«Роғун» имрӯз ва дар оянда низ мояи ифтихори ҳар як фарди Ватан, сарчашмаи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва эҳсоси гарми ватандориву сарбаландии мардуми тоҷик хоҳад буд!».
Эмомалӣ Раҳмон
“Роғун” мояи ифтихори мо сокинони Тоҷикистон аст, ки нуру равшаниро ба хонадони ҳар яки мо эҳдо сохт ва равшанӣ аз зулмат дар кишвари мо дастболо гашт. Барои бунёди ин нерӯгоҳ дар дили куҳҳо пеши назар қаҳрамониҳо, талошҳо ва ҷонбозиҳои Пешвои дурандеши миллати тоҷик аён мегардад. Бунёди нерӯгоҳ гарчӣ дар асри гузашта оғоз шуда буд, он нотамом монд, корҳои сомонёфтаи он ба нобудӣ рафт. Барои бунёди дубораи он ҷасорату матонат лозим буд, зеро ин нерӯгоҳ калонтарин нерӯгоҳи барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҷаҳон маҳсуб меёбад, ки маҳз дар Тоҷикистони азизи мо қомат меафрозад. НБО “Роғун” дорои 6 агрегати 600-мегаваттӣ буда, баландии сарбанди он 335 метр мебошад. Ояндаи наздик “Роғун” Тоҷикистонро кишвари истеҳсолкунанда ва содиркунандаи барқ дар Осиёи Маркази хоҳад кард, ки ин манфиати “Роғун”-ро манфиати миллӣ номидан мувофиқи мақсад мебошад.
Таваҷҷӯҳ ба бунёди дубораи Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” кулли мардуми Тоҷикистонро ба истиқлолияти энергетикӣ ва яке аз ҳадафҳои дигари стратегии кишвар расонд. Талошҳо дар самти бунёдкорӣ дар масири 30-соли истиқлол, куллан дигаргун гаштани шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон ва ба кишвари ободу зебо мубаддал шудани он ҳам маҳз зери роҳбарии ин сиёсатмадори даврон сурат гирифтааст.
Бастани садди дарё – оғози пирӯзӣ бар зулмат
29-октябри соли 2016 барои миллати мо рӯзи таърихиву фаромӯшношуданист, зеро маҷрои дарёи Вахшро Пешвои миллат дар ҳузури ҳазорҳо сокини кишвар шахсан сари чамбараки булдозер нишаста бастанд ва ба нурфишонии Тоҷикистон умеди мардумро бедор карданд. Ин қаҳрамонии Пешвои миллат корнамоии Фарҳоди куҳканро мемонад, зеро Пешвои миллат барои раҳоии халқи худ аз торикӣ ба ҳазорон фарҳодҳо роҳбарӣ карда, ба кандани куҳ оғоз карданд. Ин пайкори Пешвои миллат, ки барои бунёди “Кохи нур” сароғоз гардид, сутуданист.
Ҳамагӣ ду сол аз бастани садди дарёи Вахш гузашт. Дар ин муддат сохтмончиёну муҳандисон, нақбканҳову нақбсозҳо барои дар муддати муайянгашта ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” шабу рӯз заҳмат кашида, корҳои сохтмонии агрегати якумро ба поён расонданд. Корҳои васлгарӣ ва ободонӣ барои шоду масрур кардани ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бо умед дар нерӯгоҳ ҷараён гирифт ва сарҷамъӣ дар атрофи Роҳбари раҳнамо моро ба рӯзи саодати миллат расонд.
Нури Раҳмон ва нури Роғун ба хонадони ҳар тоҷикистонӣ расид
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.
Пешвои миллат ба қавлу иродати худ содиқ ба халқи хеш монда, 16 ноябри соли 2018 агрегати якуми НБО “Роғун”-ро ба кор андохтанд. Ҳамин тавр халқи ташнаи равшаниро ба умеди чандсолаи худ расонданд. Ҳоло нури “Роғун” ба ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон расида, шабҳои кӯчаҳову хонаҳои мардумро мунаввару равшан сохтааст, ки ин нурро “Нури Роғун” ва “Нури Раҳмон” номидан басо рамзист. Инак, чор сол мешавад, ки “Роғун” хонаҳои моро гарму равшан мекунад.
Аз фаъолияти чархаи якуми НБО “Роғун” як сол сипарӣ нагашта, 9 сентябри соли 2019 агрегати дуюми Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро дар рӯзи Истиқлоли ватан Пешвои миллат ҳамчун туҳфаи арзанда ба халқи худ ба кор андохтанд. Дар таърихи руйдодҳои муҳими миллии кишвар боз як талошҳои созандаи хешро сабт намуданд, ки инро наслҳои ояндаи кишвар боифтихор варақ хоҳанд зад.
Манфиати “Роғун” ба Тоҷикистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ
Барқи дар нерӯгоҳ истеҳсолшаванда аз ҷиҳати табиӣ тоза буда, он метавонад ба дигар кишварҳо интиқол ёбад. Ҳамин тавр “Роғун” метавонад манфиати худро ба ҳамсоякишварҳо низ расонад. Бо пурра ба истифода даромадари агрегатҳои “Роғун” Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари истеҳсолкунандаи нерӯи барқ мегардад. Гузашта аз ин сокиноне, ки аз поёноби дарёи Вахш истифода мебаранд дастрасии онҳо бо об қатъ намегардад. Дар ин маврид Пешвои миллат борҳо таъкид доштаанд, ки: “Мо ҳамсоякишварамонро бе об намегузорем ҳамзамон таъмини бехатарии нерӯгоҳи “Роғун”-ро бо муттахассисони сатҳи байналмилал борҳо санҷидаем”. Истодагӣ ба андешаи худ, ки бунёди НБО “Роғун” ба кишварҳои ҳамсоя таъсири манфӣ намерасонад моро ба истиқлолияти комили энергетикӣ расонд. Бо боварии комил гуфта метавонем, ки Тоҷикистон баъди пурра ба кор даромадани агрегатҳои НБО “Роғун” кишварҳои ҳамсояро низ бо қувваи барқ таъмин хоҳад кард.
Манфиати имрӯзу фардои Роғун ва ташаббуси таърихӣ-миллии Пешвои миллат
Иқрор бояд шуд, ки ҳар ташаббуси Пешови миллат манфиати миллиро дорост ва аҳамияти он имрӯз ва оянда ба Тоҷикистон бештару беҳтар мегардад. Истодагарӣ ва азхудгузаштагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат бунёдгузори “Роғун” гардид. “Роғун” дар замири ҳар соҳибватан ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ ва эҳтиром гузоштан ба арзишҳои миллиро бедор месозад. Пешвои миллат беҳуда “Роғунро ҳаёту мамоти Тоҷикистон” нахондаанд.
“Роғун” рамзи рӯшноӣ, оромӣ, осудагӣ, ободӣ ва нангу номуси халқи тоҷик буда, он сарчашмаи нур барои фардои дурахшони Тоҷикистони маҳбуб мебошад.
Саодат Исмоилӣ, рӯзноманигор