(Ҳазл аз мусоҳибаи маҷозие бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии мубоиза зидди фасод)

Дар Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза алайҳи фасод хостам бо шахси масъуле мусоҳиба карда, роҳҳои аз байн бурдани фасодро пурсон шавам. Ин аст, ки бе маслиҳати пешакӣ ба як нафар мансабдори шиносам муроҷиат кардам, ки муҳтавои онро инҷо мегузорам.

– Салом, сардор! Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза зидди фасодро бароятон табрик мегӯям.

-Ташаккур! Ташаккур! Ин санаи муборак ба Шумо рӯзноманигорон низ, ки муборизони асосии зидди фасод ба ҳисоб меравед, муборак бошад.

-Иҷозат диҳед, башида ба ин рӯз бо якчанд савол ба Шумо муроҷиат кунам.

-Марҳамат.

-Ба назари Шумо, барои комилан аз байн бурдани коррупсия дар мақомоти қудратӣ чӣ бояд кард?

-Маоши кормандони мақомоти қудратиро баланд бардоред, мушкилӣ худ аз худ ҳал мешавад.

-Маош то чӣ қадар бояд баланд бардошта шавад, ки кормандони мақомоти қудратӣ пора нагиранд?

-Аққалан то ба он сатҳе боло бардошта шавад, ки ба зиндагии рӯзмарраашон расад, дар оянда бо ин маош мошин харанд ва фарзандонашонро бо хонаву дар таъмин кунанд…

-Яъне, Шумо гуфтан мехоҳед, ки омили асосии даст задан ба фасод, ин маоши паст аст?

-Бале, ҳамин тавр аст. Масалан, лейтенанти калони милиса феълан 900 сомонӣ оклад дорад, яъне маош мегирад. Шумо бигӯед, ки оё милиса бо чунин маош зиндагӣ карда метавонад? Албатта не.

-Хароҷоти моҳонаи як нафар корманди милиса тақрибан чи қадар аст?

-Масалан, агар милиса бо 15 сомонӣ субҳона хӯрад, бо 25 сомонӣ хӯроки нисфирӯзӣ ва бо 25 сомонӣ хӯроки шом, пас дар як рӯз ӯ 65 сомонӣ хароҷот дорад. Агар инро ҳисоб кунем, маоши якмоҳаи ӯ, яъне 900 сомонӣ ҳамагӣ ба 14 рӯз мерасад. 16 рӯзи дигар ӯ чӣ тавр бояд зиндагӣ кунад?

-Магар маоши корманди милиса ҳамин қадар паст аст? О, қариб ҳама милисаҳои мо мошин доранд ку. Ин мошинҳоро онҳо аз кадом ҳисоб харидорӣ мекунанд?

-Маоше, ки милиса мегирад, ба зиндагии рӯзмаррааш намерасад, ӯ аз куҷо мошин ва хона мехарад, – гуфт хандида ва илова кард.-Дар мо касе аз пули маош мошин харида наметавонад. Ин ҳама даромад аз ҳисоби ҳамон неъматест, ки Шумо мехоҳед, мо алайҳи он мубориза барем.

-Хулоса, шумо мегӯед, ки сарчашмаи асосии порагирӣ ин маош аст? Агар маош баланд бошад, касе пора намегирад?

-Бале, сабаби асосии порагирии на танҳо милиса, балки прокурору судяҳо низ маҳз ҳамин маоши паст аст. Маоши паст боис шудааст, ки аввал кам – кам барои таъминоти рӯзгор ҳадя гиранд ва дар оянда бошад, эҳтиёҷоти дигар, аз ҷумла нақлиёт ва манзили истиқоматиро низ аз ҳамин ҳисоб ҳал кунанд.

-Агар ин тур бошад, чунин маошро касе ба Шумо кафолат намедиҳад, шеф!

– Пас, ба корамон халал нарасонед. Монед, ҳам алайҳи ҷинояткорӣ мубориза барем ва ҳам рӯзгорамонро пеш барем, -гуфту маро аз дар берун кард.

Бедор шудам, ки дар хобам. Чашмонамро молида – молида, ҳушёртар шудаму шукр карда, гуфтам: -Хоб будааст, ки сардор ҳақиқатро гуфта, баъд аз дар берун кард. Агар бедорӣ мешуд, умуман қабулам намекард.

Холиқназар Ҷумъаев

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь