Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд: «Озодӣ ва истиқлолият дар ҳар давру замон неъмати бебаҳо ва волои ҳаёти инсон, нишонаи барҷастаи симо ва ташаккули таърихӣ, кафили пешрафт, рамзи асолату ҳувият, шарти бақои миллат ва пойдории давлат мебошанд». Дар ҳақиқат, Истиқлолияти давлатӣ омили эҳё ва манбаи рушду такомули арзишҳои олии миллӣ мебошад.

Муҳимтарин санад – санади Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 қабул гардида, асоси сохтори нави давлати соҳибистиқлол гузошта шуд. Дастовардҳои кишвари мо тайи 29 соли истиқлолият бевосита бо фаъолияти созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастагӣ дорад. Хидмати таърихиву беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – фарзонафарзанди миллат қабл аз ҳама дар он аст, ки ҳамин истиқлолияти ба даст омадаро бо роҳи муттаҳид намудани мардум, нигоҳ доштани сулҳу ваҳдат пойдор намуданд. Мо шукрона мекунем, ки Худованд ба мо чунин Пешвои маҳбубу хирадманду дурандешеро ато кардааст, ки ба таклифҳои оқилонаашон дар минбарҳои баланди ҷаҳонӣ гӯш медиҳанд, пешниҳодоти аҳамияти умумибашарӣ доштаашонро тамоми мамлакатҳо мепазиранд.

Аҳли профессорону олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон меҳри беандозаи хешро нисбат ба Пешвои муаззами миллат дар китоби “Пешвое, ки халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот дод”, ки соли 2016 нашриёти “Ирфон” интишор намудааст, иброз доштаанд.

Нақши абармарди худодод, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босуботи кишоварзӣ, назар ба ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ нишонрастар мебошад.

Фаъолияти донишгоҳ як ҷузъи томи таърихи инкишофи илму истеҳсолоти кишоварзиро ташкил медиҳад. Ва дар навбати худ таърихи илму ҳунари кишоварзии мо бо таърихи миллат ва сарзаминамон баробар аст. Шояд ҳамин чиз боис гардидааст, ки Пешвои муаззами миллат чор маротиба: 20-уми ноябри соли 2001, 1-уми сентябри соли 2006, 8-уми октябри соли 2011, 26-уми июни соли 2015 ба донишгоҳ ташриф овардаанд. Фикр мекунем, ки ба ягон муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ чунин боварию эътиқод муяссар нагардидааст. Ва дар он ақидаем, ки Пешвои миллат худ кишоварзи асиланд ва қадри кишоварзону аҳли ин ягона даргоҳи илму таълим ва ҳунари кишоварзиро, ки нахустин мактаби олии кишвар аст, бо як ҳиссу самимияти хоса медонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи кишоварзӣ ҳамчун яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди кишвар эътибори аввалиндараҷа дода, доимо таъкид менамоянд, ки таъмини амнияти озуқавории мамлакат ва беҳдошти вазъи иқтисодии мардум ба дараҷаи сатҳи инкишофи ин соҳа вобастагии амиқ дорад. Дар амалигардии ин ҳадафи тақдирсоз ва пешрафти соҳа мутахассисони баландпояи ба меъёрҳои талаботи бозори ҷаҳонии меҳнат ҷавобгӯ мавқеи муҳимро ишғол менамоянд. Чунин мутахассисонро дар ҷумҳурӣ Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур тайёр менамояд.

Донишгоҳ дар тӯли 89 соли фаъолияти худ ба яке аз муассисаҳои калонтарини касбии таълимию илмии ҷумҳурӣ табдил ёфтааст. Дар ин давра барои истеҳсолоти кишоварзии ватани азизамон ва берун аз он зиёда аз 53510 нафар мутахассиси баландпоя тайёр намудааст, ки аз он ҷумла 40760 нафар таҳсили рӯзона ва 12750 нафар таҳсили ғоибона мебошад. Дар давраи соҳибистиқлолӣ (солҳои 1991-2019) ин теъдод зиёда аз 37,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки 70 фоиз аз теъдоди умумии хатмкардагон мебошад. Аксар хатмкардагони донишгоҳ дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ бомуваффақият кор мекунанд. Хатмкардагони донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ ва ҳукуматӣ сарафроз гардидаанд. 12 нафар Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ ва даҳҳо нафари дигар намояндаҳои мардумӣ дар маҷлисҳои гуногун мебошанд. Узви вобаста ва пайвастаи АИ ҶТ, АИКТ ва ВАСХНИЛ интихоб шудаанд. Бисёрии онҳо ходимони намоёни ҷамъиятӣ ва давлатӣ, роҳбарони корхонаҳои калони муҷтамеи агросаноатӣ, муассисаҳои илмӣ, академияҳо, докторҳо, профессорҳо ва дотсенту номзадҳои илм ҳастанд. Хатмкардагони донишгоҳ дар мамлакатҳои мухталиф то ба сарварии давлат расидаанд. Бархе вазир, қисме роҳбари аҳзобу ҳаракатҳо ва боқимонда дар ҳама давру замон садоқатмандона меҳнат карда, дар пешрафти ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ҳиссагузоранд.

Дар донишгоҳ аз рӯйи сохтори бисёрзинагӣ тайёр кардани кадрҳо ҷорӣ гардидааст. Донишгоҳ тавассути омӯзгорону олимонаш дар тӯли ин солҳо дар рушди илму истеҳсолот, тайёр намудани мутахассисону кадрҳои илмӣ – омӯзгорӣ, машварату татбиқи дастовардҳои илмии ватанию хориҷӣ саҳми босазо дорад. Ду нафар олими шинохтаи донишгоҳ аз рӯйи фаъолияти ихтироотиашон ба гирифтани медали тиллои ташкилоти байналмилалии моликияти зеҳнӣ, 9 олими ҷавони донишгоҳ ба гирифтани ҷоизаи ҷумҳуриявии Исмоили Сомонӣ ва як олими шинохта бо Ҷоизаи ба номи академик Павловский Е. Н. мушарраф гардонида шудаанд.

Моҳи феврали соли 2019 донишгоҳ аз аккредитатсияи навбатии давлатӣ гузашта, соҳиби “Шаҳодатнома” оид ба аккредитатсияи давлатӣ (ИА №0000893) аз 12.03.2019, №426 то 12.03.2024 гашт. Мувофиқи замимаи шаҳодатномаи мазкур ба донишгоҳ барои 46 ихтисоси бакалавр, 35 ихтисоси магистр ва 27 ихтисоси доктор PhD иҷозат дода шуд. Ихтисоси 250107-15 – иқтисодиёт ва идора дар комплекси агросаноатии зинаи магистратураи донишгоҳ аз аккредитатсия байналмилалӣ аз тарафи ширкати аврупоии “Акквин” гузашт.

Дар соли таҳсили 2019-2020 дар 10 факултети донишгоҳ ва 49 кафедра (38 кафедраи тахассусӣ ва 11 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 8353 донишҷӯ аз рӯйи 46 ихтисос ба таълиму тарбия ҷалб карда шуданд, ки аз ин 6214 донишҷӯ аз рӯйи 46 ихтисос дар таҳсили рӯзона ва 2139 донишҷӯ аз рӯйи 29 ихтисос дар таҳсили ғоибона ва фосилавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд. Беш аз 450 нафар устод, аз ҷумла 6 академики АИКТ, 2 узви вобастаи АМИ ҶТ, 3 узви вобастаи АИКТ, 46 нафар доктори илм, 51 профессор ва 145 нафар номзади илм ба таълиму тарбия машғул буданд.

Имрӯз дар донишгоҳ 69 озмоишгоҳи таълимию илмӣ, 18 озмоишгоҳи илмӣ, 13 маркази компютерӣ, китобхонаи электронӣ бо теъдоди 119 ҳазор нусха адабиёти таълимӣ, хобгоҳҳо, майдонҳои варзишӣ ва ғайраҳо мавҷуданд. Машғулиятҳои назариявӣ ва амалиии донишҷӯён дар 13 бинои таълимӣ, 224 синфхона, бо миқдори зиёда аз 6000 ҷойи нишаст ва дар 2 хоҷагии таълимӣ-таҷрибавии шаҳри Ҳисору ноҳияи Ёвон гузаронида мешаванд.

Донишгоҳ аз рӯйи бештари нишондодҳои тайёр намудани мутахассисону кадрҳои илмӣ – омӯзгорӣ ва натиҷаи корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва аттестатсияи кормандону омӯзгорон ба ҷумлаи яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии мунтазам рушдёбанда дохил мешавад. Маҳз ҳамин чиз сабаб гардид, ки тибқи маълумоти омории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 43 000 нафар довталаб ихтисосҳои донишгоҳро аз рӯйи кластерҳои 1-2 ва 5 интихоб намуданд.

Олимони донишгоҳ аз рӯйи 10 мавзӯи фармоишӣ ва 16 мавзӯи сарборӣ корҳои илмию таҳқиқотӣ мегузаронанд. Дар пешбурди аксар мавзуҳои илмӣ олимони ҷавон ҷалб карда шудаанд. Ҳама дастовардҳои донишҷӯёну олимони ҷавон аз ҷониби раёсати донишгоҳ қадр карда мешавад. Барои ҳавасмандгардонии натиҷаҳои ба даст омада лоиҳаҳои хурди грантӣ ҷорӣ гардидаанд. Донишҷӯёни лаёқатманд ба мактабҳои илмӣ фаро гирифта мешаванд. Онҳо дар равандҳои ихтироъкориву эҷодгарӣ ширкат меварзанд.

Дар ин давра олимони донишгоҳ соҳиби 4 патенти Маркази патентию иттилоотии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Ду навъи картошка ва пахтаи миёнанахи “ДАТ -1” барои санҷиш ба Комиссияи давлатии озмоиши навъи зироатҳои кишоварзӣ ва муҳофизатӣ супорида шудаанд.

Ҳамкории олимони донишгоҳ бо истеҳсолот ба таври зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Бо мақсади самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ аз ҳайати коршиносони донишгоҳ гуруҳҳои кории сайёр ташкил карда шуда, моҳҳои апрел-май ба шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Хатлон сафарбар карда шуданд.

4-уми июни соли равон бори аввал дар таърихи донишгоҳ бо ибтикори вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Салимзода Амонулло Файзулло ҷиҳати тақвияти илму истеҳсолот конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ тавассути бархат (онлайн-конференсия) гузаронида шуд.

Барои беҳтар намудани шароити интишорӣ сомонаи маҷаллаи назариявӣ ва илмию истеҳсолии “Кишоварз” ба фаъолият оғоз карду маҷалла ба рӯйхати Маркази илмию иттилоотии Россия (РИНЦ) ворид гардид.

17-уми апрели соли равон дар шаҳраки донишҷӯён китобхона кушода шуд, ки ба компютерҳои мавҷуда нусхаи электронии китобҳои гуногунсоҳа ва матни лексияҳои устодон ворид карда шудааст. Ҳамзамон, сомонаи китобхонаи электронии донишгоҳ ба фаъолият шуруъ намуд.

Ба хотири расонидани кумаки амалӣ ба хоҷагидорон аз 1-уми июни соли 2020 дар донишгоҳ “Маркази машваратӣ барои кишоварзон” таъсис дода шудааст. Дар донишгоҳ маҳфилҳои мухталифи илмӣ, аз ҷумла маҳфилҳои ихтироъкорону навоварони ҷавон амал мекунанд ва онҳо самар медиҳанд. Дар олимпиадаи фаннӣ барои дарёфти Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҳоло Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон) як нафар донишҷӯ аз фанни астрономия сазовори ҷойи дуюм ва як донишҷӯ аз фанни химия сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар донишгоҳ Парки технологӣ фаъолият менамояд. Бо истифода аз иқтидори пойгоҳии он ба донишҷӯён касбҳои гулпарварӣ, дӯзандагӣ, шаклдарории дарахтон, кафшергарӣ, таъмири дастгоҳҳо омӯзонида мешавад. Дар сехи дӯзандагӣ зиёда аз 5000 адад ниқобҳои тиббӣ тайёр карда, ба донишҷӯёну омӯзгорон ва шаҳрвандони қисмати шимолии шаҳри Душанбе ройгон тақсим карда шуданд.

Донишгоҳ ба рушди робитаҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳаду айни замон бо 136 донишгоҳу донишкадаҳои 24 давлати дунё дар доираи 19 барномаи ташкилотҳои хориҷӣ дар самти таълим, илм ва такмили касбии омӯзгорону таҷрибаомӯзии донишҷӯён созишномаи ҳамкорӣ дорад. Дар доираи ин созишномаҳо, дар ин давра 13 лексияи проблемавӣ аз ҷониби олимону омӯзгорони хориҷа ба донишҷӯёну магистрон ва докторантону омӯзгорони донишгоҳ хонда шуд. Аз тарафи устодони донишгоҳ дар муассисаҳои ҳамкор 10 лексия дар мавзуҳои мубрами соҳа хонда шуданд. Ҳамзамон дар доираи мубодилаи академӣ 12 нафар донишҷӯи донишгоҳ барои идомаи таҳсил ба донишгоҳҳои аграрии Федератсияи Росия ва Олмон равона гардиданд ва ҳоло таҳсилро идома медиҳанд. 3 нафар донишҷӯи шаҳри Новосибирски ФР дар ДАТ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ташкилоти QS – ташкилоти байналмилалии рейтингӣ буда, дар ҳайати баҳодиҳии ташкилот 1400 муассисаи олии касбӣ аз 92 кишвари дунё шомиланд. Моҳи майи соли 2020-ум 13 муассисаи таҳсилоти олии касбии аъзои Кумитаи консорсиуми донишгоҳҳои аграрии Осиёи Марказӣ ва Қафқози Шимолӣ, ки донишгоҳ шомили он аст, аъзо ва 20 нафар олими донишгоҳ ба ҳайати коршиносони муайянкунандаи рейтинги муассисаҳо шомил гардиданд.

2 ҷаласаи Шӯрои ректорони донишгоҳҳои пешоҳанги аграрии ИДМ тариқи бархат гузаронида шуд, ки дар онҳо 28 муассисаи олӣ аз 10 давлати ИДМ фаъолона иштирок намуда, ректори донишгоҳ ва муовини ректор оид ба таълим баромад намуданд.

Дар Маркази такмили ихтисоси кормандони донишгоҳ дар 6 моҳи аввали соли 2020-ум 434 нафар омӯзгорону кормандон курси такмили ихтисосро гузаштанд. Дар маҷмуъ дар ин Марказ ва филиалҳои он дар вилоятҳои ВМКБ, Хатлон, Суғд ва минтақаи Рашт барои 3582 нафар кормандони соҳаи кишоварзӣ, раисони ҷамоатҳо, деҳқонон, кишоварзон, фермерон курсҳои такмили ихтисос ва семинар-машваратҳои бозомӯзӣ гузаронида шуда, бо сертификати такмили ихтисос таъмин карда шуданд.

Имсол бинобар ҷаҳонро фаро гирифтани бемории сироятии нави СОVID-19 барои пешгирии сирояти он дар донишгоҳ аз моҳи март инҷониб корҳои дезинфексионӣ амалӣ карда мешавад. Инчунин, дар ҳамаи биноҳои донишгоҳ ва хобгоҳҳои донишҷӯён гузаргоҳҳои безараргардонӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Ба гуфтаи доктори илмҳои кишоварзӣ, профессор, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маҳмадёрзода Усмон Маъмур, “ҳар халқу миллати ҷаҳон ва давлатҳо барои худ ва давлаташон қаҳрамонҳо ва пешвоёну доҳиёне доранд, ки ҳастии худро ба он халқу давлатҳо бахшидаанд. Барои миллату давлати тоҷикон ва истиқлолияти воқеии он тӯли тамоми таърихи ин миллат ва давлат касе хизмати Пешвои муаззами миллат, доҳии тоҷикони ҷаҳон, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро накардааст ва нахоҳад кард. Пешвои муаззами миллат, ки аз оилаи кишоварз баромадаанду кишоварзи касбӣ буданд, баъди зимоми давлатдориро дар сесияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии кишвар дар шаҳри бостонии Хуҷанд дар моҳи ноябри соли 1992 ба даст гирифтан ваъдаи аввалинашон ба мардум сулҳ ва баргардонидани гурезагон буд. Ин марди худо дар кӯтоҳтарин муддат дар фазои мамлакат ваҳдати саросарӣ ва сулҳу салоҳро барқарор намуда, кишварро аз вартаи парокандагиву ноумедӣ наҷот дода, кулли институтҳои давлатдориро аз сифр бунёд намуда, гузашта аз ин, бо матонат ва қаҳрамонии бемислу монанди худ якпорчагии давлатро ҳифз намуда, нагузоштанд, ки давлати ҷавони тоҷикон аз байн равад. Маҳз Пешвои муаззам бо афзалиятнок эълон доштани соҳаи маориф имконият фароҳам оварданд, ки имрӯз ин соҳа ба дараҷаи беназир тараққӣ намуда, тамоми соҳаҳои иқтисодиёти кишварро бо мутахассисони варзидаву донишманд таъмин менамояд”.

