Сафорати Фаронса дар Тоҷикистон дар Рӯзи истиқлолияти миллии давлати Фаронса – 14-уми июл ба 450 нафар ашхоси имконияташон маҳдуд ва оилаҳои аз бемории КОВИД-19 зарардида дар Тоҷикистон кӯмаки моддию маънавӣ расонд. Сафири Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар кӯмакҳои башардӯстонаро бо дастгирии Иттифоқи маъюбон, Ассотсиатсияҳои нафарони гирифтори аутизм – “Ирода” ва “Корвони умед”, ки ба қурбониёни зӯроварии хонаводагӣ кӯмак мерасонанд, дастрас кард.
Ҳар сол 14-уми июл Фаронса Рӯзи истиқлолияти давлатии худро дар ҳама мамолики дунё, ки равобити дипломатӣ ва сафоратхона дорад, бо тантана ҷашн мегирад, аммо имсол бо сабаби хурӯҷи коронавирус ва пандемия эълон гаштани КОВИД-19 дар ҷаҳон ин чорабинӣ баргузор карда нашуд. Хонум Ясмин Гуэдар дар вохӯрӣ бо роҳбарони ассосиатсияҳо ва рӯзноманигорон дар бинои сафорат гуфт: “Мо имсол 14-уми июлро ҷашн намегирем. Кишвари мо, инчунин Тоҷикистон дар давраи душвори зиндагӣ қарор дорад. Вақти он аст, ки ба эҳтироми касоне, ки аз КОВИД-19 зарар дидаанд ё шахсони наздикро аз даст додаанд, аз баргузории ҳамагуна чорабиниҳо худдорӣ кунем. Ба ҷои ин, сафорат тасмим гирифт, ки ба зиёда аз 400 оилаҳои тоҷик, ки дар шароити душвор умр ба сар мебаранд, маҳсулоти хӯрокаи эҳтиёҷоти аввалия ва ҳамчунин, китобҳо барои фарзандонашон кӯмак расонад. Ман ба ҳамкасби қазоқи худ ва дастаи ӯ, ки барои дастгирии лоиҳаи мо сафарбар шудаанд, изҳори ташаккур мекунам. Дар ин давраи душвор Фаронса як миллати муттаҳид, муттаҳид ва муттаҳид боқӣ мемонад. Дар ин рӯзи миллӣ ман мехостам ба ҳамаи онҳое, ки дар мубориза бо КОВИД-19 дар саросари ҷаҳон ширкат кардаанд, арзи сипос кунам. Ман инчунин мехоҳам бо дӯстони тоҷикамон ба шарикони аврупоию байналмилалиямон, ки аз ин буҳрони бесобиқа дар соҳаи тандурустӣ азият мекашанд, ҳамдилии худро баён кунам”.
Ясмин Гуэдар аз муносибатҳои давлатҳои Фаронса ва Тоҷикистон ёдовар шуда, имсолро хеле муҳим хонд. Ӯ аз вохӯриҳои судманди президентҳои Тоҷикистону Фаронса Эмомалӣ Раҳмон ва Эммануэл Макрон ёдовар гардида, гуфт, ки онҳо оид ба тақвияти ҳузури иқтисодии Фаронса дар Тоҷикистон дастурҳои мушаххас таҳия кардаанд.
Дипломати фаронсавӣ гуфт, ки “ҳатто агар корҳо оҳиста ба амал оянд ҳам, вале онҳо ба самти дуруст ҳаракат мекунанд. Мо моҳи сентябри соли оянда таҳкурсии мактаби наҷотдиҳандагонро месозем, ки он дар ҳамкорӣ бо САҲА ва Иттиҳоди Аврупо дар якҷоягӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Тоҷикистон кор мекунад. Бо мақсади омода кардани миссияи MEDEF дар аввали соли 2021, аз ҷониби MEDEF ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ моҳи сентябри соли равон видеоконфронси калон ташкил карда мешавад. Машваратҳои сиёсӣ дар Душанбе то охири сол ба нақша гирифта шудаанд ва ниҳоят, мо бояд муколамаи 5 + 1 дар Порис таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистонро истиқбол кунем». Ба андешаи сафир, ҳамаи чорабинию вохӯриҳо танҳо як ҳадаф доранд, ки ин ҳам қонеъ кардани интизориҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, бахусус ҷавононест, ки беш аз ҳарвақта барои таҳсил, меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ талош мекунанд: “Дар соли 2021 сафари нави Президенти Тоҷикистон ба Фаронса ба нақша гирифта шудааст, ки мақсади он баргузории намоишгоҳ дар Осорхонаи Гимеи шаҳри Париж мебошад. Мо тӯли 4 соли охир рӯи он хеле кор кардем. Ин намоишгоҳ хеле муҳим аст. Он барои боз ҳам баланд гардидани обрӯи фарҳангии миллати тоҷик дар хориҷа хеле кӯмак хоҳад кард».
Соли равон муҳлати сафирии хонум Ясмин Гуэдар дар Тоҷикистон ба охир мерасад ва дар назар аст, ки моҳи сентябр ӯ ба Фаронса баргардад. Аз ин рӯ, бо истифода аз фурсат дипломат гуфт: “Ин 14-уми июл 14-уми июли охирини ман дар Душанбе аст. Аз фурсати муносиб истифода карда, ба халқи тоҷик барои дастгирӣ, дӯстӣ ва равобити дӯстонаашон бо мардуми Фаронса изҳори сипос мекунам. Ташаккур ба ҳама. Иҷозат фармоед, ба ҳама ҳамватанонам, ки айни ҳол дар Тоҷикистон ҳастанд, рӯзи 14-уми июлро, ки ҳамчун ҷашни ваҳдату якдилӣ ва истиқлолияти миллӣ пазируфта шудааст, табрику муборакбод гӯям”.
Ёдовар мешавем, ки сафири давлати Фаронса дар Тоҷикистон хонум Ясмин Гуэдар намунаи беҳтарин ва пурмаҳсултарин дипломатҳои хориҷӣ дар кишвар аст. Ӯ тӯли чор соли фаъолияташ дар Тоҷикистон тавонист ҳамкории пурсамарро бо ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ роҳандозӣ намояд. Ясмин Гуэдар ҳамчунин дар рушди муносибатҳои фарҳангии Тоҷикистону Фаронса саҳми хеле назаррас дорад.
Гуэдар узви касбии хадамоти дипломатии баландпояи Фаронса аст. Қабл аз таъйин шуданаш ба симмати сафир дар Тоҷикистон, ӯ дар Ветнам, Ҳиндустон, Чин фаъолияти дипломатӣ доштааст ва инчунин, дар вазоратҳои корҳои хориҷӣ, мудофиа ва мушовири Сарвазири Фаронса кор кардааст. Ӯ донишманди соҳаи ҳуқуқ ва сиёсат мебошад. Хонум Гуэдар мактаби таҳсилоти пешрафтаи байналмилалии Донишгоҳи Ҷонс Ҳопкинсро дар Италия хатм кардааст ва дар соҳаи дипломатия таҷрибаи хуби касбӣ дорад.