а ҷойи дебоча)

– Ҳа ба зодгоҳаш рафтан лозим, ба зодгоҳ…

– Зодгоҳ? Чаро?

– О, мехоҳӣ, ки маълумоти бештар гирӣ ва зиёдтар аз хислату хӯ, зиндагӣ, рафтору кирдор ва саховату карамаш бохабар шавӣ? Инсонро ҳамсояву ҳамдеҳа ва ҳамсол хубтар медонад. Пас бояд ҳатман ба сафар бароӣ…

Ва ин муколамаи сарироҳӣ бо устоди донишманд ва дӯсти меҳтару таҷрибадорамон Ҷонибеки Асрориён буду ба қавле «рахти сафар» бастам ба ноҳияи Данғара…

Новобаста ба оне, ки рӯз аз нисф гузашта буд, вале бе дудилагӣ ба роҳ баромада, аз назди бозори «Саховат» савори нақлиёти сабукрав, аз Душанбе берун шудам. Ба ростӣ дар чанд соли охир, агарчӣ борҳо ба манотиқи кишвар сафар доштам, дар ҳар гӯшаи диёр будам, аммо ҳар дафъа, ки ба ҳар деҳу шаҳраке сар бизанаму чанд рӯзе меҳмон бошам, ҳатман тозакорию навгониҳо ва дигаргуниҳоро дида, баҳри дилам мекушояд ва аз ободиҳои диёри соҳибистиқлол хушнуд мешавам ва дилам қавист, ки мамлакат дар ҳоли пешрафту шукуфоӣ асту оянда боз ҳам рахштар хоҳад буд. Ва баробари дигарон, ки бо ирдаи қавӣ дар талошу ҷадаланд даст ба дуо мебрадорам:

Ватане, ки нагузорам шикане бишканадаш,

Тӯдаи фитнагару аҳримане бишканадаш,

Камии маърифати ҳамватане бишканадаш,

Тоҷикистон бошад.

(Тулқин Хоҷа)

Данғара шомгоҳон дар назди бозори марказӣ тибқи маслиҳати пешакӣ бо ҳамсабақам Субҳони Самад вохӯрда, ба деҳаи Хуррамзамин ба аёдати дӯстамон Илҳоми Гулназар омадем. Шаб онҷо будему ёде аз даврони донишҷӯйӣ, ёде аз рафиқону айёми шубоб ва рӯзгори душвори таҳсилу зиндагии солҳои аввали 90 асри пешин намудем. Саҳаргоҳон бо Илҳоми ҳамсабақ хайрухуш намуда, аввал ба маркази ноҳияи Данғара ва аз онҷо савори нақлиёти сабукрави дигаре роҳ ба сӯйи деҳаи Пушинг гирифтем. Оре, маслиҳати Ҷонибеки Асрориён маҳз дидани ҳамин деҳ буд…

ПУШИНГ

Пушинг макони орифону донишмандонест, ки дар асрҳои гузашта пас аз хатми мадрасаҳои Кангурту Ховалинг ва Бухорои шариф ҷавонони болаёқат ба монанди Мулло Файзулло, Исмоили Мавлавӣ, Мақсуди Мавлавӣ, Шоҳ Иброҳим ба зодгоҳ баргашта, худ ба тарбия ва тадриси фарзандони халқ машғул шуданд. Номи онҳоро то ҳанӯз мардум дар ёд доранд. Дар асрҳои ХVIII-ХIХ амлокдории Пушинги бекигарии Балҷувон яке аз ҷойҳои ободу зебо ба ҳисоб мерафт.

Ва ғарқи чунин андешаҳо аз ҳудудҳои деҳоти Корез, Хушобак (Ғиҷовак), Алиҷон, Лавак, бо тай намудани 20 км роҳ ба Пушинг расида, ба назди ҳавлии даркорӣ омадем…

Ана расидем – гӯён ронанда ба мо ишора кард. Вориди ҳавлӣ шудам, тозаю озода ва ҳамаҷо ором, аммо маро дар ин авзои сокит дил ғалаён дошт, ки ба ҳадафи сафар робита дошт. Нидое, овое… таърихи на чандон дур, ним аср пеш…

Якуми январи соли 1973.

