Дар тӯли таърих миллати тоҷик бисёр фоҷеаҳои хунину сангинро паси сар намудааст. Ҳамин буд, ки дар давоми асри XX миллати тоҷик марҳила ба марҳила ба сӯи истиқлолияту ягонагӣ роҳи душвору пурпечу тобро тай намуда, истиқлолияти комилро ба даст овард.
Санаи муҳими таърихӣ, яъне 9 сентябри соли 1991 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор қабул карда шуд.
Ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон ҳодисаи муҳими таърихӣ гардид. Аммо Истиқлолият осон ба даст наомадааст. Чи қадар мардуми тоҷик дар паёмади ба даст овардани Истиқлолият ҷони худро аз даст доданд. Як қисми мардуми тоҷик аз марзи ҷумҳурӣ берун шуда, ба душвориҳои зиёд дучор гардиданд.
Аммо бо ҷаҳду кӯшиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари мо тадриҷан сулҳу оромӣ пойдор гардид. Қисми зиёди гурезагони иҷборӣ, ки аз марзи кишвари мо берун шуда буданд, ба маҳалли зисти худ бозгаштанд.
Муваффақиятҳои дар муттаҳидсозии ҷамъият, таҳкими сулҳу суботи сартосарӣ ба даст омада, ба мо имкон доданд, ки дар эҳёи соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт дастовардҳои назаррас дошта бошем, аз ҷумла, дар 28 соли соҳибистиқлолӣ нерӯгоҳҳои обии барқии «Сангтӯда-1» ва «Сангтӯда-2», роҳҳои оҳани «Қӯрғонтеппа-Кӯлоб» ва «Ёвон-Ваҳдат», нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Озодӣ» ва «Хатлон», хатҳои баландшиддати интиқоли барқи «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Лолазор-Сангтӯда-1», роҳҳои мошингарди «Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ-Мурғоб-Кулма-Қарақорум», «Душанбе-Рашт-Саритош», «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», пулҳои мамлакатамонро бо Ҷумҳурии Афғонистон ва роҳҳои бо мамлакатҳои ба мо дӯсти Чин, Покистон ва Афғонистон сохта ба истифода дода шуданд.
Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад.
Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Конститутсия шуд ва Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.
Истиқлолияти давлатӣ, инчунин ҳувияти миллии мардуми тоҷикро ба зинаи комилан нав бардошт ва барои тақвияту густариш пайдо кардани ваҳдати тамоми сокинони Тоҷикистон заминаи пойдор фароҳам овард.
Фароғат САЛИМОВА, омӯзгори МТМУ № 94-и ноҳияи Сино