Таърихи ҳар халқу миллат ва давлатҳо қаҳрамонҳое дорад, ки тамоми буду набуди худро барои рушди кишварҳояшон сарф мекунанд. Вобаста ба ин, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки суҳбатҳои ихтисосиро бо арбобони давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, раисони шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорону олимони маъруф ва дигар ашхоси барҷаста ташкил намояд. Суҳбати аввали мо бо раиси ноҳияи дурдасти Муъминобод, муҳтарам Амиршозода Темурхон доир гардид, ки инак, мухтасари посухҳои эшонро ба нашр мерасонем.
– Хизматҳои Пешвои муаззами мардуми тоҷик ва тоҷикони бурунмарзӣ натанҳо барои миллат, балки барои кулли мардуми сайёра арзишманду бесобиқаанд. «Ман ба шумо сулҳ меорам» гуфту овард. «Куҳи хороро мешиканему дар муттаҳидӣ НБО “Роғун”-ро месозем» гуфту сохт. «Пойтахти кишвар – шаҳри Душанберо обод мекунем. Онро ба шаҳри сулҳи дунё табдил медиҳем» гуфту кард. Масъалаҳои глобалии минтақа ва ҷаҳонро аз нигоҳи таърихию таҳлилӣ омӯхт. Ҷаҳониёнро аз хатарҳои гармшавии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, хатарҳои қатлу куштор, одамрабоию террор, қочоқи маводи мухаддир, хатарҳои трансмиллӣ тариқи ҳамоишҳои сатҳи баланд огоҳ намуда, бо ифтихори миллӣ исбот намуд, ки «террорист дин, мазҳаб, модару Ватан надорад».
Имрӯз ҳар амали неку созандае, ки дар маҳал ба вуқуъ меоянд, аз баракати созандагию ободкориҳои Пешвои муаззам, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегиранд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки мардуми Муъминобод Пешвои муаззамро сидқан дӯст медоранд ва ба номаш ифтихор доранд.
Дар давоми панҷ соли охир ду сафари кории анҷомдодаи Пешвои муаззам (солҳои 2016 ва 2019) дар ноҳия натанҳо ба рушди минбаъда такон бахшид, балки барои офаридани маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди боғҳои содиротӣ, самаранок истифода кардани замин, об, захираҳои табиии дар маҳал мавҷудбуда, такрористеҳсолкунӣ, беҳтар намудани сабади истеъмолӣ, захираи мукаммали маводи ғизоии дар маҳал истеҳсолшаванда мусоидат намуд.
Кишоварзони ноҳия дар соли 2018 дар майдони 9929 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо, дар 695 гектар зироатҳои техникӣ, дар 1204 гектар картошка, дар 1486 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронида бошанд, ин рақам дар соли 2019 ба 10198 гектар ғалладона ва лӯбиёгиҳо, 928 гектар зироатҳои техникӣ, 1242 гектар картошка ва 1835 гектар зироатҳои хӯроки чорво боло бурда шуд. Нақшаи истеҳсоли картошка, меваю ангур ва зироатҳои хӯроки чорво мутаносибан 100 ва 108 фоиз таъмин гардидааст. Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар соли 2018-ум 501719,3 сомониро ташкил дода бошад, соли 2019 ин рақам ба 516193,9 сомонӣ баробар карда шудааст, ки аз тараққиёт ва рушди минбаъдаи ин минтақаи куҳистони мамлакат башорат медиҳад.
Тариқи Паёми солона Роҳбари давлат саноатикунонии босуръатро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон намуд, ки барои амалисозии ин нақшаи стратегӣ чорабиниҳои муассирро роҳандозӣ намоем. Бо ҳидоятҳои Пешвои муаззам соли 2019 корхонаи калонҳаҷми коркарди меваю сабзавот ба кор андохта шуд, ки дар мавсим то 200 нафар ба ҷойи кори мавсимӣ ва то 90 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин буда, иқтидори 4380 тонна меваю сабзавот коркард намуданро дар мавсим доро буда, барои истеҳсоли обҳои ташнагишикан хати технологии ба стандартҳо мувофиқро дорад. Бояд гуфт, ки айни замон 13 корхонаи саноатии хурду миёна барои истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ фаъолият қарор доранд, ки 2 ададашон навтаъсисанд.
Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои муқоисавӣ 2124,2 сомониро ташкил медиҳад, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 2,2 баробар зиёд аст. Соли 2019 фабрикаи парандапарварии «Мурғи Муъминобод» баъди сукути тӯлонӣ аз нав ба фаъолият оғоз намуд ва 417,7 тонна гӯшти аълосифати парҳезӣ истеҳсол намуда, пешкаши истеъмолкунандагон гардонид.
Даромади андозҳо дар панҷ сол ба миқдори 48244343 сомонӣ муқаррар гардида буд ва иҷрои он ба андозаи 49302551,54 сомонӣ таъмин карда шуд, ки 102,2 фоизро ташкил медиҳад.
Метавон гуфт, ки аз ҳисоби маблағҳои мутамаркази буҷетӣ сохтмони хонаи 36-ҳуҷрадор, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54, сохтмон ва барқарорсозии хати ташноб дар маркази ноҳия – шаҳраки Муъминобод, сохтмони бинои маъмурии ҷамоатҳои деҳоти Деҳибаланд ва Боғгаӣ бомаром идома дошта, дар арафаи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд.
Бунёди роҳу пулҳо бо ҳидоятҳои Пешвои миллат дар ноҳия ба ҳукми анъана даромадааст. Дар давоми панҷ соли охир 192,4 км роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо пурра таъмиру навсозӣ ва 7 адад пулҳо таъмир ва барои рафтуомад безарару бехатар гардонида шуданд. Аз баракати соҳибдавлатӣ роҳи Муъминобод-Чилдухтарон дар масофаи 18 км тахту ҳамвор ва сангфарш гардида, пул ба дарозии 130 метр дар болои дарёи Сурхак сохта шуд, ки чор фасли сол рафтуомади сокинон таъмин ва ин мавзеъ ба макони сайру сайёҳати дохилу хориҷ табдил дода шудааст.
Дар ин мавзеи хушбоду ҳаво ва табиати нотакрор осоишгоҳ барои қабули 50 нафар мизоҷ дар як вақт ва меҳмонхонаи панҷошёна бунёд шуда истодааст, ки барои рушди минбаъдаи ноҳия заминаҳои воқеӣ ва зиндагии шоистаи мардуми маҳалро таъмин хоҳанд кард.
Бо арзи миннатдории самимӣ ба Президенти кишвар қайд менамоям, ки бо мақсади рушди минбаъда роҳи Муъминобод-Кӯлоб дар масофаи 35 километр ба маблағи 250 миллион сомонӣ ва роҳи маҳаллии Муъминобод-Ховалинг минтақаи Муъминобод бо ҷалби соҳибкорон амалӣ карда мешавад. Мутобиқ ба Нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишуда то ҷашни бошукуҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 333 иншооти хизматрасониҳои иҷтимоӣ мавриди истифодаи умум қарор дода мешаванд. Аз маҷмӯи умумии иншооти дар нақша ҷойгиршуда, дар 94 иншоот корҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шуда, дар 112 иншооти дигар корҳои лоиҳакашӣ, сохтмону рангуборкунӣ ва чорабиниҳои дигари корҳои ободонӣ идомаи босуръат доранд.
Маориф дар ноҳия рушди бемайлон дорад. 1 муассисаи таълими ибтидоӣ, 14 муассисаи таълимии умумии асосӣ, 41 муассисаи таълимии миёнаи умумӣ, 2 гимназия, 1 мактаб-интернати кӯдакони ятим, 3 муассисаи томактабӣ, 53 маркази инкишофи кӯдак, бо фарогирии 20124 нафар тарбиятгирандагону хонанда дар фаъолият буда, ба онҳо 1588 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Дар давраи панҷ сол дар ноҳия 11 муассисаҳои таълимӣ аз нав бунёд гардидаанд. Дар ин давра 9 филиалҳои мактабӣ аз хонавагон ва хонаҳои шахсӣ бароварда шуда, бо ашёҳо ва воситаҳои таълимӣ таъмин карда шуданд. Хело хушнудкунанда аст, ки бо иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар аснои сафари корӣ ба ноҳия 4 иншооти соҳаи маориф, фарҳанг ва тандурустӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуда, барои бунёди боғи фарҳангу фароғат санги асос гузошта шуд. Ният дорем, ки бо ҷалби маблағгузории соҳибкорон тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона майдони Парчами давлатиро бунёд намоем. Дар ин самт фаъолиятҳои самарабахш оғоз гардидаанд.
Дар ноҳия барои қонеъ гардонидани талаботи хонандагон ва дастарӣ ба иттилоот 22 адад китобхонаҳои системаи марказонидашуда бо махзани китобии 90267 нусха дар ҳафт ҷамоати шаҳраку деҳот хизмати китобӣ мерасонанд. То ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 адад китобхонаҳои нав сохта шуда, мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки Пешвои муаззами миллат ҳамчун сиёсатмадори варзида Тоҷикистонро ба ҷаҳон, ҷаҳонро ба Тоҷикистон муаррифӣ намуд. Мо ҳамчун миллат дар асолати миллӣ ва хештаншиносӣ зери ҳидоятҳои ин марди сиришташ ояндасозу ояндабин барои офаридани таърихи фардо қадамҳои устувору боварибахш дорем.
Пешрафти имрӯзи Тоҷикистони азизу маҳбубро бо дидаи ҷаҳонбин бояд дид.
Таҳияи Саид САИДОВ