Бояд гуфт, ки барои рушди ҳарчи бештари ҳар як давлати соҳибистиқлол нақши иқтисоду молия назаррасу муҳим аст. Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон яке аз муассисаҳои машҳури ҷумҳурӣ аст, ки дар ин замина бо омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳмгузорӣ менамояд.

ДДМИТ яке аз ҷавонтарин донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба шумор рафта, меваи даврони Истиқлолияти давлатӣ буда, он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.03.2018 таҳти №163 дар заминаи Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ки бунёдгузораш Пешвои муаззами миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Дар муддати беш аз ду соли фаъолият донишгоҳ ба яке аз муассисаҳои бузурги таълимии кишвар табдил дода шуда, аллакай барои таҳсил дар ин донишгоҳ аз давлатҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Қазоқистон, Туркменистон ва Федератсияи Россия довталабҳо ҳуҷҷат супоридаву таҳсил карда истодаанд.

Раёсат ва коллективи устодону кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон фаъолияти худро дар нимсолаи якуми соли 2020 дар асоси нишондодҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қарорҳои мушовараи Вазорати молия ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нишондодҳои Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023 ташкил ва ба роҳ монда, дар ин давра ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Қобили қайд аст, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 новобаста аз паҳншавии пендемияи Covid-19 дар ҷаҳон ва пешгирӣ намудани он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар ин самт корҳои назаррасеро ба анҷом расонидааст, аз ҷумла дастовардҳои зерин:

– бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ ва талошҳои пайвастаи устодон бори аввал дар таърихи донишгоҳ 8 мақола дар маҷаллаҳои бонуфузи SCOPUS ва Web of Sciense ба чоп расид, ки мавқеи донишгоҳро дар байни муассисаҳои дохил ва хориҷи кишвар боз ҳам боло бурд;

– бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти донишгоҳ гузаронидани ихтисосҳои 1-250104 – молия ва қарз (бакалавриат), 1-25010403 – андоз ва андозбандӣ (бакалавриат) ва 1-26020200 – менеҷмент (бакалавриат) аз аккредитатсияи институтсионалии ташкилоти НААР (Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг)-и Ҷумҳурии Қазоқистон. Ба имзо расонидани шартномаи ҳамкории дуҷониба бо 5 муассисаҳои олии хориҷи кишвар, аз он ҷумла бо Донишгоҳи давлатии Жетисуск ба номи И. Жансугуроваи Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи иқтисодии Малдовияи Ҷумҳурии Малдова, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Қазоқистон ба номи М. С. Нарикбаев, Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Дошишгоҳи давлатии Урали ҷанубии Федератсияи Россия.

– амалӣ гаштан ва идома ёфтани чор лоиҳаи грантӣ дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон: лоиҳаи хурди грантӣ “Ташаккулёбии тафаккури соҳибкории донишҷӯдухтарон дар асоси баландбардории сифати таълим ва зист дар ДДМИТ”; лоиҳаи грантии муштарак бо Донишгоҳи давлатии Данғара “Инкишофи касбии ҳайати омӯзгорону профессорон дар заминаи ҳамкории шабакавии донишгоҳи марказӣ ва минтакавӣ”; лоиҳаи грантии “Татбиқи модели дуалии таълим бо мақсади омода кардани кадрҳои баландихтисос дар асоси талаботи бозори меҳнат” : лоиҳаи грантии “Такмили сифати таълим дар асоси ҷорисозии стандарт ва барномаҳои нави таълимӣ, ки ба баландбардории маърифати молиявии мутахассисони оянда равона карда шудааст” (маблағҳои умумии лоиҳаҳо 1035502 доллари ИМА).

Фаъолияти таълимию методӣ

Дар соли таҳсили 2019 – 2020-ум 38 адад нақшаи таълимӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр, 12 адад аз рӯи зинаи магистратура, 8-то барои таҳсилоти олии 2-юми ихтисосҳои роиҷи донишгоҳ таҳия ва ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод гардидаанд. Илова бар ин, аз ҷониби масъулини сохторҳои донишгоҳ як қатор Низомнома ва дастурамалҳо таҳия шуда, мавриди амал қарор доранд.

Таъминоти кадрии раванди таълим аз ҷумлаи масоили марказии такмили сифати таълим ба ҳисоб рафта, айни замон дар донишгоҳ 15 нафар докторони илм, 144 нафар номзади илм, 179 нафар муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмуъ 338 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ машғуланд. Миқдори умумии фанҳои тадрисшаванда дар нимсолаи дуюми соли таҳсили соли 2019-2020-ум 458 фанро ташкил додааст.

Шумораи умумии донишҷӯён 9028 нафарро ташкил дода, аз шумораи умумии онҳо 2167 нафарро донишҷӯдухтарон ташкил медиҳанд. Дар донишгоҳ тибқи квота 3 донишҷӯ таҳсил менамоянд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дорои 3 бинои таълимӣ буда, дар биноҳои таълимӣ барои як баст (смена)-и таълимӣ барои донишҷӯён 5300 ҷойи нишаст пешбинӣ карда шудааст.

Имсол донишгоҳро аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо ва шаклҳои таҳсил, ки тибқи фармоиши ректор барои иштирок дар комиссияи аттестатсияи хатм (КАХ) рухсат гирифтаанд ва аттестатсияи хатмро ҷамъбаст намудаанд, 1561 нафарро ташкил додааст. Аз ин шумора 1109 нафар шуъбаи рӯзона, 452 нафар шуъбаи ғоибонаи донишгоҳро хатм намудаанд. Дар маҷмуъ, аз теъдоди умумии донишҷӯёне, ки имтиҳони давлатиро бо баҳои аъло супоридаанд, 83 нафарашон ба гирифтани дипломи аъло мушарраф шудаанд, ки нисбат ба соли 2019-ум 39 нафар зиёд мебошад.

Таъминоти моддию техникии таълим дар давраи ҳисоботӣ дар сатҳи ба талабот ҷавобгӯ ба роҳ монда шуда, айни замон 1124 адад компютер, 124 ноутбук, 41 адад тахтаҳои электронӣ, 44 адад проектор, 16 адад планшетҳои деворӣ, 8 адад банерҳои экранӣ ва зиёда аз 200 адад принтерҳои оддӣ ва бисёрфунксионалӣ мавриди истифода қарор доранд. Дар давраи ҳисоботӣ дар доираи Лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» 40 моноблок, 8 принтер ва дигар таҷҳизоти техникӣ харидорӣ карда шудааст, ки нисбат ба соли 2019-ум 224 адад зиёд мебошад.

Тавре ҳамагон медонанд, қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тавассути ММТ назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Имсол интихоби донишгоҳ аз ҷониби довталабон ба 50 ҳазору 883 нафар расид ва дар ҷои 6-ум қарор гирифт, ки нисбат ба соли гузашта 4315 нафар зиёд мебошад.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ

Дар соли ҷорӣ ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ нисбат ба солҳои гузашта дар пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ нисбатан беҳтар фаъолият намудаанд. Дар нимсолаи ҳисоботӣ 6 нафар устод бо мукофоти соҳавии “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидаанд. Дар баробари ин, дар давраи ҳисоботӣ 12 нафар устодони донишгоҳ рисолаҳои илмии худро дар Шӯроҳои диссертатсионии дохил ва хориҷи кишвар дифоъ намуда, 6 нафар соҳиби шаҳодатномаи дотсентӣ гардидаанд. Ҳамзамон, то охири соли ҷорӣ аз рӯи маълумотҳои пешакӣ 13 нафар устодони ҷавон бояд рисолаҳои илмии худро дифоъ намоянд.

Аз ҷониби ҳайати профессорону устодон 3 китоби дарсӣ, 11 монография, 8 дастури методӣ, 8 васоити таълимӣ ва зиёда аз 691 фишурдаю мақола ва маърузаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ таҳия гардида, ба чоп расидаанд.

Дар донишгоҳ маҷаллаи илмии “Паёми молия ва иқтисод” ва рӯзномаи “Молия ва иқтисод” нашр мегарданд, ки фазои иттилоотиро пурра мекунанд. Инчунин сомонаи донишгоҳ бо се забон фаъол буда, инъикоскунандаи ҳаёти таълимгоҳ аст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамасола олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи март ва олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ моҳи май баргузор мегарданд. Соли ҷорӣ низ олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти ҷоизаи «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯйи фанҳои дақиқ санаи 12-13-уми март бахшида ба солҳои 2020-2040 – «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» баргузор гардид, ки донишҷӯёни ДДМИТ дар он фаъолона ширкат варзида, соҳиби дастовардҳои назаррас шуданд.

Фонди китобхонаи донишгоҳ 98 ҳазору 880 адад китобро дар бар мегирад, ки аз он 1350 ададаш дар давоми нимсолаи якуми соли 2020 харидорӣ гардидааст.

Дар давоми нимсолаи якуми соли 2020 дар донишгоҳ фаъолияти раёсати илм ва инноватсия ҷоннок гардида, 2 конфронси ҷумҳуриявӣ, 1 конфронси илмӣ-амалии донишгоҳии ҳайати устодону донишҷӯён аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ, 1 онлайн-конфронс, 7 семинари илмӣ-назариявӣ ва илмӣ-амалӣ, 41 мизи мудаввар, 3 силсилаозмунҳо, 30 маҳфили илмии донишҷӯён, 3 ҷамъомади васеи тантанавии аҳамияти илмӣ-таърихӣ ва сиёсидошта гузаронида шудааст.

Инчунин, дар доираи нақша-чорабиниҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар якҷоягӣ бо Вазорати молия ва Кумитаи андоз Викторинаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Беҳтарин донандаи Кодекси андоз” дар сатҳи баланд баргузор гардид, ки дар он аз 12 донишгоҳу донишкадаҳои минтақаҳои ҷумҳурӣ донишҷӯён ҷалб гардиданд. Қобили қайд аст, ки дар викторинаи мазкур донишҷӯёни донишгоҳ низ иштироки фаъолона дошта, 2 нафар донишҷӯи донишгоҳ соҳиби ҷои якум ва дуюм гаштанд.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ 25 нафар донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявии олимони ҷавон – “Навовари беҳтарин” ва олимпиадаҳо иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Донишгоҳ бо бонкҳои ҷумҳурӣ ва барномаҳои байналмилалӣ дар мавриди «Саводнокии молиявӣ» ҳамкорӣ менамояд.

Фаъолияти тарбиявию ташкилӣ

Дар давоми шашмоҳаи якуми соли 2020 зиёда аз 50 чорабиниҳои маърифатӣ-фарҳангӣ ва варзишӣ-оммавӣ, мизҳои мудаввар, вохӯриву суҳбатҳо гузаронида шудааст. Донишҷӯёни донишгоҳ дар озмун ва чорабиниҳои варзишии шаҳрӣ, ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ бомуваффақият баромад намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.

Имсол ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар сатҳи хело баланд таҷлил гардид. Дар ин чорабинии бузург саҳми устодон ва донишҷӯёни донишгоҳ калон буд, ки бо оростани дастархони наврӯзӣ саҳни донишгоҳро хело зебо намуданд. Дар ҳошияи солҳои 2019-2021 эълон гардидани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар донишгоҳ як қатор чорабиниҳои илмию фарҳангӣ дар байни донишҷӯёну устодон баргузор гардид.

Шӯрои занон ва духтарони донишгоҳ низ фаъолияти пурсамар дошта, барои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мунтазам чорабиниҳои гуногун дар сатҳи донишгоҳ ва берун аз он мегузаронад.

