Соли 2022 дар таърихи ноҳия мақоми махсусро доро буд, чунки мардуми сарбаланди ноҳияи Ашд дар ҳамбастагӣ бо шукргузорӣ аз сиёсати давлат ва Пешвои муаззами миллат ноҳияро ободу зебо намуданд ва ин раванд дар соли ҷорӣ бо маром идома дорад. Гуфтаҳои болоро дар самти мухталиф метавон тақвият бахшид.
Дар оғози суҳбат бо хабарнигори “МТЖТ”, раиси ноҳияи Ашт Шӯҳрат Муҳаммадзода иброз дошт, ки дар партави сиёсати ояндасозу хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифи кишвар қадамҳои устувори хешро дар эъмори давлати соҳибихтиёру соҳибмақом дар арсаи ҷаҳон мегузорад, мардуми шарифи ноҳияи Ашт бо руҳияи баланди ватандорӣ, хештаншиносӣ ва ифтихори миллӣ ба корҳои бунёдкорӣ ва созандагӣ камари ҳиммат маҳкам бастаанд.
САМТИ КИШОВАРЗӢ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, фаъолияти соҳаи кишоварзиро ҳамчун соҳаи асосии пешбарандаи иқтисодиёти ноҳия таҳти назорати доимии худ нигоҳ дошта, барои таъмини пурраи иҷрои барномаҳои соҳавӣ, рушди бонизоми соҳа, истифодаи самараноки обу заминҳои корам, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст.
Дар соли 2022 дар хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаву доманакӯҳҳо дар майдони 261,1 гектар боғоти меваҳои гуногун бунёд карда шудааст, ки баробари 435,1 фоизи нақша буда, нисбати он 201,1 гектар зиёд мебошад.
Аз майдони умумии боғҳои бунёдшуда 40,4 гектар боғи интенсивӣ, аз ҷумла 3 гектар себ, 11,4 гектар гелос ва 26,9 гектар зардолу мебошад. Инчунин дар майдони 11 гектар боғи бодом ва 92,6 гектар боғи ҳуч бунёд шуда, дар майдони 237,1 гектар боғоти куҳна барқарор карда шудааст.
Соҳаи пахтакорӣ – соҳаи асосӣ ва афзалиятноки кишоварзии ноҳия ба ҳисоб рафта, соли равон дар ноҳия барои таъмини рушди устувори соҳа, зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсоли пахта тамоми имконияту захираҳо равона карда шуданд.
Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳия соли равон дар майдони 6323 гектар кишти пунбадона гузаронида шуд. Дар давоми мавсим барои саривақт иҷро намудани дурнамои солонаи истеҳсоли пахта, ки ба миқдори 17300 тонна муқаррар карда шудааст, тамоми захираҳо равона карда шуданд. Ба санаи ҳисобии соли равон дар ноҳия ба миқдори наздик 18588 ҳазор тонна ҳосили пахта ҷамъоварӣ ва ба корхонаҳои коркард супорида шудааст, ки баробари 107,4 фоизи дурнамои солона мебошад. Ҳосилнокии миёнаи пахтазори ноҳия соли равон 29,2 сентнериро ташкил менамояд, ки нисбати нишондиҳандаи нақшавӣ 1,8 сентнерӣ зиёд мебошад.
Дар ду моҳи аввали соли 2023 маҷмӯи маҳсулотҳо дар ин самит ба андозаи 58,1 мил сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7 милион сомонӣ зиёд мебошад.
СОҲАИ АНДОЗ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давоми соли 2022 амалишавии самараноки сиёсати давлатиро дар самти идоракунии устувори молия мунтазам назорат намуда, баҳри таъмини иҷрои пурраву барзиёди нақшаи даромадҳои буҷет, риояи қатъии интизоми молиявӣ ва истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуд.
Дар соли 2022 нақшаи муқарраргардидаи 7 намуди андозу пардохтҳои ҳатмӣ пурраву барзиёд иҷро карда шуданд. Ҳамзамон, маврид ба зикр аст, ки дар ду моҳи соли 2023 нақшаи андоз бо ҳама намудаш 105,2 фоиз иҷро шудааст.
САНОАТ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо мақсади татбиқи амалии вазифаҳои барномавии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, инчунин эълон гардидани солҳои 2022 – 2026 “Солҳои рушди саноат” ва татбиқи “Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020 – 2025”, барои таъмини рушди минбаъдаи соҳаи саноат, таъмини фаъолияти бомароми корхонаву коргоҳҳои саноатӣ, зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти соҳавӣ ва таъсиси корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ, бо истифодаи имконияту захираҳои мавҷуда мунтазам чораву тадбирҳои зарурӣ амалӣ намуда истодааст. Дар ин давра аз 22 корхонаҳою коргоҳҳои саноатии шаклҳои гуногуни моликият, 20 ададашон фаъолият намуданд ва 18 корхонаву коргоҳҳо нисбати соли гузашта ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро зиёд намуданд.
Истеҳсоли ҳамаи 17 намуди асосии маҳсулоти саноатии дар ноҳия истеҳсолшаванда, нисбати соли гузашта зиёд шудааст.
СОҲАИ СОХТМОН
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар давоми соли 2022 масъалаи сохтмон ва ободонии маҳалҳоро таҳти назорати доимии худ қарор дод.
Аз рӯи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар ноҳияи Ашт давоми солҳои 2022-2026 сохтмону бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру тармим дар маҷмӯи 744 иншоотҳои ҷашнӣ нақша гирифта шудааст.
Айни замон, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шодоба сохтмони бинои сардхона барои 200 тонна меваю сабзавот бо арзиши 1115,0 ҳазор сомонӣ бо ташкили 7 ҷойи корӣ, коргоҳи коркарди моҳӣ бо арзиши 254,0 ҳазор сомонӣ бо ташкили 15 ҷойи корӣ, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ошоба фермаи парвариши мурғ барои таъмин намудан бо гӯшти мурғ бо истеҳсоли солонаи 630 тонна гӯшти аълосифати мурғ бо арзиши 752,0 ҳазор сомонӣ ба ташкили 10 ҷойи корӣ бунёд шуда истодааст.
Инчунин, дар ноҳия ҷиҳати бо ҷойи корӣ таъмин намудани сокинони маҳаллӣ бунёди ду корхонаи саноатӣ бо таъсиси 600 ҷойи кории нав аз ҷониби Ассосиатсияи соҳибкорони ноҳия оғоз гардидааст, ки онҳо Фабрикаи ҷӯроббофӣ бо 200 адад дастгоҳҳои ҷуроббофӣ, бо иқтидори истеҳсолии 30,0 ҳазор ҷуфт ҷӯроб дар як шабонарӯз ва бо ташкили 150 ҷойҳои нави корӣ ва арзиши лоиҳавии 910,0 ҳазор доллари амрикоӣ ва Корхонаи ресмонбарорӣ бо иқтидори лоиҳавии коркарди 15 тонна нахи пахта дар як шабонарӯз, бо таъсиси 450 ҷойҳои нави корӣ ва арзиши лоиҳавии 6104,0 ҳазор доллари амрикоӣ, бо насби таҷҳизоти муосири ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалии хориҷ, мебошанд. Ҳоло дастгоҳҳои замонавии истеҳсоли Ҷумҳурии Чин насб гардида истодааст. Барои таъмини сфати баланд мутахассиони хориҷӣ низ барои насбу васл ҷалб карда шуда, кор вусъат дорад.
ТАЪМИРИ РОҲ
Дар ҳудуди ноҳия 495,4 км роҳҳо мавҷуд буда, дар тавозуни Муассисаи давлатии “Нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Ашт” 94 километр роҳҳои аҳамияти байналмилалӣ, 22,3 километр роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва 379,1 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта қарор дорад.
Дар соли 2022 таъмиру тармими 167,1 км роҳҳо, аз ҷумла 6,6 км таъмири асосӣ, 124,1 км таъмири ҷорӣ ва 36,4 км шағалпушкунӣ ба нақша гирифта шудааст. Барои иҷрои корҳои мазкур аз ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ 4481,0 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 310,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷети вилоят 1800,0 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 20,0 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ 2351,0 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия аз тарафи сокинону соҳибкорон дар масофаи 157,1 километр роҳҳо, аз ҷумла 10,6 километр таъмири асосӣ, 110,0 километр таъмири ҷорӣ ва 36,5 километр шағалпуш карда шудааст.
Аз ҷумла, дар деҳаи Долонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод ба дастгирии мардуми деҳа беш аз 3 миллион сомонӣ маблағ ҷамъоваривӣ гардида, 7 километр роҳ бо асфалти гарм мумфарш карда шуд. Инчунин, соҳибкорону аҳолӣ дар Ҷамоати деҳоти Понғоз 1 километр роҳҳои дохилии деҳаҳо ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ асфалтпӯш, дар Ҷамоати деҳоти Ориён 20 километр роҳҳои дохилӣ ба маблағи 500,0 ҳазор сомонӣ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ, дар Ҷамоати деҳоти Пунук 2 километр роҳҳои дохилӣ ба маблағи 450 ҳазор сомони асфалтпӯш ва 24 километр роҳҳои дохилӣ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ карда шуд.
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии соҳибкорону сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, роҳи автомобилгарди “Ғафуров -Қаҳрамон – Пунгон то сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон” дар масофаи 66 километр ба маблағи 1 миллиону 213 ҳазор сомонӣ бо асфалти гарм таъмири ҷорӣ карда шуд.
Дар соли ҷорӣ ба ҷалби шахсони бекор ба шуғли доимӣ тамоми тадбирҳо амалӣ гардида истодааст.
ТАЪМИНИ МАРДУМ БА ШУҒЛИ ДОИМӢ
Дар соли 2022 ба мақомоти ноҳиявии шуғл 3015 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд ва аз онҳо 2206 нафар, аз ҷумла 1269 нафар занҳо, ҳамчун корҷуй ба қайд гирифта шуданд. Барои ба кор таъмин намудани бекорон, дар ҳамкорӣ бо корфармоён ба таври мунтазам корбарӣ карда шуда, 1536 нафар бекорон, аз он ҷумла 1068 нафар занон ба кори доимӣ таъмин карда шуданд. Ба шаҳрвандони бекоре, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, аз ҳисоби маблағҳои барномаи шуғл ба 48 нафар бекорони дар қайдбуда, 117,7 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуда, онҳо машғули фаъолиятҳои мухталифи соҳибкорӣ гардиданд.
Дар соли ҳисобӣ дар ноҳия 17 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуд. Дар онҳо 131 корхона, ташкилоту муассисаҳои кордиҳандаи ноҳия иштирок намуда, 2869 ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод пешниҳод намуданд. Ба 243 нафар шаҳрвандон, аз ҷумла 110 нафар занон ва 110 нафар ҷавонон ба кори доимӣ тавсия дода шуда, 178 нафар барои таҳсил ба гурӯҳҳои омӯзишӣ роҳхат гирифтанд.
СОҲАИ МАОРИФ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ аҳамияти доимӣ зоҳир менамояд.
Дар ноҳия 74 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 1 литсей, 4 гимназия, 2 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 муассисаи хусусӣ бо фарогирии 35524 хонанда, аз ҷумла 17629 духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3566 омӯзгорон, аз ҷумла 2910 нафар занон ба таълиму тарбия машғул мебошанд, ки аз онҳо бо таҳсилоти олӣ 2935 нафар, олии нопура 207 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 424 нафар фаъолият менамоянд.
Дар даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” 254 нафар довталабон, аз ҷумла 243 нафар хонандагон ва 11 нафар омӯзгорон иштирок намуда, аз онҳо 37 нафар хонандагон ва 3 нафар омӯзгорон ғолиб дониста шуда, ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Инчунин, дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар даври мактабӣ аз ҳисоби омӯзгорон 168 нафар ва аз ҳисоби хонандагон 1141 нафар, дар даври ноҳиявии озмун 54 нафар омӯзгорон ва 242 нафар хонандагон иштирок намуданд ва 42 нафар ғолибон ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Дар даври вилоятии озмун намояндагони ноҳия фаъолона иштирок намуда, 4 нафари онҳо ғолиб дониста шуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 1 нафар хонандаи синфи чоруми Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 36 Ҷамолиддинова Гулрӯза аз номинатсияи “Адабиёти муосир” иштирок намуда, ба гирифтани ҷойи якум сазовор гардид ва бо дипломи дараҷаи якум ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуд.
Дар соли 2022 дар даври вилоятии озмунҳои фаннӣ хонандагони синфҳои 5 – 11 ба гирифтани 46 ҷойҳои ифтихорӣ ноил гашта, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ҳисоби хонандагони синфҳои 5-6, 7-8, 9-10 дар даври ҷумҳуриявии олимпиада 1 нафар ба гирифтани медали тилло, 2 нафар ба гирифтани медали нуқра, 10 нафар ба гирифтани медали биринҷӣ ва 1 нафар ба гирифтани Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ноил гардиданд.
Инчунин, соли 2022, 245 нафар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, 8 нафар ба гирифтани ҷойи якум, 10 нафар ба гирифтани ҷойи дуюм, 28 нафар ба гирифтани ҷойи сеюм ва 195 нафар ба гирифтани сертификат сазовор гаштанд.
СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати бунёди беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти тандурустӣ, таъмини таҷҳизоти озмоишӣ ва ташкили муҷаҳҳазгардонӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ва ҳалли масъалаҳои норасоии кадрҳои тиббӣ дар маҳалҳо ва деҳоти дурдаст пайваста чораандешӣ намуда истодааст.
Дар деҳаи Понғози Ҷамоати деҳоти Понғоз бинои нави замонавии Беморхонаи минтақавии № 5 барои 80 кати бистарӣ бо арзиши 16 миллионуу 763 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари кориашон ба ноҳияи Ашт дар моҳи апрели соли равон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар деҳаи Дулонаи Ҷамоати деҳоти Меҳробод сохтмони бинои нави Бунгоҳи саломатӣ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ моҳи июни соли равон оғоз гардида, ҳоло дар арафаи анҷомёбӣ мебошад. Инчунин, сохтмони Бунгоҳи саломатӣ дар деҳаи Ашт оғоз гардида, дар арафаи ба итмом расонидани сохтмон мебошад.
Сохтмони шуъбаи таваллуд ва навзодон барои 20 кат бо таҷҳизоташ аз тарафи Ҷамъияти хайриявии Тоҷикистон дар шуъбаи ҷарроҳии № 2 дар деҳаи Дӯстӣ оғоз карда шудааст. Сохтмони ҳавзи об дар беморхонаи марказӣ бо ғунҷоиши 50 метри мукааб сохта мавриди истифода қарор дорад.
САМТИ ВАРЗИШ
Дар соли 2022 варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, сазовори 310 медали тилло, 316 медали нуқра ва 270 медали биринҷӣ гардиданд.
Дар асоси дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба беҳтар намудани кор бо занон ва оила корҳои назаррас амалӣ карда шуданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия боварии комил дорад, ки таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сокинони меҳнатдусти ноҳия дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ садоқатмандона меҳнат мекунанд ва дар ободу зебо гардонидан ва рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии Ватани азизамон ҳиссаи сазовори худро мегузоранд.
МТЖТ