Барои рушди сайёҳии экологӣ як қатор мушкилотро бояд бартараф намуд!
Бояд гуфт, ки сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи фарҳангу таърих, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба шумор меравад.
Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ таъкид дошданд, ки “Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, куҳҳои осмонбус, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту набототи мухталиф ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад”. Ҳамчунин, Сарвари давлат таъкид дошданд, ки барои рушди ин соҳа дар кишвар ҳамаи заминҳои зарурии меъёриву ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуда, илова бар ин, як силсила чораҳои ҳавасмандкунӣ низ татбиқ гардидаанд. Яъне, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шуд, ки ин низ яке аз омилҳо (ҳадафҳо)-и босуботи рушди иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад.
Мутахассисон дар асоси тадқиқотҳо тасдиқ намудаанд, ки соҳаи сайёҳӣ дар вазъи мавҷуда яке аз соҳаҳои афзалиятнок ба шумор меравад, ки он фаъолияти амалии бисёр мамлакатҳои куҳистони ҷаҳон маҳсуб мебошад.
Омили муҳимтарине, ки ба рушди самаранок ва устувори соҳаи сайёҳии минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад, ин дар навбати аввал, дараҷаи нокифояи малакаи кори устувори соҳа, шуурнокии пасти сайёҳии аҳолии маҳаллӣ, мушкилоти мавҷуда вобаста ба ташкил намудани фаъолиятҳои сайёҳӣ, омода набудани ҳудуди минтақа барои пешвоз ва хизматрасонии сифатноки сайёҳӣ, ба тартиб дароварда нашудани инфрасохтори соҳа, дар сатҳи паст қарор доштани корҳои ташвиқотӣ ва бехатарӣ, мавҷуд набудани фаъолиятҳои самараноки маркетинг ва менеҷмент, пешниҳодоти хизматрасониҳои асосӣ ва иловагӣ барои сайёҳон, ҷалби аҳолии маҳаллӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳо ва истифодаи оқилонаи туризм чи ба нафъи табиат ва чи барои баланд бардоштани иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва некӯаҳволии аҳолии маҳаллӣ ва ғайра мебошад.
Масоили рушди туризми экологӣ дар манотиқи куҳистони Тоҷикистон дар вазъи мавҷудаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳурӣ зурурияти ташкили ин соҳаи афзалиятнокро пеш меорад. Барои ҳаллу фасл намудани мушкилоти мавҷуда муҳимтарин шарти фаъолияти пешниҳодшуда – ин қимати амалии он, пешниҳодҳои муфид ва асоснок оид ба ташкил ва рушди самараноки туризми экологӣ бо риояи тамоми қоидаҳои экотуризми байналхалқӣ ва ҳифзи муҳити атроф арзёбӣ мегарданд.
Ташкили фаъолиятҳои экотуристӣ, омода намудани ҳудуди минтақа, инфрасохтори сайёҳии он ва муайян намудани ғунҷоиши он барои фаъолияти самараноки рушди соҳа ва қабули сайёҳон, масъалаҳои ташвиқотӣ ва бехатарӣ, маркетинг ва менеҷменти соҳаи экотуризм, пешниҳодоти хизматрасониҳо барои сайёҳон ва истифодаи оқилонаи он дар ҷумҳурӣ бори аввал ба роҳ монда шуд.
Дар шароити мавҷуда зарурати дар мувофиқа ҳаллу фасл намудани мушкилоти мазкур бо тағйирот дар системаи рушди иқтисодиёт, ташкили фаъолиятҳои наву самараноки соҳибкорӣ ва вобаста ба ин ворид намудани тағйироти куллӣ дар барномаҳои таълимии мактабҳои олӣ, тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси соҳа бо фикру андешаҳои нав ва ба талаботи системаи нави бозорӣ ва умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯй ба миён омад.
Яке аз ҳадафҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон – ин “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 мебошад. Ҳарчанд деҳоти кишварамон нисбат ба солҳои қаблӣ хеле рушду нумуъ карда бошанд ҳам, Пешвои миллат бо ин пешниҳодашон ба аҳолие, ки дар ҳар як гӯшаву канори мамлакат зиндагӣ мекунанд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Бинобар ин, Сарвари давлат ин ҳадафи махсусро пайваста пайгирӣ менамоянд, зеро он мусоидат менамояд, ки аҳолии минтақаҳои куҳистони кишвар низ рӯзгори хешро рушду инкишоф диҳанд.
Бо дарназардошти сабабҳои мавҷуда, туризми экологӣ бояд мавқеи сазоворро дар системаи фаъолияти сайёҳӣ ишғол намояд. Ташкили дуруст ва идоракунии самараноки туризми экологӣ имконияти нигоҳ доштани мувозинати манфиатҳои ҳифзи табиӣ, экологӣ, иҷтимоиро ба вуҷуд меорад. Яке аз мушкилоте, ки пеши роҳи иҷроиши ин мувозинатро мегирад, проблемаи истифодаи мақсадноки нерӯи сайёҳӣ мебошад. Моҳияти мушкилот дар он аст, ки дар баробари аз вайроншавӣ ҳифз кардан ва риояи тозагии экологии ҳудуди табиӣ, ҳамчунин, таъмин намудани ҷараёни воридшавии одамон ба ҳудуди он бояд танзим шавад. Маҳз ҳамин гуна муқовимати манфиатҳои табиӣ – ҳифзи сарватҳои табиӣ аз боздиди идоранашавандаи сайёҳон; иқтисодӣ – дарёфти маблағ, боздиди сайёҳон аз ҳудудҳои табиӣ; иҷтимоӣ – тарбия намудани муҳаббат ба табиат ва барои одамон пешниҳод намудани имконият барои истироҳати пурарзиши моддӣ ва маънавӣ бо роҳи муошират бо табиат ҳангоми рушди соҳаи экотуризм имконпазир мегардад. Муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва бонизоми ҳамаи ин элементҳои сегонаро ба осонӣ мушоҳида намудан мумкин аст.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши ташкили бонизоми туризми экологӣ қадамҳои аввалин гузошта шуда истодааст. Дар мамлакатҳои тараққикарда бошад, баръакс, ин соҳаи туризм аллакай ба дараҷаи баланд расидааст. Одатан, туризми экологӣ дар дохили ҳудудҳои ҳифзшаванда, паркҳои миллӣ, мамнуъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ғайра ташкил карда мешавад. Маҳз дар ин гуна ҷойҳо, сарватҳои нодири табиӣ, ки шиносоӣ бо онҳо диққати шумораи зиёди сайёҳонро ба худ ҷалб мекунанд, имкони зиёдтар ташриф овардани сайёҳон вуҷуд дорад. Дар баробари ин қайд кардан зарур аст, ки гузаронидани туризм дар ҳудудҳои ҳифзшаванда боиси зарар расонидан ба табиати маҳал, объектҳои таърихиву табиӣ, флора ва фаунаи он мегардад, ки ин хилофи талаботи дар намуди аслӣ ҳифз намудани табиат ва гуногуннамудии биологӣ мебошад.
Мувофиқи пешбиниҳои Ташкилоти байналхалқии сайёҳӣ (ТБС), дар асри XXI рушди ин соҳа босуръат афзуда, дар рушди иқтисодиёти бисёр мамлакатҳои ҷаҳон, махсусан рӯ ба тараққӣ ва кӯҳистон саҳми даромади он зиёд мегардад. Ин имконият медиҳад, ки баландшавии сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодиро дар минтақаҳои ақибмонда ва пеш аз ҳама дар минтақаҳои куҳистон босуръат тезонад. Бесабаб набуд, ки соли 2002 аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун соли рушди туризми экологӣ ва соли куҳ эълон гардид.
Имрӯз, вобаста аз боигарӣ ва гуногунии захираҳои экотуристӣ, минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон аз ҷумлаи минтақаҳои ояндадори Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд. Бо вуҷуди ин, вазъи мавҷудаи инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ дар минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон, аз он ҷумла базаи сусти моддӣ-техникӣ, ки 80 фоизи он ба реконструксия эҳтиёҷ дорад, сатҳи пасти хизматрасонӣ, мавҷуд набудани индустрияи шавқовар, беназоратии остонҳо, ҳайкалҳо ва дигар ҷойҳои диққатҷалбкунандаи табиӣ, таърихӣ ва маданӣ ва ғайра боиси он гардидаанд, ки соҳаи сайёҳии тоҷик дар бозори ҷаҳонӣ тамоман рақобат карда наметавонад. То кунун дар ҳудуди минтақа аксари хизматрасонии сайёҳӣ бе ягон хел нақшаҳои рекреатсионӣ – дар сатҳи худфаъолиятӣ амалӣ мегарданд. Баҳодиҳӣ ба шароити табиӣ барои рушди истироҳат ва туризм низ суст амалӣ мешавад. То кунун мухолифатҳои зиёд дар терминалогия ва фаъолияти амалии экотуристӣ мавҷуд аст.
Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки доираи хизматрасонии ҷойҳои саёҳатҳои экотуристӣ сол аз сол васеъ шуда истодааст. Бинобар ин, зарурияти баланд бардоштани сифати омода намудани мутахассисони соҳаи экотуризм: менеҷерҳо, маркетологҳо, роҳбаладон-тарҷумонҳо, саёҳатдиҳандаҳо, коркунони фирмаҳои гуногуни сайёҳӣ, меҳмонхонаҳои сайёҳӣ ва турпаноҳгоҳҳо ба миён омадааст.
Дар роҳи истифодабарии нерӯи бойи экотуристии минтақаҳои куҳистони Тоҷикистон имрӯз мушкилиҳои зиёди характерҳои гуногундошта арзи вуҷуд доранд. Ин мушкилот на танҳо аз норасоии асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, камчинии кадрҳои баландихтисос, инфрасохтори ба таври нокифоя тараққиёфтаи соҳа, дараҷаи пасти пешниҳодоти хизматрасонӣ иборатанд, балки таъсироти беандоза зиёди манфиро ба рушди самараноки соҳа дониши пасти аҳолӣ дар бораи ташкил ва амалӣ намудани фаъолияти самараноки экотуристӣ ва дараҷаи пасти шуурнокии сайёҳии аҳолии минтақа, ки манбаи асосӣ барои пешниҳодоти хизматрасонии иловагӣ ба шумор мераванд, мерасонад.

Фахриддин РАҲИМОВ, устоди кафедраи фанҳои табиатшиносии ДДИТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь