Ҳар миллат сазовори истиқлол аст, агар тавонад барои ҳифзу нигоштани ӯ арзишҳои воқеӣ бунёд намояд. Ин амал замоне қобили таҳаммул хоҳад буд, ки миллат аз нерӯҳои иттиҳоди воқеӣ ва ҳамбастагии лозим баҳра гирад.

Миллати тоҷик ҳамвора дар озмунҳои сиёсӣ қомати истиқлолро бо ҳиммати ҷон гармо бахшид, дар хати хунуни таърихӣ бо чакидаҳои хуни худ рангу машъал гирифт. Ин миллат бо гузарҳои тақдир ва сангинтарин қурбониҳо тавонист хати паём дар баробари иттиҳоди миллӣ бисозад. Танҳо истиқлол уфуқҳои диди равшанро пӯшида густариш медиҳад ва дурнамои хешро ғановат мебахшад. Маҳз истиқлол ҳеҷ гоҳ иброзро ба ҷои ҳадаф намешиносад ва миллатро қурбони андешаҳои бегона намесозад. Бо ҳамин ҷиҳат, ҳамеша мавзӯи махмалӣ ва ҳадафи истиқлол миллат аст, ки паёмҳои созгори он салом ба ватан аст. Саодатмандтарин кишвар он аст, ки роҳбар ва нерӯҳои созгор, ба вазъи мавҷуд огоҳии воқиф дорад ва дар ҳамоҳангӣ бо нерӯҳои созанда огоҳона, бидуни шитобкорӣ ислоҳоту таҳаввулоти таърихро дар давлати хеш пиёда мекунад ва чархи зиндагиро ҳампо ба таъриху замон пеш меронад. Маҳз чунин кишвар дарахти ҳуввиятшиносиро аз иттиҳоди муштарак аз чашмаҳои таърих, таҷрибаи давлатдорӣ ва истиқлол бунёд мекунад, ки аз чунин иттиҳод – ҳампаймоӣ ҳеҷ фард худро берун аз канори он намегирад. Дар ҳар сурат, ҳамеша тарвиҷи истиқлол, ки ҳақи озодӣ доштан аст, новобаста аз нороҳатиҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва ноҳинҷориҳои замон, кишвари истиқлолпарастро қомати миллӣ ва ба муҳимоти хостаи аъмолаш мерасонад.

Истиқлол ҷашни миллӣ аст, ки барои кишвар маънӣ дорад, зеро ба арзиши миллӣ мубаддал гардидааст. Воқеаи сиёсиест, ки арзишҳои муштарак ва бовариҳоро миёни мардуми кишвар бештар месозад. Маҳз бо истиқлол миллат дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии хеш муҳтарам ва нерӯманд аст.

Бо ин тартиб, метавон гуфт, ки истиқлол муҳимтарин амал дар ҳаёти таърихии миллат аст, ки бовариҳо меофарад, дар ҳаёти таърихии кишвар арзише ҳаст, ки иттиҳод ва ҳамбастагиро манзур медиҳад. Истиқлол ҳамчун зарурати сиёсӣ меҳвари аслии қазои кишвар аст. Истиқлоли кишвар мактабҳо ва маконҳоро дорад, давлату давлатдорӣ замонҳо ва маконҳоро ба ёд меоварад. Имрӯз  зери парчами Истиқлол кишвар нерӯи хешро самимона ва садоқатмандона дар роҳи истиқлол, ки пайроҳаи сулҳу субот аст, мепайвандад. Аз ҳар ҷиҳат, аз ҳар паҳлӯ созандагӣ эҷод мекунад, пайвастагиҳоро бо номи ҳувийят лафз менамояд.

Давлатдории имрӯз падидаи нодире дар саҳнаи таърихи башарият аст, ки ба гузаштаи пурмеҳру пурғановати миллат зару зевар медиҳад. Возеҳ аст, ки давраи созгории кишвар фароҳам омад ва он барои нақшофарӣ муҳим аст. Махсусан, дар ин густариш баҳри истиқлол ва расидан ба сӯйи ҳадафҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ аҳамият дорад. Ҳамвора як ҳаракати неруманд пешравии кишварро роҳбарӣ менамояд ва онро намоён месозад. Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои кишвар як ҳаракати пешрафт аст, ки онро роҳбарӣ менамояд ва ҳамвора иллатҳои иҷтимоӣ-иқтисодиро дурбинона матраҳ месозад.

