Тавре медонем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намуда буданд. Чун аллакай соли охири амалишавии ин тасмими наҷиб сипарӣ гардида истодааст, мо тасмим гирифтем тарҳи махсусеро дар ҳафтаномаҳои “Самак” ва “Фараж” роҳандозӣ намоем ва дар доираи он оид ба рушди деҳоти кишвар, мавзеъ ва шароитҳои сайёҳӣ, ҳамзамон ҳунарҳои мардумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ матолиб ба нашр расонем, ки тасмими хубе хоҳад буд ба пешвози 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Инак, хонандагони гиромии ҳафтаномаро бо дастовардҳои мардуми сарбаланди шаҳри Конибодом ошно месозем.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом дар шашмоҳаи аввали соли 2021 фаъолияти худро баҳри ҳамаҷониба татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифагузориҳое, ки зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд баён гардидаанд, ҳамзамон, ҷиҳати таъмини иҷрои қарору фармоишоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Конибодом барои солҳои 2021-2025» равона намуда, дар аксари соҳаҳои хоҷагии халқ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба нишондиҳандаҳои мусбат ноил гардидааст.
Иҷроиши буҷет
Дар шаш моҳи аввали соли 2021 иҷрои нақшаи воридоти андозҳо ва пардохтҳо (бо назардошти андози иҷтимоӣ) 98 фоиз таъмин гардидааст. Ба ҷойи 59 млн 995 ҳазор сомонии дар нақша пешбинишуда 58 млн 788 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Иҷрои нақшаи андози иҷтимоӣ 97 фоизро ташкил дода, ба ҷойи 21 млн 145 ҳазор сомонӣ дар асл 20 млн 525,4 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Иҷрои нақшаи андозҳо 98 фоизро ташкил дода, ба ҷойи 38 млн 850 ҳазор сомонӣ дар асл 38 млн 263 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардидааст.
Ба ҳолати 1-уми январи соли 2021 бақияи қарзи андоз ҳамагӣ 3 млн 466 ҳазор сомониро ташкил намудааст, ки нисбат ба 1-уми июли соли 2021-ум 657 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.
Фазои сармоягузорӣ
Шумораи соҳибкорони шаҳр ба санаи 1-уми июли соли 2021 дар маҷмӯъ 11662 нафарро ташкил медиҳад. Шумораи соҳибкорони бо патент фаъолияткунанда 2713 нафар, бо шаҳодатнома фаъолияткунанда 803 нафар ва аз теъдоди мазкур шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ 8146 нафарро ташкил медиҳад.
Дар давоми шашмоҳаи якуми соли ҷорӣ аз тарафи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр ба шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзнок ба маблағи 131500 сомонӣ дода шудааст, ки дар натиҷа онҳо имконияти ба соҳибкорӣ машғул шуданро пайдо намуда, соҳиби ҷойи корӣ гаштаанд.
Инчунин, аз ҷониби бонкҳо низ барои дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ имтиёзҳо пешбинӣ гардида, барои дастгирии соҳибкорони шаҳр аз тарафи бонкҳо дар ин давра ба маблағи 42 млн 255 ҳазору 500 сомонӣ маблағ дода шудааст. Маблағи мазкур нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 дар ҳаҷми 10 млн 235 ҳазору 500 сомонӣ зиёд мебошад.
Ба ҳолати 1-уми апрели соли 2021 дар шаҳри Конибодом 7 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардида истодааст, ки дар доираи онҳо аз оғози татбиқи лоиҳа 20,35 млн доллари ИМА азхуд карда шудааст.
Саноат ва энергетика
Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр бо нархҳои муқоисавӣ ба 98 млн 308,3 ҳазор сомонӣ расонида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз 44 адад корхонаҳои калону миёна ва хурди ҳисоботдиҳанда 21 ададашон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намудаанд. Дар ин давра 9 адад корхонаҳои хурди саноатӣ бо 46 ҷойи кории нав таъсис дода шудаанд.
Дар давраи ҳисоботӣ Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Конибодом 121188535 кВт соат қувваи барқ қабул кардаанд, ки аз он 92788569 кВт барқи фоиданок ба маблағи 19186440 сомонӣ, аз он ҷумла аҳолӣ 11212111 сомониро ташкил додааст.
Рушди кишоварзӣ
Дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории шаҳр ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти соҳа 40 млн 471,6 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки аз он растанипарварӣ 13,3 ҳазор сомонӣ ва чорводорӣ 40 млн 458,3 ҳазор сомониро дар бар гирифта, афзоиш нисбати ҳамин давраи соли гузашта ба 100,5 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ 62,2 фоиз ва чорводорӣ 100,5 фоизро ташкил намудааст.
Дурнамои кишти баҳорӣ дар 7751 гектар пешбинӣ шуда, тибқи маълумотҳои фаврӣ дар корхонаҳои кишоварзию хоҷагиҳои деҳқонии шаҳр ин нишондод ба 8970,6 гектар расонида шудааст, ки нисбати дурнамо 1219,6 гектар зиёд мебошад.
Дар хоҷагиҳои пахтакории шаҳр кишти пунбадона дар 6000 гектар пешбинӣ гардидааст, ки дар давраи ҳисоботӣ хоҷагиҳои пахтакор дар майдони 5594,0 гектар пумбадона кишт намудаанд. Дар майдони 130,9 гектар картошка кишт карда шуда, кишти сабзавот дар майдони 96,7 гектар гузаронида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр аз ҷумла гӯшт – 1631,8 тонна, шир – 11344,3 тонна, тухм – 8 млн 575,4 ҳазор дона, пашм – 32,9 тонна истеҳсол карда шудааст. Дар ҳамаи намуди шаклҳои хоҷагидорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта саршумори чорвои калони шохдор 207 сар, аз он ҷумла модагов 81 сар ва моли майда 121 сар зиёд гардидааст.
Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бунёди боғу токзорҳои нав дар майдони 73,6 гектар ва барқароркунии боғу токзорҳои кӯҳна дар майдони 171,1 гектар ба иҷро расонида шудаааст. Бояд қайд кард, ки дар майдони 3,0 гектар боғҳои нав, аз ҷумла боғҳои интенсивӣ бунёд карда шудаанд.
Дар шаҳр 56 адад гармхонаҳо дар масоҳати 3,60 гектар мавҷуд буда, дар масоҳати 3,60 гектар кишти сабзавот гузаронида шудааст. Дар ин давра 2 адад гармхонаи нав дар масоҳати 0,17 гектар ба истифода дода шудаааст.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар нимсолаи якуми соли 2021 аз тарафи ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ ба маблағи 434,4 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 51,5 фоизро ташкил медиҳад.
Истифодабарии маблағгузории асосӣ аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо 17851,2 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки ин 127,9 фоизи ҳамин давраи соли 2020-ро ташкил медиҳад. Аз он ҷумла корҳои сохтмону васлкунӣ ба маблағи 16882,5 ҳазор сомонӣ ба иҷро расонида шудааст, ки нисбат ба давраи ҳисоботии соли гузашта 125,1 фоизро ташкил медиҳад.
Ҳамзамон, ба кор андохтани фондҳои асосӣ ва иншоот дар давраи ҳисоботӣ 15031,2 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 29,2 фоизро ташкил медиҳад.
Соҳаи нақлиёт
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр хизматрасонии 291,17 км роҳҳоро ба ӯҳда дошта, аз он роҳи аҳамияти байналмилалидошта 56,8 км, аҳамияти ҷумҳуриявидошта 29,9 км, аҳамияти маҳаллидошта 204,47 км-ро ташкил медиҳад.
Дар шашмоҳаи соли 2021-ум 8,835 км кӯчаҳо пурра асфалтпӯш карда шудаанд, ки нисбати соли гузашта 260 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳудуди шаҳр 16 маҳалла ба масоҳати 8,835 км ва ба миқдори 1790250 сомонӣ дар давраи ҳисоботӣ асфалтпӯш карда шудааст.
Рушди соҳаи маориф
Яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия – ин муҳайё намудани шароити мусоиди донишомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва таҳкими пояҳои моддию техникии онҳо ба шумор меравад. Аз ҳамин лиҳоз, дар МТМУ№7 барои бунёди бинои нави таълимӣ барои 480 нафар дар як баст ва МТМУ №52 барои 240 нафар бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд. Ҳамчунин, сохтмони бинои нави таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ дар МТМУ №48 барои 240 нафар оғоз гардида, идомаи корҳои сохтмонӣ бояд рӯзҳои наздик сурат гирад.
Алҳол, дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 22 кӯдакистонҳо, аз он ҷумла 14 кӯдакистонҳои давлатии тобеи маориф, 3 ташкилоту муассисаҳо ва 5 адад хусусӣ фаъолият менамоянд. Дар муассисаҳои томактабии шаҳр 179 нафар мураббияҳо фаъолият доранд. Теъдоди тарбиятгирандагон дар муассисаҳои таълимии томактабӣ – кӯдакистонҳо 3669 нафарро ташкил медиҳад. Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ дар 42 муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр «Гурӯҳи инкишофи кӯдак» ташкил карда шудааст, ки дар онҳо 1329 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ
Дар шаҳру деҳоти Конибодом ба 215526 нафар аҳолӣ аз тарафи 2 Маркази саломатии шаҳр, 16 марказҳои саломатии деҳот, 18 хонаҳои саломатӣ ва марказҳои махсусгардонидашуда, 1 беморхонаи марказии шаҳр, 4 беморхонаҳои минтақавии деҳот, беморхонаи кӯдаконаи шаҳр, маркази бемориҳои пӯсту узвҳои таносул, маркази равонӣ, маркази солимии репродуктивӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шӯъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ, инчунин марказҳои хусусии ташхисӣ ва табобатии «Каромат», «Малика», 4 адад стоматологияи хусусии муолиҷавию дандонсозӣ, 1 адад маркази стоматологии шаҳр, 2 осоишгоҳи табобатии «Ирам» ва «Бодом» хизмати тиббӣ расонида мешавад. Дар муассисаҳои мазкур барои табобати беморон 917 кат ташкил карда шудааст.
Бояд қайд намуд, ки барои тайёр кардани кормандони миёнаи тиб дар шаҳр 1 адад коллеҷи тиббӣ фаъолият мекунад.
Дар нимсолаи аввали соли равон шумораи умумии кормандони тиб ҳамагӣ 2388 нафар буда, аз онҳо табибон 269 нафар, аз он ҷумла мутахассисони ҷавон 41 нафар, корманди миёнаи тиб 1595 нафар, аз онҳо мутахассиси ҷавон 293 нафар ва кормадони хурди хоҷагӣ 524 нафаранд.
Тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ баҳри пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 байни сокинони ҳудуди шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ силсилаи тадбиру чорабиниҳо андешида шудаанд. Дар ин давра аз ҷониби гурӯҳҳои кории махсуси ташвиқотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавируси навъи COVID -19 дар ҷамоатҳои деҳот ва кумитаҳои маҳаллии шаҳр, аз ҷумла дар ҷамоатҳои деҳоти ба номи Раҷаб Ҳамробоев, Куҳандиёр, Лоҳутӣ, Фирӯзоба, Патар ва Пӯлодон сӯҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти пешгирӣ аз сирояти бемории коронавирус ташкил ва гузаронида шудаанд.
Рушди соҳаи фарҳанг
Дар нимсолаи аввали соли 2021 дар соҳаи фарҳанг бунёд, азнавсозӣ, таҷдиди инфрасохтори соҳа ба нақша гирифта шуда, дар ин муддат дар хонаҳои фарҳанги №2 ва №4, китобхона-филиалҳои №15 ва №10 таъмири ҷорӣ гузаронида шуда, фасади биноҳо, долон, ҳуҷраҳои корӣ рангубор ва дарахтони атрофи муассисаҳо сафед карда шудаанд. Инчунин, 2 ҳуҷраи театри драмаи мусиқии шаҳр ба номи Тӯҳфа Фозилова низ ба тариқи ҳашар аз ҳисоби худи кормандон таъмиру рангубор ва бо мизу курсиҳои нави корӣ таҷҳизонида шудааст.
Имрӯзҳо дар ҳудуди боғи фарҳанг ва истироҳати шаҳр корҳои ободонӣ ва таҷдиду азнавсозӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дошта, дар шафати боғи кунунӣ боғи дигари навбунёд бо номи «Боғи Рӯдакӣ» таъсис дода шуда истодааст.
Соли равон дар шаҳри Конибодом 29 адад китобхона, аз ҷумла дар шаҳр 8 китобхона, 2 китобхонаи бачагона ва дар деҳот 19 адад китобхонаҳо ба аҳолӣ хизмат расонидаанд.
Ҷавонон ва варзиш
Шумораи ҷавонон дар шаҳр 72,5 ҳазор нафар буда, 36 ҳазору 100 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Дар ҷамоатҳои деҳот бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 толор ва 4 майдончаи варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бо мақсади ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш дар шаҳр 2 мактаби варзишӣ амал менамоянд.
Ҷиҳати интихоби варзишгарон барои иштирок дар мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ дар шаҳр 21 мусобиқаҳои касбии марҳила ба марҳила аз рӯи намудҳои футбол, волейбол, гӯштини тарзи озод, шоҳмот ва дзю-до бо фарогирии 885 варзишгар (112 бонувон) ташкил ва гузаронида шудааст. Дар натиҷа аз ҳисоби ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳо, дастаи мунтахаби шаҳр дар ҳайати 520 нафар варзишгар муайян гардида, дар 17 мусобиқаҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ба гирифтани 32 медали тилло, 22 медали нуқра ва 31 медали биринҷӣ мушарраф гардидаанд.
Рушди соҳаи сайёҳӣ
Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом, ҷамоатҳои деҳот, корхонаву муассисаҳо ва дигар сохторҳо тибқи Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки 45 бандро дорост, корбарӣ доранд ва ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодаанд.
Дар шаҳри Конибодом бо истифода аз имтиёзҳо ҷиҳати воридоти таҷҳизоту техника ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди иншооти инфрасохтории сайёҳӣ якчанд лоиҳаҳо, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, маҷмааи сайёҳӣ, боғҳои фароғатӣ корбарӣ идома дорад. Аз ҷумла, бинои меҳмонхонаи “Ором” ва истироҳатгоҳи “Ирам” таъмир гашта, роҳи истироҳатгоҳ асфалтпӯш гардидааст.
Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ дар сомонаи интернетӣ арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва манзараҳои дилошӯби табиати нотакрори шаҳру деҳоти Конибодом тарғибу ташвиқ шуда истодааст.
Барои боз ҳам рушд ёфтани сайёҳӣ 2 хатсайри сайёҳӣ дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои нақлиётӣ ташкил карда шудаанд, ки тавассути онҳо сайёҳон аз ҷойҳои таърихии Конибодом, аз қабили Лангари Бобо, Мадрасаи Оим, Осорхонаи Мирраҷаб-додхоҳ дидан мекунанд.
Омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом барои ободонӣ, чароғонкунӣ, асфалтпӯшкунӣ, сохтмон ва таъмири иншоот ҳамагӣ 506 адад иншоот ба нақша гирифта шуда, ба санаи 1-уми июли соли 2021-ум 467 адад иншоот сохта ба истифода дода шудаанд, ки нисбат ба нақша 92,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар соли 2021-ум 100 адад иншооти таъиноташон гуногун ба нақша гирифта шуда, дар давраи ҳисоботӣ 61 адад иншооти таъиноташон гуногун сохта ба истифода дода шудаанд, ки 61 фоизро ташкил медиҳад.
– Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои мӯҳтарам Пешвои миллат, қарору супоришоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои ҳамаи нақшаву вазифаҳои вогузоргардида аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода бурда, оид ба таъмини иҷрои Нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораву тадбирҳои судманд меандешад,- мегӯяд раиси шаҳри Конибодом мӯҳтарам Абдусалом Тухтасунзода.
МТЖТ