Бо дар назардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ ва рушди соҳаи саноат эълон карданд ва дар ин замина таъмини иҷрои ҳадафҳои стратегии мамлакат як силсила тадбирҳои судманд роҳандозӣ шуда истодааст.
Ҳоло дар ноҳия 13 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар панҷ моҳи соли 2022 ба 1 млрд 310 млн 064,8 ҳазор сомонӣ расонданд, ки нисбати давраи соли гузашта 386 млн 095,4 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 141,8%-ро ташкил менамояд.
Амалигардонии занҷираи ашёи хом, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, бозори фурӯш бо мақсади рушди соҳаи саноат ва сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунанда аз тарафи Ширкати металлургии Анзоб 4 ҳазору 005,48 тонна металли сурма (нисбати соли гузашта 107,8%), зиёда аз 138 тонна металли симоб истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қабли 117,6% мебошад.
Дар давраи ҳисоботи истеҳсоли консентрати сурмаю симоб аз тарафи ҶДММ КМТА Анзоб ба 20 ҳазору 543,61 тонна расидааст, ки назар ба соли гузаша 5731,21 тонна кам гардид, ки ин нишондиҳанда мутаносибан 78,2%-ро ташкил медиҳад.
Дар давраи ҳисоботӣ корхонаҳои ангиштистеҳсолкунанда бошад 458 ҳазору 350,71 тонна ангишт истихроҷ кардаанд, ки 95,4% фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра 5196 дона аз тарафи КФ Шахтаи “Фон-Яғноб” ва соҳибкорони инфироди либосҳои мактаби духта шуд, ки назар ба соли гузашта 36 дона зиёд мебошад.
Дар соҳаи саноати сабук бошад ҷиҳати эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот дастгоҳҳои дӯзандагӣ, адрасу атласбофӣ ва қолинбофӣ дастраси ҳунармандон карда шудааст. Ҳоло дар деҳаҳои ҳудуди ноҳия бо ихтисоси кафшергари газӣ-барқӣ, қолинбофӣ, барқчӣ ва дӯзандагӣ курсҳои кутоҳмуддат рафта истодааст.
Оғози фаъолияти корхонаи ҶСП “ТАЛКО Голд”
14-уми апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун, боздид аз фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва сӯҳбату мулоқот бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Сафари кории Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид.
Дар фурудгоҳи муваққатии мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ Сарвари давлатро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва роҳбарону фаъолони вилоят самимона истиқбол гирифтанд.
Дар ин мавзеъ нахуст Президенти кишвар корхонаи маъдантозакунии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Аснои шиносоӣ бо раванди коркарди ашёи хом ва дигар корҳои дар ин минтақаи саноатӣ анҷомёфта, маълум гардид, ки дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” дар асоси лоиҳа ва нақшаи тарҳрезигардида ғанисозии маъдан бо усули флотатсиякунонӣ дар як шабонарӯз 5 ҳазор тонна ва солона 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад. Дар ҳамин замина, ҳамзамон ҳаҷми истеҳсоли солонаи фулузоти тилло 2,2 тонна ва сурма 21 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.
Барои ба кор даровардани корхона аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Ширкати Алюминийи Тоҷик” ва Ҷамъияти саҳомии “Тибет Хуаюй” 136 миллион доллари амрикоӣ харҷ гардида, истихроҷу ғанисозии маъдан бо истифода аз техника ва технологияи муосири ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон сурат мегирад. Аз ҷумла, барои ба хока табдил додани маъдан, бори аввал дар минтақа дар хати технологӣ дастгоҳу таҷҳизоти ширкати “Метсо”-и Финляндия васл карда шудааст, ки дар соҳаи кӯҳкории Аврупо ва ҷаҳон ба таври васеъ истифода мешавад. Техника ва механизми маъданборкунии ширкати “Волво”-и Шветсия бошад, дар қисмати тарзи кушоди кон мавриди истифода қарор дорад. Технологияи 14 коргоҳи ғанигардонии маъдан аз ширкатҳои бонуфузи Чин дастрас карда шудааст ва дар ин ҷо ашёи хом ба таври автоматӣ коркард мешавад.
Ба таъкиди мутахассисони соҳа истифодаи чунин дастгоҳу таҷҳизоти муосир дар раванди истеҳсолот ба самаранокии кор ва сифати маҳсулот таъсири мусбат мерасонад.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли консентрати тилло ва сурмаи Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” зиёда аз 1500 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин шуда, барои татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат аз роҳу усулҳои муосир, ки бозори ҷаҳонӣ онро талаб мекунад, истифода мебаранд. Бештари кормандонро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.
Ёдовар мешавем, то ин вақт дар корҳои сохтмонӣ ва васлгарии ин иншооти бузурги саноатӣ беш аз 2000 нафар бинокор ва кормандони муҳандисию техникӣ иштирок намудаанд.
Таъкид мегардад, ки дар ин корхона истихроҷи маъдан тариқи коркарди зеризаминӣ ва ба тарзи кушод сурат мегирад. То имрӯз барои истихроҷи тилло ва сурма зиёда аз 25 ҳазор метр нақб канда шудааст.
Дар қисмати кушоди кон корҳои қабаткушоӣ идома дорад. Ҳаҷми корҳои қабаткушоӣ 218 ҳазору 554 метри мураббаъ ва пармагарӣ бошад, бештар аз 10 ҳазор метр иҷро карда шудааст. Аз қисмати тарзи кушоди кон дар як шабонарӯз зиёда аз 2 ҳазор тонна маъдан истихроҷ ва бо воситаи техникаю механизми зарурӣ ба коргоҳҳои ғанисозӣ интиқол дода мешавад. Ҳамзамон, дар маҳалли сохтмон бо дарозии қариб 5 километр канали обгузар бунёд карда шудааст. Тариқи ин канал оби шохобҳои минтақаи Кончоч аз мавзеи корхона берун бурда мешавад, ки ин амал бо мақсади беҳдошти вазъи экологӣ ва зарар нарсидан ба табиати зебою нотакрори ин минтақаи сайёҳӣ иҷро карда шудааст.
Иншооти дигаре, ки бо мақсади беҳдошти вазъи экологии минтақа бунёд карда шуд, ин анбори нигоҳдории партовҳои коркардшуда мебошад. Ин иншоот дорои сарбанди регӣ буда, ихроҷи партовҳоро нигоҳ медорад. Баландии садди амбори нигоҳдории партовҳо 55 метр мебошад.
Ба гуфти масъулон, обҳои техникӣ дар коргоҳҳои бойгардонӣ батакрор ва бо тарзи занҷири сарбаста истифода мешавад ва он ба муҳити зист таъсири манфӣ намерасонад.
Барои ба роҳ мондани фаъолияти пурсамару муназзами Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “ТАЛКО Голд” бо насби қариб 100 сутунпояи оҳанӣ аз масофаи 34 километр хати интиқоли баландшиддати нерӯи барқ кашида шуда, як зеристгоҳ, ки тавоноиаш 110 ба 10 киловолтро дар бар мегирад, бунёд гардидааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин зеристгоҳ аҳолии деҳоти атрофи корхона низ бо нерӯи барқ таъмин гардиданд.
Бо дастури Сарвари давлат роҳбарияти ҶСП “Талко Голд” аз роҳи Душанбе – Чаноқ то расидан ба ин мавзеъ, ки 35 километрро ташкил медиҳад, роҳро васеъ ва мумфарш менамоянд.
Ин корхонаи бузурги саноатӣ дар заминаи конҳои Чулбоӣ, Кончоч ва Шахкон бунёд гардида, тибқи маълумоти масъулон захираи умумии сурма 265 ҳазор тонна ва тилло 50 тоннаро ташкил медиҳад.
Ёдовар мешавем, ки корҳои сохтмонӣ дар ин корхонаи бузурги саноатӣ бо иштироки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми июни соли 2018 оғоз гардида буд. Пас аз ин 12-уми сентябри соли 2020 Сарвари давлат бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуда, барои бо сатҳу сифати баланд сохта, ба истифода додани корхона ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода буданд.
Маврид ба таъкид аст, ки давоми солҳои охир бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ дар кишвар рушди соҳаи саноати металургӣ таъмин гардида, корхонаҳои нав ба кор дароварда шуданд, ки дар ин замина истихроҷ ва коркарди маъдан то ба ҳадди ниҳоӣ расид ва ин иқдом дар рушди иқтисоди миллӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ натиҷаи дилхоҳро ба бор овард. Хусусан, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ин раванд вусъати бештар пайдо кардааст.
Бунёди ду неругоҳи барқи обӣ дар ноҳияи Айнӣ
2-уми июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ дар толори Қасри Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бо роҳбари кишвари дӯст Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ бо пахши тугмаи рамзӣ барои оғози татбиқи лоиҳаи муштарак байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон доир ба сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон асос гузоштанд.
Бояд гуфт, ки мутахассисони ҳар ду ҷониб барои бунёди неругоҳҳо бо иқтидори умумии 320 МВт марҳилаҳои асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа ва дигар корҳоро ба анҷом мерасонанд.
Оғози татбиқи корҳои ҷустуҷӯи-асосноккунии техникӣ як қадами устувор дар роҳи таъмини ҳамкориҳои ду кишвар дар ин бахши ояндадор хоҳад буд.
Сарони давлатҳо ба бунёдкорони ин тарҳи барои мардумони ҳар ду кишвар манфиатбор барору комёбӣ орзу карданд.
Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки дар сохтмони ин ду неругоҳи барқи обӣ сокинони ноҳия ба кор ҷалб гардида, барои таъмини рӯзгорашон албатта, шароити мусоид фароҳам гардидааст.
Дар ноҳия Айнӣ саноатикунонӣ ба таври густурда ба роҳ монда шудааст, ки ин барои рушди ҷомеа ва иҷтимоиёт заминаи мустаҳкаме хоҳад гардид.
Албатта, ин ҳама ободонӣ бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат аст, ки ҳам дар Паёми навбатии худ солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон намуданд ва масъулинро водор месозад, ки аз ҳар вақта пештар баҳри пешрафти давлату миллат кушиш ба харҷ диҳанд ва ноҳияи Айнӣ дар ин росто тавонистааст, ки барои рушти саноати кишвар саҳмгузор бошад ва дар оянда низ талош хоҳад намуд, ки саноат дар ноҳия рушди бештар намояд.
МТЖТ