– Донишгоҳи аграрӣ, ки яке аз куҳантарин муассисаҳои олии кишвар ба шумор меравад, узви даҳҳо созмонҳои илмию таълимии минтақа, ИДМ ва ҷаҳон буда, дар он 8353 донишҷӯ аз рӯйи 46 ихтисос ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки онҳо дар 10 факултету 49 кафедра ва 2 хоҷагии таҷрибавию 87 майдончаҳои таҷрибавию ташхисгоҳҳо, инчунин садҳо синфхонаҳои муҷаҳҳаз илм меомӯзанд. Маҳз диққати асосии Сарвари давлат ба соҳаи кишоварзии мамлакат сабаби он гардид, ки имрӯз ин соҳа ба дастовардҳои беназир ноил гардида, мо пурра худро бо тухмиҳои аз ҷиҳати ҳосилнокӣ босифати картошка, гандум, полезиҳо, лӯбиёгиҳо ва қаламчаҳои беҳтарин навъҳои ангуру дигар дарахтҳо таъмин карда метавонем. Олимони Донишгоҳи аграрӣ дар натиҷаи бурдани корҳои илмӣ ба кашфи ду намуд картошкаи серҳосили ба шароити Тоҷикистон мутобиқ ноил гардида, 1 намуди пахтаи ДНТ-1 ва 1 намуди гандумро барои гирифтани патенти Вазорати рушди иқтисод ва савдо пешниҳод намудем. Дар умум, хизмати Пешвои муаззам, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои Тоҷикистони азиз басо беназир буда, номи он кас аллакай дар таърихи Тоҷикистону ин миллати куҳанбунёд бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст ва кулли мардуми шарифи кишвар аз он кас миннатдору дуогӯяшон мебошанд,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ,

Муҳаммадмуроди САЙДАЛӢ, узви ИЖТ

МУАРРИФИНОМА:

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур 23-юми декабри соли 1965 дар ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич), дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Ӯ соли 1991 факултети агрономии Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро хатм кардааст.

Маҳмадёрзода Усмон Маъмур фаъолияти меҳнатиро соли 1991 ҳамчун лаборанти калони кафедраи растанипарварӣ оғоз намудааст. Солҳои 1991-1994 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи донишгоҳ таҳсил намудааст. Солҳои 1995-2007 дар вазифаҳои ассистент, омӯзгори калон ва дотсенти кафедраи растанипарварӣ, ҳамзамон солҳои 1995-2005 ба ҳайси ҷонишини декани факултети агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур фаъолият намудааст.

Соли 1996 дар мавзӯи «Маҳсулнокии нисбии зироатҳои ғалладона ва лӯбиёдона дар кишти ангорӣ вобаста ба меъёри нуридиҳӣ дар шароити водии Ҳисор» рисолаи номзадӣ ва соли 2007 дар мавзӯи «Илман асоснок намудани технологияи парвариши зироатҳои ғалладона ва лӯбиёдона дар кишти ангорӣ дар шароити заминҳои обёришавандаи Тоҷикистони Марказӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Соли 2013 барои фаъолияти бисёрҷабҳаи таълимию методӣ, илмию тарбиявӣ Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ба ӯ унвони профессори кафедраро лоиқ донист.

Дар солҳои 2000-2020 дар вазифаҳои мудири кафедраи растанипарварӣ, муовини декани факултети ғоибона, декани факултети агрономӣ ва муовини ректор оид ба таълим фаъолият намудааст.

Маҳмадёрзода У. М. муаллифи 7 китоби дарсӣ, 25 дастури методӣ, 10 тавсиянома, 2 монография ва зиёда аз 151 мақолаи илмӣ мебошад. Китобҳои чопнамудаи ӯ – «Хусусиятҳои агротехникии гирифтани ду ҳосили дон дар як сол дар шароити Тоҷикистон» (2000), «Асосҳои тухмишиносии зироатҳои саҳроӣ» (2008), «Растанипарварӣ бо асосҳои тухмишиносӣ» (2011), «Сабзавотпарварӣ» (2014), «Картошкапарварӣ» (2014), «Асосҳои агрономӣ» (2016), «Сабзавотпарварӣ» (2019) барои донишҷӯёни факултетҳои боғдорӣ, агрономӣ, агробизнес, иқтисодӣ ва баҳисобгирӣ ва молия китоби дарсӣ ва илмӣ ба шумор мераванд.

Таҳти роҳбарии ӯ 5 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ кардаанд, ки яке аз онҳо доктор PhD аз рӯйи ихтисос мебошад. Айни замон зери роҳбарии ӯ 3 нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи доктор PhD аз рӯйи ихтисос иҷро намуда истодаанд.

Барои фаъолияти бисёрсола дар соҳаи маориф соли 2002 ба унвони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ва соли 2009 бо Ифтихорномаи Вазорати кишоварзӣ қадр карда шудааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2020 ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур таъин гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь