Мардуми тоҷик тайи таърихи тулонӣ тавассути таҳоҷуму истеъмори аҷнабиён, зулму истибдоди дохилӣ, саҳлангории давлатмардону ҳукуматдорон, бехабарию ноогоҳӣ аз вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва динию дунявии замон, нашинохтани ҳадафу мақсадҳои идеологии бегонагон ва билохира, рӯйкард ба ҷаҳл, хурофот ва таассуб ранҷу азоби зиёд кашида, дар ҳолати хастагии ҷисмию руҳӣ давраҳои тӯлонии таърихиро пушти сар карда, то ба замони нав расид.
Ба шарофати истиқлолият дар марҳилаи навини таърихӣ мардуми тоҷик масири зиндагиро тағйир дода, рӯ ба таҷаддуди фикрию сиёсӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ ниҳода, кӯшишҳои зиёде дар пайи халосӣ аз бандубори хурофоту ҷаҳлат ва таассуби динӣ – мазҳабӣ менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Презитенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мисли Паёмҳои қаблӣ дар Паёми навбатии хеш доир ба соҳаи фарҳанг бо як таваҷҷуҳи хоcса қайд карданд, ки «Мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи неруҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ ва ташаккулдиҳандаи одобу ахлоқи ҳамида эътибори доимӣ медиҳем».
Дар натиҷаи заҳмату талошҳои Пешвои миллат сулҳу ваҳдати миллии мо пойдор аст ва ҳар як фарди бонангу номуси кишварро зарур аст, ки дастовардҳои бадастомадаро ҳифз намуда, бар зидди рафъи хатарҳои глобалии ҷаҳонӣ пайваста саҳмгузор бошад. Агар ба таҳлилҳои сиёсӣ нигарем, дар атрофи абармарди сиёсӣ муттаҳид будани ҳамаи қишрҳои ҷомеа асоси пойдории сулҳу амнияти кишвар аст. Дарки ҳамин, ки сидқан дар атрофи лидери сиёсӣ буданро ба мардум расонем, корҳои зиёди фаҳмондадиҳиро ба иҷро расондан пеш меояд.
Чаро мо бегонапарастӣ мекунем?
Чаро мо бегонаҳоро ин қадар ташвиқу тарғибот мекунем?
Ман намефаҳмам, чунин рафтор ба мо чӣ медиҳад?
Чаро миллатро гумроҳ мекунем?
Роҳбари кадом давлати дунё миллати худро, халқи худро дидаву дониста, ба оташ тела медиҳад?”. Дарки ҳамин, ки ҳеҷ Роҳбари давлат ба ҷуз манфиати миллӣ андешаи дигар надорад ва махсусан, Сарвари давлати мо, ки дар рӯзҳои мушкили мардуми мо, оташи ҷанги хонумонсӯзро хомӯш гардонид ва миллатро аз парокандагӣ раҳоӣ бахшид, ҷони худро сипар намуда, бо ҷонбозиҳои қаҳрамонона ба назди гурезаҳо рафта, ба онҳо кафолат ҷонашонро дода, ба Ватан баргардонид, маънои лидери воқеии миллӣ будани Сарвари давлатро ба намоиш мегузорад. Ин иқболи мост, ки чунин абармарди хуштолеъ, Президенти мамлакат ва Пешвои ин мардуми заҳматкашида гардид. Вале ҳеҷ гоҳ фаромӯш набояд кард, касоне, ки “бегонаҳоро ин қадар ташвиқу тарғибот” мекунанд, аз он хоҷагонашон маблағҳои зиёде мегиранд. Онҳо на ғами мардумро доранду на кишварро, шиори онҳо “гӯр сӯзаду дег ҷӯшад” аст.
Моро мебояд, дар мавқеи аввал манфиати кишвари худро дошта бошем, манфиатҳои шахсиро ҳамеша пас аз он донем, зеро бе манфиатҳои кишвар манфиатҳои мо бебунёд аст. Воқеан, моро мебояд миллатдӯст бошем, самимӣ бояд дар ин мавзуъ суҳбат дошта бошем, дарду захмҳои мардуми худро дар ҷону ҷигар ҳамеша нигоҳ дорем, як лаҳза аз онҳо фаромӯш набояд кунем, ҳамеша такрор ба такрор аз он хориҳо ва ҷабрҳову ранҷҳое, ки бегонагон бар сари бобоёни мо овардаанд, ёдовар шавем ва нагузорем, ки заҳматҳои кашида ва ормонҳои баҳри озодиву истиқлолият доштаи онҳо бар ҳадар равад. Дар хотир дошта бошем, ки абарқудратҳо бо ҳар роҳу восита барои амалисозии манфиатҳои худ гурӯҳҳоро созмон дода, аз онҳо пуштибонӣ ва маблағҳои ҳангуфтро сарф месозанд. Танҳо ва танҳо наҷоти мо дар он аст, ки байни мо рахна набошад ва набудани он аз зиракиву фаҳми сиёсии мо вобастагӣ дорад. Бояд мо дар атрофи Пешвои тоҷикони ҷаҳон муттаҳид бошем, зеро касе ба андозаи ин абармарди сиёсӣ барои ин миллату кишвар заҳмату ранҷ накашидааст. Мардуми мо хуб гуфтаанд: “Қадри зарро заргар бидонад”.
Таҳлилҳо ба он далолат мекунанд, ки идеали миллӣ барои наҷоти ҳар халқу қавмият доим корсоз аст ва ливое барои бартараф намудани ҳама гуна хатару мушкилиҳост. Аз ин рӯ, Пешвои мо идеали мост ва ин имкон медиҳад, ки мо аз ҳама гуна ғаразҳо раҳоӣ ёфта, сидқан муттаҳид бошем ва ваҳдати саросариро доро гардем. Мо, тоҷикон миллати инсондӯсту меҳмондӯст ҳастем ва мебояд якдигарро низ самимона дӯст дорем. Дар хона, яъне дар кишвар дар атрофи ин абармард ҷамъ ойем, пас тамоми тоҷикони ҷаҳон низ бо мо янд ва ин имкон фароҳам меорад, ки аз онҳо низ ғамхорӣ сурат гирад.
Бояд дар хотир дошт, ки Сарвари давлат ҳамеша аснои дидору мулоқот ба масъалаи ҳассосиёти замонию печидагиҳои маконӣ таваҷҷуҳ мекунанд ва ба аҳли ҷомеа ҳушдор медиҳанд, ки “Имрӯз инсоният дар давраи бархӯрду зиддиятҳои шадиди низомӣ, хушксоливу камобӣ, қаҳтиву гуруснагӣ, таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар маҷмуъ, дар вазъи ниҳоят мураккаби таърихии худ қарор дорад” (ниг.: Суханрони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ш. Душанбе, Кохи Ваҳдат, 9 марти соли 2024). Моро дар ин давраи мураккаби таърихӣ мебояд бечуну чаро, ба андозаи бесобиқа даст ба дасти ҳам бошем ва аз хурдтарин то бузургтарин доштаҳои фарҳангии худро эҳё намоем ва дар масири роҳнамоии Пешво ба суръати кайҳонӣ ба пеш ҳаракат кунем.
Дар шароити кунунии ҷаҳон, ки инсоният дар давраи бархӯрду зиддиятҳои шадиди низомӣ, хушксоливу камобӣ, қаҳтиву гуруснагӣ, таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёт ва дар маҷмуъ, дар вазъи ниҳоят мураккаби таърихи худ қарор дорад, бепарво набояд буд, чаро ки ин вазъ ба мо низ бетаъсир намемонад. Ин аст, ки мо бояд, ки зиракии сиёсии худро бештар фаъол намуда, дасисаҷӯёну балвогарон ва тафриқаандозонро дар миёни худ ҷой надиҳем ва тавонем онҳоро ба роҳи созандагиву ободкорӣ ҳидоят намоем. Ба онҳо фаҳмонем, ки дар атрофи Пешво ба ҳам омадани мо пешрафту саодати мост, зеро танҳо Пешво ҳаст, ки хоҳони истиқлолу озодӣ, амнияту пешрафти мо дар тамоми соҳаҳои ҳаётамон мебошад.
Бунёди давлати навини тоҷикон ба корномаҳои таърихиву сиёсии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайванди ногусастанӣ дорад. Дар масири 32 соли Истиқлол кишвари мо ба сулҳу ваҳдати миллӣ расидем ва ин тавассути хизматҳои фидокоронаи Пешво баҳри наҷоти миллату давлати тоҷикон муяссар гардид. Агар ба гузашта назар кунем, суханҳои самимона ва амалигардидаи Пешво пеши назар меояд, ки гуфта буд: “ Халқи мо имрӯз душвортарин ва фоҷеаноктарин давраи таърихии худро аз сар гузаронида истодааст. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар як хона барқарор шудани сулҳ равона карда, барои Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам”. Баъдтар барои баргардонидани гурезаҳо гуфта буд: “То гурезаи охирин ба ватани худ барнагардад, ман ҳамчун Сарвари давлат ва Раиси Шурои Олӣ худро ором ҳис намекунам ва аз фаъолияти кории худ низ қаноатманд намешавам”. Агар аз ин нуқтаи назар ба вазъи кунунии ҷаҳон назар афканем, мебинем, ки имрӯз низ аз солҳои 90-уми садаи гузашта барои Сарвари давлат вазнинтару гаронтар аст. Агар имрӯз кишвари мо -Тоҷикистони азиз ба яке аз кишварҳои амни ҷаҳон табдил ёфтааст, наметавон аз дасисаву бадбинӣ, коштани тухми нифоқ, тафриқаандозиву густариши бесобиқаи зиддиятҳои шадиди низомӣ эмин буд. Аз тарафи дигар, вазъи мураккабу пешгӯйинашавандаи ҷаҳон, на танҳо сарвари як кишвар, балки ҳар як фарди худогоҳу бономусро бетараф намегузорад. Дар ин масъала Пешвои миллат мефармояд: “Ман чунин мешуморам, ки нисбат ба ин масъала бетарафӣ ё муросокорӣ кардан баробар ба ин аст, ки саодати худ ва фарзандони хешро барҳам занем” (ниг.: Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар, ш. Душанбе, Кохи Ваҳдат, 9 марти соли 2024 )
Вақти он расидааст, ки дар чунин шароити тақдирсоз дар атрофи Пешвои муаззами миллат басич шавем, баҳри ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ талош варзем, зидди дасисабозону зархаридону хиёнаткорон бо як иттиҳоду ҳамбастагӣ барзезем, хонаи худ-Тоҷикистони азизу ба ҷон пайвандро содиқона ҳифзу боз ҳам ободтару қудратмандтар гардонем. Тавре Пешвои миллат мефармоянд: “Мо бояд иттиҳоду ҳамбастагӣ, сулҳу суботи ҷомеа ва ваҳдати миллиамонро, ки ҷавшани миллии мо дар муқобили хатарҳои замони муосир мебошанд, чун гавҳараки чашм ҳифз кунем, зеро қудрати мо дар иттиҳоду сарҷамъӣ, ватандӯстӣ ва заҳмати содиқонаи мо ба хотири ободии Ватан ва рушди давлатамон аст”.
Ғоибов А.А.,
устоди ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода