Ватан ин ҳудудест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд.
Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтаанд, дар роҳи ҳифзу нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд. Мо барои Модар-Ватанро ҳифзу нигаҳбонӣ кардан, бояд ҳар лаҳза, ҳар дақиқа, ҳар шабу рӯз омода бошем.
Вақте Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазъи ноороми ҳарбӣ-сиёсӣ ва муноқишаҳои дохилӣ ҷой дошт. Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шуруъ кард. Барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Ба ҳар сурат, Артиши миллии мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳифзи марзу буми кишвар зуҳур кард.
23-юми феврали соли равон аз бунёди Артиши миллӣ, ки он зодаи истиқлоли давлатӣ аст, 28 сол пур мешавад. Дар остонаи ин ҷашни бошукуҳи таърихӣ ҳар фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тайнамудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро пеши назар меорад.18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расонд. Артиши миллии мо дар заминаи Ҷабҳаи халқӣ ва гуруҳҳои мусаллаҳе, ки ҳукумати конститутсиониро тарафдорӣ мекарданд, таъсис дода шуд.
23-юми феврали соли 1993 нахустин сафороии ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Новобаста аз вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ аз рӯзҳои аввал ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи артиш бо мутахассисони касбии низомиро ба роҳ монд. Дар ин замина пеш аз ҳама ба масъалаҳои таъсису таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ, пурра намудани ҳайати шахсӣ дар самтҳои муҳимтарини стратегияи ҳарбӣ ҷой додани онҳо ва беҳдошти омодагии ҷангии ҳайати шахсӣ вобаста ба имконоти мавҷуда таваҷҷуҳ зоҳир карда мешуд.
Айёми ташаккулёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон се давраи масъулиятнокро дарбар мегирад. Сарбозону бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани он мубрамтарин масоиле буданд, ки ҳалли мусбии худро пайдо карда тавонистанд.
Дар айни замон дар ҳайати Артиши миллӣ се навъи Қувваҳои Мусаллаҳ – Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ амал мекунанд. Илова бар ин, айни замон дар Қувваҳои Мусаллаҳ ислоҳоти ҳарбӣ идома дорад. Таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳама давраҳои мушкили таъсисёбии худро паси сар намуда, ба давраи мувофиқсозии сохтори худ ба воқеиятҳои амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ расид. Дар ин давра кӯшишу талош баҳри сайқал додани омодагии ҷангии ҷузъу томҳо, болоравии маҳорату малакаи касбӣ, риояи қонуният ва интизоми ҳарбӣ, ҳамзамон такмили донишу маҳорати ҳуқуқии афсарону хизматчиёни ҳарбӣ равона карда шуд.
Бояд қайд кард, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меъмори таъсиси Артиши миллӣ мебошад. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста таъкид месозад:
«Ман боварӣ дорам, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат, аз генерал то сарбози қаторӣ, вазифаи муқаддаси хешро дар бобати ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу суббот дар кишвар, таъмини зиндагии осоиштаи мардум ва баланд бардоштани обрӯю нуфузи байналхалқии Тоҷикистони соҳибистиқлол қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани хеш чун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд».
Сангов Ш.,
омӯзгори кафедраи сиёсатшиносии ДДОТ ба номи Айнӣ