Боиси хушнудию сарафрозист, ки халқи шарифи тоҷик таҳти роҳбарии хирадмандонаи сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бисту ҳашт сол аст, ки дар фазои сулҳу оромӣ баҳри шукуфоии Ватани хеш камари ҳиммат баста, бо меҳнати созандаву бунёдкоронаи худ зиндагии бофароғат мебарад.

Хурсандиовар аст, ки ҳамаи пешравиҳо ва дастовардҳои шоёни таҳсини мардум аз самараи Истиқлолияти давлат, ки он 9-уми сентябри соли 1991 бо Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ эълон карда шуд, ба даст оварда шудааст.

Мо – аҳли судяҳои ҷумҳурӣ дар баробари тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он фахр мекунем, ки танҳо пас аз эълони Эъломия бори нахуст муқаррарот дар бораи таҷзияи ҳокимият қабул гардида, ҳокимияти судӣ рукни алоҳида ва мустақили ҳокимияти давлатӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузар ва иҷроия нишон дода шуд. Ва ин муқаррарот пас аз чанде дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойи аслии худро гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки чунин арзиши демократиро собиқ Давлати Шӯравӣ дар тӯли мавҷудияти 70-солаи худ ҷорӣ накарда буд. Шохаи алоҳидаи ҳокимияти давлатӣ эълон кардани ҳокимияти судӣ аз пайваста зоҳир кардани ғамхории Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ин рукни давлатӣ шаҳодат медиҳад. Дере нагузашта, пас аз эълони Эъломия дар бораи Истиқлолияти давлатӣ соли 1997 бо фармони Ҷаноби Олӣ ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ эълон карда шуд, ки баъдан ин ба барномаи давлатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ табдил дода шуд.

Ин чорабиниҳо, ки бо туфайли ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ гузаронида шуданд, бешубҳа ба баланд бардоштани мустақилияти ҳокимияти судӣ мусоидат менамоянд.

Аз ин хотир, мо – судяҳо вазифадорем, ки ҷиҳати баамалбарории адолати иҷтимоӣ ва бобати ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат ва тартиботи ҷамъиятӣ қарорҳои қонуниву асоснок қабул намоем ва бо ин восита дар оромиву суботи кишвар саҳми арзандаи худро гузорем.

 

Бахтиёр ХОЛИҚЗОДА,

муовини якуми раиси Суди шаҳри Ваҳдат

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь