(Чанд нукта андар ҳошияи Паёми Пешвои миллат, бавижа дар хусуси ҳифзу муаррифии мероси маънавии ниёгон)
Қисмати фарҳанги маънавии миллати тоҷик ба аксар донишварону муҳаққиқон бармало аст, ки дар тӯли таърих ҳамеша зери таассуби диндорону аҷнабиён ба нестиву нобудӣ рӯ ба рӯ гардидааст, аммо чун миллати тоҷик аз гузашта то ба имрӯз фарҳангофару маърифатпарвар аст, ҳадди ақал дар маҳдудаи деҳаву шаҳрак ё худ хонавода фарҳангу маънавиёти худро пос медошту ҳифз мекард.
Ҳамзамон, фарзонафарзандони миллати тоҷик дар асру замонҳо барои такмили фарҳангу илми гузаштагонашон саҳми бориз мегузоштанд ва баҳри пойдориаш низ талошу ҷонбозиҳо мекарданд. Ин ҳама заҳмату талошҳои нобиғагони миллати тоҷик буд, ки дар арсаи ҷаҳон миллати тоҷик ҳамчун миллати маърифатпарвару фарҳангофар шинохтаву маъруф гардидааст.
Аз гузашта то ба имрӯз консепсияи миллати тоҷикро донишу ақлу илм ташкил додаасту медиҳад. Тамоми рукнҳои зиндагии тоҷикон аз донишу хирадпарастӣ сарчашма мегирад ва ин нуктаро олимони ҷаҳонӣ ҳам таъйид кардаанд.
Ба бахти тоҷикон, ки пас аз истиқлоли сиёсӣ ба даст овардан, аксари расму оин, ҷашн ва урфу одатҳое, ки дар зери фишори нобихрадони ҳукмрони аҷнабӣ рӯ ба нестӣ оварда буд, дубора эҳё гардонанд.
Бояд мунсифона дар эҳёи фарҳангу маънавиёт ва чеҳраҳои илму фарҳанги миллӣ хидмати бемисли фарзонафарзанди миллат – Пешвои миллатро арҷ гузошту бозгӯӣ намоем. Аз оғози давлатдорӣ то ба имрӯз Роҳбари маърифатпарвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бештар кӯшидаанд, ки он фарҳангу илми аздастрафтаи тоҷиконро эҳё ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намоянд. Бешубҳа, ба ин ҳадафи хеш Роҳбари кишвар расиданд ва аз ин ҷост, ки тамоми ҷаҳониён имрӯз ба сиёсат ва сохти давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳтироми хосса мегузоранд.
Роҳбари давлат анҷоми ҳар сол натиҷагирии тамоми соҳаҳои давлатдориро ба миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ироа медоранд. Ҳамчунин, сиёсати дохиливу хориҷиро барои соли оянда баён дошта, нақшаву барномаҳои соли ояндаро бозгӯӣ мекунанд, ки ҳамагон аз он огоҳӣ меёбанд.
Дар Паёми навбатии худ (28.12.2023) Роҳбари давлат дар масъалаҳои иҷтимоӣ, маориф, фарҳанг ва илми кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Албатта, барои пешрафти соҳаҳои болозикр дастуру пешниҳодҳои махсус доданд, ки барои вусъатбахшии онҳо мусоидат хоҳад кард. Сарвари кишвар фаъолияти ниҳодҳои фарҳангӣ, илмӣ ва маорифро таҳлилу хулосабарорӣ карда, чандин дастуру супоришҳо доданд ва аз ҷумла таъкид карданд: “Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад”.
Бояд ба ин нуктаи Роҳбари давлат андеша кард, ки баҳри пешрафти соҳаи маориф бештари буҷети давлатиро равона кардан, худ гувоҳи он аст, ки дар сиёсати давлатдории Сарвари кишвар соҳаи маориф мубраму махсус арзёбӣ мегардад. Вақте созмони бонуфузе чун ЮНЕСКО (Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали муттаҳид) таваҷҷуҳ зоҳир мекунад ва натиҷагирӣ мекунад, ки кишвари Тоҷикистон бештари буҷети худро ба соҳаи маориф равона мекунад, бешубҳа обрӯи Тоҷикистон ва сиёсати давлатдории Роҳбари давлат дар арсаи байналмилалӣ боло рафта, Роҳбари кишвар ба ин амале, ки маорифро дар мақоми аввал гузоштаанд, ба ҷаҳониён гуфтанӣ ҳастанд, ки мо аз дудмони он поягузорони илму маориф ҳастем, ки бо фурӯғи илму маърифаташон дунёро фурӯзон гардондаанд ва барои мо он мероси аҷдодон – илму маориф азиз асту барои боз ҳам вусъатёбии он тамоми шароитҳоро фароҳам меоварем. Аз ин рӯ, натиҷагирии Бонки ҷаҳонӣ ва созмони бонуфузи ЮНЕСКО имиҷи давлату миллати моро дар арсаи ҷаҳонӣ боло хоҳад бурд ва ин имиҷро сиёсати хирадпешагии Сарвари кишвар ба мо овардааст.
Чӣ тавре ки дар оғози мақола ишора карда будем, Ҳукумати кишвар дар эҳё ва муаррифии мероси маънавии ниёгон иқдомоти назаррасе анҷом додааст. Бавижа Президенти кишвар арзишҳои маънавии ниёгонро зери таваҷҷуҳи худ гирифтаанд. Дар Паёми имсоли худ ҳам Роҳбари давлат барои мероси маънавии миллат таваҷҷуҳ зоҳир карда, таъкид доштанд:
“Қобили зикр аст, ки тайи солҳои охир дар баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба ҳалли масъалаҳои соҳаи фарҳанг, ҷиҳати муаррифии фарҳанги бостонии халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ як қатор иқдомоти назаррас амалӣ гардиданд.
Соли 2023-юм 15 ёдгории таърихиву фарҳангии тоҷикон ба Феҳристи фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки боиси эътибори бештар пайдо кардани фарҳанги бостонии миллати тоҷик дар байни ҷомеаи башарӣ гардид.
Бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт пешниҳод менамоям, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад”.
Барои миллат боиси ифтихор аст, ки дар як соли сипаригардида 15 ёдгории таърихиву фарҳангӣ ба Феҳристи фарҳангиву моддӣ ва ғайримоддии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Номгӯи мероси фарҳангии зикргардида бесобиқа мебошад, ки дар созмони бонуфуз, ки махсус барои ҳифзи мероси классикии башарӣ равон карда шудааст, сабти ном ба номи миллати тоҷик гардид. Ва ин созмони умумиҷаҳонӣ мероси маънавии миллати тоҷикро бо ташаббуси Ҳукумати кишвар, бавижа бо иқдоми Пешвои миллат ҳамчун ёдгории фарҳангиву маънавии миллати тоҷик дар Феҳристи худ сабт кард ва ин дастоварди бузург барои миллати тоҷик сафҳаи нави таърихӣ хоҳад буд, зеро дар ин замони бархӯрди тамаддунҳо ва ҷаҳонишавӣ, ки дар пай хатарҳои аз даст додани мероси ниёгонро дорад, дастоварди бузургест. Албатта, эҳё ва ҳифзи мероси ниёгон дар ин замон хеле кори гарон аст, аммо Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконоти мавҷударо барои ҳифзи мероси маънавии миллат равон карда, дар ин росто, супоришҳои саривақтӣ дода, талаб мекунанд, ки олимони соҳа ва ниҳодҳои дахлдор пажӯҳишҳои дархури замонро ба роҳ монда, мероси ниёгонамонро аз нестиву аз даст додан ҳифз намоянд.
Сарвари кишвар дар ин Паёми худ ба таъкид дар болоравии маънавиёти насли ҷавон изҳори андеша карда, ба ниҳодҳои дахлдор супоришу дастурҳои бетаъхир доданд, ки барои донишу забономӯзии насли ҷавон заминаи мустаҳкам хоҳад гузошт.
Бо дарназардошти дастовардҳои назаррас дар робита ба мероси ниёгон Роҳбари давлат дар Паёми хеш изҳори қаноатмандӣ накарданд ва супориш доданд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат сохтори алоҳида – Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис дода шавад. Ин иқдоми Роҳбари давлат воқеан шоистаи сутудан аст, зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ бевосита олими соҳаи таърихи ниёгон ва фарҳанги гузаштаи миллати тоҷик ҳастанд ва хуб медонанд, ки мероси маънавии миллати тоҷик беҳадду ҳудуд аст ва аз ин рӯ, Агентии ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ таъсис доданашон бесабаб нест. Ҳамчунин, Роҳбари давлат таъкид доштанд, ки дар назди Ҳукумати мамлакат ин сохторро таъсис доданашон ба ин хотир аст, ки бевосита фаъолияти ин сохторро зери назорати хеш қарор медиҳанд.
Шарҳи таваҷҷуҳи Роҳбари давлат ба ин маъност, ки боястӣ донист, ки мероси маънавии миллати тоҷик хеле ғанӣ буда, барои ба таври комил эҳё ва ҳифзи он ҳамагон дар амал буда бошем. Дар соли сипаригардида бо иқдоми Пешвои миллат шоҳасари аллома Бобоҷон Ғафуров – “Тоҷикон” ба ҳар оилаи кишвар тӯҳфа гардиданаш ҳам аз ҳамин сиёсати фарҳангпарваронаи Сарвари кишвар шаҳодат медиҳад, ки аз хурд то бузург донанду огоҳ бошанд, ки тоҷикон аз оғози пайдоиш то имрӯз чӣ сарнавиштеро аз сар гузарондаанду чӣ хидматҳои дар илму фарҳанги миллӣ ва башарӣ анҷом додаанд.
Дар ин росто, дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров, ки бо ҳузури олимони ҷаҳониву ватанӣ дар соли сипаригардида гузаронда шуд, Пешвои миллат суханронӣ карда, хидматҳои бемисли Бобоҷон Ғафуровро арзёбӣ карданд ва супориш доданд, ки “Шоҳнома”-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ чун “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ба ҳар оилаи кишвар тақдим карда шавад.
Ин гуна ғамхорӣ ба гузаштаи миллат ва мероси маънавии он, ки Роҳбари давлат мекунанд, гумон намекунам, ягон роҳбари кишварҳои дунё нисбати гузаштаи худ ба ин андоза таваҷҷуҳу ғамхорӣ карда бошад.
Ташаббуси Сарвари кишвар дар пойдориву эҳёи фарҳангу илму маънавиёти миллат дар таърихи миллати тоҷик бесобиқа аст ва ин эҳёгариҳо тоҷиконро дубора пас аз чандин асрҳо, ки дар зери фишори аҷнабиён қарор доштанд, зинда карду ҳамзамон ба таърихи башарӣ тоҷикон ҳамчун миллати хирадпешаву хирадофару маърифатандеш сабти ном гардиданд ва ин ҳама хидматҳои бузургро барои миллати тоҷик фарзанди оқилу хирадмандаш Эмомалӣ Раҳмон анҷом дод, ки дар сафҳаи таърих низ номи ин абармарди олами сиёсату илму маърифати тоҷик барои ҳамеша боқӣ хоҳад монд.
Хулоса, Паёми навбатии Пешвои миллат аз ҳар ҷиҳат, дар мисоли рушди иқдисоди миллӣ, илми миллӣ, маорифи миллӣ ва фарҳангу мероси миллӣ таҳкимбахш буда, барои дурнамои сиёсати давлатдории миллӣ нақши бориз хоҳад гузошт. Коршиносону таҳлилгарони ватаниву хориҷӣ муҳтавову арзиши Паёми Роҳбари давлатро таҳлилу баррасӣ карда, хеле арзишманд арзёбӣ кардаанд ва ин худ баёнгари он аст, ки Паём ҳамчун консепсияи давлатдорӣ дар як вақти таъйингардида баҳри рушду нумӯи илму маориф ва фарҳангу иқтисоду имиҷи хориҷии кишвар заминагузор хоҳад буд.
Дар ин миён сохтору ниҳодҳои давлатиро мебояд ҳар нуктаву дастури Паёмро дар амал татбиқ намоянд ва дар навбати худ дар амалигардии барномаҳои пешниҳодкардаи Роҳбари давлат даст ба кор бошанд.
Зеро ҳар вожаву нуктаҳои Паём баҳри пешрафти кишвар ва сатҳу сифати боз ҳам беҳтари зиндагии сокинони кишвар равона гардидааст. Албатта, яқин дорем, ки мардуми кишвар тибқи гуфтаи Пешвои миллат, соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намуда, дар канори Роҳбари фарҳангпарвари хеш собит мекунад, ки вориси фарҳангу тамаддуни бостонианд. Бо ибтикору дастгириҳои Роҳбари оқили худ ба кашфу ихтирооти техникӣ низ даст ёфта, кишвару миллати тоҷикро пойдору ҷовидон нигаҳ хоҳанд дошт.
Зоҳири САЙФУЛЛО,
ходими хурди илмии Иниститути
фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсатшиносии
ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