Шоири бузургамон Масъуди Саъди Салмон дар бораи ин моҳ овардааст:

Моҳи Дай омад, ки ҳаво ҳар замон,

Борад кофур ҳаме бар ҷаҳон.

Аз фалак имрӯз маунат кунад,

Лашкари сармо боди хазон…

Ва ҳамон моҳи дай, ҳамон моҳи сарди зимистон, ҳамон барфи  сафед гармию сапедӣ овард, покӣ овард, хурсандию шодии бепоён ба як хонаводаи суннатии тоҷик ҳадя кард. Тавлиди фарзанд буд. Охир баъди чанд гулдухтар, тавлиди писар ба ҳар хонадон нуру равшании дигар оварда, дар фаҳмиши мардумӣ маҳз писар нигоҳбону муҳофиз ва давомдиҳандаи наслу авлод мебошад.

Оре, ӯро фасли дай бо барфи сафед оварда сапедадил, сафедқадам, сапеданде бо афкору нақша ва ниятҳои рӯшану сафед, равшанзамир…

Акои Қиматулло шоду масрур буду апаи Гулистон мамнун ва  ба хотири далеру нотарс,  нигаҳбони хонаву дар будан “Асадулло” ном гузоштанд. Дигар ӯ дар оғуши меҳру муҳаббат ба воя мерасиду нишоти волидайнро рангин мекард.

Хандаи аҳли оилаи хушбахтро аз ҳар сангу хишти девор  мешунаваму дарахтони сар ба болою тануманд ҳамоно “хуш омадед” мегӯянд…

Асадулло – дар ҳақиқат ном муносиб афтоду аз ҳамон рӯзгор бо дили пур ба таҳсил саъй карду пайваста машғули ҳунар буд. Дар паҳлӯи қиблагоҳ даме ба нақлиёте сарукор мегирифту даме ба кори саҳро. Умуман аз падар бисёр ҳунарҳо азбар кард, ки боиси сари  баланди падару модар, хешу ақрабо, ҳамдеҳагон ва ҳамватанон шуд. Ҳарчанд яккаписар буд ҳеҷ гоҳ нозию нозпарвар тарбия наёфта, меҳнатдӯст ва ҳалолкору покиза аст. Маҳз падар дар тинати ӯ чунин хислатҳоро ҷой дод. Оре, агар касе боре ба ин ҷо биёяду бо диққат ба атроф назар намояд, пас огоҳ мешавад, ки чаро мардони бузург зодаи аслан чӣ деҳ ва чӣ шаҳраку шаҳрҳои бузург дилкушодию фарохдастиро аз зодгоҳ ба мерос гирифтаанд. Деҳи Пушинг макони пурнакҳату биҳиштист. Паҳновар аст ва дилкаш дар байни деҳоти гирду атрофи худ ба мисли Корез, Ғиҷовак, Алиҷон, Лавак, Шаршар, Олучадара, Дилчашма ва кӯҳҳои Себистон  бо паҳноӣ ва майдонҳои хеш аз ҳама калонтар буда, аз ин ҷо дар асрҳои миёна Шоҳроҳи Абрешим мегузаштааст.

***

Давраи таҳсил дар ДМТ ба қавле “тирвор” сипарӣ шуду замоне вақти вохӯрӣ гуфта буд, ки дар ин миён муддате дар Русия кор карда, дар шаҳри Душанбе соҳиби хона ҳам шудааст ва нақшаи дигар дораду мехоҳад онҳоро амалӣ кунад. Пас аз чанде боз аз нав рӯбарӯ шудем, ки ӯ аллакай дар Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият оғоз кардааст. Пас аз ин симои ӯро аз ойинаи нилгун аз барномаҳои гуногун медидем, хоса барномаи омодакардааш аз бахши иттилоотӣ таҳти унвони «Тоҷикистон» хеле рангину ҷолиб буд. Ҳангоми кор дар ин бахш ӯ аз усул ва услубҳои наву замонавӣ дар раванди кор истифода намуда, ба зудӣ миёни бинандагон ва коршиносон соҳибэътибор шуд. Таҷрибаи андӯхтааш дар коргоҳ барояш ёрии амалӣ мерасонид. Усули дарёфти паҳлӯҳои нави корбарӣ кормандонро водор мекард, ки ҳама дастаҷамъона ба омода кардани барномаҳои наву ҷолиб  омодагӣ гиранд ва табъи бинандаро болида гардонида, аз навгониҳои дохилу хориҷ огоҳ намоянд. Муштоқону мухлисон ва ҳаводоронаш афзуд, ки аллакай аз маҳорату кордонии ӯ дарак медод.

Асадуллои Раҳмон дар ин ҷо ба зинаҳои мухталифи раҳбарию сарварӣ қадамҳои устувор гузошта, баъдан муовини сардори «ТВ-Субҳ», сар-муҳаррири идораи иттилоотӣ, директори Шабакаи якуми телевизиони Тоҷикистон гашта, доимо аз пайи ҷустуҷӯ ва навгониҳо буд.

Он замон Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ба қавли коршиносон дар давраи сарварии шодравон Сайф Раҳимзоди Афардӣ таҳаввулоти ҷиддӣ дида, гурӯҳе аз ҳамфикрон, ҳаммаслакон ва шогирдони эшон идомабахши кори оғозкардаи ӯ буданд. Он айём на танҳо журналистон бо диду назари нав кор мебурданд, балки кушода шудани радиои сартосарии “Садои Душанбе” ва рӯзномаи “Ҷаҳони паём” ба шунавандаю бинанда имкон медод, ки бо рӯзноманигорон дар тамос шаванду дар барномаҳои мустақим иштирок кунанд.

ОЙИНАДОРИ ТОҶИКОН…

Баъди марги фоҷиавии зиндаёд Сайф Раҳимзоди Афардӣ дар санаи 20-уми майи соли 2000-ум корҳо дар ин самт нотамом монду то ҷое дар даврони роҳбарии ҳунарпешаи маҳбуби халқ, зиндаёд Убайдулло Раҷабов ин бозсозиҳо идома ёфт. Пас аз ин шахсиятҳои байни мардум машҳур, Асадуллои Раҳмон соли 2005, дар 32-солагӣ ба маснади раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон омад. Он замон ӯ ҷавонтарин раис ё вазир дар Ҳукумат буду роҳбарияти давлат аз ӯ умеди зиёд доштанд. Дар Кумита, албатта на ҳама назар ва нигоҳи нек доштанд, яке ӯро хеле ҷавон медонист, дигаре камтаҷриба, савумӣ боз омили дигар, аммо вақт нишон дод, ки як ҷавони замони соҳибистиқлол тавонист, ки корҳои назаррасеро амалӣ намуда, дар густариш ва тақвияти ВАО-и кишвар саҳми бориз гузорад.

Акнун саҳнаи фаъолияти Асадуллои Раҳмон фарохтар гашта, ба диду нигоҳаш чунин менамуд, ки усулҳои то он даврон азбаркардааш барои ин майдон ночизанду боз ҳам аз пайи ҷустуҷӯ, навгонӣ ва истифодаи услубҳои ҷадид афтод. Дархос­ту бозёфти адабиёти нав, барномаҳои бунёдӣ, омӯзиши сабку паҳлӯҳои нав ва таҷрибаи пешрафта ба кори ҳамешагии ӯ табдил шуда, болоравии маҳорати раҳбарию кордонӣ торафт барои кормандон қобили қабул ва ҳидоятгар барои ошноии бештар ба ҷабҳаҳои илму маърифат гардид.

Танҳо як мисол мавриди зикр мебошад, ки телевизиони Тоҷикистон аз соли 1959 то соли 2005-ум қариб ним аср, яъне то роҳбарии ӯ, дар як шабонарӯз ҳамагӣ 8-соат барнома пахш мекарду аз ин ҳисоб танҳо 2,5 – 3 соати он барномаи асл буда, боқимонда аз хазина барномаҳои консертӣ ва кинофилмҳо буд. Дастгоҳу техникаҳое истифода мешуд, ки аз лиҳози фаннӣ хеле кӯҳнаю фарсуда шуда, имкониятҳои маҳдуд дошт. То моҳи июли соли 2006-ум техника ва таҷҳизоти телевизионӣ ба таври мунтазам иваз нашуд. Бо талошҳои пайвастаи Асадуллои Раҳмон таҷҳизоти муосир аз кишварҳои пешрафта, ба мисли Ҷопон ва Олмон оварда, барномаҳои шабонарӯзии телевизион ба роҳ монда шуд. Танҳо барномаи иттилоотии «Ахбор» дар як шабонарӯз бо забонҳои русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, арабӣ ва тоҷикӣ 11-маротиба пахш мегашт.

Асадуллои Раҳмон хеле хуб дарк карда буд, ки бо соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон ва густариши равобити байналхалқӣ зарурати омода намудани барномаҳои ҷолиби фарогири мавзӯоти мухталиф ва инъикоскунандаи дастоварҳои навини давлат афзудааст. Ба ҳамин далел, ӯ ва чанд нафари дигар дар пайи ташкили телевизион ва радиоҳои давлатию ҷамъиятии ҷадид шуданд. Бешак, метавон Асадуллои Раҳмонро бунёдгузор ё асосгузори шабакаҳои телевизионии «Сафина» (соли 2005), «Баҳористон» (соли 2006), «Ҷаҳоннамо» (соли 2008), радиои «Овози тоҷик» (соли 2007) ва «Фарҳанг» (соли 2008) донист. Муҷаҳҳаз ба техникаи рақамӣ, пайваст ба низоми моҳвора, ташкили низоми телевизион ва радиои давлатӣ зимни сарварии ӯ ташкил шудаанд. Таҳаввулот аз сатҳи телевизионҳои ҷумҳуриявӣ то ба вилоятӣ рафта, дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар (собиқ Қурғонтеппа) ва Кӯлоб низ радио ва телевизионҳо сифатан нав гардиданд. Чунин дастовард дар ҷомеа, новобаста ба масоили гуногун самарабахш буда, ҳоло ҳам сарфи назар аз баъзе камбудиҳо кори радио ва телевизионҳо чашмрас мебошаду заҳматҳои ӯ назаррас боқӣ мемонад.

Ба ҳайси роҳбар ва дипломати маъруф низ метавон Асадулло Раҳмонро ном бурд, ки бо тамоми сифатҳои мардонагию саховатмандӣ корро пеш мебурду бо омаданаш дар Кумита бешак насими тозае вазида, ҳамқадам бо тозакориҳою навгониҳо буда, барои рушди соҳа ҷоннисориҳо кардааст. Ин аст, ки шодравон, шоири зиндаёд Мирзо Файзалӣ ба васфи ӯ гуфта буд:

Чун покдилию софҷонӣ,

Ту ойинадори тоҷиконӣ.

Имрӯз чароғи донишу фан

Аз дастгаҳи ту ҳаст равшан.

Ин хидмати ту барои халқ аст,

Симои ту ошнои халқ аст.

Домани омӯзишу корбурди Асадуллои Раҳмон фаррох буду ҳар кадоме гуфтаниҳои алоҳидаест, аммо муҳим аст, ки ӯ чун як ҷавонмарди ҳақиқӣ ба ибораи халқӣ: “Дарахт не, балки боғистоне бунёд кард, ки аз шаҳди он ҳамагон даме ком ширин мекунанд”. Барои ман, барои 72-корманди ин коргоҳ бе муболиға соли 2009-ум хотирмон аз он ҷиҳат буд, ки бо ибтикори ӯ бинои истиқоматӣ дар маркази пойтахт сохтаю ба кормандон ройгон тақсим гардида, аз дарбадарӣ ва иҷоранишинӣ халос шудем. Чун ҳамарӯза аз ин бино ҳамкоронро шоду мамнун ба коргоҳ, фарзандону наберагони онҳоро ба мактабу дабистонҳо равон мебинам, шукр мекунам, ки чунин роҳбаре доштему соҳиби манзили истиқоматие шудем. Акнун на 72-нафар, на 144, балки беш аз 300-400 нафар танҳо аз ҳамин бино аз ӯ минадор ҳасту дар ҳар нишасту ҷамъомад, хурсандию шодӣ аз ин кори некаш бо камоли майл минатдории худро изҳор медоранд…

Асадуллои Раҳмон шахсияти фарҳангист. Як амали арзандаи ӯ барои адабиёти муосири тоҷик,  нашри девони омӯзгор, шоир Тулқун Хоҷа таҳти унвони “Хоки баланд” соли 2013-ум мебошад. Бо ин кор метавон ӯро дар радифи ҳамон муҳаққиқон ва инсондӯстоне донист, ки аз зери чанги таъриху фаромӯшиҳои рӯзгор осори шоири ба қавле “музофотие”-ро дарёфт кард, ки он на ба ҳама маҳфилҳои адабӣ маълум буд. Боре шунида будам, ки донишманди тавонои тоҷик, академик Абдулғанӣ Мирзоев ба ҳаёту фаъолияти шоири маъруфамон Сайидои Насафӣ машғул шуда, собит намуд, ки ин абармарди шеъру каломи мавзуни тоҷик дар радифи дигар ахтарони адаб қарор дораду, абёти парокандаи ӯро ба доираҳои илмӣ шинос намуда, кори бузургеро ба анҷом расонид. Яъне, гуфтанист, ки чунин корро дар замони муосир маҳз А. Раҳмон ба анҷом расонида, сипас “Куллиёт”-и шоир Тулқун Хоҷаро соли 2020 рӯйи чоп овард, ки “фарогири 165 шеър, 52 ғазал, 402 рубоӣ ва 58 дубайтӣ буда, барои хонандагон ва муҳаққони адабиёт ва фарҳанги мардумӣ пурарзиштарин гавҳари маънӣ мебошад”.

ПАНҶОҲ ДАР ПАНҶА

Оре, аз соли 2015-ум инҷониб ӯ ба сифати мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳо кадрӣ фаъолият дошта, пешрафту комёбиҳои корӣ афзуда, ӯро дигар агарчӣ камтар, вале тавассути ойинаи нилгун бештар мебинам вале, медонам серкор ҳасту дилам қавист, ки дар рушду инкишоф ва пешрафти диёри сарсабзамон ҳиссаи хешро мегузораду дар ҷобаҷо кардани мутахассисон нақше дорад. Зеро ӯ худ аз мактаби қавии Пешвои миллат сарбаландона гузашта, дар баробари дигар сарсупурдагон ва муҳофизони кишвар дар татбиқи сиёсати давлатии роҳбарияти давлат қарор дорад.

Ногуфта намонад, ки дар рушди фаъолияти корӣ ва шахсияти вай хислатҳои отифии инсонӣ мавқеи хосса доранд. Ӯ тақаллубро намеписандад ва бетакаллуф, якрӯю бериё ва бетамаъ зиндагию кор мекунад. Бо ҳама, чӣ кеҳтару чӣ меҳтар дар баёни ростӣ ва ифодаи рафтор, фаъолият ва шинохти ҳақиқат бидуни хотирбинӣ амал мекунад. Муссалам аст, ки ойини раҳбарӣ ва шеваи кулоҳдориро хуб медонад, аммо кулоҳбар­дориро қабул надорад. Ҳамин ҷавҳари зотӣ, сиришти пок ва фарохна­зарӣ ӯро имкон дода, ки дар чанд самт комёб бошад ва гӯё тибқи фармудаи шоири хушбаён Алимуҳаммад Муродӣ рафтор дорад, ки фармуда:

Чун гард нашав, ки печутобат бошад,

Саргаштагии дашти харобат бошад.

Покиза чу шабнами саҳар бояд буд,

Хоҳӣ, ки дурахши офтобат бошад!

Ӯ ҳамон аст, ки гуфтем – сапедадил, сафедафкор, бо сиришти поку фарохназарию ростӣ. Ва ба ақлу заковат таҷрибаи садсолаҳоро дорад.

Ӯро фасли дай бо барфи сафед оварда, сапедадил, сафедқадам, сапедандеш бо афкору нақша ва ниятҳои рӯшану сафед, гӯё дар қалбу ниҳодаш нур ва ё чароғе нуҳуфта дорад, ки ба ҳамагон равшанӣ, ҷаҳони ростию ободкориро ҳадя мекунаду меомӯзад.

Оре, панҷоҳ дар панҷа дораду муҳим ин, ки дар панҷаи панҷоҳ нест. Ва ин панҷоҳсолагӣ муборак бошаду сарбаландии бештарро барояш таманно дорем.

Ба ҷойи охирсухан

Зиндагиаш бароям як достон аст. Достони марди зиндагӣ… омӯзандаю сабақомӯз…

Сабзаалӣ Асозода,

Душанбе –Данғара – Пушинг-Душанбе

Блоки рекламавӣ

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь