Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳои хеш қайд намуда буданд: “Рамзҳои давлатӣ ҳастӣ ва ифтихори миллии мо буда, гувоҳи барҷастаи Истиқлолияти давлатӣ, таҷассумгари ифтихори миллӣ ва ору номуси ватандорӣ мебошанд”.
Нишон ва парчам яке аз муҳимтарин рамзҳои фарқкунанда миёни ин ё он қавму миллат ба ҳисоб рафта, таърихи қадима доранд. Аз ҳазорсолаҳои гузашта бо мақсади шинохт ва муайян намудани ҳар як миллат маҳз бо тасвирҳои гуногуни рамзӣ – нишон ва парчам истифода намудаанд. Тоҷикон бо ифтихори бузург дар тӯли таърих миёни қавмҳои дигар бо рамзи нишон ва парчам шинохта шудаанд, ки дар гузашта тасвири онҳо дигаруниҳои бисёреро дидаанд.
Дар олам халқу миллатҳои зиёде мавҷуд аст. Ҳар миллат дорои забон, хат, рамзҳои ба худ хос ва расму анъанаҳои гуногун мебошад. Хушбахтона, халқи тоҷик дар ҳама давру замон ҳастии худро ба воситаи забони шево нигоҳ дошта, бо сеҳри қалами аркони суханаш дили аҳли фарҳанги сайёраро тасхир намудааст.
Истиқлолият давраи нави эҳёи тамаддуни халқи тоҷик ба шумор меравад. 6-уми ноябри соли 1994 бори нахуст Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мардум қабул гардид. Ин шиносномаи миллат роҳи рушди минбаъдаи давлати Тоҷикистонро муайян намуда, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дод. Баъди таъсиси Ҳукумати воҳид рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуданд. Тоҷикистони соҳибистиқлол соҳиби Пачам, Нишон, Суруди миллӣ гардид. Ин ҳодисаи фараҳбахшро халқи тоҷик бо ризоияти том истиқбол намуд. Забон ва пули миллӣ низ мисли рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасоти миллӣ шинохта мешаванд. Ифтихор аз муқаддасоти миллӣ ва эҳтироми он вазифаи ҳар сокини Тоҷикистони азиз аст.
Дар замони Истиқлолият дар ҷараёни Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ ҳангоми қабули нишони давлатӣ, ки акси шер дошт, баҳсҳои зиёд сурат гирифт. Онро вакилон пазируфтанд, вале дар моҳи декабри соли 1993 он акс аз нишон бардошта шуда, ба ҷойи он нишони кунунии давлатӣ аз тасвири тоҷ, ҳафт ситора, хуршеди тобон, куҳҳои сарбаланд, китоби бозшуда дар болои курсӣ, хӯшаҳои гандум ва шохаҳои шукуфтаи пахта қабул гардид.
Тасвири куҳҳои сарбаланд-ишора ба куҳсор будани мамлакат, шуълаҳои офтоб-нишонаи иқлими офтобӣ будани кишар ва шаҳодати нури зиёд ва равшаниву шукуфоӣ, тоҷи заррин-рамзи фарру шукуҳ бар сари миллат ва ҳафт ситора-гувоҳи ҳафт иқлим ва орзуву омоли нек ба сӯйи ояндаи ободу осуда мебошанд.
Ҳамзамон, бо ин хӯшаҳои гандум ва ниҳоли пахтаи бо парчами кишвар печонидашуда ҳамчун нишонаи ризқу баракат, сарсабзиву пояндагии миллату давлат ва китоби бозшуда чун гувоҳи хиради азалии миллати куҳанбунёди мо аз таъриху тамаддун ва аҷргузорӣ ба илму дониш шаҳодат медиҳад.
Зиёева Адиба Идибековна,
омӯзгори МТМУ №2 ба номи В.И. Ленин шаҳри Ваҳдат