Бисту шаш сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омад: Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахш аввали моҳи сентябри соли 1991 ба вуқуъ пайваст ва 9-уми сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Дар харитаи дунё давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон арзи ҳастӣ кард ва аз оғози марҳилаи наву тозае дар таърихи халқи тоҷик башорат дод. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик рӯзи муқаддас ба шумор меравад.

Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд. Истиқлолият барои мо нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари идеалу ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари азизи Тоҷикистон мебошад.
Ибтидои ваҳдати мо рӯзи истиқлоли мост. Ҳарчанд тоҷикон аз қадимтарин халқҳои дунё маҳсуб мешаванд, аз ҷумлаи бунёдгузорони таърихи тамаддуни башарият буданду ҳастанд, фарзандони бодонишу бофарҳанги халқи тоҷик мисли нигини тобноке тоҷи давлату давлатдориҳои аҷнабиро шукуҳ мебахшиданд, вале ин миллат баъд аз фурӯпошии сулолаи бузурги Сомониён дар тӯли ҳазор соли охир аз давлату давлатдорӣ маҳрум буд. Аз ин рӯ, рӯзи 9-уми сентябри соли 1991 барои мо на танҳо рӯзи истиқлолияти Тоҷикистон, балки ҳамчун санаи барқароршавии адолати таърихӣ азизу арҷманд аст.
Мафҳуми «истиқлолият» дар фарҳангҳо мустақил, мухтор, соҳибихтиёр ва бе дахолат анҷом додани нақшаҳо ва ё корҳои бузург аст. Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки бисту шаш сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, аз шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – парчам, нишон ва суруди нави миллӣ гардидем. Ба ҳамин хотир, калимаи «истиқлолият» имрӯз барои мо Тоҷикистониён бештар аз ҳарвақта муқаддас ва азиз гардидааст.
Тоҷикон аз қадимулайём миллати озодипарасту озодихоҳ буданд. Солҳои сол дар дил орзуи озодиро мепарвариданд. Бо амри тақдир ва бар асари таҳаввулоти фарогирии сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик воқеаи хеле бузург буд. Вале Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои сангин рӯ ба рӯ гардид. Халқи тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад.
Яке аз мардони ватандӯсту миллатпарвар ва обрӯманд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ободии ватан ва оромии халқи тоҷикро аз Худованд талаб мекард ва мехост миллатро якҷо карда, дар байни онҳо сулҳу оштиро барқарор намояд. Чунонки Худованди мутаъол мефармояд: «Ва агар ду гуруҳе аз муъминон бо якдигар ҷанг кунанд, пас миёни онҳо сулҳ кунед». Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Сарвари давлат роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва пайваста талош меварзид, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гардад. Ниҳоят бо ташаббус ва ҷонфидоиҳои ин родмарду қаҳрамони миллат миёни мардуми тоҷик сулҳ барқарор гардид ва барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард. Чунонки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Шукронаи неъмати истиқлол, ки имрӯзҳо халқи ободкору созанда ва меҳанпарвару меҳнатдӯсти мо дар рушди давлатдории миллӣ қадамҳои устувори худро гузошта истодаанд. Аз ин рӯ, комилан табиист, ки вазъи имрӯзаи кишварамон дарку эҳсоси нави арзишҳои фарҳангию миллиро тақозо намудааст, зеро дар баробари ба даст овардани истиқлолият, заминаи мусоиди ташаккулёбии худшиносии миллӣ, таваҷҷуҳ ба мероси таърихии халқи худ, эҳёи арзишҳои миллӣ, забони миллӣ, анъанаҳои фарҳангию маърифатӣ ва ғайраро тақозо дорад. Таърих гувоҳ аст, ки ташаккули ҳар як давлати соҳибистиқлол пеш аз ҳама ба анъанаҳои миллӣ, фарҳангӣ, динӣ, ба дарки мансубияти миллӣ, сарватҳои бемислу монанду нотакрори фарҳангӣ, ки таърихи ҳар як халқро ташаккул медиҳад, ба муҳити табиӣ ва дастовардҳои гуногуни ҳаёти маънавӣ такя мекунад. Имрӯз беш аз 97% мардуми сарзамини мо дини Исломро пайравӣ менамоянд ва аҷдодони баору номуси мо тибқи тавону истеъдоди фитрии хеш саҳми худро дар рушду пешрафти дини мубини Ислом бо ҳарфҳои заррин навиштаанд. Бале, шукру сипос ба Худои мутаол, ки имрӯз мо ҳама мусулмонему аз сарчашмаи ноби таълимоти Ислом ва Паёмбари акрам, саллаллоҳу алайҳи ва саллам баҳра мебарем. Шукри истиқлоли кишвар, ки ба мусулмонони Тоҷикистон ҳуқуқи озодии виҷдон – озодии пайравӣ ба динро ато намуд.
Дини мубини Ислом хизмат намудан ба мардум ва кӯшиш дар роҳи ислоҳи ҷомеаро яке аз беҳтарин корҳои нек меҳисобад. Барқарор кардани оштӣ ва сулҳу сафоро дар байни мардум яке аз ҳадафҳои асосии худ мешуморад, зеро душманиву адоват монанди бемории сирояткунандае мебошад, ки дар байни дӯстону наздикони тарафайн зиддиятро ба вуҷуд оварда, боиси нофаҳмиҳои омма ва баҳсу мунозира мегардад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ бисёр дуруст қайд намуданд: «Террорист ватан, дин ва мазҳаб надорад». Бинобар ин, шариати исломӣ ҷилавгирӣ аз адовату душманӣ ва эҷод кардани сулҳу сафоро дар байни мардум яке аз сифоти хуби мусулмонон меҳисобад.
Агар мо ба ҳаёту зиндагии Паёмбари Худо (с) назар андозем, эҳсос мекунем, ки ҳаёти Расули акрам (с) пур аз панду ҳикмат мебошад ва мо метавонем аз ин зиндагиномаи Расули Худо (с) манофеи зиёде гирифта, онро ҳамчун намунаи зиндагии худ қарор диҳему ба он амал намоем.
Вазифаи ҷонии ҳар фарди соҳибхирад аст, ки неъмати бебаҳои истиқлолиятро чун гавҳараки чашм ҳифз намуда, барои пешрафт ва шукуфоии кишвари соҳибистиқлоламон саъйу талош ба харҷ диҳад. Дар амалишавии ин ва дигар нақшаву ниятҳои нек ба ҳамагон комёбиҳои бемисл орзумандем.

Раҳим КАРИМОВ,
декани факултети филологияи Шарқи ДИТ ба номи Имоми Аъзам – Абуҳанифа

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь