Ҳар субҳ бо мақсади варзиш ба кӯчаҳои шаҳр мебароям. Ба назди боғи начандон бузург мерасам. Марде зери дарахтони қад бар осмон кашида 4-5 сар гӯсфандашро мечаронд. Ӯ дар дасташ оҳани дароз дошт. Мард чангаки асои оҳанини дасташро ба шохи дарахт андохта, сахт мекашид.
Ҳамин ки шох ба замин зад, гӯсфандонаш зуд ба барги дарахт мечаспиданд. Худи мард шохҳои шикастаи тиҳӣ аз баргро банд-банд мебаст.
Аз он ки мо шиноси дерин будем, сари қадам андаке суҳбат мекардем. Як дафъа ӯ гуфт: «Медонӣ-чӣ? Агар ин дарахтро аз бехаш бурам, пагоҳ омада аз ман ҷарима меситонанд. Ман ҳам одами содда не, медонам чӣ кор кунам. Баргҳои дарахт агар ғизои гӯсфандон шаванд, шохаҳо дар шумори ҳезуманд».
Мард ин суханҳоро бо як ғурур ба забон овард. Гӯё дар назараш ҳама атрофиён гӯлу гумроҳанд, фақат ӯ марди доносту зирак, ки раҳи кору раҳоӣ аз масъулиятро ёфтааст.
Чунин муносибату гуфтори ҳамсуҳбатам дили маро фишор медиҳад. Мехоҳам бар сараш дод занам. Боз ғазабамро фурӯкаш мекунаму дур меравам аз ӯ, аммо гуфтаҳояш ҳеҷ нест, ки аз майнам бадар шаванд.
Баъзан дар кӯчаҳои шаҳр пиёда қадам мезанам. Мебинам, ки қад-қади кӯчаҳои марказӣ, рӯи сабзаҳои навкишта ресмон кашидаанд. Ва ҳамин кашидани ресмон аз чигунагии маърифати мо – сокинони шаҳр дарак медиҳад. Дар асл, ҳар яки мо худхоҳ ҳастем. Ва худхоҳӣ яке аз нишонаҳои бемаърифатист. Дар куҷое хоҳем, роҳи мошинро убур мекунем, сабзаҳои сари кӯчаро бидуни андеша зери по менамоем. Шоире дар хусус хуб фармудааст:
Марде ба Ватан чун ифтихоре дорад?
Дар мадҳи Ватан дарза шиоре дорад.
Помол кунад дар қади раҳ сабзаву гул,
Бефаҳм, дар он Ватан қароре дорад.
Андеша намекунем, ки сабзаҳо ҳам мисли мо ҷон доранд, нафас мекашанд. Сабзаҳо атрофро аз ғубор тоза нигоҳ медоранд. Обу ҳавои софу беғубор ҷону тани инсонро малҳам аст. Сабзаҳои лагадмоли қади кӯчаро мебинаму як воқеа ба хотирам мерасад. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ дар кишвари Русия Александр Мерзлов ном ҷавони ҳаждаҳсола ҳангоми хомӯш намудани трактори оташзада қурбон мешавад. Ин корномаро рӯзномаҳои марказӣ зуд интишор намуданд. Чунин муносибати қаҳрамонона дар ниҳоди мардуми Иттиҳоди Шӯравӣ эҳсоси эътиқоду эҳтиромро барангехт. Аксари мардум ба қаҳрамонии ҷавони пурҷасорат офарин мехонданд. Дар ин радда, дареғ аз он, ки накуҳишгарони нотавонбин ҳам буданд, бо далели бузургии беҳамтои умри инсонӣ. Барои як пораи оҳан худро қурбон намудани ҷавон шарт набуд. Зеро пораи оҳанро аз нав пайдо кардан мумкин асту ҷавони қурбоншударо не. Ин андеша дили нозуки нависандаи бузурги рус К. Симёновро ба дард меоварад ва ӯ чунин хулоса мекунад: «Зери ин қаҳрамонӣ мафҳуми муҳаббат ба Ватан аст. Ватани мо сари як тори мурват, сари як пораи оҳан қарор дорад. Агар ҳар кадоме аз ин қисматеро бигираду бо худаш бубарад, пас пояи Ватан ноустувор мемонад».
Ин андешаҳои нависанда мафҳуми маҷозӣ пайдо намудааст. Яъне, «ман Ватанро дӯст медорам» гуфтан ҳанӯз далели муҳаббати шумо ба меҳан нест. Барои Ватанро дӯст доштан бояд ҳар як пораи хок, ҳар як зарраи санг, ҳар як тори сабзаву растаниҳоро бо камоли масъулият, мисле ки модар тифли ширхораашро парастиш мекунад, парвариш намуд ва чун гавҳараки чашм нигоҳ дошт. Дӯст доштани Ватан на дар сухан, балки дар амал аст.
Мо имрӯз аз рамзҳои кишварамон – Парчам, Суруди миллӣ, Нишони давлатӣ ифтихор дорем. Дар ҳақиқат, ин рамзҳо кишвари моро барои ҷаҳониён муаррифӣ месозанд. Бояд як чизро ёдрас шуд: ба ҷуз ин чанд нишона ҳар як пораи санг, ҳар як зарраи хок, ҳар як тори сабзаву гул, ҳар як резаи сафоле, ки дар зери хоки кишвар пайдо гаштааст, ҳар як рубоиву дубайтӣ низ рамзи кишвари мо ҳастанд. Ин чиз беасос нест. Шояд як гули лолае, ки дар хоки сарзамини мо мерӯяд, вақти бурдану парвариш кардан дар хоки дигар, насабзад. Ва агар сабзад ҳам, бӯю таровати пешинаашро нахоҳад дошт. Масалан, рубоёти мардумиро бигирем: Ин пораҳои дили инсонҳоест, ки фақат ба мардуми тоҷик хос аст. Барои исботи андеша ба ду рубоӣ бо шарҳаш рӯ меорем:
Дар дашт будум, боша надоштум сари даст,
Дар фикр будум, турна ба болоям гузашт.
Эй турнаи маст, биё бишӣ дар сари даст,
Як нақл бикун, ки хубии умр гузашт.
Дар дашт будан ё мондани касе асосан ифшогари аҳволи кунунии ӯст. Мафҳуми «дашт» ин ҷо қариб ифодагари мафҳуми «чорроҳа» аст. Аслан, инсон агар дар зиндагӣ раҳгум занад, маҷозан худашро дар сари чорроҳа мебинад. Ва намедонад, ки аз ин чор роҳ кадомашро интихоб намояд. Дар афсонаҳои мардуми тоҷик низ «чорраҳа» ифодагари ҳолати ботинии қаҳрамони раҳгумзада аст. «Дашт» ҳам гӯё ба чунин маъност. Аммо ин ҷо «дашт» мафҳуми инсони танҳо, танбал, фориғбол ва бемақсадро инъикос менамояд. Ҷумлаи «дар сари даст боша доштан» дунёи инсони бемақсаду бемаромро хубтар баён мекунад. Боша парандаи шикорист. Дар пайи шикор нагаштан, яъне фориғболию дил шустан аз кору бори зиндагист. Қаҳрамони рубоӣ дар танҳоӣ, фориғболӣ, бекорӣ, бемақсадӣ эҳсос мекунад, ки хубии умр (гузаштани турна) аллакай пушти сар шудааст. Дарки ин маънӣ қаҳрамонро ба гирдоби пушаймонӣ мекашад. Ӯ мехоҳад, ки умри рафтаро боз баргардонад (илтиҷои ӯ ба турна, ки ба сари дасташ нишинад), аммо ҳама кӯшишаш беҳуда аст. Беҳудаву бемақсад гузаштани умр дар дили қаҳрамон оташи ҳасрату армонро бармехезонаду халос.
Ё рубоии дигар:
Ин хонаи рӯ ба рӯ – аҷаб хушхона!
Сандуқи заррин дорад, қулфаш куҳна.
Гуфтам, бирам, ёри қиёмат гирам,
Ҳарчанд азиз, оқибат бегона.
Дар ин рубоӣ гуногун будани нигоҳ ва ҷаҳонбинии ду дилдода ифода ёфтааст. Ҷавонписар ба хонаи рӯ ба рӯ, ки аҷаб хуш асту сандуқи заррин дорад, дилгармии зиёд зоҳир менамояд. Аммо қулфи куҳна доштани сандуқ дили ҷавонро андаке сард сохтааст. Аслан барои кушодани қулфи куҳна калиди куҳна лозим аст. Ҷавон бошад, чунин калидро надорад ва доштан ҳам намехоҳад. Сандуқ ин ҷо рамзи дилбари зебост. Аммо тафаккур ва хислату хӯи духтар печида ба хурофот аст. Ҳама чизро бо назари куҳна мебинаду бо назари куҳна мепазирад. Назари ҷавонписар бошад, тамоман дигар аст. Ӯ одами муосир буда, ба атроф нигоҳи тоза дорад. Ва ҳамин тафриқаи нигоҳҳо ба атроф, ба замону ҷаҳон боиси ба кӯйи дудилагӣ афтидани ҷавон гаштааст.
Баъди ошноӣ бо рубоиҳо, шумо мардуми бегонаеро биёред, ба назди ин чашма, ин рӯд, ин пораи санг гузоред. Ман аминам, ки ӯ то ба ин дараҷа рубоиҳои дилнишин нахоҳад офарид. Зеро ӯ аз ин обу обу аз ин хок бегона аст.
Бо ин оварда андешаи ман чист? Андеша ин аст: Агар хоҳем, ки фардои кишвар ободу дурахшонтар бошад, ба фарзандон сарзамини некро мерос гузорем, ҳар кадоми мо бояд ба ашёи атроф назари некбинона дошта бошем. Ва онро чун моли худамон нигоҳ дорем.
То ин ҷо аз ҷониби камина ба мушкилоти мазкур аз даричаи маънавӣ нигаристан буд. Акнун ба ин мушкилот аз паҳлуи моддӣ наздик мешавем. Ҳар як сокини шаҳри Душанбе хуб медонад, ки сабзаҳои қади кӯчаро дар тӯли як сол се ё чаҳор бор кишт мекунанд. Бе гуфтугӯ, барои тухмиро харидану кишт намудан маблағ лозим аст. Ин маблағ аз куҷо меояд? Албатта, аз хазинаи давлат. Барои харидани тухмиву кишти аввал, фарз кардем 500 ҳазор сомонӣ сарф шуд. Агар ҳамин тухмиро ҷаҳор маротиба кишт кунем чӣ? Он гоҳ миқдори харҷ чаҳор маротиба меафзояд. Яъне, 2 миллион сомонӣ аз хазинаи давлат аз фориғболию худхоҳӣ ва беандешагии мо сарф мешавад. Аз ин миқдор пул давлат метавонист барои мактаб чандин компютер ё барои беморхона дастгоҳи тиббии ҳозиразамон бихарад ва нафақаи мардумро зиёд намояд ва ғайраву ҳоказо.
Дар пайи муносибати дилсӯзонаамон, ҳиссаи мо сокинон дар пешрафту шукуфоии меҳан беҳад бузург аст. Агар мо сабзаеро худсарона зери по насозему барои парвариши он кӯмак намоем, ин худ нишонаест ба шукуфоии фардои Ватанамон. Ватане, ки аз бобову бобокалонамон ба мо мерос мондааст. Биёед, мо имрӯзиён барои фарзандонамон сарзамини ободу зеборо мерос гузорем, то онҳо ҳамеша ба некӣ аз мо ёд намоянд. Зеро, мо ватандорем!
Ҳамроҳи АВЛИЁПУР