Истиқлолияти давлатӣ муваффақияти муҳимтарин, дастоварди бузурги бебаҳо ва воқеаи таърихии миллат, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва натиҷаи маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати миллии тоҷикон мебошад.
Замоне, ки Тоҷикстон ҳамчун давлати мустақил 9-уми сентябри соли 1991 соҳибистиқлолии худро эълон кард, қувваҳои сиёсие зуҳур карданд, ки масъулияти таърихиро нодида гирифтанд, ҳадафҳои худхоҳонаву ғаразноки худро аз манфиатҳои умумимиллӣ, умумиҷамъиятӣ ва давлатӣ болотар гузоштанд. Тоҷикистони тозаистиқлолро ба гирдоби талошҳои сиёсӣ, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ, ба гирдоби бесарусомониҳо кашиданд. Аммо бо талошу ҷонбозиҳои фарзандони фарзонаи миллат, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Истиқлоли комил расид.
Мусаллами ҳамагон аст, ки аксари кишварҳои ҷангзадаи ҷаҳон орзу мекунанд, то ба Истиқлоли комил расанд, вале наметавонанд, ки ба он шарафёб шаванд. Борҳо шахсиятҳои барҷастаи ҷаҳон аз Истиқлолу Ваҳдати тоҷикон ситоиш карда, таъкид доштанд, ки дар мавриди осоиштагии кишвари худ аз Тоҷикистон таҷриба гиранд. Расул Ғамзатов, шоири халқӣ, Қаҳрамони меҳнати халқи қирғиз дар ҷое чунин менигорад: «Фақат ҷанг набошад шуд, он гоҳ ҳамеша баҳор хоҳад буд. Ман аз сулҳ дар Тоҷикистон ниҳоят мамнунам. Инсони боҷасорату хирадманд – Презеденти Тоҷикистон тавонист формулаи сулҳи ҷанги бародаркушро ёбад…». Дар воқеъ, ҳақ бар ҷониби ин донишманди беназир аст.
Воқеан ҳам, Истиқлоли давлатии мо барои вусъат бахшидани дарки худшиносии ҳар як фарди ҷомеа ва миллат такони бузург дод. Пайваста бо густаришу касби сифатҳои нави Истиқлоли давлатӣ дар ҷомеаи мо тамоюли устуворе дар ташаккулу рушди истиқлолияти фардӣ ба чашм мерасад. Дар воқеъ, чуноне таърихи инсоният шаҳодат медиҳад, кишварҳое, ки ба сатҳи ҷомеаи тамаддуни шаҳрвандӣ ва пешрафта ноил гаштаанд, маҳз дар пояи рушди истиқлолияти фардӣ аст. Истиқлолияти фардӣ дар давлати демокративу ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вуқуъ меояд. Ҳар як инсон дорои ҳуқуқи комилу истисноии доир ба назорат ва истифодаи имкониятҳои худ мебошад ва дар доираи созишномаҳои мавҷудаи ҷомеа дар мубодилоти баробар шомил мешавад. Бинобар он, соҳибистиқлолгардии фард – ин раванди кушода шудани нерӯи маънавию равонии он мегардад. Бояд гуфт, мардуми мо солҳост, ки ба истиқлолияти фардӣ расидаанд.
Имсол дар кишвари азизамон 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҷлил мегардад. Мебояд гуфт, ки муддати Истиқлоли давлатӣ дар кишварамон ҷиҳати инкишофу тақвият ва мустаҳакам намудани волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун арзишҳои олии тамаддуни башарӣ корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Аз ҷумла, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва тасвиби санаду қонунҳои дигар, ки имрӯз мавриди амал қарор доранд. Ҳар шахси рӯшанфикр ва аҳли зиё нек медонад, ки ин ҳама сулҳу осоиштагӣ ва муваффақияту комёбиҳо дар тамоми соҳаҳои мамлакат аз заҳматҳои шабонарӯзии фарзанди фарзонаи миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик, Асосузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадаанд. Ин марди худодод тавонист, ки барои миллату давлати хеш хизматҳои бузургу мондагорро ба анҷом расонад.
Замоне аз 30-солаии Истиқлолият ёд мекунем, ки дар ибтидо рӯзҳои сахту ноумедиҳои гузашта пеши назар меоянд. Рӯзҳо не, балки моҳҳову солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ пеши назарамон меоянд. Ҳамон даврони берабту саргуме, ки бародарони ҳамхун, фарзандони як миллат ва як мазҳаб, аз зиёӣ сар карда, то мардуми омӣ, аз шоиру нависанда ва рӯзноманигору аҳли фазл, то деҳқону коргар дар сангарҳои мухолифат ва зидди якдигар камин гирифта, забони гуфтугӯяшон силоҳ ва зӯриву таҳдид буд. Замоне буд пур аз даҳшату ноумедиҳо, ки як пора нонро тамоми шаб ҷустуҷӯ менамудем. Дар ҳамон рӯзҳо ҳар лаҳза Худо мегуфтем, ки ин рӯзҳои наҳс тезтар гузаранд, барои мову аҳли оилаамон ҳарчи зудтар оромӣ пеш ояд.
Ҳамагон дар таърих халқу миллатҳои зиёдеро медонем, ки дар гузаштаи на он қадар дур барои расидан ба истиқлолият даҳҳо пайкор намудаанд ва дар ин роҳ ҳазорон фарзанди асил ва азизи худро аз даст додаанд. Имрӯз низ шоҳиди талоши пайгирона ва озодихоҳонаи халқҳое мебошем, ки даҳҳо миллион аҳолӣ доранд, аммо аз ҳуқуқи одии миллӣ ва милливу фарҳангӣ маҳруманд. Барои ҳамин, барои Истиқлолияти миллӣ аз намудҳои гуногуни мубориза истифода мебаранд. Бино ба гуфтаи сиёсатмадорону коршиносон, яке аз хусусиятҳои барҷастаи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки якпорчаии давлати мустақили тоҷиконро фароҳам оварда, падидаҳои номатлуб, аз қабили ҷудоиандозӣ, маҳалгароӣ ва мансабталабиро аз байн бурд ва тамоми мардуми кишварро дар атрофи Президенти азизамон ва Парчами миллӣ сарҷамъ овард.
Агар имрӯз ба роҳи 30 сол тайнамудаи худ нигоҳ кунем, ба хубӣ пай мебарем, ки Истиқлолияти давлатӣ таъмини пурраи Ваҳдати миллиро фароҳам овард ва мардуми кишварро барои бунёди иншооти бузурги замонавӣ раҳнамун сохт. Барои бунёди шаҳрҳову пулҳо ва нақбҳо, роҳҳои оҳан, нерӯгоҳҳои барқии обӣ, хатҳои баланшиддати интиқоли барқ, заводу фабрикаҳо, арзи ҳастӣ намудани даҳҳо муассисаҳои таълимию миёнаву олии нав, хулоса рушду нумӯи Тоҷикистон ва баланд шудани обрӯю нуфузи он дар миқёси ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам овард. Дар шароити ҷаҳонишавӣ Тоҷиикистони соҳибистиқлол дар чунин муҳиту вазъияте қарор дорад, ки баъзе доираҳои нотавонбин на танҳо ифтихорманд аз соҳибистиқлолии мо нестанд, балки бо ҳар роҳ монеи пешрафти Ватанамон мешаванд. Аз ин рӯ, бояд чунон давлатдорӣ ва кору зиндагӣ кунем, ки Истиқлолияти давлатии Ватанамон аз ҳама ҷиҳат устувор бошад.
Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳу ғамхории Раёсати олии мамлалкат нисбат ба занон рӯз аз рӯз бештар гардида, барои ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбиру чораҳои зарурӣ андешида мешавад. Ин аст, ки дар қиёс бо солҳои қаблӣ занону модарон дар ҳама сохторҳо кору фаъолият мекунанд. Дар Паёми имсолаи Сарвари давлат низ барои боз ҳам баланд бардоштани ҳуқуқу манфиати занон, дар вазифаҳои роҳбарӣ фаъолият намудани онҳо сухан рафт, ки боиси сарафрозиву қобили дастгирист.
Метавон гуфт, ки дар баробари мардон саҳми занон низ дар суботу оромии ҷомеа кам нест. Мурод аз ин гуфтаҳо ин аст, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар қатори мардҳо садҳо нафар занони тоҷик барои ҳифзи марзу буми кишвар камари ҳиммат бастаанд, зеро онҳо иродаи қавӣ ва номусу нанги Ватандориро доранд.
Таърих гувоҳ аст, ки зани тоҷик амсоли Гурдофариду Бурондӯхт, Томирису дигар қаҳрамонзанҳо дар ҳимояи марзу бум саҳми арзанда доранд. Ҳимоякунандаи миллат зан-модар аст. Ҳеҷ як паҳлавоне, рӯинтане наметавонад беш аз зан мудофеи Ватан бошад.
Аз он меболам, ки имрӯз ҳамчун зан дар қатори мардон ҳамчун хизматчии ҳарбӣ дар дифои Ватанам. Мо-занон-хизматчиёни ҳарбӣ то ҷон дар рамақ дорем, барои таъмини сулҳу субот ва пойдории Истиқлоли давалтӣ ҷоннисорӣ менамоем.
Дар охир бояд гуфт, ки имрӯз бошад, фазои Ватанро осмони софу беғубор иҳота кардааст. Кабӯтари сулҳу Ваҳдат дар осмони нилини Тоҷикистон пар мезанад. Ҳама осудаву бо дили пур аз фараҳ зиндагӣ доранд. Дигар мардум аз овози худ наметарсанд. Садои кӯфтани дар дили соҳибхонаеро намеларзонад. Орзуи ёфтани бурдаи нон аллакай аз ёдҳо рафтааст. Модаре, ки аз зиёд тавлид кардан ангушти пушаймонӣ мегазид, имрӯз изҳори ризоият мекунад. Ҳама дар фазои соҳибистиқлолии Ватани азизи худ умр ба сар мебаранд. Шукри оромии кишварро мекунем ва итминонамон комил аст, ки бо лутфи Худованд Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон метавонад мамлакати моро боз ҳам шукуфотар намояд. Моро мебояд, ки барои пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти кишвар омодагии ҷиддӣ дида, дирӯзро фаромӯш накунему аз имрӯз шукргузор буда, ба сӯйи фардои дурахшони ин хоку сарзамин бо гомҳои устувор ба пеш равем. Он гоҳ метавонем, ки Истиқлолияти давлатии худро абадан пойдор нигоҳ дорем.
Ганҷимо ШАРИФОВА,
майор