Сипос ба генерал Воҳидзода
Дар остонаи солгарди Истиқлолияти кишвар Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода бештар аз 50 нафар собиқадорони ниҳодро гирди ҳам овард. Аксари онҳо аз ҷумлаи поягузорони ин ниҳоди вижаи муборизаву назорати маводи мухаддир буданд, ки дар рушди Агентӣ чун аввалин сохтори зиддимухаддиротӣ дар минтақа саҳм доштанд. Инҳо буданд аввалин касоне, ки як бинои аз назарҳо дуруфтодаву харобшударо дубора обод карданд ва ниҳодеро поягузорӣ карданд, ки имрӯз Тоҷикистон аз он ифтихор дорад. Чаро ҷойи ифтихор ҳам набошад, дар ҳоле, ки СММ аввалин тарҳи ташкили як чунин сохтореро, ки махсуси муборизаву назорати маводи мухаддир дар минтақа бошад, маҳз дар Тоҷикистон татбиқ кард.
Ҳамоно ёдам меояд, ки Кофи Аннан – Дабири кулли вақти СММ ҳини дидораш аз Тоҷикистон ба Агентӣ омад, бо кормандон ҳамсуҳбат ва бо фаъолияти он аз наздик ошно шуд, боздоштгоҳи муваққатӣ ва анбори нигаҳдории мухаддироти мусодирашударо дид ва ҳамон дақиқаву сонияҳое, ки бо ҳавопаймо ба мақараш бармегашт, ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешуд: «Боздиди ман аз Агентии миллии назорати маводи нашъаовар бароям ҳаловати бузурге бахшид, зеро кори Агентӣ исботи ҳаққонии он нукта мебошад, ки то кадом ҳадд Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили маводи нашъадор устувор аст. Ин намунаи он аст, ки мо бояд чӣ тавр фаъолият намоем…”.
Дар мулоқот генерал-майор Шеравлиё Мирзоавлиёев ҳузур дошт, ки нахустин муовини аввали Директори Агентӣ ва баъдан Сардори Раёсати Агентӣ дар Суғд ва намояндаи Агентӣ дар САРИКС буд. Мирзоавлиёев аз табори паҳлавононест, ки мегӯянд пушташ замин надида. Бо вуҷуди дастовардҳои хубаш дар варзиш ва Қаҳрамони чандинкартаи ҷумҳурӣ дар куштӣ будан, шомили мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуд ва то рутбаи генералӣ хастанопазирона фаъолият кард. Охирин бор шояд соле пештар ӯро дида будам ва гуфтам чун дар варзиш ҳам муваффақ будеду дар афсарӣ низ, ҳоло вақти он расида, ки як китоби шеъратонро ҳам нашр кунед. Мирзоавлиёев табъи хуби шоирӣ дорад ва навиштаҳояшро гоҳу ногоҳ дар “Фейсбук” мекораду баҳра мегирем.
Полковник Ҷумъабой Маликов ҳузур дошт, ки аз оғоз аввал муовин ва баъдан то рафтан ба нафақа сардори шуъбаи тафтишотии Агентӣ буд. Бо акои Ҷумъабой ҳамеша дар бораи як дӯсти муштаракамон суҳбат мекунем, ки Сафар ном дораду дар Ромит асалпарварӣ мекунад. Аммо дар бештар аз даҳ соли кор на мо асалхӯрӣ рафтему на Сафар асал овард.
Аз муовинони собиқ Раҳим Каримов (мулло Абдураҳими Кӯлобӣ) ва Бунафша Одинаева ҳам ҳузур доштанд. Полковник Руслан Қосимов ва Олга Муравлёва низ омада буданд. Руслан Қосимов аввалин сардори Ситод ва полковник Олга Муравлёва баъди рафтани Владимир Расулович Раҳмонов дар такмили маркази таҳлилӣ саҳми арзанда гузошт.
Фахриддин Ҷонмаҳмадов, яки дигар аз сарварони Ситоди Агентӣ, як хидматкарда дар сохтори амниятии кишвар низ дар мулоқот ҳузур дошт. Бо акои Фахриддин ҳамқаламему ҳарду дастпарвари як донишгоҳ. Ишон дар Агентӣ аз донандагони хуби забон маҳсуб мешуданд ва дар тарҷумаи ибораву ҷумлаҳо аз русӣ аз ҳам баҳра мебурдем.
Сафол Мусоев, ки аввалин сардори шуъбаи пешгирӣ аз нашъамандӣ буд, баъди рафтан аз кори Агентӣ озмоишгоҳи Хадамоти гумруки кишварро такмил дод ва баъдан куллан ба кори педагогӣ гузашт. Рисолаи доктории худро ҳимоя намуд ва ҳоло профессор, декани факултаи фарматсевтии ДМТ аст. Чанде пеш Доктори фахрии Донишгоҳи тиббии шаҳри Харкови Украина интихоб шуд.
Аммо инҳо набуданду намеоянд дигар…
Дигаронро-ку намедонам, вале шахсан худам пазмони чеҳраҳое будаму миёни ҳузурёфтагон ҷустаму наёфтам, ки медонам дигар ҳаргиз намеоянд. Бештар аз генерал-майори адлия Амир Саидович Олимов ёд кардам. Шояд ҳеч марде қоматбаландтар дар Агентии замони ман аз Амир Саидович, Шеравлиё Олимович ва Дона Идрисовичро ёд надорам. Амир Саидович ба назарам як муфаттиши модарзодеро мемонд ва хеле дақиқкор буд. Ҳар боре ба утоқаш медаромадам, саргарми мутолиаи парвандаҳо буду иштибоҳу хатоҳоро меҷуст ва ба шогирдонаш гӯшзад мекард. Вай шояд барои ҳамкоронаш ба ҷуз ин ки сарвар бошад, боз муаллиме буд, ки метавонистанд аз ӯ зиёд омӯзанд. Ҳар боре медид, аҷаб хушҳол мешуд ва мегуфт: “Ку биё, Шафиҷон, чӣ хабарест дар олам?”. Аммо он рӯз миёни анбуҳи ҳамкорони собиқадорам ӯро надидам.
Генерал-майор Вайсиддин Азаматов ҳам дигар шамъи тобони ин маҷлис нест. Шояд ду сол баъди он ки ман аз кори Агентӣ рафтам, ӯ бар асари беморӣ аз олам даргузашт. Ва як рӯз пас лавҳае ҳам навиштаму дар “Нигоҳ” чоп кардам. Инсони шариф буд, зиндаёд. Ҳаргиз аз касе нашунидаам, ки бо вуҷуди муовини аввали Директор будан касеро ранҷонида бошад. Ман нашунидам, дигаронро намедонам.
Аз полковник Шавкат Олимович Алимов ёдам омад. Муовини сардори Ситод буд. Чизе, ки аз ӯ ёд дорам, ҳамеша саргарми мутолиа будани ӯ буд. Бекитоб ӯро надидам, соатҳои фориғ ҳамеша роман мехонд. Шояд баъди Рустам Назарзода каси дигар дар Агентӣ ба ҳадди ӯ саводи русӣ надошт. Соли гузашта тарки олам кард. Аз замони нафақа рафтанаш ман дигар ҳатто боре ҳам ӯро надида будам. Рафтанаш ҳам аз Агентӣ башитоб буд, ногаҳонӣ ва хеле зуд. Мисли ин ки чӣ ранҷише дошту дигар асрор ҳувайдо накард. Одати бечоранолӣ надошт, шиква аз касеву чизе ба хислати ӯ бегона буд.
Полковник Афғоншо Мамадалибеков аввалин Сардори шуъбаи кадрҳо буд ва баъдан сардори Қисми навбатдорӣ. Хотироти ҷолибашро дар бораи аввалин моҳҳои қабули кормандони нахустин дар қолаби як дастнавис дар даст дорам. Онро бо хоҳиши ман навишта буд. Замоне мехостам аз хотираҳо китобе мураттаб кунам, вале касе дастгирӣ накард. Он навштаҳоро ҳоло ҳам нигоҳ медорам, ба умеде, ки замоне ягон нафар аз роҳбарони Агентӣ ба ин иқдом даст мезананд. Охир ин таърих аст, як пораи таърихи кишвар. Акои Афғоншо соли ҷорӣ қурбонии “КОВИД-19” шуд. Ӯ низ аз аҳли мутолиа буд ва ба фарқ аз дигарон шеъри форсӣ зиёд медонисту таҳлил ҳам мекард.
Полковник Муродқул Ҳазратқулов, полквоник Павленко Михаил Фёдрович. Ду нафаре, ки фаъолияти кории худ дар Агентиро дар Қисми навбатдорӣ поён доданд ва нафақа рафтанд. Павленко марди дилсафеде буд ва ҳамеша шӯхӣ мекарду механдид. Соле қабл даргузашт. Пештар аз ин писарашро гоҳу ногоҳ медидам, чун бо мо ҳамсоя буд. Баъдан кӯчиду рафт, ҳоло намедонам куҷост.
Акои Муродқулро шояд ҳама чун як ташкилотчӣ ёд дошта бошанд, чун дар ҳама тадорукот вай маҳз ҳамин нақшро ба уҳда дошт ва ин вазифаро хуб анҷом медод. Пеши руҳи акои Муродқул ҳамеша қарздор мондам, ки шармандаам. Мехост дар бораи падари қаҳрамонаш як очерк нависам. Аммо то ман ҳозир шудам, ки мӯсафед тарки олам кард. Ва баъдан худобиёмурз ҳам дар сӯги фарзанди ҷавонаш нишасту ин ғам ба оҳистагӣ шамъи ҳаёташро хомӯш кард.
Ва боз дигарон…
Бисёр мехостам полковникҳо Алишер Орифов, Дона Ҷунаев, Ҳикмат Ғаниев, Суҳроб Сафаров, Султонбек Замиров, Вамариҷ Қайсов, Икром Иброҳимов, Маҳмудҷон Додоҷонов, Шодиёр Шодмонов, Николай Каримовро бинам. Ин чанд тан ба чӣ сабабҳое ҳозир нашуданд. Аз ҳар кадоме чизе омӯхтаам, ба таҷрибаи зиндагиам чизе аз онҳо зам шудааст. Медонам, ки Николай Каримов ба Русия кӯч баста буд. Замоне мо ҳар субҳ бо ҳам ба кор меомадем ва тобистонҳо аз истгоҳи Сирк ғарқи суҳбат то бинои Агентӣ пиёда қадам мезадем. Николай Лоиқович аввалин Сардори Қисми навбатдорӣ буд. Боре гуфт: “Мехоҳам то имкон дорам, сураҳои Қуръонро азхуд кунам. Хуни аҷдодӣ мекашад. Бояд намоз хонам”. Ва баъдҳо медидам, ки сура азёд мекарду гоҳ-гоҳе баъзе қоидаҳоро аз ман мепурсид. Аммо надонистам, ки намоз хонд ё на. Чун аз Тоҷикистон рафт. Боре аз Владимир Раҳмонов шунида будам, ки дар кадом вилоят ё ноҳияи Русия сардори милитсия буд…
Полковник Султонбек Замиров табиатан шахси ҳалимест. Боре шабона навбатдор будему то дергоҳ аз ину он суҳбат кардем. Шӯхиомез гуфтам: “Акаи Султонбек, дар тааҷҷубам, ки чӣ гуна ту полковник шудӣ?”. “Чаро?”,- пурсид ӯ. Гуфтам: “Бо ин ҳалимӣ бояд шоир ё нависанда мешудӣ”. Хеле хандид. Аз он рӯз шояд 15 сол гузашт ё бештар ва ҳар боре ба амри тасодуф дар кӯча сар ба сар мезанем, саломаш ин аст: “Ҳоло ту аввал бигӯ чаро шоир нашудӣ-а?”. Ва аз лаҳни хуши бадахшонаш бештар хушам меояд ва то оғӯш кушодан қоҳ-қоҳ механдем. Он рӯз, ки миёни собиқадорон набуд, дилам барояш танг шуд. Ният кардам ба зудӣ хонааш равам, алабатта агар тобистон Помир нарафта бошад.
Нишасту диду боздидҳои он рӯз хеле хотирмон буданд. Мо ҳамагӣ дар ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба сисолагии Истиқлолияти кишвар ширкат кардем. Парчами миллиро оварданд, Суруди миллӣ садо доду ҳамовоз шудем. Маърӯзаи пурмуҳтавои директори Агентӣ, генерал-майори адлия Ҳабибулло Воҳидзодаро шунидем. Аз миёни собиқадорон Раҳим Каримович ва Шеравлиё Мирзоавлиёев суханронӣ карданд.
Баъдан дар як вазъи идона кормандони хидматкарда бо мукофотҳо ва рутбаҳои ҳарбиву сипосномаҳо қадрдонӣ шуданду барояшон кафкӯбӣ ҳам кардем. Боз ҳам манзараи ошно. Он замон мо саф ороста будему барои рутбаи нав даъват мешудем. Ҳоло дигарон даъват мешуданду мо барояшон каф мекӯфтем.
Сипас генерал Воҳидзода дар шоҳидии кулли кормандон бо ҳар нафар аз собиқадорон дидор кард ва туҳфаи арзишманди пулӣ ба муносибати Истиқлолият тақдим намуд.
Он рӯз мо ҷамъомади дигар ҳам доштем. Шӯрои собиқадорони Агентии назорати маводи нашъаоварро дубора созмон додем. Ин Шӯро бори аввал замони сарварии генерал Назарзода таъсис шуда буду агар иштибоҳ накунам, полковник Ҳикмат Ғаниев сарвари он буд. Вале баъдан он парешон шуд. Ҳоло роҳбарияти Агентӣ тасмим гирифт Шӯроро дубора созмон диҳад ва полковник С. Раҳматуллоев раис ва Ш. Саодатқадамов муовини ӯ интихоб шуданд. Ин шӯро дар бинои Агентӣ соҳиби дафтари корӣ хоҳад буд ва ҳадаф ҳам кор бо собиқадорон ва ҳамзамон омӯзиши таҷрибаи пешиниён барои имрӯзиён аст.
Дар хотима ҳамагӣ ба як зиёфати хеле олии идона дар як бӯстонсаро дар дараи Варзоб даъват шудем ва қариб то бегоҳ аз ҳавои тозаи Варзоб нафас кашидем, соҳили дарё нишастем ва суҳбат кардем.
Гумон накунам, ки ин фурсати фароҳамомада умре аз ёду хотирам фаромӯш шавад. Ва мушоҳидаҳоям ҳам зиёданду фурсат мехоҳанд, ки рӯи коғаз орам. Ҳамеша орзуям ин аст, ки таърихи Агентиро аз аввал то имрӯз дар шакле бинвисам, ки хотирмон бошад. Албатта, агар умр вафо кунад ва дастгирӣ кунанд…
Бобоҷон ШАФЕЪ, майори мустаъфӣ, собиқадори Агентии назорати маводи нашъаовар, Аълочии матбуоти Тоҷикистон
Аз маколаи устод Бобочон, ки замоне дар ситоди агенти якчоя хизмат мекардем, дар бораи собикадорони ин даргох хабархои тозае пайдо кардам. Дар хакикат аз Чонмухаммадову Шавкат Алимов, Хазраткулову Амир Олимов, Шодиер Шодмонову Алишер Орифов ва бахусус Рустам Урмоновичу Бобочон Шафиеву Рахматуллоев ман на танхо одоби каламгузориву киссанависиро омухтам, онхо инчунин маро ба рохи мардонагию шучоати афсари хакикии кишвар хидоят намуданд, бори дигар ташаккури зиед бар онхо. Дар аксхо бисере аз собик хамкоронро дида, хурсанд шудам. Мутаассифона чуноне устод Бобочон гуфтанд, аз марги хамхизматон андухи сахт калбамро ранч кард. Ба хар хол шодам, ки чунин чорабинии хотирмон аз чониби рохбари кунунии агенти ташкил шудааст.