Бунёдкорӣ ва созандагӣ подоши истиқлол аст. Ин истеҳкомест, ки таблиғоти сархӯрдагонро, ки дар фарзонаҳову расонаҳои иҷтимоӣ, ин истиқлол, ки озодихоҳӣ аст, тӯфони давр медонанд. Ин “сиёсатмадорон”-и гузашта, ки аз як таборанд, оташи муноқишаҳои маҳалиро афрӯхта, ба намоиш мегузоранд. Онҳо ҳамеша аз ҳақу ботил ҳарф мезананд, ҳол он ҳанӯз ҳам дарахтон аз хуни гарми ҳамватанон нахушкидааст ва забону гушу паёмҳои хунин решаҳои рӯёи истиқлолро шаҳодат медиҳад. Ин гардонандагон “чархи қудрат” инро аз ёд бурдаанд, ки миллати тоҷик, дар гузаргоҳи тақдир сангинтарин қурбониҳо ба хотири сиёсат дида аст.

Асри мо асри мушкилоти азим аст, зеро аз як тараф, тамоилот ва гароишҳои сиёсӣ, аз сӯйи дигар, хурофотҳои баъзе гурӯҳҳои мазҳабӣ ва равияҳои ифротии динӣ-сиёсӣ роҳи асли наслро ғалат месозанд. Инҳо сархӯрдагон буданд ва агар ба таърихи истиқлоли миллиамон бингарем, ҳамеша онҳо бо “либосу кулоҳ”-и дигар, бо тафриқаву тафовут сангар сохтаанд, мардумро ба парокандагии миллӣ даъват кардаанд. Онҳо ҳоло ҳам барои манфиати сиёсӣ-динӣ-мазҳабӣ сарнавишти миллатро ба савдо мегузоранд. Мо хуб медонем, ки ихтилофҳои сиёсӣ-динӣ аз натавоноӣ рӯй медиҳанд. Ихтилофоти сиёсӣ-динӣ тазодҳои кашида аст ва кишвар фақат ин нуқтаро бояд дар назар дошта бошад, ки оқибатҳои табоҳкунанда дорад.

Заминаҳои лағжишҳои сиёсӣ-динӣ дидгоҳи мухталиф доранд, ки сабаби пайдоиши ақида ва таъбири он мешаванд, ки хатарнок аз камогоҳӣ ва камтаҷрибагӣ дар сатҳи ақида ва ғалабаи эҳсосот аст. Алоқаманд будан ва пазируфтани гароишҳои сиёсӣ-динӣ ва майл доштан ақидаҳои таассубӣ истиқлоли фикриро хира мегардонад. Хатари тағйири ақида дар ниҳоят, сабаби тағйири тафаккур ва иллати пайдоиши ақибнишиниҳо аст. Зоҳиран, масъалаи бархурдорӣ аз дину мазҳаб дар расонаҳои кишвар кам баррасӣ мегардад, аммо сархурдагон ҳоло ҳам дар муҳтавои дини ислом дар таблиғоти сиёсӣ-мазҳабӣ аёнанд. Агар ин таблиғотҳои мазҳабӣ-сиёсӣ, сабаби аслиаш нотавонӣ аст, сабаби дигараш хурофоту таассуб аст, ки мантиқу таҳлили воқеи надорад. Таҳқиру дашноми шахсиятҳо, бадном кардани баъзе афроди мансабдор, ҳатто хонаводаи онҳо барои ин “сиёсатмадорон” гуё сиёсат аст. Ин ҷо ба маврид аст, ҳикояи Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, дар маснавии безаволи хеш таъкид менамояд, ки дар баёни шайтон ва тафову қафканӣ вазири яҳудӣ миёни масеҳон, дар ростои таҳқиқи амоли хеш дувоздаҳ нома ба дувоздаҳ минтақа барои насрониён мефиристад. Худро дӯсти масеҳиён муаррифӣ мекунад ва баъд моҳияти дини масеҳро ташреҳ медиҳад. Дар як нома дини масеҳро оини зоҳид ва тарки дунё муаррифӣ мекунад ва дар номаи дигар интиқомро асли дин медонад. Бад-ин гуна фирқаҳои мухталиф бо талқини вазири яҳуд бардоштҳои гуногуниро аз дин насиб мегарданд. Вазир дар ин душманӣ пазириши исавиҳо қарор мегирад ва онҷо нифоқро доман мезанад. Ин нуқта равшан месозад, ки шайтон дар роҳи тафриқа ва ҳатто аз нобудиву расвоии хеш ҳеҷ гуна ибо надорад.

Дар ҳар гуна кишвар инқилобҳои фоҷеаомез, маълуман замоне ба авҷ мерасанд, ки агар миёни ҷараёни “созгорӣ” ва “дигарсозӣ” ё “суббот” ва “тағйир” таносуб барҳам мехӯрад. Бо истифодаи тамоми нерӯҳои қудратӣ ҳифзи вазъ маҳдуд мешавад ва ҳеҷ андеша, ҳеҷ нафъ маълум дониста намешавад. Ҷанбаҳои маслиҳатомез дар канор мемонад, сиёсат, иҷтимоиёт, фарҳанг ва дар ниҳоят, иқтисодиёт амнияти умумии худро гум мекунад ва ислоҳи вазъ ва тавсеаҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳам вафо намекунад.

Кишваре, ки ҳама тафаккури зиндагиаш дар чорчӯби як мафкураи зинда миллӣ аст ва ҳам пайванд ва иттиҳоди миллӣ дорад, тафаккурпаймоии миллӣ дорад ва ин тафаккур чунин тафаккурест, ки аз қайду бандҳои ғайривоқеатона ва бегона, аз сиришту тамаъ раҳо буда, дар тағзияи салом аз чашмаҳои ҳаётбахши маънавиёт ва таҷрибаҳои таърихии ватан, назари қарор додани шароити хоси айниву зеҳнии ҳокими ҷомеа, ба ҷазбу ҳазми маъқули таҷрибаҳо ва дастовардҳои андешаҳои умумимиллӣ қарор дорад. Чунин тарзи тафаккур дар айни миллӣ будан ва такя доштан ба хусусият ва манфиати миллӣ ҳаргиз маҳдудият ва тангназариро намепазирад. Барои ин, муҳимтарин асл, ормони миллӣ, яъне, тараққӣ ва азамати истиқлол аст, ки барои таҳқиқи чунин ормонҳо, роҳҳо, равишҳо ва воситаҳои гуногун ҷустуҷӯ карда мешавад.

Маълум аст, ки меъмории як кишвар падидаи даъвоталабона аст ва замоне метавонад пойдор монад, ки дар бунёди истиқлолияташ устувор бошад ва ҳама ниёз ва иттиҳодро барои бақои миллат муфид донад. Маҳз дар чунин кишвар дарахти ҳувиятшиносӣ аз ин гуна иттиҳоди муштарак, аз чашмаҳои таърих, таҷриба ва ифтихори миллӣ об мехӯрад. Тоҷикистон кишварест, ки аз лиҳози таърихӣ давраҳои зарини  тараққиро, бавежа, дар арсаи илм ва фарҳанг таҷриба кардааст. Бо ин ҳама маънӣ, ин кишвар қодир аст роҳи рушду беҳбудӣ ва муқаддам дошта бошад. Фақат тафаккури истиқлоли миллӣ уфуқҳои диди равшанро боз ҳам равшантар сохта густариш медиҳад ва дурнамои хешро ғановат мебахшад. Ин гуна тафаккур ҳеҷ гоҳ ақидаи бегонаро ҳадафи худ қарор намедиҳад ва миллатро қурбони андешаҳои бегона намесозад.

Пӯшида ҳам нест, ки дунёи имрӯз, ки дар чаҳорчӯбаи расмиаш, муносибатҳои қарордодӣ аст, ҳувияти миллиро дар меъёри муштараки таърихӣ, забонӣ ва мазҳабӣ намешиносад, ҳар кас ҳувиятро аз рӯи тазкираи тобеият ва дараҷаи мавқеи шаҳрдорӣ ба кишвар, мутеъ медонад. Аз ин лиҳоз, буҳрони ҳувият, истиқлолпаймоӣ паймонест, мисли дамгири афрод дар ҷомеаи таърих ва ба ҳолати паруболмондагӣ монанд аст. Аз ин сабаб, ҳувияти миллӣ, ки дар ҷуғрофии навини сиёсии кишвар падид омадааст, ба ҷаҳон ва ба табъи он манфиати миллӣ, тамоми арзӣ, давлати воҳид доштан фасл кунанда аст. Миллатҳое ҳастанд, ки дар меъёри зарурӣ ба фарҳанг, қадимият, забон, таърих ва мазҳаб дар дараҷаи аввал аҳамият намедиҳанд. Бинобар ин, меҳвари асли таҷассумкунандаи ин миллатҳо имрӯз, забон, хун, таърихи фарҳанг ва мазҳаб нест, балки ҳудуди ҷуғрофии сиёсии ин кишварҳо марбут ба ҳолати иқтисодӣ-иҷтимоӣ аст.

Дар ҳолати имрӯз, давлатҳои бузург, ки чеҳраи хоси иқтисодӣ-сиёсӣ доранд, давлатҳои нолоиқро санҷиш мекунанд, миллаташро дар ғафлат мегузоранд. Бо кушишҳои сиёсӣ ва фишангҳои иқтисодӣ, давлатҳои нолоиқро созӣ ва бозӣ мекунанд, баъд ин давлатҳо дар пояи муҳтоҷӣ таъсири худро устувор месозанд. Ба гуфтаи Соиб “мо чи гуна мо шудем ва метавонем аз хориҷиҳо тасалият ёбем”. Аз ин лиҳоз, сухансозиҳои сиёсӣ, фиребгариҳо, сафсатаҳо, ки қарордодӣ ҳастанд, ғафлатзадагонро ба дом меафканад, ҳувияти миллиро, ки баракати истиқлол аст, ба дом меафкананд.

Ҳар гуна истиқлол мисли кӯдакест, ки ба майдон меояд, барои дифои худ ғаш мекунад ва хонавода баҳри ба сӯйи зиндагӣ шудани ӯ талош мекунад. Бо қудратмандӣ ва нерумандии фарзанди ифтихорофарини тоҷик Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон истиқлоламонро соҳибӣ кардем, ҷанги таҳмилиро паси сар намудем, зиндагии хешро идома додем ва имрӯз кишвар ба унвони як нерӯи қудратманди сиёсӣ дар саҳифаи сиёсии ҷаҳон нақш дорад. Маълум аст, ки истиқлол танҳо андешаву эътиқод ва фақат як мактаби фикрӣ нест, балки муҳимтарин омили бақои миллӣ ва ҳастии кишвар-мавҷудият, вуҷуд ва худшиносиву худсозӣ дар он хулоса мешавад. Ҳамаи талошҳои кишвар зарурати шинохт ва таъини мактаби давлатдорӣ аст, ки дар пайраҳаи истиқлол фишорҳо, таъсироти сиёсӣ-динӣ ва таблиғоти нотавонро пушти сар мекунад, дар судури Истиқлоли кишвар судури андешаи миллӣ ва маънавияти давлатдорӣ аст. Пирӯзии Истиқлоли кишвар дар талошҳои доимии миллат, баҳри такмилу густаришии давлатдории тоҷик аст ва  дар он, ҳувият, дар худшиносӣ баҳри худсозӣ тавзеҳутакмил ёфтааст.

Имрӯз қазоватҳои миллат чун таърих, фарҳангсолорӣ ва тамаддунсозӣ шуҳрат доранд, зеро истиқлол бо чеҳраи нави хеш тулӯъ ёфтааст. Ҳисоби истиқлолро аз ин қазоватҳо ғолибан дар ин бардоштҳо ва таъбирҳои истиқлол, ба унвони як даъват ва як рисолат – худшиносии миллӣ шуҳрат мебахшад.

Истиқлоли миллат, ки сайри таҳаввулоти таърихиро паймудааст, масъала – мавҷе, ки дар ҷомеа падид омадааст, ҳаракат ва даъват ба миллат худогоҳиро бошиддат ба хеш мазҳаб намудааст ва бо сароҳат, бо ҷаҳонбинии нав, бозгашт ба хештан аст. Истиқлол, ки ҷаҳонбинӣ аст ва бозгашт ба хештанро тақозо менамояд, даъват ба эҳёи миллат ва даъват ба эҳёи давлат аст.

Маҳз бо истиқлол эҳёи давлатдорӣ оғоз шуд ва Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарии ин ҷабҳаи миллиро ба даст гирифт, шиори “миллӣ шудан” ва ҳадафи бозтоби истиқлоли сиёсиро таҳким бахшид ва низ ба қонун, озодӣ, пешрафт ва пок кардани ҳама сиёҳие, ки давраҳои гузашта ҷо гирифта буд, анҷом дод.

Дар ҳар вазъу ҳолати сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, миллати тоҷик ҳастии хешро дар истиқлолаш ёфтааст. Шинохти ин миллат шинохти суйи ормонҳои истиқлол аст, робитаест, ки ҳастиашро таҳкиму тақвият бахшад ва ӯро аз ҳастиаш огоҳ месозад, ба худшиносӣ ва худсозӣ ҳидоят менамояд. Бинобар ин, миллат чун ёри истиқлол ҳастии комилпазир аст ва фоидаи истиқлол шинохти камоли воқеият аст.

Шинохти миллат камоли ҳақиқати миллат аст, ки маънои дарки виҷдонии истиқлолро дорад. Шинохт ихтиёру интихоб аст, ба ибораи дигар, худшиносӣ барои худсозӣ тафаккур – паймони миллӣ аст, ки аз чашмаҳои ҳаётбахши маънавии кишвари куҳанбунёди тоҷик сарчашма мегирад ва истиқлол уфуқи диди равшани шинохту худшиносӣ аст, ки худсозиро равшанӣ медиҳад, дар ҳамоҳангӣ бо худогоҳӣ чархи ҳастии миллатро ҳамқадам ба замон месозад. Дар ин ҳангом маънии истиқлол ватандорӣ аст.

Истиқлол нақши азим дар таҳқиқи ормонҳо ва пешрафтҳо дорад. Ин ганҷи шойгон дар баҳрабардории нерӯҳои бархез муҳим аст. Маҳз истиқлол доманзадани ҳамбастагиро миёни ҷомеа осоиш медиҳад. Нерӯ ва фикри тозае аст, ки ҷомеаи тоҷикро бедор кардааст ва онро бо эътиқоду қудрат саршор намудааст. Имрӯз миллати тоҷик дар манобеи азими истиқлол қарор дорад ва сурати саршори худро ба рӯи нотавононбинон мениҳад ва аз сафсата канора мегирад.

Миллати тоҷик дар тули таърих аз ҳама мушкилоту ихтилофотҳое, ки мумкин буд, дар тақдири хеш бархӯрдор шуд. Ҳеҷ аз душманон натавонистанд ин миллатро ба фано баранд. То замоне, ки тоҷик муттаҳид аст ва ба роҳи пешрафти истиқлоли худ талош мекунад, ҳеҷ кишвар қудрати тоҷикро, зери назари мактаби худ қарор дода наметавонад. Имтиёзи бузурги истиқлол ин аст, ки миллатро соҳибихтиёр кард онро ба рангу нажоди худ ва ба сурату забони худ шинос намуд. Истиқлол дар шакли ҷаззоб дар рӯи суннатҳои азими миллат ҳамоҳангӣ пайдо намуд. Ҳақиқат аст, ки истиқлол маҳз бо пешрафти кишвар сайқал ёфт. Эҳёи кишвар дар ҳолати имрӯз аз тақвияти барномаҳои ислоҳии иқтисодиву иҷтимоии истиқлол ва илова аз ин, аз шинохт ва бозшинохти истиқлол иборат аст. Бинобар ин аз истиқлол нусхаи шифобахши кишвар аст.

Имрӯз кишвар дар низоми иқтисодӣ-иҷтимоӣ мушкилот дорад ва муддати чанде дар маърази тахдиду қаҳр қарор дорад ва бояд дар ин ҳолат ҷомеаи тоҷик даст бо ҳам боз ҳам муттаҳид шаванд, ба хотири он ки ҳаёту бақои мо ҳаёту бақои дигарон нашавад. Бузургон гуфтаанд; «амал калиди пирӯзӣ аст, ростӣ нардбони ростгарӣ аст, тарс аҷалро наздик мекунад, ноумедӣ ва нотавонӣ аз омили нобудӣ аст”. Миллати тоҷик то истиқлол ҳеҷ мустақилият надошт, вале имон дошт, илм дошт, фарҳанг ва тамаддун дошт. Он чи ки миллатро пирӯз кард муҳаббат ба ватан буд. Ин муҳаббат, чашмҳоро боз кард ва забонҳоро гӯё кард.

Истиқлол миллатро бедор кард, истиқлол миллатро ҳушёр кард, истиқлол дасти нотавонбинонро кӯтоҳ кард ва кишварро дар озодӣ қарор дод ва ин озодиву истиқлол, ки зуҳури ҷамъ аст, то абад боқӣ хоҳад монд. Истиқлоли кишвар мавҷи ҷадид аст, ки дар ҷомеа ҳаракати навин ёфтааст. Истиқлоли кишвар, ки ҷаҳонбинии фарох, бозгашт ба давлату давлатдорӣ ва эҳёи давлати миллӣ аст, ки дар пайи истиқлол мушаххас гардид ва худро аз побандҳои сурху сиёҳ ҷудо намуд ва дар масири дардҳову ниёзҳову ормонҳои худ тақвият ёфт, зеро танҳо истиқлол, ба вижа аносири созанда ва ба сурати як фалсафаи қудрати ҳоким аст.

 Каримҷон ҚОДИРОВ, профессор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь