Ваҳдати миллӣ неъмати бузург ва муқаддасе мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳо ва саодати рӯзгори мардум аз он маншаъ мегирад. Он барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ, Ватан-модар ва дигар унсурҳои давлатдориамон нақши муассир дорад. Ваҳдат, яъне иттифоқу ягонагӣ ва ҳамбастагӣ ҳанӯз аз аҳди бостон дар байни мардуми соҳибтамаддуни мо, хоса, дар осори олимону шоирон ва мутафаккирони тоҷик тавсифу тарғиб мегардид.
Чунончи Саъдии Шерозӣ мегӯяд:
Мурчагонро чу фитад иттифоқ,
Шери жаёнро бидаронанд пӯст.
Сайидои Насафӣ низ ба ин маъно гуфтааст:
Аз иттифоқи мурчагон ғофилӣ магар,
В-арна чаро ҳақир шуморию нотавон?!
“Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ низ бо ин байт оғоз меёбад:
Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.
Яъне шикоят, гиряву оҳу фиғон аз ҷудоист. Шоир ва мутафаккири бузурги тоҷик пирӯзиро аз иттифоқу ваҳдат медонад:
Пирӯзӣ аз иттифақ хезад,
Паркандагӣ аз нифоқ хезад.
Ту ноз куниву ёри ту ноз,
Чун ноз ду шуд, талоқ хезад.
Бубинед, ноз дар ин ҷо ба маънои такаббур варзидан аст, яъне аз рӯи кибр ҳарф задану паст наомадан аст. Аксари ҷудоӣ дар оилаҳо ба ҳамин минвол сурат мегиранд.
Ривояту зарбулмасалҳо низ дар байни мардуми тоҷик хеле зиёданд, ки моро ба ваҳдату иттифоқ ва ҳамбастагӣ даъват ва талқину тарғиб мекунад. Чунончи марде зимни мурдан фарзандонашро ба наздаш даъват карда, як даста навдаи ба ҳам бастаро ба дасти онҳо дод, то онро шикананд. Зӯри ҳеҷ яке аз онҳо нарасид. Он бастаро кушуду ба дасти ҳар кадомаш яктоӣ навда дод. Онҳо ба осонӣ навдаҳоро шикастанд. Ва дар охир он мард гуфт: “Фарзандонам, то он даме ки бо ҳам иттифоқ ҳастед, касе шуморо мағлуб карда наметавонад.”
Ман пешниҳод менамоям, ки кормандони пажӯҳишгоҳ, бахусус, марказ ҳамин гуна масалу ривоётро ҷамъоварӣ намоянд. Зеро он чизе, ки аз мардум ҷамъоварӣ мекунем ва ба самъи мардум мерасонем, хеле таъсирбахшу гуворост.
Бояд тазаккур дод, ки баргузории Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон нақши тайинкунандае дар таҳкими Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дошт.
Дар ин замина андешаҳои ду бонуи муҳтарам, ходимони давлатӣ, иштирокдорони Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии намояндагони Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро, ки бо онҳо мусоҳиб гардидем, пешкаши шумо менамоям.
Адолат Раҳмонова:
– Дар ҳақиқат ин иҷлосия барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо тақдирсоз буд. Дар натиҷаи нофаҳмиҳои байни гурӯҳҳо, ки мехостанд дуруст будани ақидаҳои худро исбот намоянд ва шояд дарк накардани демократия, ки қисмате бо номи демократ баромад мекарданд, кишвари моро ба ҷанг кашиданд. Гурӯҳҳои мухолиф бо ҳар восита мехостанд сохти конститутсиониро тағйир дода, бо роҳи зӯрӣ ба сари қудрат оянд. Шояд онҳо на фақат аз дохил ба иштибоҳҳои сиёсӣ роҳ доданд, балки хоҷагоне доштанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мекарданд ва мехостанд Тоҷикистонро ба қисматҳо ҷудо намоянд ва мардуми сарбаланди тоҷикро мутеъ созанд. Баргузор гардидани Иҷлосия ба чунин ихтилофот хотима бахшид. Хушбахтона, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ 16-уми ноябри соли 1992 дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Рӯзи сеюми Иҷлосия собиқ раиси вилояти Суғд зимни баромад бо баҳонаи он ки гӯё вакилони мардумӣ омода нестанд, таклиф намуд, ки кори иҷлосияро ба моҳҳои оянда гузаронида шавад.
Баъди суханронии ӯ дигар тоқат карда натавонистам. Ҳамон лаҳза ба минбар баромада, ҳамчун зан-модар бо як эҳсоси дилсӯзона таъкид намудам, ки манфиатҳои шахсиву гурӯҳиро бояд як тараф гузошт. Лаҳзае расидааст, ки мо бояд Раиси Шӯрои Олиро интихоб намоем, кумитаву вазоратҳоро таъсис диҳем, то тавонем Тоҷикистонро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳем.
Дар он рӯзҳои ҳассос сухан гуфтан осон набуд. На ҳар кас ҷуръат дошт, ки бар хилофи гурӯҳҳои мухталиф фикру ақидаҳояшро ба хотири дифоъ аз сохти конститутсионӣ, нигоҳ доштани давлат ва ҳифзи миллат иброз дорад.
Мо тавонистем, ки зарурияти доир гардидани Иҷлосияро исбот созем. Дар ҳамин Иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон, шахси фидоии миллату Ватани хешро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олӣ интихоб намудем. Сардори давлат дар он солҳои мудҳиш борҳо ба Афғонистон сафар карданд, ки на ҳар кас чунин ҷуръатро дошт. Фақат шахси фидоӣ, ки ҷонашро барои сарҷамъии миллату оромиву осудагии кишвараш дареғ намедошт, ба ин кор қодир буд.
– Ҳамон рӯзе, ки оши оштӣ медоданд, як гурӯҳ занҳои вилояти Суғд омада хоҳиш карданд, ки бо онҳо мулоқот намоям. Маро ба маҷлисгоҳе бурданд, ки дар он ҷо қариб 400 нафар зан ҷамъ омада буд. Онҳо иброз доштанд, ки мехоҳанд Адолат Раҳмоноваро аз наздик бубинанд. Маро ламс мекарданду ба оғӯш мегирифтанд ва мегуфтанду мегиристанд. Ман баробари онҳо ашк мерехтам. Онҳо мепурсиданд, ки оқибат чӣ мешавад ва занҳоро чӣ қисмате интизор аст?
Ман бо боварии комил гуфтам, ки шахсе, ки мо Сардори давлат интихоб кардем, бо тадбирҳои хирадмандона ва матонату ҷасорат кишварамонро аз бӯҳрони сиёсиву иқтисодӣ мебарорад. Барои ба эътидол овардани ҷомеа, бахусус, ба занҳо имконият медиҳад, ки дар ин ҷабҳа талош варзанд.
Он бунёдгариҳое, ки бо роҳбарӣ ва ҳидояти Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли ин солҳо дар Тоҷикистон ба сомон расид, худ гувоҳи ҷомаи амал пӯшидани орзуи одамони сулҳпарваранд. Ва имрӯз, ки мо дар арафаи ҷашнгирии Ваҳдати миллӣ қарор дорем, орзу менамоям, ки сатҳи зисти мардуми мо боз ҳам баланд гардад ва зиндагии гуворо дошта бошанд, зеро миллати мо ба ин сазовор аст.
Гулафзо Савриддинова зимни суҳбат чунин иброз дошт: “Ҳанӯз 9-уми сентябри соли 1991 мо, намояндагони халқ, дар вазъияти хеле мураккаб Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро эълон кардем. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ як идда шахсоне пайдо шуданд, ки вазъи сиёсии кишварамонро муташанниҷ гардониданд. Истиқлолиятро ба даст овардем, вале таҳкими он вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд маҳсуб меёфт. Будан ё набудани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба миён омад. Вазъ дар аксари манотиқи Тоҷикистон, хусусан, дар пойтахт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ хеле мураккаб гардид. Сохти қонунии давлатдории Тоҷикистон зери хавф монд. Мақомоти қудратӣ фалаҷ шуда буданд. Бо вуҷуди чунин нобасомониҳо Шӯрои Олии кишвар ягона мақоме буд, ки мардумро ба оромӣ, сулҳу салоҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ даъват мекард. Баргузор гардидани Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Хуҷанд он вақт хеле мушкил буд. То баргузории ин иҷлосия намояндагони мардумӣ борҳо даъват шуда буданд, вале бо сабабҳои объективию ғайриобъективӣ сарҷамъ шуда натавонистанд. Вақте ки вазъият хеле мураккаб гардид, як қудрати илоҳӣ ҳамаи намояндагонро ҷамъ овард. Бо вуҷуди аксари намояндагон ҷамъ будан мо се рӯз натавонистем кори иҷлосияро оғоз намоем. Дар ҳамон ҷо низ гурӯҳҳое буданд, ки халал мерасониданд. Чунин сару садоҳо буданд, ки гӯё бо сар шудани иҷлосия вазъият боз ҳам мураккабтар мегардад. Ҳатто баъзе роҳбарон низ ба оғози кори иҷлосия монеъ мешуданд. Он рӯзҳо барои ҷумҳурии тозаистиқлоли мо тақдирсоз буд.
Ниҳоят ҳамаи намояндагони гурӯҳҳо сари инсоф омаданду мо, вакилони мардумӣ, ба кори Иҷлосия оғоз намудем. Дар Иҷлосия фикру андешаҳо хеле зиёд буданд.
Яке аз масоили асосӣ ин қабули сохти давлатдорӣ: президентӣ ё порлумонӣ буд. Масъала ҳалли худро ёфт. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сардори давлат тасдиқ шуд. Баъди он ки номзадии Эмомалӣ Раҳмонро ба Раисии Шӯрои Олии мамлакат пешниҳод карданд, дар чеҳраи ҳамаи вакилони мардумӣ як шукуфоӣ ва ризоиятмандӣ ҳувайдо гардид ва ҳамагон ин пешниҳодро бо қаноатмандӣ пазируфтанд. Ҳамаи мо он замон масъулияти хеле ҷиддиро ба ӯҳда доштем.
Эмомалӣ Раҳмон, Сардори давлати тозаинтихобшуда, дар назди ҳозирин иброз дошт: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».
Ин суханон ба рӯҳи аҳли нишаст таъсир гузошту ҳама оҳи сабук кашиданд.
Ҳангоме ки кори Иҷлосияро ба итмом расондем, дар дили ҳамагон як умед ба беҳбудӣ ҷой гирифт ва қуввае пайдо шуд, ки мо сохти конститутсиониро барқарор карда тавонистем.
27-уми июни соли 1997 – пас аз 8 даври гуфтушунид (дар солҳои 1994 то 1997) миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва мухолифин дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид.
Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (5 майи соли 1992 – 27 июни соли 1997) беш аз 100 ҳазор кас кушта ва тахминан 1 млн кас гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ шуданд. Хисороти иқтисодии ин ҷанг дар Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 10 миллиард доллари амрикоӣ баровард шудааст. Имзои «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон» кишварро аз нобудӣ ва мардумро аз парокандашавӣ нигоҳ дошт.
Бино бар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», 27 июн ҳамчун «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди расмии давлатӣ табдил ёфтаст ва ҳар сол ҷашн гирифта мешавад. Ба муносибати рӯзи ид бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҷузъу томҳои низомӣ чорабиниҳои фарҳангию сиёсӣ доир мешаванд, ки яке аз онҳо ҳамин ҷамъомади имрӯзаи мост.
Чунончи Абӯшакури Балхӣ мегӯяд:
Чу аз оштӣ шодӣ ояд ба чанг,
Хирадманд ҳаргиз накӯшад ба ҷанг.
Мунаввари САФАР,
ходими пешбари ПИТФИ