Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Фақерзода Қадриддин Аббос суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф, дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод дар нимсолаи якуми соли 2022 баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” санаи 21-уми декабри соли 2021 баён доштанд, чораҳои мушаххасро амалӣ намуд.
Ҳамчунин, ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки бо мақсади таъмини рушди устувори иқтисодиёти ноҳия, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, таъсиси корхонаву коргоҳҳои саноатии нав ва дар ин самт истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ва ивазкунандаи воридот, ҳамчунин таъмини воқеии дастгирии соҳибкорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва рушди соҳаи кишоварзӣ, ҳамчунин рушди соҳаҳои сохтмон ва шаҳрсозӣ, азхудкунии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда, рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои дастӣ, рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон кӯшиш намуда, дар нимсолаи якуми соли 2022 дар ин самт як қатор корҳоро ба сомон расонид.
Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд намуд, ки дар марҳилаи ҳисоботӣ мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҷиҳати иҷрои Амру Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои дахлдор қабул намуда, иҷрои онро зери назорати қатъӣ қарор додааст. Дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарор ва амрҳои раиси ноҳияи Тоҷикобод бобати масъалаҳои сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ба тавсиб расида, дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии дар боло зикргашта, шуъбаю бахшҳо, воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо фаъолияти худро ба роҳ мондаанд.
Дар идомаи суҳбат номбурда қайд намуд, ки дар давраи ҳисоботӣ иҷрои нақшаи чорабиниҳо, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, Стратегияи миллии рушди иҷтитмоӣ-иқтисодии Тоҷикистон, барномаҳои миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи меҳварӣ доштанд.
Бобати ташкили муваффақонаи фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар асоси санадҳои мақомоти болоӣ 14 нақшаи чорабиниҳои ноҳиявӣ тарҳрезӣ ва тасдиқ шуда, роҳандозӣ гардиданд.
Ҳамчунин, барои самаранокии фаъолияти мақомот Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои се соли оянда бо дарназардошти муқаррароти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, инчунин барномаҳои қабулгардидаи давлативу соҳавӣ ва барномаҳои иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳояшон ба минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳия ва қабул гардидааст.
Иҷрои буҷет
Ҳамзамон, дар рафти суҳбат мавсуф афзуд, ки мувофиқи маълумоти Вазорати молия ва Кумитаи андоз нақшаи даромадҳои буҷети ноҳия бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ ба андозаи 106,3 фоиз иҷро гардидааст, яъне дар ҳолати нақша 4 млн 528 ҳазору 398 сомонӣ буданд, дар асл 4 млн. 812 ҳазору 283 сомонӣ ворид шудааст.
Нақшаи қисми хароҷотии шашмоҳаи аввали соли 2022 баробар ба 16 млн 834,5 ҳазор сомонӣ муқаррар шуда, аз ҳисоби буҷет 15 млн 596,8 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст, ки баробар ба 92,6 фоиз мебошад.
Бақияпулиҳои андоз ба ҳолати 1-уми январи соли 2022 дар назди корхонаю ташкилотҳо бо дарназардошти андози иҷтимоӣ 1 391,8 ҳазор сомониро ташкил медод. Ба санаи 1-уми июли соли 2022 бошад ин маблағ ба андозаи 1 354 сомонӣ ё нисбати аввали сол 37,8 ҳазор сомонӣ кам шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи бонкҳо ва дигар ташкилотҳои қарзӣ ба маблағи 4 млн. 507 ҳазору 747 сомонӣ қарзҳои хурд дода шудааст. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ин нишондод 2 млн. 385 ҳазору 910 сомонӣ зиёд мебошад.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Инчунин, номбурда изҳор дошт, ки тибқи маълумоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи «Равзанаи ягона» дар давраи шашмоҳаи соли 2022 дар миқёси ноҳия 78 адад субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шуд. Нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ин нишондод 7 адад зиёд гардидааст.
Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи бонкҳо ва филиалҳои бонкии дар ноҳия амалкунанда дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби бонкҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва ташкилоти хурди қарздиҳӣ барои фаъолияти соҳибкорӣ 7 млн 872 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли пеш 1 млн. 230 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ
Дар рафти суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки дар ноҳияи Тоҷикобод тибқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия амалисозии 196 лоиҳа ба нақша гирифта шудааст. Аз ин 29 лоиҳа ба маблағи 22 млн 880 ҳазор сомонӣ амалӣ гардидаанд. Дар доираи 29 лоиҳаи дигар корҳо ба маблағи зиёда аз 31 млн сомонӣ идома доранд. Ҳамчунин, 9 лоиҳа мавриди омӯзиш қарор доранд, ки маблағи умумиашон зиёда аз 8 млн сомониро ташкил медиҳад. То давраи ҳисоботӣ Барнома ба ҳадди 22 фоиз иҷро гардидааст.
Кишоварзӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки маҷмӯи умумии маҳсулоти дохилӣ дар давраи ҳисоботӣ 42 млн. 985,6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн. 240,8 ҳазор сомонӣ (103 фоиз) зиёд аст. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давраи ҳисоботӣ ба 40 млн.537,6 ҳазор сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (бо нархҳои ҷорӣ) 740 ҳазор сомонӣ (101,9 фоиз) афзудааст.
Шурӯъ аз ибтидои сол кори кишоварзӣ дар ноҳия кори умумихалқӣ эълон карда шуд. Тирамоҳ ва баҳори соли ҷорӣ дар майдони 1114 гектар зироатҳои ғалладонагӣ, 125 гектар сабзавот, 70 гектар зироатҳои техникӣ, 10 гектар алафҳои бисёрсолаи хӯроки чорво кишт карда шуд, ки баробари 100 фоизи иҷрои гардид.
Баҳори соли ҷорӣ аз ҳисоби заминҳои лалмӣ ва талу теппаҳо 15 гектар боғ (баробар ба 93,7 фоизи иҷрои нақшаи солона) бунёд гардид.
Дар ноҳия дар маҷмуъ 1633 гектар боғ (истисони 23,70 гектар тутзор) мавҷуд аст, ки аз ин 430 гектараш ба сохторҳои кишоварзӣ ва 1203 гектараш ба сохтори аҳолӣ рост меояд.
Дар доираи супоришҳои Президенти мамлакат солҳои 2021 ва 2022 бар рушди соҳаи кишоварзӣ, алалхусус зиёд намудани истеҳсоли зироати афзалиятноки ноҳия картошка аҳамияти махсус равона карда мешавад.
Соли 2021 дар ноҳия 1922 гектар картошка кишт карда шуд ва истеҳсоли умумии он ба 26 ҳазору 86 тонна расонида шуд, ки назар ба соли қабл 411 тонна зиёдтар мебошад. Соли 2022 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ дар майдони 2086 гектар кишти картошка гузаронида шудааст, ки иҷрои нақшаро 100 фоиз таъмин менамояд. Аз майдони умумии кишти картошка 930 гектараш ба сохтори кишоварзӣ рост меояд. Нисбат ба ҳамин давраи соли ҷорӣ 164 гектар афзоиш ёфтааст. Нисбат ба соли гузашта дар умум майдони кишти картошка 164 гектар, аз ҷумла сохтори кишоварзӣ 73 гектар афзоиш ёфтааст.
Истеҳсоли гӯшт дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 649,2 тонна, шир 4364,8 тонна, тухм 616 ҳазор дона, пашм 57,3 тонна истеҳсол гардидааст.
Вазъи мелиоративиии заминҳо қонеъкунанда буда, ягон ваҷаб замин аз гардиши кишоварзӣ берун намондааст: дар соли 2016 тибқи қарори дахлдори раиси ноҳия 30 га замин ба гардиши кишоварзӣ дохил карда шуд.
Вазъи мелиоративии заминҳо қонеъкунанда буда, ягон ваҷаб замин аз гардиши кишоварзӣ берун намондааст.
Саноат ва энергетика
Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар шашмоҳаи аввали соли 2022 ба маблағи 2 млн 448 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол шуда, ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 500,1 ҳазор сомонӣ (125,7 фоиз) зиёд аст.
Шабакаҳои барқи ноҳия дар муҳлати сипаригаштаи соли 2022 ба корхонаю ташкилот ва аҳолии ноҳия ба маблағи 2 млн 282 ҳазору 253 сомонӣ барқ интиқол намудаанд: ба аҳолӣ ба маблағи 1млн. 505 ҳазору 053 сомонӣ, ба ташкилоту корхонаҳо ба маблағи 777 ҳазору 201 сомонӣ. Пардохти ҳаққи истифодаи барқ аз тарафи аҳолӣ 1млн. 463 ҳазору 245 сомонӣ, аз тарафи ташкилоту корхонаҳо 394 ҳазору 229 сомониро ташкил медиҳад.
Сохтмон ва меъморӣ
Инчунин, мавсуф афзуд, ки дар давраи панҷмоҳаи соли 2022 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи 2 млн. 553,4 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмониву васлгарӣ анҷом дода шудаан, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 965,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Нақлиёт
Дар ҷараёни суҳбат номбурда қайд намуд, ки фаъолияти Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия ба талабот ҷавобгӯ мебошад. Дар тавозуни муассиса 21 км роҳи байналмилалӣ ва 90 км роҳҳои маҳаллӣ қарор доранд, ки дар ҳолати хуб нигоҳдорӣ шуда, рафтуомади нақлиёт ва мусофиронро таъмин мекунанд.
Дар давраи шашмоҳаи соли 2022 аз хизматрасонии нақлиёт 69,6 ҳазор нафар мусофирон истифода намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 ин нишондод 700 нафар (101,9 фоиз) зиёд аст. Ҳаҷми боркашонӣ 132,5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Дар ин давра 7 км роҳҳои деҳот шағалпӯш карда шуданд.
Маориф
Дар хусуси вазъи соҳаи маориф дар ноҳия мавсуф изҳор дошт, ки дар ноҳия як муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 113 кӯдак фаъолият менамояд.
Дар ҳудуди ноҳия 38 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 14 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 20 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, 11083 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, як Литсейи касбии техникӣ дар ноҳия фаъолият дорад.
Дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 532 омӯзгорон, аз ҷумла 86 нафар занон, аз ин бо таҳсилоти олӣ 366 нафар, олии нопурра 19 нафар, таҳсилоти миёнаи касбӣ 87 нафар ва 60 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ фаъолият менамоянд.
Солҳои таҳсили 2021-2022 синфи 11-ро 555 нафар хатм намуданд, ки аз ин шумора то ба ҳол 255 нафар тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳуҷҷат супориданд. Ин раванд идома дорад.
То оғози соли таҳсили 2022-2023 барои мактаббачагони ноҳия 4680 ҷуфт сару либоси мактабии истеҳсол гардидааст. Ба ҳолати имрӯз коргоҳҳои дӯзандагии «Дастони моҳир» 186 ҷуфт, коргоҳи «Бонуи Тоҷикобод» 100 ҷуфт ва коргоҳи мардумии «Умед» 74 ҷуфт, ҷамъ 360 ҷуфт сару либоси мактабӣ дӯхта бо нархҳои дастрас ба фуруш бароварданд, ки баробар ба 7,6 фоизи нақша мебошад. Бо истифода аз тамоми имконот кӯшиш ба харҷ дода мешавад, ки иҷроиши нақша таъмин карда шавад.
Тандурустӣ
Дар рафти суҳбат номбурда қайд намуд, ки дар ноҳия барои хизматрасонии тиббиву табобатӣ ба аҳолӣ беморхонаи марказӣ, 3 беморхонаи минтақавӣ, 5 маркази саломатӣ, 21 бунгоҳи тиббӣ, 7 маркази махсусгардонидашуда фаъолият бурда, дар онҳо 52 нафар духтурони маълумоти олидор ва 160 нафар кормандони миёнаи тиб фаъолият менамоянд.
Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ
Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо афзуд, ки шумораи умумии ҷавонони ноҳия 12606 нафар буда, аз ин 6338 нафарашонро духтарон ташкил менамоянд.
Тибқи натиҷаи озмунҳо барои дарёфти стипендияи президентӣ ва стипендияи раиси ноҳия 15 нафар ба гирифтани стипендияи президентӣ ва 15 нафар ба гирифтани стипендияи раиси ноҳия шарафёб гардиданд.
Дар ноҳия дар маҷмӯъ 86 варзишгоҳу толорҳои варзишӣ, майдончаҳои варзишии дохили мактабҳо ва берун аз онҳо мавриди истифода қарор дошта, 310 нафар варзишгарон ба тамрин машғуланд. Дар давраи ҳисоботӣ 5 нафар варзишгарони ноҳия дар мусобиқаҳои минтақавӣ иштирок намуда, сазовори 2 ҷои аввал ва 1 ҷои дуюм гардиданд. Инчунин, дар мусобиқаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ низ 4 нафар варзишгарон иштирок намуда, сазовори се ҷои якум ва як ҷои дуюм гардиданд.
Барои рушди сайёҳӣ тадбирҳои амалӣ андешида шуда, мавзеъҳои тамошобоб- Сурхкӯл, Шаршараҳои Чордара, Дараи Нӯшор, чашмаи Гугирдон ва ғайра дар сомонаи сайёҳии ноҳия муаррифӣ карда шудаанд. Се меҳмонхонаи замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳа барои қабули сайёҳони хориҷиву дохилӣ омодаанд.
Шуғли аҳолӣ
Номбурда тазаккур дод, ки дар давраи шашмоҳаи соли 2022 ба Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1160 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуданд, ки 743 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 176 нафар шаҳрвандон (42 нафар занону духтарон) бо корҳои доимию мавсимӣ таъмин шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби шуъба якчанд маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ гузаронида шуда, ба 58 нафар барои кор роҳхат дода шуд, ки аз ин шумора 39 нафар бо кор таъмин гардиданд. Инчунин, 140 нафар ба курсҳои касбомӯзӣ номнавис шуданд. Барои пайдо кардани ҷои кор ба 52 нафар ба маблағи 88 ҳазору 400 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок дода шуд.
Шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ 3630 нафарро ташкил медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 99 нафар кам мебошад.
Анъана ва ҷашну маросим
Инчунин, мавсуф изҳор дошт,ки дар ноҳияи Тоҷикобод барои амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, 10 комиссияи доимӣ ва 51 комиссияи ҷамъиятӣ фаъолият мекунанд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳия вобаста ба риоя накардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 2 ҳолати қонуншиканӣ ошкор гардидааст. Нишондоди қонунвайронкуниҳо дар ин самт нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта чор ҳолат кам мебошад.
Муроҷиат
Чунончи, ҳамсуҳбати мо маълумот дод, ки дар давраи шашмоҳи соли 2022 ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 1040 муроҷиати хаттии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 143 муроҷиат кам мебошад. Аз ин шумора 687 ариза ба ҳолати иҷрои қонунгузории замин вобастаанд, 518 муроҷиат мутобиқи моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” аз рӯйи тобеият ба мақомоти дахлдор ирсол карда шуда, 261 муроҷиат аз ҷониби шуъба ва бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия баррасӣ гардида, қонеъ карда шуд. Аз он 256 муроҷиат мавриди баррасӣ қарор дорад.
Дар ин давра ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 573 мактуб ва барқияҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, саривақт баррасӣ гардиданд ва оид ба онҳо ахбори хаттӣ пешниҳод карда шуд. шуд.
Тартиботи ҳуқуқӣ ва ҷамъиятӣ
Дар фароварди суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирӣ намудани ҳамагуна падидаҳои номатлуб, аз қабили терроризм ва экстремизм, инчунин пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, бегонапарастӣ ва ҳамзамон тарғиби фарҳанги миллӣ ба роҳ монда шудаанд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Тоҷикобод ҳама кӯшишу имконияташро баҳри он сафарбар менамояд, ки нақшаву уҳдадориҳои қабулкардаро дар давоми соли 2022 таъмин намуда, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар амал татбиқ намояд.
МТЖТ