Агар муаллим барои эҳёи тафаккури насли нав хизмат намекард, зиндагӣ як лаҳза ҳам пеш намерафт.

(А. С. Макаренко)

Муаллим, ба қавли бузургон, муҳандиси рӯҳи инсон аст. Тавре ки муҳандис нақша ё тарҳи ягон кореро роҳандозӣ мекунад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб омӯзонда, ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадами омӯзор саропо ибрати соҳибдилон аст. Ин аст, ки муаллимро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста, камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд.

Аз беаҳамиятӣ ва ҳар як норасоиву носазоиҳои шогирдони худ муаллим ба изтироб меафтаду қуввати худро барои тарбияи фарзанди мардум дареғ намедорад. Устод бо машаққатҳои зиёду бепоён шогирдонро ба воя расонида, соҳибмаълумот мегардонад. Даме ки устод шогирди ба ҷон парвардаашро рӯи коре мебинад, беихтиёр мефахрад, ки нахли парвардааш самар додааст. Меболад, ки тавонистааст, маҳсули заҳмати беандоза ва дастранҷи заҳматталаби хешро бо бузурге пайваста. Арзандаи чунин хислатҳо ва гуфтаҳоянд устодону омӯзгорони «Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб».

Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз   31 августи соли 2013 таҳти №394 таъсис дода шудааст.

Ҳамзамон  бояд қайд кард, ки ин иншооти муҳим ва бо тарзи  хеле зебову замонавӣ  бунёдёфта барои 640 нафар хонандаи болаёқат аз шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои Кӯлоби вилояти Хатлон  пешбинӣ шудааст, ки айни  замон 715\158 хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.

Инчунин, дар муассисаи таълимии мазкур омӯзгорони пуртаҷриба  фаъолияти корӣ доранд. Дар мактаб барои фанҳои дақиқ, аз ҷумла физика, химия ва биология озмоишгоҳи таълимӣ мавҷуд аст. Чор синфхонаи компютерӣ дорои 96 компютер, синфхонаҳои забономӯзӣ  бо дастгоҳҳои лингофонӣ таъмин мебошанд. Кабинетҳои физика, химия, биология, забони русӣ, забони англисӣ, география бо аёниятҳо муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҳамчунин бо компютер (18 адад) тахтаи электронӣ ва (20 адад) проэктор таъминанд. Барои ҳунаромӯзии писарону духтарон ду устохона (коркарди чӯб, коркарди оҳан), синфхонаҳои дӯзандагӣ, пухтупаз бо тамоми таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Маҷлисгоҳи мактаб дорои 608 ҷойи нишаст буда, дар он имкони  баргузории ҳама гуна чорабиниҳои фарҳангию фароғатиро ба нақша гирифтаю гузаронидан шароитҳо муҳайё ҳастанд.

Толори  варзишии мактаб бо 300 ҷойи нишаст барои тамошобинон  ва инчунин, бо тамоми таҷҳизоти замонавии варзишӣ таъмин мебошад. Барои ҳифзи саломатии хонандагон дар мактаб як ҳуҷраи даҳонпизишкӣ, як бунгоҳи тиббӣ ва як ҳуҷраи сардухтур амал мекунад.

Тавассути китобхонаи замонавии мактаб, ки дорои 18099 адад китобҳои дарсӣ, 3274 адад китобҳои бадеӣ, 1177 адад китобҳои илмӣ  ва оммавӣ (дар умум 22550) мебошад, толибилмон ғизои маънавӣ гирифта, савияи дониши худро баланд мебардоранд. Инчунин, дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс аз толори хониш, ки дорои се адад компютер ва 132 ҷойи нишаст мебошад, ба таври васеъ истифода мебаранд.

Яке аз қисмҳои асосии фаъолияти самаранокии мактаб хобгоҳ аст. Хобгоҳ барои 640 нафар хонанда бунёд ёфта, дорои тамоми шароитҳои дарстайёркунӣ ва истироҳату фароғати шогирдон мебошад.

Ошхонаи мактаб барои 320 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, тозаю озода ва мутобиқ ба меъёрҳои баланди беҳдоштӣ аст.

Дар назди мактаб бинои нӯҳошёнаи истиқоматӣ қомат  афрохтааст, ки дар он 48 омӯзгори муассиса бо аҳли оилаашон ба манзили зист таъмин гардидаанд.

Айни ҳол дар Мактаби Президентӣ 52\15 нафар омӯзгорони фаннӣ, 28\13 нафар мураббиён ва 104\69 нафар коргарони техникӣ (дар умум 200/97) ба таълиму тарбияи 715\158 (77\21 забони таҳсил англисӣ) нафар хонандагон машғули кор мебошанд.

Аз омӯзгорони мавҷуд буда (52\15) бо тахассуси олӣ 19\8, тахассуси якум 11\1, тахассуси дуюм 12\1 ва бо тахассуси оддӣ 10\3 нафар кору фаъолият менамоянд.15 нафар омӯзгорон аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буда ва 1 нафар медали хизмати  шоиста дорад

Сатҳи дохилшавии хонандагони муассиса ба муассисаҳои олии касбии кишвар ва хориҷ дар давоми 5 соли охир чунин аст: Дар 5 соли охир муассисаи таълимиро 411 нафар хонандагон хатм намуда, 71 нафар ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, 80 нафар ба Донишгоҳи миллӣ, 37 нафар ба Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, 157 нафар ба дигар донишгоҳҳои кишвар ва 33 нафар ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар ва 29 нафар ба коллеҷу литсейҳои касбӣ – техникӣ дохил шуданд. Соли таҳсили 2020-2021 бошад, дохилшавӣ 100% буд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 хонандагони Мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок карда, соҳиби 42 ҷойи ифтихорӣ (ҷойи 1-ум 6 нафар,ҷойи 2-юм 17 нафар, ҷойи 3-юм 19 нафар) гардиданд.

– Натиҷаи меҳнати пурмаҳсулу самараноки омӯзгорони муассисаи таълимӣ буд, ки дар соли таҳсили 2020-2021 муассисаи таълимии мо дар байни мактабҳои президентӣ ва литсейҳо барои хонандагони болаёқат аз рӯи натиҷаи олимпиадаҳои фаннӣ ҷойи 2-юмро соҳиб гардид. Инчунин, ҳамасола хонандагони Мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб дар озмуни Квотаи Президентӣ фаъолона ширкат варзида, 21 нафар таввасути Квотаи Президентӣ дар донишгоҳҳои олии кишвар таҳсил карда истодаанд. Қисме аз онҳо донишгоҳҳоро хатм карда, дар соҳаҳои гуногун кору фаъолият доранд. Дар соли таҳсили 2021-2022 4 нафар хонандагони муассисаи мо гирандаи степендияи Президентӣ ва 1 нафар гирандаи степендияи раиси вилоят мебошанд.

Ҳавасмандгардонии хонандагон аз рӯи натиҷаи олимпиадаҳои фаннӣ дар муассиса чунин аст: Дар сурати ҷойи якумро ишғол кардани хонанда муассисаи таълимӣ дар асоси фармоиш 50% маблағи шартномаи таълимро (1850 сомонӣ) кам менамояд.

Агар хонанда дар олимпиадаи сатҳи ҷумҳуриявӣ ҷойи 1-ум, 2-юм ва 3-юмро соҳиб гардад аз маблағи шартномаи таълим 100% (3500 сомонӣ) озод карда мешавад.

Ҳавасмандгардонии омӯзгорон аз рӯи натиҷаи олимпиадаҳои фаннӣ дар муассиса чунин аст: Омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои вилоятӣ ҷойи якумро соҳиб мегарданд барои ҳар як нафар 500 сомонӣ ва омӯзгороне, ки шогирдонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ҷойи якумро соҳиб мегарданд барои ҳар як нафар 2000 сомонӣ, ҷойи 2-юм 1500 сомонӣ, ҷойи 3-юм 1000 сомонӣ дар охири соли таҳсил мукофотпулӣ ба онҳо дода мешавад. Масалан, дар охири соли таҳсили 2020-2021омӯзгори фаннӣ география Турсунов Некрӯз 8293 сомонӣ, омӯзгори фаннӣ биология Мирзоев Хоҷаабдулазиз 8600 сомонӣ ва омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ Каримов Сиёвуш 8300 сомонӣ аз рӯи натиҷаи олимпиадаҳо мукофотпулӣ гирифтанд.

Ҳамин тавр маъмурияти муассисаи таълимӣ дар охири соли таҳсил падару модароне, ки фарзандонашон дар олимпиадаю озмунҳо ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштаанд ба сипосномаю ифтихорномаҳои муассисаи таълимӣ сарфароз мегардонад. – мегӯяд, Нуриддинзода С. -директори Муассисаи давлатии таълимии “Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб”

Билоли Шамс, шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь