Конибодом яке аз шаҳрҳои хушбоду ҳавои Тоҷикистон буда, тӯли солҳои Истиқлолият бештар аз пеш шуҳрат пайдо кардааст. Роҳбари гуруҳи эҷодии МТЖТ зимни як сафари корӣ бо вазъи иҷтимоиву иқтисодии ин шаҳри оростаи диёр ошноӣ пайдо намуд. Инак, гузориши ӯ аз ин шаҳр.
Тавре дар рафти суҳбат раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зафарбек Давлатзода иброз дошт, “маҳз тавассути хизматҳои беназир, талошу такопӯ ва ҷоннисориву сарсупурдагиҳои фарзонафарди миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Конибодом дар қатори дигар гӯшаҳои биҳиштосои Тоҷикистони азиз рӯз аз рӯзу сол то сол ободу зебо мегардад. Натиҷаи ҳамин ибтикорот аст, ки имрӯз маркази шаҳр ба куллӣ симояшро дигар намуда, тайи чанд соли ахир даҳҳо иншооти наву замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ва минбаъд низ ин ободкориҳо марҳила ба марҳила идома ёфта, ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо армуғонҳои арзанда таҷлил хоҳем намуд”.
Иҷрои нақшаи андоз
Дар соли 2019 дар шаҳр иҷрои нақшаи андозҳо 100 фоиз, буҷети маҳаллӣ 100 фоиз, андози иҷтимоӣ 103 фоиз, андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 112 фоиз ва воридоти умумӣ (андоз бо андози иҷтимоӣ) 101 фоиз таъмин гардидааст. Афзоиши нақшаи воридоти умумӣ дар соли 2019 нисбати соли 2013-ум 39 млн142 ҳазор сомонӣ, ё ки 158,5 фоиз буда, дар соли ҳисоботӣ 107 млн 190 ҳазор сомонӣ маблағ ба буҷет ворид гардидааст, ки аз нақша 1 млн 57 ҳазор сомонӣ ва аз иҷроиши соли 2013 ба маблағи 48 млн 200 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Аз 11 намуди андозҳо иҷроиши нақшаи 9 намуди он таъмин гардидаааст. Дар моҳҳои январ-феврали соли 2020 бошад, нақшаи андозҳо 101 фоиз иҷро гардидааст.
Рушди соҳаи кишоварзӣ
Соли 2019 барои кишоварзони шаҳр соли бобарор буд. Маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра 485 млн 140 ҳазор сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар сатҳи 107,8 фоиз иҷро гардидааст. Аз ҷумла, истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ дар сатҳи 100,3 ва чорводорӣ 113,7 фоизро ташкил намудааст. Ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ ба 10290 тонна, картошка 3091 тонна, сабзавот 18968 тонна, полезиҳо 5233 тонна, меваҷот 23080 тонна ва ангур ба 994 тонна расонида шудааст. Дар структураи кишти зироатҳои растанипарварӣ кишти пахта мавқеи марказиро ишғол менамояд.
Дар давраи ҳисоботии соли 2019 дар майдони 6006 гектар кишти пахта гузаронида шуда, нисбати кишти ҳақиқии соли 2018 (6003 га) 3,0 га зиёд буда, 14038 тонна бо ҳосилнокии 23,4 сентнер аз як гектар ҷамъоварӣ гардидааст. Дар ҳамаи категорияҳои хоҷагиҳои кишоварзӣ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли гӯшт ва шир нисбати соли 2018 таъмин шудааст.
Дар ду моҳи аввали соли 2020 бошад, маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ 25 ҳазору 552 сомониро ташкил дода, суръати афзоиш дар сатҳи 101 фоиз иҷро гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ ва омодагӣ ба ҷашни Истиқлолият
Дар соли 2019 аз тарафи ташкилоту муассисаҳои сохтмонӣ ба маблағи 1 млн 765 ҳазор сомонӣ корҳои пудратӣ иҷро карда шуда, истифодабарии маблағгузории асосӣ аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо 67 млн 395 ҳазор сомонӣ ва ба маблағи 53 млн773 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ ва иншоот ба кор андохта шудааст, ки нисбати соли 2018-ум 5,4 маротиба зиёд аст.
Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бунёди 506 адад иншооти ҷашнӣ ба нақша гирифта шуда, дар соли 2019 аз он 274 адад иншоот мавриди истифода қарор дода шудааст, ки 54,1 фоизи иҷрои нақшаро ташкил медиҳад. Соли 2019 сохтмони 178 иншоот ба нақша гирифта шуда, 181 иншоот сохта шудааст, ки 101 фоизи нақшаи солонаро дар бар гирифтааст.
Дар соли 2019 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, соҳибкорон ва аҳолӣ 36 адад кӯчаҳои шаҳру деҳот ба масофаи 38,2 км чароғон ва 25 адад кӯчаҳо ба масофаи 12 км асфалтпӯш карда шудааст. Дар 4 чорроҳаи асосии шаҳр дар кӯчаи ба номи Исмоили Сомонӣ 16 адад чароғакҳои роҳнамои рақамӣ насб карда шудааст.
Соҳаи тандурустӣ
Бо мақсади беҳтар намудани шароити беморхонаҳо ва мусоидат намудан барои болоравии сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар соли 2019 барои ташкилоту муассисаҳои тандурустӣ аз буҷет 1 млн 263 ҳазор сомонӣ, аз суратҳисоби махсус 132 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби соҳибкорон 400 ҳазор сомонӣ, ҷамъ 4 млн 359 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Инчунин, дар 7 адад марказҳои саломатии ҷамоатҳои деҳот аз тарафи лоиҳаи “Сино” ба маблағи 2 млн 564 ҳазор сомонӣ корҳои азнавсозӣ карда шуда, иншооти мазкур ба истифода дода шудаанд.
Дар ду моҳи аввали соли 2020 дар муассисаҳои табобатии шаҳр 897 кат дар хизмати мизоҷон қарор гирифтаанд.
Рушди соҳаи маориф
Бо дастгирии мақомоти иҷроияи хокимияти давлатии шаҳр, бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва дар ҳамкорӣ бо кумитаи падару модарон дар арафаи соли таҳсили 2019-2020 дар муассисаҳои таълимии №45, 47, 53 ва гимназияи №1 дар маҷмуъ 19 синфхонаҳои иловагии муҷаҳҳаз бо компютерҳо ва мизу курсӣ ва дар муассисаҳои таълимии №19 ва №44 толорҳои варзишӣ мавриди истифода карор дода шуда, чунин тадбирҳои судманд дар як қатор муассисаҳои таълимии дигар, аз он ҷумла, бунёди 15 синфхонаи иловагӣ дар муассисаҳои таълимии №13, 32, 35 оғоз гардида, дар муассисаҳои таълимии №13, 51, гимназияи №1 бунёди толорҳои варзишӣ ва майдончаҳои варзишии муосир бомаром идома ёфт.
Бояд ёдрас намуд, ки соли 2019 хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат намуда, соҳиби 17 медал гардиданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии ҳарбӣ – ватандӯстонаи “Ватанпарвар” дастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 фаъолона иштирок намуда, дар сатҳи ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардид. Инчунин, хонандагони шаҳр дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия” дар давраи вилоятӣ сазовори ҷойи 1 ва дар давраи ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи 2-юм гардиданд.
Боиси сарфарозист, ки бо дастгирии бевоситаи раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зафарбек Давлатзода дар бинои ҶС ба номи Э. Бойматова бо ҷалби 1000 нафар хонанда дар 2 баст ҷараёни таҳсил роҳандозӣ гардида, дар заминаи он барои таъсиси мактаби нав ба маблағи 2 млн сомонӣ дар ин минтақа поягузорӣ карда шудааст.
Ба санаи 1-уми марти соли 2020 шумораи мактабҳо дар шаҳри Конибодом 55 ададро ташкил медиҳад, ки дар онҳо 2 ҳазору 425 нафар омӯзгорон ба таълиму тарбияи 34 ҳазору 76 нафар хонандагон машғуланд.
Рушди соҳаи фарҳанг
Соли 2019 базаи моддӣ-техникии соҳаи фарҳанги шаҳр рӯ ба беҳбудӣ оварда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва сарчашмаҳои гуногун ҷиҳати ободонии соҳа ва харидории лавозимоти аввалиндараҷа имконоти фаровон фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, барои сафари ҳунарии театри драмаи мусиқии шаҳр ҷиҳати иштирок дар фестивал-озмунҳо 19 ҳазоу 881 сомонӣ ва барои харидории таҷҳизоти замонавии техникӣ аз буҷети маҳаллӣ 180 ҳазору 630 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Аҳли ҳунари шаҳр дар ташкилу баргузор намудани 1790 чорабиниҳои фарҳангӣ саҳмгузор гардидаанд, ки бо иштироки 10900 нафар тамошобин ва сокинон сурат гирифтааст. Ин нишондод аз соли 2018, чорабиниҳо ба 108 адад ва шумораи тамошобинон ба 6080 нафар афзудааст.
Бахшида ба Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ дар ҳамаи китобхона-филиалҳо маҳфилҳои адабӣ ва шабҳои шеър ташкилу баргузор карда шуда, оид ба арзишҳои миллӣ, қадру манзалати истиқлолу ободӣ ва расидан ба қадри неъмати бебаҳои сулҳу озодӣ қироати шеъру сурудҳо ва маърузаҳои судманд пешкаш карда шудааст. Бахшида ба солҳои 2019-2021 – «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» таҳти унвони «Ҳунарҳои мардумӣ» дар даромадгоҳи осорхонаи шаҳр гӯшаи алоҳида, яъне деворнигора ташкилу насб карда шудааст. Дар осорхона бахшида ба Рӯзи осорхонаҳо ва Рӯзи ёдгориҳои таърихӣ чорабиниҳои илмӣ-адабӣ, экскурсияҳо ва «Рӯзи дарҳои кушод» барои донишҷӯён ва муҳассилини мактабҳои шаҳр доир карда шуда, ба сокинон оид ба осорхонаҳо, махзани таърихии он ва аҳамияти он дар рушди таъриху тамаддуни ҳар як кишвар маълумотҳо дода шудааст.
Дар соли ҳисоботии 2019 шумораи тамошобинони осорхона 2678 нафарро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо соли муқоисавӣ ба 201 нафар зиёд аст. Аз ин шумора 130 нафарашон меҳмонони хориҷӣ мебошанд.
Ба санаи 1-уми марти соли 2020 дар шаҳр 29 китобхона, 15 клубу хонаҳои маданият, 1 мактаби санъат, 1 мағозаи китоб, 1 театр – студияи «Наврас», 1 театр, 5 ансамбли халқӣ, 2 боғи истироҳатӣ, 1 осорхона ва 88 ёдгориҳои таърихӣ мавҷуданд.
Соҳибкорӣ ва шуғли аҳолӣ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ба таъсиси ҷойҳои кории холӣ, кортаъминкунии корҷӯён, сафарбар намудани онҳо ба касбомӯзонӣ аҳамияти махсус медиҳад. Дар соли 2019-ум 1332 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин гардидаанд, ки ин нисбати барнома 169,0 % ва нисбати соли 2018-ум 107 %-ро ташкил медиҳад. Баҳри бештар бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандони бекор ва ташкил кардани алоқаи бевосита байни корфармоён ва корҷӯяндагон дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 15 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ташкил ва гузаронида шуда, дар рафти ярмаркаҳо 116 нафар шаҳрвандони бекор бо ҷои корӣ таъмин гардида, 85 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб карда шудаанд. Ба 58 нафар шаҳрвандони бекор аз 2000 то 5000 сомонӣ ба маблағи 240 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст, ки дар натиҷа онҳо имконияти ба соҳибкорӣ машғул шуданро пайдо намуда, соҳиби ҷои корӣ гаштаанд.
Ба санаи 1-уми январи соли 2020 шумораи соҳибкорони шаҳр дар маҷмуъ 11 ҳазору 262 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 370 нафар зиёд мебошад.
Ҷавонон ва варзиш
Бо мақсади ҳамаҷониба ба роҳ мондани тарбияи сиёсию маънавии ҷавонон, тарғиби ахлоқи накӯ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, хосатан ҷараёнҳои динии ифротию экстремистӣ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута вохӯриву мулоқотҳо ба роҳ монда шуда, дар соли 2019-ум зиёда аз 100 адад чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла 78 маротиба мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки ҷавонон доир карда шудааст.
Варзишгарони шаҳр дар соли 2019 дар мусобиқаҳои варзишии сатҳи гуногун иштирок намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумла, Раҳмонов Абдураҳмон дар мусобиқаи варзишии байналхалқӣ дар Ҷумҳурии Украина дар намуди дҷиу-дҷитсу байни наврасони 16-17-сола иштирок намуда, ба унвони Чемпиони ҷаҳон шарафёб гардидааст. Ҳамзамон, моҳи декабри соли 2019 варзишгарони шаҳр дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ дар намуди гӯштини тарзи озод ширкат варзида, 5 нафар дар вазнҳои гуногун сазовори ҷои аввал шудаанд. Дар маҷмуъ, соли 2019 варзишгарони шаҳр соҳиби 100 адад медал, аз ҷумла 34 медали тилло гардидаанд.
Рушди саноат
Ба гуфтаи раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зафарбек Давлатзода, “чӣ хеле ки маълум аст, рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз дараҷаи тараққиёти соҳаҳои воқеии иқтисодиёт вобастагӣ дорад. Аз тарафи Пешвои муаззами миллат саноатикунонии босуръати мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва роҳбарони ташкилоту муаассисаҳои саноатӣ баҳри дар амал татбиқ намудани ин иқдоми тақдирсоз тадбирҳои мушаххас андешида шуда истодааст”.
Бояд гуфт, ки соли 2017 ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 194 млн сомонӣ, соли 2018 ба 262 млн сомонӣ расонида шуда, соли 2019 аз тарафи корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 310 млн 141 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол карда шудааст, ки баробари 119 фоизи иҷрои нақша аст. Дар соли 2019-ум 4 адад корхонаҳои хурди саноатӣ сохта ба истифода дода шуда, 5 адад корхонаҳо (ҶДММ «Бунёдкори Канд», ҶС “Конибодом”, ҶДММ “Зулфиқор”, КИ “Фирӯзи Канд” ва ҶДММ «Заррин Канд») аз нав фаъолияташонро оғоз намуданд ва ҶДММ “Билол Суюлин Семент” бо иқтидори истеҳсоли 300 тонна семент дар як шабонарӯз аз 1-уми январи соли равон ба фаъолият шуруъ намуд.
Барномаи саноатикунонии шаҳр барои солҳои 2020-2025 тасдиқ гардидааст, ки бояд дар ин муддат 46 адад корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси зиёда аз 600 ҷои корӣ сохта ба истифода дода шаванд.
Дар фароварди суҳбат раиси шаҳри Конибодом муҳтарам Зафарбек Давлатзода зикр намуд: “Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом ҳама кӯшишу имконияташро баҳри он сафарбар менамояд, ки нақшаву уҳдадориҳои қабулкардаро дар давоми соли 2020 таъмин намуда, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намояд ва ба таҷлили пуршукуҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт омода гардад”.
Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