Ҳайати эҷодии Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ин навбат ба ноҳияи Лахш сафар карда, бо натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии он шиносоӣ пайдо намуд. Дар идомаи ин силсилагузориши муфассали роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ Саиди Ҳайдар маълумот оид ба дастовардҳои шарафмандони ноҳияи Лахш дар нуҳ моҳи соли 2019 манзури хонандагони ҳафтаномаи “Фараж” мегардад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш дар нуҳ моҳи соли 2019 тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри иҷрои фармону қарорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона намуда, ба як қатор натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст. Ба гуфтаи раиси ноҳияи Лахш Баротзода Файзулло, “ноҳияи Лахш дар гузаштаи начандон дур яке аз ноҳияҳои даргир ба шумор рафта, сар карда аз солҳои 2000-ум оҳиста-оҳиста бо талошҳои созандаи Пешвои муаззами миллат ба ҳаёти осоишта баргашт. Ин марди Худо азизтарин шахс барои ҳар хонадони Лахш буда, мардум аз Пешвои муаззами худ ончунон ризоянду ифтихор доранд, ки агар дар самти ободкориҳо ягон амр ё супориш диҳем, онро даҳчанд ва бо сифати аъло иҷро мекунанд. Худи мардум тасмим гирифтаанд беш аз 208 иншоот бунёд намоянд, ки ин ҳадди охир набуда, ободкориҳо дар ин самт бо суръати баланд идома доранд. Мо – сокинони ноҳияи Лахш тасмиму дастурҳои Роҳбари давлатро дар самти “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон доштани солҳои 2019-2021, эълони Ҳадафи чорум оид ба саноатикунонии босуръати кишвар ва бунёди нерӯгоҳи барқии “Роғун”-у ҳазорҳо км роҳу нақб ва пулҳои мошингузари байналмилалӣ самимона дастгирӣ намуда, дар самти иҷроиши ин нақшаҳои бузург саҳми арзандаи худро хоҳем гузошт”.
Иҷрои буҷет
Мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз, нақшаи даромадҳои буҷети ноҳияи Лахш бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 97,3 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ҳолати нақшаи нуҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 9,9 млн сомонӣ будан, дар асл 9,6 млн сомонӣ ворид шудааст.
Қисми хароҷоти буҷети ноҳия 89,4 фоиз иҷро гардидааст. Нақшаи нуҳ моҳи соли равон 34,1 млн сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 30,5 млн сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Аз ҷумла, сектори ҳокимият ва идоракунии давлатӣ 84,1 фоиз, маориф 90 фоиз, нигоҳдории тандурустӣ 90 фоиз, хоҷагии манзилию коммуналӣ 90,9 фоиз, фарҳанг 88,3 фоиз ва хоҷагии қишлоқ 67,9 фоиз маблағгузорӣ карда шудаанд.
Ҷиҳати кам намудани бақияпулиҳои андоз дар ноҳия чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2019 қарзи андоз аз буҷет ба маблағи 3 млн 125,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба 1-уми январи соли 2019 ба маблағи 245,6 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Сохтмону меъморӣ ва кишоварзӣ
Дар ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 11 млн 215,9 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ иҷро гардидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 9 млн 605,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ноҳия 6 адад ширкатҳои сохтмонӣ амал намуда, фаъолияти корхонаҳои соҳаи сохтмон асосан барои ба анҷом расонидани сохтмон ва таъмиру тармими биною иншоот, таъмири мактабҳо, сохтани бунгоҳҳои тиббӣ нигаронида шудааст.
Дар ноҳия 1716 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд. Ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди майдони боғот ва барқароркунии боғҳои куҳна, зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, чораҳои зарурӣ андешида шуда, тибқи Дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳия, дар соли 2019 бунёд намудани зиёда аз 60 гектар боғҳои нав пешбинӣ гардидааст. Дар давраи ҳисоботии соли ҷорӣ дар майдони 78 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 15 гектар боғҳои куҳна барқарор карда шудаанд.
Тибқи Дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳия, ки дар мувофиқа бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Лахш тасдиқ гардидааст, дар ноҳия дар соли 2019 дар майдони 2800 гектар кишти картошка, 771 гектар кишт зироатҳои ғалладонагӣ ва дар майдони 125 гектар кишти сабзавот пешбинӣ гардида буд. Кишоварзони ноҳия дар шаш моҳи соли ҷорӣ дар ҳамаи бахшҳои истеҳсолот дар майдони 1438 гектар кишти зироатҳои ғалладонагӣ, дар майдони 4688 гектар кишти картошка ва дар майдони 255 гектар кишти сабзавот гузаронида, парвариш намудаанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки дар давраи ҳисоботӣ меҳнаткашони ноҳия дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 21307 тонна ҳосили картошка ҷамъоварӣ намудаанд, ки ба ҳамин давраи соли гузашта баробар буда, 100 фоизро ташкил менамояд.
Ҷамъоварии сабзавот 2879 тоннаро ташкил намуда, нисбати соли гузашта 7 тонна ё 99,8 фоиз кам мебошад. Дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагидории ноҳия 1527 тонна мева истеҳсол гардидааст, ки нисбати соли пешин 2 тонна ё 101 фоиз зиёд мебошад.
Қисмати муайяни ҳаҷми умумии маҳсулоти асосии кишоварзии дар ноҳия истеҳсолгардида, аз ҷумла картошка ва мева барои содирот намудан ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ пешбинӣ гардидаанд.
Ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли 2019 маблағи 112 млн 34,5 ҳазор сомониро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн 172,8 ҳазор сомонӣ зиёд ё 101,1 фоизро ташкил менамояд.
Энергетика ва саноат
Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ноҳия нерӯгоҳҳои хурди барқии обии «Питовкул-1» ва «Питовкул-2» ба миқдори 1 млн 001,6 ҳазор кВт соат нерӯи барқ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли пешин 98,9 ҳазор кВт соат зиёд мебошад. Оид ба истифодаи нерӯи барқ ва пардохти ҳаққи он бояд зикр намуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ноҳия ба миқдори 32 млн 358,4 ҳазор кВт соат ва ба маблағи 7 млн 162,2 ҳазор сомонӣ қувваи барқ истифода шудааст.
Иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағи истифодаи қувваи барқ дар нуҳ моҳи соли 2019-ум 84,2 фоизро ташкил додааст. Аз ҳисоби аҳолӣ бошад, ба миқдори 17 млн 945,8 ҳазор кВт соат қувваи барқ ба маблағи 3 млн 476,1 ҳазор сомонӣ истифода гардида, иҷрои нақшаи ҷамъоварии маблағ аз ҳисоби аҳолӣ 97,1 фоизро ташкил намудааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 барои кам намудани талафоти нерӯи барқ дар ноҳия дар қитъаи барқтаъминкунии чашмаки 5-и маркази ноҳия зиёда аз 385 ҳисобкунаки барқӣ ва 18 адад симчӯбҳои 04 кВ аз дохили хонаю ҳавлиҳо ба берун бароварда шуда, насб карда шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Нақлиёт ва коммуникатсия
Дар тавозуни Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Лахш ва минтақаи Лахш 113 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ, 29,6 километр роҳҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 123,6 километр роҳҳои аҳамияти маҳалӣ мавҷуд мебошанд, ки масофаи умумии онҳо 266,2 километрро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияи Лахш аз ҳисоби филиали ҶСК “Тоҷиктелеком” як адад истгоҳи телефонӣ ба аҳолӣ ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия хизмат мерасонад. Дар солҳои оянда ба нақша гирифта шудааст, ки аз ҳисоби хизматрасонии алоқа ва маблағгузории ташкилоти болоӣ шумораи муштариён давра ба давра зиёд карда мешавад.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҳақи хизматрасонии тарифӣ ба маблағи 1050 сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 550 сомонӣ зиёд мебошад.
Рушди маорифу фарҳанг
Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар ноҳия 61 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 13 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 6 муассисаи таҳсилоти асосӣ ва 42 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Дар ҳамаи зинаҳои таҳсилоти умумӣ 12662 нафар хонандагон таҳсил менамоянд, ки аз ин 6081 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Шумораи омӯзгорон 1064 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин 399 нафарашон занон мебошанд.
Дар ноҳия 51 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 28 китобхона, 10 клуб, 8 хонаи фарҳангӣ, 1 мактаби мусиқӣ, 1 боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, 1 ансамбли тарона ва рақси “Садои Лахш”, 20 адад ёдгорҳои таърихӣ ва 2 осорхонаи назди бахши фарҳанг фаъолият доранд.
Тандурустӣ, кор бо занон ва оила
Шумораи муассисаҳои соҳаи тандурустӣ дар ноҳия 63 ададро ташкил медиҳанд, ки аз ин 1 адад беморхонаи марказӣ, 6 адад беморхонаҳои минтақавӣ, 1 адад маркази саломатии ноҳиявӣ, 9 адад марказҳои саломатии деҳотӣ, 38 адад бунгоҳҳои тиббӣ, 1 адад бахши хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии ноҳия, 1 маркази эмтаъминкунӣ, 1 адад маркази пешгирии бемориҳои сил, 1 адад маркази пешгирии бемориҳои ВНМО, 1 адад маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим, 1 адад маркази ҳамбастагии бемориҳои кӯдакона, 1 адад маркази солимии репродуктивӣ ва 1 адад маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия мебошанд.
Шумораи умумии занон дар ноҳия 28705 нафарро ташкил медиҳанд, ки аз ин шумора 24 нафар дар вазифаҳои роҳбарикунанда, 3 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, 31 нафар вакилони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва 7 нафар хизматчии давлатӣ буда, 275 нафар занон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.
Варзиш, ҷавонон ва туризм
Шумораи умумии ҷавонони ноҳия (шахсони то 30-сола) 32486 нафарро ташкил медиҳад ва баробари 54 фоизи шумораи умумии аҳолӣ мебошад.
Дар ҳудуди ноҳия 98 иншооти варзишӣ, 1 варзишгоҳ, 88 майдончаи варзишӣ, 9 толори варзишӣ, 1 мактаби варзишӣ бо теъдоди 19 нафар мураббӣ ва 397 нафар машқварзон фаъолият доранд.
Бояд зикр намуд, ки барои рушди соҳаи сайёҳӣ, махсусан туризми экологӣ ва куҳию варзишӣ ноҳияи Лахш хеле мусоид мебошад. Иқлими хуб, боду ҳавои форам, табиати дилфиреб ва манзараҳои зебою дилкаш имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия рушд ва тараққӣ намояд.
Бояд қайд намуд, ки аз соли 2010 инҷониб, ҳамасола дар якҷоягӣ бо «Шӯрои рушди туризм» ташкил ва баргузории Экспедитсияҳои байналмилалии куҳнавардӣ барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ доир карда мешаванд, ки экспедитсияҳои мазкур тавассути ҳудуди ноҳияи Лахш сурат гирифта, бо ҷалби шумораи зиёди варзишгарону куҳнавардон аз мамлакатҳои гуногуни ҷаҳон доир мегарданд.
Дар ноҳия барои рушди соҳаи сайёҳӣ бо ҷалби соҳибкорон дар ноҳия 6 меҳмонхона ва зиёда аз 5 адад ошхонаҳои миллӣ ташкил карда шуда, фаъолият доранд, ки дар баробари ба сайёҳони хориҷӣ ва дохилӣ хизмат расонидан, инчунин барои таъсиси ҷойҳои корӣ мусоидат намуда истодаанд. Дар баробари ин, дар канори шоҳроҳҳои мошингард 5 адад ҳоҷатхонаҳои нав сохта ба истифода дода шудаанд.
Дар масофаи 26 километр дуртар аз маркази ноҳия мавзеи табобатии Тандиқул ҷойгир аст, ки бо оби шифобахшаш дар тамоми ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур мебошад. Дар деҳаи Коштегирмони Ҷамоати деҳоти Сартало дар масоҳати 5 гектар дар доманаи куҳҳо ҳавзи об ҷойгир мебошад, ки назари ҳар сайёҳро ба худ ҷалб менамояд. Дар деҳаи Ҷилондии Ҷамоати деҳоти Сурхоб дар баландии зиёда аз 3000 метр аз сатҳи баҳр дар масоҳати 45 гектар ҳавзи Кабуд ҷойгир аст.
Дар ҳудуди ноҳия ҳамчунин ёдгориҳои таърихӣ (петроглиф)-ҳо мавҷуд мебошанд. Яке аз онҳо дар деҳаи Ачиқалмаи Ҷамоати деҳоти «Алға» ҷойгир буда, он Ғори Сиёҳ ном дорад.
Дар баробари фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ, инчунин қуллаи ба номи Евгений Корженевский, қуллаи Ғалаба, инчунин бисёр қуллаҳое, ки дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ машҳур буданд, мавҷуд мебошанд.
Дар ноҳия 4 адад ширкати сайёҳӣ таъсис дода шудааст.
Меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ноҳия 446 нафар шаҳрвандон бо кори доимӣ таъмин шуда, 75 нафар бекорон ба корҳои ҷамъиятии музднок ва 200 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, ба 61 нафар ба маблағи 213,7 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия дар моҳҳои январ-августи соли 2019-ум 798,9 сомониро ташкил намуда, нисбат ба соли гузашта 110,4 сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш 116 фоизро ташкил менамояд. Дар ноҳия 4869 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шуда, нафақапулиҳо ба пуррагӣ пардохт гардидаанд. Дар ноҳия аз ҳисоби пардохти музди маоши ташкилоту муассисаҳои аз буҷет маблағгузоришаванда қарздорӣ мавҷуд нест.
Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати андешидани тадбирҳои иловагӣ оид ба таъмини риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чораҳои зарурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» комиссияи доимии ноҳиявӣ таъсис дода шуда, дар асоси талаботи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии ба ин самт нигаронидашуда амал намуда истодааст. Инчунин, дар ҳудуди ноҳияи Лахш 103 комиссияҳои доимию ҷамъиятӣ, аз ҷумла 1 адад комиссияи доимии шаҳрак, 9 адад комиссияҳои доимии деҳотӣ ва 93 адад комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода шудаанд.
Дар давоми нуҳ моҳи соли 2019 бо фарогирии ҳайати комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 157 маротиба семинару машварат ва суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуда, протоколҳо ба тасвиб расонида шудаанд. Илова бар ин, дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 149 рейдҳои муштарак, 10 маротиба санҷишҳои фаъолияти комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, комиссияҳои ҷамъиятии ташкилоту муассисаҳо ва комиссияҳои ҷамъиятии кумитаи маҳаллаҳоро доир намуда, 1 ҳолати қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар нуҳ моҳи соли 2019 дар ноҳия 357 маъракаи тӯйи домодию арусӣ, аз ин 5 тӯйи хайриявии навхонадорон аз оилаҳои ниёзманд ва 58 хатнасури хайриявии фарзандони оилаҳои эҳтиёҷманд ба қайд гирифта шудаанд. Дар баргузории маъракаҳои мазкур 632 сар чорвои хурд забҳ гардида, хароҷоти умумии чунин маъракаҳо 2 млн 452,1 ҳазор сомониро дар бар мегирад.
Муроҷиати шаҳрвандон
Аз тарафи шуъбаи умумӣ, назорат ва муроҷиатҳои шаҳрвандони Дастгоҳи раиси ноҳияи Лахш дар нуҳ моҳи соли 2019 ҳамагӣ 849 адад муроҷиатҳои хаттӣ ва 114 адад муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон, ки ба унвонии раиси ноҳия пешниҳод гардиданд, ба қайд гирифта шудаанд.
Аз шумораи умумии муроҷиатҳои шаҳрвандон 139 адад оид ба таъмин намудан бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ, 60 адад оид ба ташкил намудани хоҷагиҳои деҳқонӣ, 16 адад оид ба қатъ намудани фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ, 23 адад оид ба ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони марказҳои хизматрасонӣ, 202 адад дар бораи таъмин намудан бо сертификати ҳуқуқи истифодаи замин, 20 адад оид ба сафари Ҳаҷ, 58 адад ҷиҳати расонидани кӯмакҳои моддӣ, 83 адад оид ба дастрас намудани воситаҳои тавонбахшӣ (аробача, асобағал, асо) барои маъюбон, 15 адад оид ба ҳалли масъалаи обтаъминкунӣ ва 233 адади дигар масъалаҳои гуногунро дар бар мегиранд.
Аз шумораи муроҷиатҳои воридгардида 276 адад пурра қонеъ гардонида шуда, нисбати 240 адад муроҷиатҳо роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба муроҷиат ба муаллифон фаҳмонида дода шудаанд. Дар умум нисбати 831 адад муроҷиатҳо ҷавоб гардонида шуда, 18 адади дигар дар ҳолати иҷро қарор доранд.
Иҷрои нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ
Баҳри иҷрои банди 65-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми декабри соли 2018 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд, бо мақсади омодагии ҳамаҷониба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани тарғибу ташвиқи васеи моҳияти Истиқлолият ва озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, арзишҳои неки миллӣ, бунёд намудани 136 адад иншооти гуногуни таъиноти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг, муассисаҳои иҷтимоӣ, ободкории роҳҳо, корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва ба анҷом расонидани корҳои дигари созандагӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Аз шумораи 136 адад иншооти банақшагирифташуда 40 адади он дар соли 2018 ба анҷом расонида шуда, 50 адади он дар соли 2019 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки то имрӯз зиёда аз 10 адади он ба истифода дода шуда, 4 адади он дар арафаи баистифодадиҳӣ қарор доранд. Дар иншооти дигар корҳои сохтмонию бунёдкорӣ идома доранд.
Инчунин нақшаи чорабиниҳои иловаги Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ҷиҳати истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуда, ба он боз 37 адад иншооти ҷашнӣ илова карда шудааст.
Сармеъмори ноҳияи Лахш Назиров Байдулло, ки намояндаи миллати қирғиз мебошад, мегӯяд: “Ман дар деҳаи Сайрони ноҳияи Лахш таваллуд шуда, ба воя расидаам. Имрӯзҳо хешу табор омадаву тағйиротҳои куллии ҳаёти осоиштаи моро дида, ангушти ҳайрат мегазанд ва ба бунёдгузори бузург, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон ҳазор дуову дуруд фиристода, таманно мекунанд, ки Тоҷикистони азиз ҳамеша сарсабзу обод ва амнтарин кишвари олам бошад”.
Раиси ҷамоати деҳоти Муксуи ноҳияи Лахш Ғаниев Ботурбек бошад, зимнан меафзояд: “Ман муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зиёд солҳост, ки хуб мешиносам. Ин фарзонафарзанд на ин ки барои мардумони тоҷику Тоҷикистон, балки барои тамоми мардуми минтақа Пешвост. Барои он кас миллат вуҷуд надорад ва ҳамаро чун бародару рафиқ ва дӯст мешуморад. Ин марди Худо дар мушкилтарин вақт сари қудрат омада, мамлакатро аз вартаи парокандагию ноумедӣ наҷот дода, дар наздиктарин фурсат пеши роҳи ҷанги бародаркушро гирифта, мамлакатро ба яке аз амнтарин давлатҳои ҷаҳон табдил доданд. Маҳбубияти Пешвои муаззами миллат байни тамоми сокинони кишвар басо баланд мебошад ва ҳамагон аз ӯ ифтихор доранд. Дар баробари Пешвои миллат раиси ноҳияи Лахш муҳтарам Баротзода Файзулло низ тараннумгари сулҳу ваҳдати халқҳои тоҷику қирғиз буда, баҳри ободии ин минтақаи дурдасти кишвар басо хизмати арзанда намуда, чун парчамбардори Пешвои муаззами миллат дар пешрафтҳои беназири Лахш саҳми арзанда мегузоранд».
Масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба азми қавии мардуми ноҳия ва дастгириҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такя намуда, талош доранд минбаъд низ баҳри татбиқу иҷрои сифатноки муқаррароти қонунҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои амалиро роҳандозӣ намуда, дар ин замина истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо туҳфаҳои меҳнатӣ ва руҳияи баланду садоқатмандӣ ба Ватан таъмин намоянд.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