Собиқ Котиби Генералии Созмони Милали Муттаҳид Кофи Аннан қайд намудааст: «Тоҷикон намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар ба армуғон оварданд». Ин аст, ки сулҳу Ваҳдати Тоҷикистон ҳам аҳамияти миллӣ ва ҳам аҳамияти байналмилалиро доро гашта, аз ҷониби сиёсатмадорон ва сарварони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст.

Вақте ба таърихи гузаштаи хеш назар меафканем ё сухан аз истиқлолият меравад, беихтиёр моро пеши назар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷилвагар мешавад. Он давраи мушкил ва ҳассос, ки касе аз намояндагони мардум намехост зимоми давлатдориро ба души хеш гирад, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъулиятро ба зимма гирифтанд. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфт ва кишвари мо дар ҳолати ногувор қарор гирифтаву иқтисодиёти давлат хароб гашта буд. Дар он рӯзҳои барои миллат пурдаҳшат ба ояндаи нек қариб, ки боварии касе намонда буд. Хушбахтона, дар чунин давраи ҳассоси таърихӣ фарзанди далеру шуҷоъ ва баруманди миллат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омада, дар назди халқу миллат бо дилу пур ваъда доданд: «Ман ба Шумо сулҳ меорам» ва ба иқболи баланди халқи мутамаддини тоҷик ҳамин хел ҳам шуд. Мо инро ҳеч гоҳ фаромӯш карда наметавонем. Аз таҳлили мутахассисону олимони иқтисоддон бармеояд, ки ҷанги шаҳрвандӣ ба иқтисодиёти кишварамон зиёда аз 10 миллиард доллари амрикоӣ зарари моддӣ расонид. Аз тарафи дигар, гусасташавии риштаҳои хамкории шарикӣ байни давлатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистонро ба бунбасти коммуникатсионӣ рӯ ба рӯ намуд. Сатҳи бекорӣ ба ҳадди ниҳоӣ расида, сатҳи камбизоатӣ ба 80 % расид. Дар маҷмӯъ ин вазъият ҳолати хеле ногуворро дар иқтисодиёти миллии кишвар ба миён овард. Пешвои миллат аз рӯзҳои аввал кӯшиш намуданд, ки вазъи сиёсиву иқтисодии кишварро ба эътидол оварда, пастравии сатҳи истеҳсолотро боздоранд, то ин ки кишварамон аз ин вазъи номусоид берун ояд. Дар ин давра, ки тамоми корхонаҳо валангор буданд ва давлат халқи худро ҳатто бо озуқаворӣ таъмин карда наметавонист, роҳҳои аз замони шӯравӣ меросмонда ба ягон талабот ҷавобгӯ набуданд ва мардум норасоии обу барқро ба куллӣ эҳсос менамуданд, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон зери хатар монда буд. Кӯшишу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки миллати бофарҳангу тамаддунсози парешону сарсоншудаи мо сарҷамъ шуд. Пеши роҳи ҷанги бародаркуш гирифта шуд. Миллат ба ваҳдат омад.

Мамлакати мо бо ба даст овардани соҳибихтиёриву соҳибистиқлолӣ ва Сарвари меҳанпарвару оқил соҳиби Нишон, Парчам, Суруди миллӣ, асъори миллӣ, инчунин, Артиши миллӣ гашт. Бо саъю кӯшиш ва талошу ҷонбозиҳои Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро зиёда аз 145 кишвари дунё ҳамчун давлати мустаққил шинохтаву эътироф мекунанд. Ҷумҳурии мо бо як қатор давлатҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои тиҷоратӣ ба роҳ мондааст. Файзи ваҳдату истиқлол аст, ки бо кӯшишу ғайрати Роҳбари давлат ва тамоми халқи меҳнатқарини тоҷик соҳаҳои иқтисодиёту маориф, тандурустиву кишоварзӣ давра ба дара рушд ёфта, мустаҳкам гардида истодаанд. Маврид ба зикр аст, ки тайи чанд соли охир сатҳи ҳаёти мардум ру ба беҳбудӣ ниҳодаву гӯшаву канори диёрамон боз ҳам ободу зеботар мегардад. Аз ҷумла, амалӣ гаштани ҳадафҳои стратегии давлат: баромадан аз бунбасти комуникатсионӣ, таъмин намудани истиқлолияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергитикӣ ва ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистони азиз самараи соҳибистиқлолии Ватан аст, ки ин ҳама бидуни ваҳдат имконнопазир аст. Мардуми тоҷик имрӯз ифтихор аз он дорад, ки дар интихоби Сарвари хеш хато накардааст ва заҳматҳои шабонарӯзии Пешво миллат буд ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик аз дастовардҳои бузурги истиқлолияти хеш чун сохтмони НБО-и Роғун, Сангтуда-1, Сангтуда-2, “Нақби Истиқлол”, Роҳи мошингарди Бадахшон, Роҳи оҳани Хатлону Кӯлоб ва як қатор иншоотҳои бузурги кишвар истифода мебарад. Ин ҳама ободиву муваффақиятҳо ба руҳу ҷони ҳар фарди Ватан илҳоми тозаеро бахшида, дилро ба ваҷд меоварад…

Сафарзода Қутратулло Ҳукумат,

судяи суди ш. Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь