Агар ба таърихи қонуннигорӣ дар фарҳанги миллӣ нигарем, мебинем, ки мардуми мо дар гузаштаҳои дури таърихӣ, ҳанӯз дар замони ҳокимияти Куруши Кабир аввалин Эъломияи ҳуқуқи башарро содир намудааст, ки дар маркази он сухан аз ҳуқуқи инсон дар ҷомеаи боадолат мерафт. Конститутсияи кунунӣ низ аз он идеяи инсонсолории фарҳанги бостонӣ маншаъ гирифта,  нахустин санадест, ки барои халқи тоҷик аввалин бор ҳуқуқу озодиҳои инсонро дар маркази андешаву амали худ ҷойгир намудааст.

Конститутсияи кишвари мо аз ҷумлаи дастовардҳои мукаммали мардуми мо буда, заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати тозатаъсис ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Бо қабули Конститутсия мардум интихоби худро дар мавриди тақдири худу давлатдории худ муайян ва мушаххас намуд. Дар моддаи 6-уми Конститутсия омадааст, ки «халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ мебошад».

Конститутсия бо ин васила тасарруфи ҳокимияти давлатиро аз ҷониби ягон созмон, гурӯҳ ва ё фарди алоҳида манъ мекунад. Ҳамаи шаҳрвандони мамлакат ҳақ доранд, ки дар корҳои сиёсии давлат бевосита ё бавосита иштирок намоянд.

Бори аввал дар таърихи нави Тоҷикистон Конститутсия ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ шароит фароҳам меорад.

Ҳуқуқҳои фитрӣ, аз ҷумла ҳаёт, қадр ва номуси инсон дахлнопазир эълон гардид ва давлат масъулияти эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба дӯш мегирад. Мутобиқи муқаррароти Конститутсия шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, ки ҳизби сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ созмон диҳанд, муътақиди ин ё он дину мазҳаби роиҷ бошанд. Айни замон «таъсис ва фаъолияти иттиҳодиҳои ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохтори конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд», мамнӯъ мебошад.

Хусусияти хос ва барҷастаи Конститутсия моддаи 100-уми он мебошад, ки тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлатро кафолат медиҳад.

Пӯшида нест, ки дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии кишварамон, дахолатнопазирии ҳудуди он, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳоии инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлат, шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеа эълон шудаанд.

Дар маркази ин санади саннавиштсоз мавқеи забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ шинохта шуд. Ин санади муқаддас – Конститутсия ҷумҳурӣ бешубҳа таъминкунандаи истиқлолияти давлати миллист.

Дар Конститутсия арзиши олии Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он мавқеи хоси худро дорад. Конститутсия дар таъмини амният, сулҳу субот ва оромӣ бидуни шубҳа саҳмгузор мебошад. Конститутсияи Тоҷикистон чуноне, ки дар боло зикр кардем, ба қонунҳои умумибашарӣ  мутобиқат мекунад. Ин гуна ҳамоҳангии Сарқонуни кишвари мо имкон медиҳад, ки ин ё он шаҳрванди хориҷӣ, масалан чинӣ, ҷопонӣ, фаронсавӣ, амрикоӣ ва ё олмониву русӣ агар хоста бошанд, ки дар мамлакати мо корхонае ва ё таҷҳизотеро ворид кунанд ё сармоягузорӣ кунанд, вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои кафолатбахши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд озодона кору фаъолият намоянд.

Конститутсияро барҳақ бахтномаи мардуми Тоҷикистон гуфтан меарзад. Бигзор Конститутсияи мо ҳамеша танзимгари ҳаёти мо дар кишвари маҳбубамон бошад. Ҳамеша сулҳу осоиштагӣ ва тантанаи адолату ҳуқуқ дар кишвари мо танинандоз бошад!

И. ШАРИФЗОДА, номзади илмҳои фалсафа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь