,4 фоизи маблағи умумии барқи истифодашударо дарбар мегирад. Аз ҷумла аз аҳолӣ 17,4 млн сомонӣ ё худ 73 фоизро ташкил додааст.
Афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳ
Дар 6 моҳи соли 2024 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 69,8 млн сомониро ташкил дода, афзоиш 107 фоиз таъмин гардидааст, ки ҳиссаи растанипарварӣ 88,7 фоиз ва чорводорӣ 11,3 фоизро дар бар мегирад.
Истеҳсоли маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ғалладонагиҳо 665,1 тонна, картошка – 645 тонна, сабзавот – 9426,2 тонна (аз ҷумла бодиринг – 1383 тонна, помидор – 2515,7 тонна, карам – 710,9 тонна, сабзӣ – 1005,7 тонна, пиёз – 1566,8 тонна, қаламфури булғорӣ – 773,9 тонна ва дигар сабзавотҳо 1470,2 тонна), маҳсулотҳои растанипарварӣ (кӯчат) 2,6 млн. дона, маҳсулотҳои полезӣ – 75 тонна, зироатҳои хӯроки чорво – 678,9 тонна, меваҷот – 119 тонна, гӯшт 37,7 тонна, шир 253,3 тонна, тухм 157,2 ҳазор донаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 ғалладонагиҳо – 129,8 тонна, сабзавот – 162,1 тонна, полезӣ – 75 тонна, меваҷот – 3 тонна, хӯроки чорво – 2 тонна, гӯшт – 4,6 тонна, шир – 13,2 тонна, тухм – 56,9 ҳазор дона зиёд шудааст.
Роҳҳо ба талабот ҷавобгӯанд
Дарозии умумии роҳҳои шаҳр 148,4 километр буда, аз он 4,5 километр роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ, 10,6 километр ҷумҳуриявӣ, 133,3 километр маҳаллӣ, аз ҷумла 40 километр роҳҳои тобеи ташкилоту идораҳо ва 46,2 километр роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад.
Барои таъмиру нигоҳдории роҳҳои ҳудуди шаҳр дар 6 моҳи соли ҷорӣ аз буҷети маҳаллӣ 430 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар масоҳати 330 метри мураббаъ таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, ба дарозии 3,2 км хатҳои уфуқӣ кашида шуданд. Ҳамчунин дар масоҳати 580 метри мураббаъ сангҳои паҳлуи роҳ (бардюрҳо) ва 100,8 метр гузаргоҳҳои пиёдагардон рангубор гардида, 32 адад аломатҳои иловагии роҳ насб карда шуданд.
Бо ҷалби шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва сокинон бошад дар маҳаллаҳои Ваҳдат, Умари Хайём, Кайҳонавардон, Хатлон, Нурулло Ҳувайдуллоев, Ҷамила Мирзоқодирова, Маданият, Бохтариён, Зархез, Ҳаёти Нав, Баҳор, Истиқлол ва Ғайрат ба масоҳати 5820 метр роҳҳои ҳудуди маҳаллаҳо бо 81 мошини борбардор сангмайда (шебен) ба маблағи 126700 сомонӣ рехта аз тарафи сокинон бо тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона ҳамвор карда шуданд. Аз ҷониби сархатиби масҷиди марказӣ дар Ургутмаҳалла ду адад купруки мошингузар бунёд гардида, дар маҳаллаи Ҳоҷӣ Шариф аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи 1,5 млн. сомонӣ корҳои сангфаршкунӣ, васли новаҳои обгузар ва кашидани хати оби нӯшокӣ барои 250 хоҷагӣ анҷом дода шуда, 1,5 км роҳҳои ҳудуди маҳалла асфалтпӯш карда шудааст.
Дар шаҳр 14 муассисаи нақлиётӣ (13 муассиса хусусӣ ва 1 муассисаи ҷамъиятӣ) фаъолият доранд, ки 10 ададаш интиқолдиҳанда ва 4 адад терминал буда, ба 60 хатсайрҳо, аз ҷумла 31 наздишаҳрӣ, 16 байнишаҳрӣ ва 13 дохилишаҳрӣ хизмат мерасонанд.
Дар 6 моҳи соли 2024 тавассути ҳамаи намуди нақлиёт 3,1 млн тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 18,1 млн мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мутаносибан 130 ва 128 фоизро ташкил медиҳад.
Орзуи чандинсолаи сокинон амалӣ гашт
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар доираи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон” дар шаҳри Бохтар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Бохтарнақлиётхизматрасон” бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат ифтитоҳ гардида, дар 6 моҳи сипаришуда корхонаи мазкур ба зиёда аз 1,4 миллион мусофир бо нархҳои дастрас ва сифати баланд хизматрасонӣ намудааст, ки мунтазам аз ҷониби шаҳрвандон баҳои баланд дода мешаванд.
Дар ҳамин радиф бояд гуфт, ки баҳри ҷорӣ намудани назорати дуруст дар самти нақлиёт бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ёддошти ҳамкорӣ оиди амалӣ намудани лоиҳаи “Шаҳри бехатар” ба маблағи 9 то 18 млн доллар ба имзо расонида шудааст, ки дар доираи он низоми идоракунии видеоӣ, васли таҷҳизоти видеои барои нақлиётҳои кормандони милитсия ва дигар тадбирҳо пешбинӣ мегарданд.
Сокинон бо оби тозаи ошомиданӣ таъминанд
Дар идома гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ташкилоту муассисаҳо ва аҳолии шаҳр 4 млн 70 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ интиқол гардида, дар масофаи 1200 метр қубурҳои гуногунҳаҷм тоза ва 15 адад чоҳҳо бо сарпӯшҳои нав таъмин карда шуданд. Инчунин, 1341 адад дархостҳои воридгардидаи шаҳрвандон оиди бартараф намудани садамаҳои қубури оби нӯшокӣ ва корез саривақт ва пурра иҷро карда шудаанд.
Аз ҷониби худи сокинони маҳаллаҳо бошад дар масоҳати 1213 метр қубурҳои обгузар ва 342 метр қубурҳои пасоб ба маблағи умумии 101,3 ҳазор сомонӣ азнавсозӣ карда шуд.
Боиси қайд аст, ки ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва таҷдиди хатҳои канализатсионӣ дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд Созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи 8,5 млн евро ба имзо расонида шудааст.
Авҷи корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, №311 ва Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, № АП-188 “Оид ба омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Бохтар аз 28 сентябри соли 2022, №189 нақшаи чорабиниҳо вобаста ба бунёди биною иншоотҳои таъиноти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ тасдиқ карда шуда, дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ба он як қатор тағйиротҳо ворид карда шуданд.
Дар натиҷа нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида 300 банд ба маблағи 1 млрд 183 млн сомониро дар бар гирифта, иҷрои 63 банди он дар соли 2024 пешбинӣ гардидааст.
Таҳлилу омӯзишҳо собит намуданд, ки ба ҳолати 1 июли соли ҷорӣ 21 иншоот ба маблағи умумии 11,2 млн сомонӣ бо таъсиси 40 ҷои кори доимӣ ва 142 ҷойҳои муваққатӣ иҷро шудааст, ки ин 33,3 фоизи нақшаи соли ҷориро дар бар мегирад. Дар умум бошад то имрӯз 135 иншоот ба маблағи 196,3 млн сомонӣ бо ташкили 240 ҷои кории доимӣ ва 669 ҷойи кори муваққатӣ иҷро карда шудааст, ки ин баробари 45 фоизи нақша мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди шаҳр корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 73,9 миллион сомонӣ иҷро гардид, ки 127,1 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад. Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар 6 моҳи соли равон ба маблағи 78 миллион сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 130,8 фоиз таъмин гардидааст.
Аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 8087 метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 298 метри мураббаъ зиёд мебошад.
Рушди маориф омили пешрафти кишвар аст
Кормандони соҳаҳои иҷтимоию идиологӣ низ дар ин давра дар самти баланд бардоштани маданияти ҳуқуқию маърифатии шаҳрвандон, ҳифзи иҷтимоӣ ва солимии ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, бедор намудани ҳисси ватандӯстию меҳанпарастӣ, ҳамзамон иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, ки 30 майи соли ҷорӣ дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар баён доштанд, махсусан дар мавриди масъалаҳои ҳалталаби дар соҳаи маориф ҷойдошта як қатор корҳоро амалӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки ба ҳолати имрӯза дар 22 муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳр 3666 кӯдак ва дар 14 Маркази инкишофи кӯдакон 800 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки 32,3 фоизи умумии кӯдакони синни томактабиро ташкил медиҳад.
Дар оғози соли таҳсили 2023-2024 шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба 24 адад расида, аз он 5 литсей, 1 гимназия, 1 мактаби инноватсионӣ ва 15 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро дар бар гирифта, дар онҳо 29109 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки нисбат ба соли таҳсили 2022-2023 750 нафар зиёд мебошанд.
Аз 24 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, дар 15 муассисаҳо, таълим дар 2 баст ва дар 9 муассиса дар як баст ба роҳ монда шуда, таълимот дар 3 баст вуҷуд надорад.
Айни замон дар шаҳр бунёди 3 муассисаи томактабӣ аз ҷониби соҳибкорон ҷараён дошта, тавассути корбарии мақсаднок ва ҳадафмандонаи муҳтарам Раиси шаҳр, бо ҷалби сармояҳои хориҷӣ ва дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар маҳаллаи Дӯстӣ аз ҳисоби Дирексияи сохтмонии назди Ҳукумати мамлакат ва дар маҳаллаи Ҳоҷи Шариф аз ҳисоби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон, бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ ба нақша гирифта шудааст.
Бо мақсади тақвият бахшидани донишу малакаи хонандагон дар назди шуъбаи маорифи шаҳр “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо” ташкил карда шуда, хонандагони лаёқатманди муассисаҳои таълимӣ дар маҳфилҳои фаннӣ ба дарсҳои иловагӣ ва такмили маҳорати зеҳнӣ фаро гирифта шудаанд, ки дар натиҷа хонандагони шаҳр дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори 270 медал, аз ҷумла 18 медали тилло, 85 медали нуқра, 168 медали биринҷӣ ва 9 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, ки нисбати ҳамин даври соли гузашта 34 медал зиёд мебошад.
Солимии миллат бойгарии давлат аст
Дар шаҳр ҷиҳати беҳдошти вазъи саломатии шаҳрвандон сохтори госпиталӣ, маркази ёрии таъҷилӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, 6 адад муассисаи хусусӣ, 22 адад муассисаҳои тиббии вилоятӣ, 17 адад ҳуҷраҳои давлатию хусусии даҳонпизишкӣ, 10 адад ҳуҷраҳои ташхисии ултрасадо ва 110 адад дорухонаҳо ба аҳолии шаҳр ва берун аз он хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар 6 моҳи соли 2024 аз ҷониби сохтори госпиталии шаҳр ба 2815 нафар, муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр ба 188 ҳазору 858 нафар ва Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ ба 8697 нафар муроҷиаткунандагон хизматҳои тиббӣ расонида шудааст.
Бунёдкориҳо дар соҳаи варзиш
Дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” ва ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат ба рушди соҳаи ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуда, дар шаҳр 3 варзишгоҳ, як мактаби варзишӣ, 32 толори варзишӣ, 98 майдончаҳои варзишӣ, аз ҷумла 20 адад майдончаҳои футболи хурд, 2 майдони теннис ва 2 ҳавзи шиноварӣ дар истифодаи умум мебошанд, ки дар давраи ҳисоботӣ ба онҳо зиёда аз 708 нафар ҷавонон ва наврасон ҷалб гардиданд, ки аз ин 241 нафарашонро духтарон ташкил дода, ба онҳо 34 нафар мураббиён аз рӯи 16 намуди варзиш ҳамарӯза тамрин менамоянд.
Дар давоми моҳҳои январ – июни соли 2024 варзишгарони шаҳр дар ҳайати 229 нафар, аз ҷумла 50 нафар духтарон ба 5 чемпионат, 5 мусобиқаи байналмилалӣ ва 17 мусобикаи ҷумҳуриявӣ сафарбар гардида, 116 медал, аз он 41 медали тилло, 36 медали нуқра ва 39 медали биринҷиро ба даст оварданд.
Боиси қайд аст, ки тавассути дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Хатлон, муҳтарам Давлаталӣ Саид дар ҳудуди шаҳр, аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва соҳибкорон бунёди 28 майдончаҳои варзишӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 3 адад майдончаҳои варзишӣ ва кӯдакона расман мавриди истифодабарии сокинон қарор дода шуданд, ки боиси хушҳолии кӯдакону наврасон гардид.
Баҳри ҳавасмандгардонии ҷавонони шаҳр ба 52 нафар донишҷӯён ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ стипендияи президентӣ ва ба 70 нафар стипендияи раиси шаҳр таъин карда шудааст.
Ҳадаф таъмини зиндагии шоистаи мардум
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию иқтисодии аҳолии шаҳр дар давраи ҳисоботӣ 342 қарор ва 135 амрҳои раиси шаҳр ба тасвиб расидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 112 қарор кам ва 4 амр зиёд мебошад.
Инчунин ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 1664 ҳуҷҷат ворид шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 77 адад зиёд буда, аз он 2 адад аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 100 адад аз вазорату кумитаҳо ва идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 962 адад аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, 86 адад аз ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ, 269 адад аз ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ ва 239 хабарҳои телефонӣ ворид гардидааст.
Дар ин давра ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр 1192 муроҷиатҳои хаттии шаҳрвандон дохил шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 456 адад зиёд буда, 377 адад ба соҳаи заминсозӣ, 552 адад ба соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, 125 адад ба соҳаи сохтмону меъморӣ, 38 адад ба шуъбаи дин ва дигар соҳаҳо рост меояд. Аз ҷумла аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 адад ва аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 43 адад ворид гардидааст, ки мутаносибан 4 адад ва 21 адад кам мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ 28 маротиба қабули шаҳрвандон гузаронида шуда, 284 нафар шаҳрвандон ба раиси шаҳр, 196 нафар ба муовинони раиси шаҳр ва 37 нафар ба роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр ба таври шифоҳӣ муроҷиат кардаанд.
Тавре аз таҳлилу мушоҳидаҳо маълум гардид, дар баробари корҳои назарраси иҷрогардида, ҳоло низ камбудию мушкилотҳои ҳалталаб ва захираҳои истифоданошуда низ ҷой доранд.
Нақшаҳо неканд
Қайд гардид, ки моро зарур аст, ки дар самти рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ, афзоиш додани номгӯи маҳсулоти саноатӣ, паст намудани талафоти нерӯи барқ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, омӯзиши касбу ҳунарҳои муосир, омода намудани мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва дигар масъалаҳои ба рушди бемайлони мамлакат нигаронидашуда, ки мунтазам аз ҷониби Роҳбари давлат таъкид гардида, талаботҳои Стратегияи миллии рушди мамлакат барои давраи то соли 2030 мебошанд, дар ҳамбастагӣ мутаҳҳид шуда, камбудию норасоиҳои дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр ҷойдоштаро бартараф намоем ва бо ин васила ба рушди минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёти шаҳр заминаи боэътимод гузорем.
Роҳбарияти шаҳри Бохтар ва масъулони ташкилоту идораҳо зери сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ аз ӯҳдаи иҷрои вазифаҳои базиммадоштаашон баромада, шаҳри Бохтарро ба яке аз шаҳрҳои пешрафта ва зеботарин мубаддал мегардонанд.
МТЖТ