Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Холзода Бобишо Нарзулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф, дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар чормоҳаи соли ҷорӣ баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” санаи 21-уми декабри соли 2022 баён доштанд, чораҳои мушаххасро амалӣ намуд.
Иҷрои буҷет
Раиси ноҳия дар хусуси иҷрои буҷети ноҳия иттило дод, ки татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ намудани нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроия ҷиҳати иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-декабри соли 2022, иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар тадбирҳои андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар чормоҳаи аввали соли 2023 дар ноҳия афзоиши нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоӣ таъмин карда, як қатор натиҷаҳои мусбати иқтисодию иҷтимоӣ ба даст оварда шаванд. Дар ин давра ба буҷа дар қисми даромад бо дарназардошти маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ба ҷои 19 млн. 200 ҳазор сомонӣ, 20 млн. 16,8 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 104,3 фоизи нақша маблағ ворид шуд, ки аз нақша ба маблағи 816,8 ҳазор сомонӣ ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 млн. 280,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ ба андозаи 100% ё ба маблағи 13 млн. 500 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки дар муқоиса ба як соли пештар 2 млн. 100 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Пардохти андозу даромадҳои худӣ пурра таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба ҷои 5 млн. 700 ҳазор сомонӣ 6 млн. 516,8 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 114,3% маблағҳо ворид гардиданд, ки аз нақша ба маблағи 816,8 ҳазор сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 180,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар қисми хароҷоти буҷети маҳаллӣ ба ҷои 20 млн. 159,2 ҳазор сомонӣ, 17 млн. 461,3 ҳазор сомонӣ маблағ сарф карда шудааст.
Маблағи бақияпулиҳо ба ҳолати 1 марти соли 2023 аз рӯи андозҳои пардохтнашуда 919 ҳазор. сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба аввали сол 17 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.
Соҳибкорӣ
Ҳамсуҳбати мо дар хусуси вазъу пешрафти соҳибкорӣ дар ноҳия суҳбат карда, аз ҷумша, қайд кард, ки тибқи маълумоти нозироти андоз дар ноҳия 5043 нафар соҳибкорони инфиродӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки аз ин 4458 нафар тибқи шаҳодатнома, 176 нафарашон дар асоси патент ва 409 нафар шахсони ҳуқуқӣ фаъолият менамоянд.
Ин нишондиҳанда дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 118 адад зиёд мебошад.
Тибқи маълумоти бонкҳо ва ташкилотҳои хурди қарздиҳӣ дар давраи ҳисоботӣ дар самти фаъолияти соҳибкорӣ 3 млн. 865,9 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 265,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Кишоварзӣ ва истифодаи замин
Мавсуф ҳамзамон, дар мавриди кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин қайд кард, ки дар ноҳия 3883 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият менамоянд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 114 адад зиёд аст. Дар ин давра 45,5, 11 га боғу токзори нав бунёд гардидаст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 22,1, 6 га зиёд мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ дар майдони 6785,5 га кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 404,9 га зиёд аст. Аз ҷумла, 2613 га ғалладонагиҳо ё 102 фоизи нақша иҷро гардид. Ҳамчунин, 903 га. зироатҳои техникӣ, баробар ба 159,8 фоизи нақша, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 338 га зиёд, 240,3 га картошка ё 140,7 фоизи нақша, ки нисбати соли гузашта 69,6 га зиёд ва 243,2 га сабзавот баробар ба 160,6 фоизи нақша, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 91,8 га зиёд аст. Мавсими кишти баҳорӣ бо дарназардошти шароитҳои иқлимӣ дар қисмати ҷамоатҳои картошкапарвари ноҳия рӯзҳои наздик оғоз мегардад.
Дар чормоҳаи якуми соли 2023 таъмиру барқарорсозии наҳрҳои таъминкунандаи оби полезӣ дар масофаи 4,4 км. ба анҷом расонида шуд, ки дар натиҷаи он ҳолати мелиоративиии заминҳо ва таъминот бо оби полезӣ то дараҷае беҳтар гардид.
Инчунин, номбурда тазаккур дод, ки дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия 46500 сар ҳайвони калони шохдор ё баробар ба 105,9 фоизи нақша ва нисбат ба соли гузашта 1372 сар зиёд, 114724 сар бузу гӯсфанд баробар ба 101,6 фоизи нақша ва нисбат ба соли 2022, 1810 сар зиёд, 438867 сар паранда баробар ба 120,3 фоизи нақша ва нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 74233 зиёд, 1796 сар асп баробар ба 111,6 фоизи нақша, аз соли гузашта 188 сар зиёд ва 8688 оилаи занбури асал ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2022, 866 оилаи занбури асал зиёд мебошад.
Энергетика, саноат, нақлиёт ва коммуникатсия
Раиси ноҳия дар бобати энергетика, саноат, коммуникатсия ва нақлиёт дар чор моҳи соли ҷорӣ сухан гуфта, махсусан афзуд, ки корхонаҳои саноатии ноҳия новобаста аз шакли моликияташон, бо дарназардошти истифодаи қувваи барқ ва оби нӯшокӣ дар давраи ҳисоботӣ дар маҷмӯъ 10 млн. 229,3 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва коркард намудаанд, ки нисбат ба чормоҳаи аввали соли 2022 36,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар ин давра ба аҳолии ноҳия ба миқдори 34 млн. 246,2 ҳазор кВт соат қувваи барқ дода шудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 11 млн. 779,2 ҳазор кВт соат зиёд мебошад. Маблағи умумии қувваи барқ 9 млн. 400,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва аз ин ҳисоб 8 млн. 938,3 ҳазор сомонӣ ё ба андозаи 95,1% пардохт карда шудааст. Ба ҳолати 31 марти соли 2023 маблағи қарздорӣ аз ҳисоби қувваи барқ дар ноҳия 9 млн. 587,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи чормоҳаи соли гузашта 275,5 ҳазор сомонӣ кам мебошад.
Дар чормоҳаи аввали соли 2023 барои таъмир, сохтмони асосӣ ва дигар корҳои ободонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар ноҳия ба маблағи 8 млн. 28 ҳазор сомонӣ корҳо иҷро карда шудаанд, ки нисбат ба чормоҳаи якуми соли 2022 1 млн. 932 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия бо ҳама намуди нақлиёти хизматрасонӣ ҳаҷми мусофирбарӣ ба 457 ҳазор нафар расонида ва ҳаҷми гардиши боркашонӣ ба 220,8 ҳазор тонна расонида шудааст. Ин нишондиҳандаҳои мазкур дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 37,4 ҳазор нафар мусофир ва 5,9 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Маориф, фарҳанг ва тандурустӣ
Инчунин, мавсуф қайд кард, ки айни замон дар ноҳия 66 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 46 муассисаи миёнаи умумӣ, 13 муассисаи умумии асосӣ, 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 1 гимназияи хусусӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 26992 нафар, аз ҷумла 13181 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Инчунин, дар ноҳия 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 476 кӯдак ва 16 марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият менамояд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1446 омӯзгор, аз ҷумла 713 занон фаъолият менамоянд. Аз ин шумора 1066 нафар дорои маълумоти олии нопура, 367 нафар таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 13 нафар таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 897 компютер, 237 принтер, 55 генераторҳои барқдиҳанда, 19 адад тахтаи электронӣ, 36 адад видеопроектор ва 56 синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ мавриди истифода қарор доранд.
Дар ҳудуди ноҳия Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова, Муассисаи давлатии “Мактаби санъати ба номи Дӯстмурод Алиев”, 18 китобхона бо фонди умумии зиёда аз 77065 нусха китобҳо, аз ҷумла 1 китобхонаи бачагона, 4 хонаи фарҳангӣ ва қасри фарҳанг, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, ансамбли тарона ва рақс, ансамбли этнографӣ, ансамбли шашмақомхонон, театри халқӣ, осорхонаи таърихӣ-кишваршиносӣ ва ёдгориҳои таърихӣ фаъолият менамоянд.
Дар ноҳия 58 муассисаи тандурустӣ, аз ҷумла беморхонаи марказӣ дорои 175 кат, беморхонаи минтақавии Меҳробод дорои 25 кат, беморхонаи минтақавии бемориҳои сироятӣ дар Ҷамоати шаҳраки “30-солагии Истиқлол” (собиқ Ҷамоати деҳоти Мискинобод) дорои 50 кат амал менамоянд. Ба аҳолии ноҳия 16 марказҳои тиббӣ, 39 бунгоҳи саломатӣ, 7 марказҳои соҳавӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар муассисаҳои тандурустии ноҳия 100 нафар духтурон ва 442 нафар ҳамшираҳои тиббӣ фаъолият менамоянд. Дар чормоҳаи аввали соли 2023 аз ҳисоби Бонки рушди Осиё барои сохтмону азнавсозии беморхонаи марказии ноҳия ба маблағи 4 млн 35 ҳазор сомонӣ корҳои таъмиру сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.
Ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ
Ҳамзамон, раиси ноҳия, изҳор дошт, ки шумораи умумии ҷавонони ноҳия 30586 буда, аз ин 15100 нафарашонро духтарон ташкил медиҳад. Дар ноҳия 33 нафар хонандагони гирандагон стипендияи президентӣ ва 30 нафар хонандагон гирандагони стипендияи раиси ноҳия мебошанд.
Дар ноҳия дар маҷмӯъ 83 варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии назди муассисаҳои таълимӣ ва майдончаҳои варзишии деҳаҳо фаъолият доранд.
Варзишгарони ноҳия дар ин давра дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва ноҳиявӣ иштирок намуда, сазовори 7 медали тилло, 11 медали нуқра ва 8 медали биринҷӣ гардидаанд.
Дар ноҳия ёдгории таърихӣ бо номи шаҳри бостонии Вашгирд, ки яке аз қадимтарин ва калонтарин шаҳрҳои Осиёи Марказӣ буд, ҷойгир мебошад. Дар ҳудуди ноҳия ёдгориҳои таърихию фарҳангии мақбараи Хоҷа Ҳотами Ассам, нимпайкараҳои Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, Дӯстмурод Алиев ва Ҳикмат Ризо мавҷуд мебошанд, ки ҳамчун ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба қайд гирифта шуда, ҳифз ва нигоҳдорӣ карда мешаванд. Дар ноҳия захираҳои сайёҳӣ ба монанди чашмаҳои шифобахш, оби маъдании «Файзобод», воқеъ дар деҳаи Меҳрободи деҳоти Меҳробод, чашмаи Элок, воқеъ дар деҳаи Элоки деҳоти Қалъаи дашт, Оби шӯрак, воқеъ дар мавзеи Қуруғи деҳоти ба номи Д. Алиев, шикоргоҳ ва лойи табобатии Сиёҳгулӣ бо шароити хуби куҳнавардӣ ва дигар ҷойҳои табиии сайру сайёҳат мавҷуд мебошанд.
Бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия 10 адад ошхона, 3 адад ташнобҳои сарироҳӣ, 2 адад меҳмонхона, 18 адад истгоҳи замонавӣ бо нуқтаҳои хизматрасонии савдо, 3 адад нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ, ҳаммом ва шаҳрчаи хаймавӣ барои истироҳати муваққатии сайёҳон сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст.
Меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
Инчунин, мавсуф тазаккур дод, ки дар ин давра 3 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ гузаронида шуд, ки дар онҳо 141 нафар корҷуй ба қайд гирифта шуда, аз ин 40 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ба 11 нафар ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст.
Музди миёнаи моҳонаи кормандони ноҳия 1141 сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 186 сомонӣ ё 11,9 фоиз зиёд аст.
Дар ноҳия 8749 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд, ки маблағи умумии нафақапулиҳо 7 млн. 602,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Айни замон маблағи нафақапулиҳо пурра пардохт гардидааст. Қарздории музди меҳнат аз ҳисоби ташкилотҳои буҷетӣ дар ноҳия мавҷуд нест.
Дар давраи ҳисоботӣ дар арафаи Наврӯзи байналмилалӣ дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 3 оилаи маъюби ниёзманди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот хонаи истиқомати сохта, бо таҷҳизоту ашёи рӯзгор омода карда, ба истифода дода шуданд.
Муҳоҷирати меҳнатӣ ва муроҷиати шаҳрвандон
Раиси ноҳияи мазкур дар хусуси муҳоҷирати меҳнатӣ ва муроҷиати шаҳрвандон дар ноҳия сухан гуфта, минҷумла изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ дар ноҳия ба 6075 нафар мерасад, ки аз ин шумора 642 нафарашонро занон ташкил медиҳад. Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ нисбат ба ҳамин давраи аввали соли гузашта 187 нафар кам мебошад.
Дар чормоҳаи аввали соли 2023 ба дастгоҳи раиси ноҳия 581 муроҷиати хаттӣ ворид гардидааст, ки 441 адади он ба иҷро расонида шудааст. Дар рӯзҳои қабули раиси ноҳия 89 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ба қайд гирифта, баррасӣ карда шудааст. Ҳамзамон, дар як моҳ як маротиба қабули сайёри шаҳрвандон дар ҷойи зисти сокинон, яъне ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида мешавад.
Ба пешвози 35-солагии Истиқлоли давлатӣ
Мавсуф қайд кард, ки дар ноҳия ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022 таҳти №311 “Дар бораи ҷашн гирифтани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст. Аз ҷумла, иҷрои “Нақшаи корҳои ободонию бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, дар 102 банд таҳия гардид, ки бо таклифу пешниҳодҳои вакилони халқ дар иҷлосияи 18-уми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия 37 банди дигар илова гардида, маҷмуан 139 бандро фаро гирифта, корҳои ободонӣ аз ҷониби сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорону саховатмандон, сокинони маҳалаҳо бо руҳияи баланди ватандӯстӣ бо суръат идома доранд.
То имрӯз аз 139 иншооти ба нақша гирифташуда 25 адад дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки 18 фоизро ташкил медиҳад. Дар 114 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ босуръат идома дорад.
Тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ:
Ҳамчунон, ҳамсуҳбати мо иттило дод, ки дар чормоҳаи аввли соли 2023 аз тарафи шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳия 27 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 18 адад кам мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо дар ин давра 95% фоизро ташкил менамояд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2022, 7% фоиз зиёд мебошад.
Аз ҳисоби мудирону кормандони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии демократии Тоҷикистон, дар ноҳия Шӯрои ноҳиявии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ходимони дин ва фаъолзанон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шудааст, ки мунтазам дар байни аҳолӣ оид ба риояи фарҳанги миллии либоспӯшӣ, риояи анъанаҳои миллӣ, зарару оқибатҳои амалҳои экстремистию террористӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии паҳншавии хурофотпарастӣ ва дигар амалҳои зараровар суҳбату вохӯриҳо доир намуда, дар ин мавзӯҳо филмҳои ҳуҷҷатию саҳнаҳоро ба намоиш мегузоранд.
Дар маҳалҳои зисти сокинони ноҳия доир ба масъалаҳои болозикр ва самараи сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Олии кишвар, дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ, ҳифзи сулҳу субот дар кишвар мунтазам конферонсияву мизҳои муддавар, вохӯриҳо бо шоирону нависандагон, шахсони обрӯманду соҳибэҳтиром ва собиқадорони меҳнат доир карда мешаванд.
Рӯзи 23 декабри соли 2022 дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва маҳалли зисти сокинони ноҳия тамошои дастаҷамъонаи рафти ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ташкил карда шуд.
Ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитстон аз 9 январи соли 2023 таҳти № АП3-321 “Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-уми декабри соли 2022 “Дар барои самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд”, қарори раиси ноҳия ба имзо расида нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ тасдиқ карда шудааст, ки иҷрои он зери назорати доимӣ қарор дорад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати омӯзишу ба сокинон фаҳмонидани муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақшаи чорабиниҳои ноҳиявиро таҳия намуда, ҷиҳати ба сокинон расонидани нуқтаҳои Паём гурӯҳҳои корӣ таъсис дода, дар ҳамаи деҳоти ноҳия бо аҳолӣ вохӯрию мулоқотҳо гузаронида шудаанд.
Айни замон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар паёмомада тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шуда истодаанд.
Аз ҷумла, дар ҳудуди ноҳия корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯз аз рӯз вусъати тоза пайдо намуда, сохтмону ба истифода додани иншооти ба банақшагирифта бо суръат идома дорад. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои болозикр ҷиҳати баргузор намудани озмун оид ба муайян намудани беҳтарин шаҳраку деҳот, деҳа, маҳали аҳолинишин, кӯча ва хонаи истиқоматӣ қарори раиси ноҳия таҳти №150 аз 23-уми феврали соли 2023 ба имзо расида, баҳри баргузор намудани даври якуми озмун корҳои омодагӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рафта истодааст.
Дар фароварди суҳбат раиси ноҳияи номбурда қайд кард, ки дар асоси бандҳои нақшаи чорабиниҳои бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида ҷиҳати рушди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намудани шахсони бешуғл, рушд бахшидану оммавӣ намудани варзиш, баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ, тарбия намудани сокинон, хусусан ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, ҳуввияти миллӣ, пешгирии амалҳои номатлуб, мубориза бар зидди терроризму экстремизм, паҳншавии хуруфоту бегонапарастӣ ва амсоли инҳо корҳои амалӣ роҳандозӣ карда шуда истодааст.
Нигора САИДБЕКОВА,
МТЖТ
О ин Файзободи мо Швейцария шудаст ку. Маладес.