Боби 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» «Муносибатҳои воситаҳои ахбори омма бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо» ном дорад. Боби мазкур моддаҳои 23-27-ро фаро гирифтааст. Моддаи 23, ки «Ҳуқуқ ба гирифтани иттилоот» ном дорад, муносибатҳои мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдор ва ташкилотҳоро бо воситаи ахбори омма ба танзим медарорад.
Мувофиқи қисми 3-и моддаи мазкур, «мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо вазифадоранд, ки ба воситаҳои ахбори омма маълумоти расмии зарурӣ ва ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии онҳо, ки омӯзиши иловагиро талаб намекунанд, дар муҳлати то се рӯзи кории баъди муроҷиат ё нашр (пахш) гардидани маводи дахлдор ҷавоб диҳанд. Аз ҷониби мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдори онҳо иттилооти таъҷилӣ, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дошта, ба номгӯи маълумоти дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумоте, ки бо қонун ҳифз карда мешавад, дохил нест ва омӯзиши иловагиро талаб наменамояд, бе таъхир пешниҳод карда мешавад».
Мутаассифона, бо вуҷуди он ки дар ихтиёри рӯзноманигор гузоштани маълумот аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва мансабдорон талаботи қонун бошад ҳам, давоми солҳои охир аз ҷониби баъзе мансабдорон ин меъёр ба инобат гирифта намешавад. Дар рафти кор ҳамарӯза зарурат пеш меояд, ки ба мақомоти гуногуни давлатӣ барои гирифтани маълумот муроҷиат намоем. Боиси таассуф аст, ки кормандони масъули вазорату идораҳо барои додани ҳатто як факту рақам аз корманди ВАО мактуби расмӣ талаб мекунанд. Солҳои пеш агар расонаҳои мустақилу ҷамъиятӣ дар масъалаи гирифтани иттилоот шикоят мекарданд, мутаассифона солҳои охир ин мушкилот дар маҷмуъ ҷомеаи журналистиро фаро гирифтааст. Имрӯз баъзе аз мансабдорон, ки шояд чӣ будани матбуотро намедонанду нақши онро дар пойдории сулҳу субот дарк намекунанд, бо журналистон хунукназарона муносибат карда, аз додани иттилооти зарурӣ истиҳола менамоянд. Ҳангоми муроҷиат ба вазорату идораҳо баъзан лозим мешавад, ки аз роҳбарони идораи ВАО сар карда то муассиси онро барояшон муаррифӣ кунӣ, вагарна ба назар чунин мерасад, ки онҳо миёни журналист ва як террористи хатарнок, ки барои ба мақсади нопок расидан ҳатто ҷонашро қурбон мекунад, фарқ намегузоранд. Шояд мансабдорони муҳтарами давлатӣ то ҳол дарк накардаанд, ки журналистон низ пештару бештар аз онҳо дар бораи ободиву оромии ҷомеа меандешанд ва кӯшиш менамоянд, ки корашон ба манфиати давлату миллат бошад.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иттилоот, муносибатҳои байнипарлумонӣ ва робита бо ҷомеа Олим Салимзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки мақомот бояд сари вақт иттилои заруриро ба рӯзноманигорон пешниҳод кунанд.
– Дастрасӣ ба иттилоотро ҳам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва ҳам Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» муайян кардааст. Аз ин рӯ, беэҳтиромӣ нисбати матбуот ва дигар воситаи ахбори омма дар шаъни роҳбар зебанда нест. Худи Президенти кишвар доимо таъкид мекунанд, ки нисбати муроҷиати рӯзноманигорон бетаваҷҷуҳ набошанд,- зикр кард номбурда.
Коршиноси масъалаҳои сиёсӣ Сайфулло Сафаров доир ба ин мавзуъ гуфт, ки иттилоот ҳама вақт дар ҳамон дараҷа ва сатҳе, ки ба ҷомеа лозим аст, бояд ба рӯзноманигорон дода шавад. Бино ба таъкиди ӯ, қонунгузорӣ иҷозат додааст, ки 80-90 дарсади иттилоъ ҳангоми муроҷиат пешниҳод карда шавад.
Муҳаққиқи соҳа Қироншоҳ Шарифзода доир ба ин масъала изҳор дошт, ки ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот ва муносибати манбаъҳои он дар қонунгузории Тоҷикистон равшану возеҳ аст. Дар Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот» меъёрҳои муайяни чунин муносибат кафолат дода шудааст.
– Агар иттилооти дархостӣ оҷилона бошад, тибқи қонун бояд ҳамзамон қонеъ карда шавад. Мувофиқи талаботи дигар то се рӯз. Агар иттилоот омӯзиши иловагиро талаб намояд, қонун имкон медиҳад, ки он дар давоми 30 рӯз пешниҳод гардад. Дар сурати қонеъ нагардонидани дархосткунанда, манбаи иттилоот бояд ҷавоби хаттӣ гардонад. Меъёрҳои қонунгузории мо мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва соҳа мебошад,- зикр кард номбурда ва ҳамчунин афзуд, ки имрӯз аз надонистани қонун ё нописандӣ бошад, ки дархости иттилоот мушкил пеш меорад. Он ҷониб мегӯяд, хаттӣ муроҷиат кунед, ки риоя нагардидани қонун аст.
Бино ба андешаи Қироншоҳ Шарифзода, дар ин ҳолат агар аз як ҷиҳат журналист ноком гардад, дар сурати дигар зарари манбаи расмии иттилоот аст.
– Зеро вақте иттилооти зарурӣ барои журналист дастрас нест, ин ба сиёсати пешгирифтаи иттилоотии давлат мухолиф аст ва ба зарари ниҳодҳои ҳуқуматӣ анҷом меёбад. Расонаҳои мо дар набарди иттилоотӣ дар назди расонаҳои хориҷӣ мағлубшуда ҳисобида мешаванд. Фурсат талабидан бохтан аст,- афзуд ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки Фармони №622-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои таҳлиливу танқидии ВАО» барои 1-2 сол нест. Он бо дарназардошти манфиатҳои дарозмуддат содир шудааст. Аз ин рӯ чунин муносибат ба инобат нагирифтани Фармони мазкур низ ҳаст.
Ҳамсуҳбатам бар он аст, ки новобаста аз он ки иттилои дархостшаванда ба табъи ин ё он мансабдор мефорад ё не, бояд пешниҳод шавад. Зеро зудҷараёнгирии гардиши иттилоот ҳаминро талаб мекунад.
Аз Қироншоҳ Шарифзода сабаби чунин муносибати бемантиқи баъзе аз мансабдорон бо журналистонро пурсидем. Номбурда гуфт, сабаб дар он аст, ки чунин мансабдорон ба вазифаи бардӯшдоштаашон дуруст ворид нашудаанд. Аз ин рӯ дар бархӯрд ба журналистон аз рӯйи мабодо муносибат мекунанд.
Дар ин баробар, чунин нафарон бояд донанд, ки мувофиқи қонунгузории кишвар беасос надодани иттилооти дархостӣ ҷавобгариро дар пай дорад. Шояд аз ин муқаррароти қонунгузорӣ истифода накардани журналистон мансабдоронро фориғбол карда бошад?
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Олим Салимзода гуфт, гарчанде иҷро накардани қонун ҷавобгариро дар пай дорад, аммо одоби шарқии мо имкон надодааст, ки то имрӯз бинобар надодани иттилоот мансабдореро нашрия ва ё рӯзноманигор ба суд дода бошад.
Қироншоҳ Шарифзода низ изҳор дошт, ки на ҳама рӯзноманигорон аз меъёрҳои муайяннамудаи қонун истифода мекунанд.
– Аз соли 2010 инҷониб ёд надорам, ки журналисте ниҳодеро барои надодани иттилоот ба суд дода бошад. Пештар аз соли 2010 агентии иттилоотии «Авесто» чанд корхонаи давлатиро барои надодани иттилоот ба суд дода буд, вале он ба таври дақиқ баррасӣ нашуд,- зикр кард ҳамсуҳбатам.
Котиби матбуотӣ ё «тарошаи аз бом афтода»?
Воқеан, дар ҳоле, ки Президенти кишвар ба ҷомеаи журналистӣ эътиқод дошта, дар аксари сафарҳо ҳатто журналистонро ҳамроҳ гирифтаву таври шоиста қадрдонӣ мекунанд, чунин муносибат намудани мансабдорони зинаҳои поёнӣ ғайримантиқист. Дар як сол ду бор гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз ҷониби вазорату идораҳои давлатӣ, Фармони №622-и президенти кишвар «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидиву таҳлилии воситаҳои ахбори омма» аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба ВАО дарак медиҳад. Пас чаро баъзе мансабдорон дар расонаӣ кардани иттилоот монеагузорӣ мекунанд? Кадом омилҳо сабабгори чунин муносибат шуда метавонанд?
Боре мақолае омодаву нашр кардам, ки дар он яке аз соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта буд. Чун дар гирифтани маълумоти расмӣ котиби матбуотии вазорати марбута кӯмак кард, пас аз нашр занг задаву барои сарлавҳаи мондаи мо эрод гирифт. Аз он хонуми зебо касб ва таҷрибаи журналистиашро пурсидам. Посух дод, ки журналист нест, аммо панҷ сол боз бо рӯзноманигорон сарукор дорад. Вақте фаҳмондам, ки вазифааш танҳо додани маълумот аст, на муайян кардани он, ки журналист чӣ менависаду чӣ гуна сарлавҳа мемонад, гуфт дар сурати мувофиқи табъ набаромадани маводи дар ҳамкорӣ бо вазорат омодашуда аз вазир гап мешунавад.
Мутаассифона, дар баъзе вазорату идораҳои давлатӣ нафароне бо чунин сатҳи фаҳмиш вазифаҳои идеологиро ба уҳда доранд.
Аз ин сабаб, ба андешаи мо, дар чунин шакл гирифтани муносибат бо журналистон пеш аз ҳама котибони матбуотии чун «тарошаи аз бом афтода» нақш доранд. Маҳз ҳамонҳое, ки аз кори журналистӣ бӯе набурдаву худро алломаи замон гирифта, дар вазифаи журналистӣ фаъолият менамоянд, чунин шароитро ба вуҷуд овардаанд. Онҳо, ки нақши ВАО-ро дар нигоҳдории суботу оромӣ ва пешрафти ҷомеа дарк карда наметавонанд, бо тамоми ҳастӣ кӯшиш менамоянд, ки миёни журналистон ва идораҳои давлатӣ фосила ба вуҷуд оранд. Мутаассифона, аксари котибони матбуотии вазорату идораҳо, ки шахсони ноогоҳу ғайрикасбианд, вазифаашонро танҳо дар бардоштани ҷузвдони роҳбар ва ҳимоя намудани он аз «ҳуҷуми» ВАО медонанд.
Муҳаққиқи соҳа Қироншоҳ Шарифзода низ ба ин назар аст, ки котибони матбуотие, ки бо ихтисоси журналистӣ ба кор шуруъ карданд, муносибаташон бо журналистон хуб аст. Ҳатто Вазорати мудофиа, ки мақоми қудратӣ ҳасту на ҳамаи иттилооти он барои оммавӣ кардан мебошад, аз дигар ниҳодҳо беҳтар ҳамкорӣ мекунад.
Воқеан, чаро баъзе роҳбарони вазорату идораҳо барои дастрасӣ ба иттилооте, ки оммавӣ кардани он баманфиат аст, монеа мешаванд? Надодани иттилооти расмӣ сабаб мешавад, ки ВАО-и ватанӣ дар муқобили дурӯғпароканӣ ва суханони беасосе, ки ВАО-и хориҷӣ нашр мекунанд, оҷиз монад ё хомӯширо ихтиёр кунад.
Аз ин рӯ, пешниҳод мекунем, ки ба вазифаи котибони матбуотӣ ва мудирони шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи аксари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо низ, ки нафарони тасодуфию ғайрисоҳавианд, журналистони касбӣ ҷалб карда шаванд, то дар «асри иттилоот» тавонанд дар баробари таҳоҷуми иттилоотӣ манфиатҳои давлату миллатро ҳимоя намоянд.
Зеро, таҷриба нишон дод, ки дар мақомоте, ки котибони матбуотӣ рӯзноманигоронанд, ҳамкории онҳо бо ВАО назаррас аст. Масалан, робитаи ҳар ду палатаи мақоми олии қонунгузорӣ – Маҷлиси Олӣ бо ВАО қобили ситоиш аст. Ҳатто иштироки журналистон дар ҷаласаҳои алоҳида ва якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллӣ таъмин карда мешавад. Дар ин баробар робитаи нафарони масъули Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илм, ШСХК «Барқи Тоҷик», Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайраро зикр кардан ҷоиз аст. Робитаи дигар вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ бо ҷомеа ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.
Ба ҷойи хулоса
Аксари муҳаққиқон ба ин назаранд, ки мақомот бояд ВАО-ро чун шарики боэътимод қабул намоянд. Зеро агар мақсади мақомот хизмат кардан ба халқу ватан бошад, ВАО низ ғайри чунин мақсад надоранд.
Монеаҳои сунъие, ки дастрасӣ ба иттилооти расмиро душвор мекунанд, бояд бартараф карда шавад. Аз ҷумла ҳеҷ зарурате барои мактуби расмӣ карданро намебинем.
Чанд соли охир дар Муассисаи давлатии «Академияи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон» пайваста курсҳои омӯзишӣ барои журналистон ташкил карда мешавад. Ба ин гуна курсҳо баъзан нафароне ҷалб мешаванд, ки хатмкардаи факултаҳои журналистӣ мебошанд ва нозукиҳои касбро дар донишгоҳ азхуд кардаанд. Аз ин рӯ, хеле хуб мешавад, ки курсҳои омӯзишии робита бо ВАО барои котибони матбуотие, ки аз соҳа дуранд, ташкил карда шавад. Зеро муҳаққиқон ва коршиносон ба ин назаранд, ки дар шароити бархӯрди тамаддунҳо ва муборизаҳои шадиди геополитикиву идеологӣ пинҳон кардани иттилоот ба рушди бонизоми ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