Дар ДДМИТ барои донишҷӯёни манотиқи дурдасти кишвар 3 хобгоҳи ба талаботи имрӯза ҷавобгӯи дорои 1100 ҷойи зист мавриди истифода қарор дорад. Дар хобгоҳи донишҷӯён маркази компютерӣ таъсис дода шудааст, ки 20 компютер ба шабакаи интернет васл карда шуда, фонди китобхонаи электронӣ низ ворид карда шудааст.

Бахшида ба ҷашнҳои миллӣ дар хобгоҳҳои донишгоҳ мунтазам суҳбату вохӯриҳо ва озмунҳо, аз қабили “Хонаи беҳтарин”, “Кадбонуи беҳтарин” гузаронида шудаанд.

Дар донишгоҳ 37 нафар донишҷӯи ятими кулл дар шуъбаи рӯзона таҳсил менамоянд, ки мунтазам нисбати онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда мешавад. Дар арафаи иди байналмилалии Наврӯз ба 37 нафар ятимони кулл кумаки молиявӣ расонида шудааст.

Робитаҳои байналмилалӣ

Дар сатҳи байналмилалӣ низ донишгоҳро ҳамчун муассисаи таълимии пешрафтаи Тоҷикистон эътироф намудаанд. Далели он майли шартномаи ҳамкорӣ бастан бо донишгоҳ аз ҷониби муассисаҳои таълимии кишварҳои Аврупо мебошад.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон аз давраи ташкилшавӣ ба самти рушди фаъолияти байналмилалӣ диққати махсус зоҳир намуда, бо зиёда аз 115 донишгоҳ ва ташкилотҳои хориҷӣ ва дохилӣ шартномаи ҳамкорӣ бастааст. Дар самти бастани шартномаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар дар шаш моҳи аввали соли 2020 бо 5 муассисаҳои олии хориҷи кишвар, аз он ҷумла бо Донишгоҳи давлатии Жетисуск ба номи И. Жансугуроваи Ҷумҳурии Қазоқистон, Академияи иқтисодии Малдовияи Ҷумҳурии Малдова, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқии Қазоқистон ба номи М. С. Нарикбаев, Донишгоҳи давлатии Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубии Федератсияи Россия шартномаи ҳамкории дуҷониба баста шудааст.

Дар шаш моҳи аввали соли 2020 теъдоди иштироки устодон ва кормандони ДДМИТ дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо, конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ба 6 нафар мерасад.

Барои идомаи таҳсил дар нимсолаи дуюми соли 2019-2020 ба Донишгоҳи давлатии Пскови Федератсияи Россия 10 нафар, ба Донишгоҳи давлатии Петрозаводск 1 нафар ва ба Мактаби олии иқтисодии шаҳри Перми Федератсияи Россия 1 нафар барои идомаи таҳсил равон карда шудаанд. Дар умум, семестри дуюми соли хониши 2019-2020 теъдоди донишҷӯёни ДДМИТ, ки дар хориҷа таҳсил менамоянд, ба 12 нафар мерасад.

Хондани лексия аз ҷониби устодони хориҷӣ

Барои боло бурдани сатҳи забондонии устодони донишгоҳ баъд аз баромади Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ санаи 26.12.2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯхтани забонҳои хориҷӣ, аз тарафи Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ бо Маркази фарҳангии “Бохтар” шартномаи дуҷониба баста шуда, барои омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ дар донишгоҳ Маркази илмиву фарҳангии Бохтор (Бактрия) ташкил гардидааст, ки дар он устодон ва донишҷӯёни ДДМИТ забони русӣ ва англисӣ меомӯзанд.

Дар доираи шартномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Норгемптони Британияи Кабир аз санаи 3-юм то 8-уми феврали соли ҷорӣ дар доираи Барномаи Эразмус+ устодони Донишгоҳи Нортгемптони Бритониёи Кабир Гари Мэсон, Катерина Томас ба Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Инчунин, санаи 4-уми феврал аз ҷониби устодони Донишгоҳи Нортгемптони Бритониёи Кабир тӯли 2 рӯз ба донишҷӯёни ихтисоси менеҷмент дар соҳаи сайёҳии байналмилалии факултети муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ лексия гузаронида шудааст.

Ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ, аз ҷумла маблағҳои грантӣ ва татбиқи барномаҳои маблағгузорӣ якчанд лоиҳаҳо коркард ва ба озмунҳо пешниҳод карда шудаанд. Айни замон дар донишгоҳ татбиқи се лоиҳаи грантӣ идома дошта, дар баробари ин, дар давраи навбатии озмуни лоиҳаҳои грантии «Рушди таҳсилоти олии касбӣ» 4 лоиҳа ба озмун пешниҳод карда шудааст.

Дар доираи иҷрои созишнома ва нақшаи чорабиниҳои гузаштан аз аккредитатсияи барномавии байналмилалӣ рӯзҳои 25-27-уми феврали соли 2020 дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон комиссияи экспертони хориҷии ташкилоти НААР (Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг)-и Ҷумҳурии Қазоқистон кор мебаранд. Барномаҳои таълимии ихтисосҳои 1-250104 – молия ва қарз (бакалавриат); 1-25010403 – андоз ва андозбандӣ (бакалавриат); 1-26020200- менеҷмент (бакалавриат) аз аккредитатсияи институтсионалӣ гузаронида мешаванд. Аз рӯйи натиҷаи аккредитатсияи баргузоршуда санаи 09.06.2020 ҳар се ихтисоси барои баррасӣ пешниҳодшуда ба муҳлати сесолӣ аз аккредитатсияи байналхалқӣ гузаронида шуда, сертификатҳои дахлдор ирсол карда шудаанд.

Дар донишгоҳ айни ҳол 817 донишҷӯи хориҷӣ аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Туркманистон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҷумҳурии Афғонистон ва Федератсияи Россия дар гуруҳҳои рӯзона ва ғоибона таҳсил намуда истодаанд.

Фаъолияти иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ

Раёсати маъмурию хоҷагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамеша аз пайи ободу зебогардонии биноҳои донишгоҳ ва саҳни онҳо буда, ҳамарӯза иҷрои корҳои банақшагирифташударо батадриҷ амалӣ менамояд. Дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби раёсати донишгоҳ 16000 (понздаҳ ҳазор) дона гули ороишӣ дар гирду атроф ва саҳни биноҳои таълимӣ шинонида шудааст, ки ҳусни донишгоҳро зеботар менамоянд.

Кормандони қисми хоҷагӣ маводи барқии корношоями тамоми биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишгоҳро иваз намуда, мизу курсиҳои дарсиро таъмир карда истодаанд. Инчунин, бояд қайд намуд, ки вобаста ба вазъияти баамаломада ҷиҳати иҷрои дастури Ситоди ҷумҳуриявӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби донишгоҳ ба миқдори зарурӣ маводҳои безараргардонӣ, аз қабили хлор, маҳлулҳои спиртӣ (антисептикҳо), ҳароратсанҷҳо ва маводҳои шустушуӣ харидорӣ гардида, мавриди истифода қардор дода шудааст. Инчунин, дар доираи корҳои безараргардонӣ ширкати “ФАВЗ” даъват карда шуда, биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳои донишҷӯён ва саҳни донишгоҳ безарар гардонида шудааст.

Барои мубориза ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории ҳамагири Covid-19 аз ҷониби раёсати донишгоҳ ба суратҳисоби хайрияи дар сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми 26100 (бисту шаш ҳазору сад) сомонӣ маблағ гузорида шудааст. Илова бар ин, дар ҳаҷми 5500 (панҷ ҳазору панҷсад) сомонӣ ва 500 (панҷсад) адад ниқоб ба муассисаи давлатии “Маҷмааи тандурустии Истиқлол” тақдим карда шудааст.

Ба гуфтаи ректори ДДМИТ муҳтарам Шукрулло Хайрзода, “дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, раёсат ва коллективи устодону кормандони донишгоҳ дар оянда низ дар самтҳои зикршуда фаъолияти самаранокро идома медиҳанд. Бунёдгузори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор мераванд. Талаботҳои замони муосир ба ихтисосҳои нав ба навро дар бозори меҳнати ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар ба назар гирифта, Пешвои хирадманди мо соли 2018-ум ин донишгоҳро таъсис доданд, ки дар муддати басо кӯтоҳи фаъолияти худ, метавон гуфт, ба дастовардҳои хуби таълимию корӣ ноил гардида, дар қатори беҳтарин муассисаҳои олии таълимӣ қарор дорад”.

Бино ба иттилои Ш. Хайрзода, имрӯз барои тамоми зинаҳои таълим дар донишгоҳ тамоми шароити корию таълимӣ муҳайё буда, барои донишҷӯён 3 бинои таълимии ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ барои 5300 ҷои нишаст дар як баст омода буда, 1124 адад компиютерҳо, 124 адад ноутбук, 41 адад тахтаи электронӣ, 44 адад проектор, 16 адад планшетҳои деворӣ, 8 адад банерҳои экранӣ, 200 адад принтерҳои одию бисёрфунксионалӣ дар ихтиёри донишҷӯён қарор доранд.

Имрӯз дар 3 хобгоҳи донишгоҳ 1100 нафар донишҷӯён аз манотиқи дурдасти кишвар зиндагонӣ менамоянд, ки байнашон 37 ятими кулл буда, барои онҳо аз тарафи маъмурият шароити лозима муҳайё карда шудааст. Дар хобгоҳ 20 адад компютерҳои ба шабакаи ҷаҳонии интернет ва фонди китобхонаи электронӣ пайваст дар хизмати донишҷӯён аст.

– Имрӯз ДДМИТ бо 115 муассисаи таълимию ташкилотҳои дохилию хориҷӣ ҳамкориҳои мутақобила дошта, 12 нафар донишҷӯёни мо дар хориҷа таҳсили худро давом дода истодаанд. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ буд, ки олимону донишмандони Донишгоҳи Норгемптони Британияи Кабир ба донишҷӯёни мо лексияҳо хонда рафтанд. Имрӯзҳо дар донишгоҳ 15 докторони илм, 144 номзадҳои илм, 179 муаллимони калон ва ассистентҳо фаъолияти корӣ доранд. Дар маҷмуъ, 338 нафар устодон дар донишгоҳ фаъолияти корӣ доранд. Соли ҷорӣ донишгоҳро 1561 донишҷӯ хатм карданд, ки аз он 1109 нафар рӯзона ва 452 нафар ғоибона донишгоҳро хатм намуданд. Маҳз интихоби Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод аз тарафи 50 ҳазору 883 нафар довталабон аз тариқи ММТ-и назди Президенти кишвар, ки нисбати соли 2019-ум 4315 нафар зиёд мебошад, аз боло рафтани обрӯи донишгоҳ байни аҳолии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Давоми ду соли охир донишгоҳ, ки меваи даврони Истиқлолият мебошад, ба он қадар дастовардҳо ноил гардид, ки дар саҳифаи чанд китоб намеғунҷад. Ин ҳамагӣ аз хизматҳои Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Аз фурсат истифода бурда, ман аз номи худ ва ҳайати профессорону докторон ва устодони донишгоҳ кулли мардуми шарифи Тоҷикистон ва донишҷӯёни ДДМИТ-ро ба муносибати 29-солагии Истиқлолияти давлатӣ табрику таҳният гуфта, ба эшон саломатӣ ва бурдбориҳои беназир таманно дорам,- гуфт Шукрулло Хайрзода.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь