Тайи солҳои охир бо иқдоми неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъи соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок ва муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди таҳлил ва арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифта, дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ дигаргунсозӣ ва таҳкими ислоҳоти маориф идома ёфта истодааст. Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ аз таҳаввулоти дар ин раванд ҷоришуда дар канор нест.

Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ буда, барномаҳои таълимӣ, барнома ва нақшаҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибаомӯзии мутахассисони соҳаи идоракунии давлатӣ ва фармоиши давлатиро оид ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд. Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар амал татбиқ намудани «Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Барномаи рушди нерӯ ва моликияти зеҳнии инсон то соли 2020» роҳбарият ва устодони Академия дар соли 2020 корҳои назаррасро анҷом додаанд.

Қобили зикр аст, ки дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушкилоти моддӣ-техникӣ ва шароити номусоиди кориву таҳсили хизматчиёни давлатӣ рафъ гардида, мақоми Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баланд бардошта шуд.

Дар ин замина, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми феврали соли 2020, №1463 Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» табдил дода шуда, Оиннома ва Сохтори он тасдиқ гардид.

Шумораи умумии воҳидҳои кории Академия дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 350 нафар (бо дарназардошти ҳайати хизматрасон) муқаррар ва маблағгузории он аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ тибқи қабули шумораи донишҷӯён марҳила ба марҳила амалӣ карда мешавад. Вобаста ба ин, дар соли 2020 бо мақсади сари вақт ва сифатнок иҷро намудани мақсад ва ҳадафҳои оинномавии Академия ва таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронӣ ба ифтихори Рӯзи дониш бармеоянд, ҷиҳати ҷудо намудани 81 воҳиди кории иловагӣ (дар маҷмуъ 263 воҳиди корӣ) ва хароҷотҳои дигари коммуналӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ барои Академия дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо гардидааст.

Айни замон дар Академия 426 нафар кормандону омӯзгорон (331 нафар кормандони асосӣ, 95 нафар ҳамкорони берунаи кафедраҳо) кору фаъолият менамоянд. Аз ин шумораи зикргардида 144 нафар зан ва 282 нафарро мардон ташкил медиҳанд. Аз 144 нафар зан 20 нафари онҳо занони роҳбар, ҳамчунин аз 331 нафар кормандони асосӣ, 77 нафарро кормандони техникӣ ва ёрирасон ташкил медиҳанд.

Ҳамзамон, дар соли 2020 дар Академия 105 нафар кормандон, аз ҷумла 39 нафар занҳо ва 66 нафар мардҳо ба кор қабул карда шуда, ба вазифаҳои муайян тахин гардидаанд.

Дар соли 2020 барои фаъолияти муназзами бардавому бенуқсон, саҳми арзанда дар таълиму тарбия ва баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ ва ватанпарастии ҷавонон дар асоси фармоиши ректори Академия 9 маротиба ҳавасмандгардонии молиявӣ, 1 нафар бо Медали хизмати шоиста, 1 нафар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 нафар бо унвони «Аълочии маориф ва илм», 11 нафар бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 50 нафар устодону кормандон бо Ифтихорномаи муассисаи давлатии «Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар асоси фармоиши ректори Академия аз 28-уми августи соли 2020, №97 аз 2 то 5-уми сентябр бо мақсади муайян намудани сатҳи касбият, донишҳои ихтисосӣ, сиёсӣ, қобилияти кор бо технологияи компютерӣ ва сатҳи забондонӣ категорияи алоҳидаи устодону кормандон аз аттестатсияи дохилӣ гузаронида шудаанд.

Ҳамзамон, дар давраи ҳисоботӣ дар асоси фармоиши Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13-уми ноябри соли 2020, №48 ва мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми октябри соли 2020, №03/2-2749, 18 нафар омӯзгорони Академия аз аттестатсияи кормандони шуъбаҳо ва кафедраҳои техникӣ, табиӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин омӯзгорони забонҳои хориҷии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бомуваффақият гузаронида шуда, аз ҷониби ҳайати комиссияи аттестатсионӣ хуб муаррифӣ карда шудаанд.

Дар соли 2020 ба Академия мактубҳо аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 68 адад, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 323 адад, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 190 адад, аз хориҷи кишвар 44 адад, дигар вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилотҳо 439 адад, барқияҳои телефонӣ 34 адад, муроҷиати шаҳрвандон 356 адад, аризаҳои кормандон 361 адад, аризаҳои донишҷӯён 579 адад, аз воҳидҳои сохтории Академия 862 адад муроҷиат ва дар маҷмуъ 3256 адад ҳуҷҷат ба шуъбаи умумӣ ворид гардида, тибқи таъйинот ва роҳнамоии роҳбарияти Академия бо мақсади иҷрои саривақтии онҳо ба масъулин расонида шудаанд. Дар ин давра аз раёсати Академия ба унвонии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 адад, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 адад, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 133 адад, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 83 адад, хориҷи кишвар 105 адад, дигар вазорату идораҳо, муассиса ва ташкилотҳо 330 адад ва дар маҷмуъ 703 адад пешниҳоду маълумотномаҳо ирсол карда шудаанд.

Дар соли ҷамъбастии 2020 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1006 нафар донишҷӯписарон дар шакли варақаи Т2 ба қайд гирифта шудаанд. Аз ин шумора 175 нафар аз факултети дипломатия ва сиёсат, 230 нафар аз факултети идоракунии давлатӣ ва 601 нафар аз шуъбаи магистратура ташкил медиҳанд.

Дар соли 2020 бо мақсади ба низом даровардани раванди таълим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва донишазбаркунии донишҷӯён, ба талаботи бозори меҳнат мувофиқ гардонидани ихтисосҳои Академия, хубтару беҳтар намудани корҳои ташкилӣ, таълимию методӣ кормандони Академия корҳои зиёдро пешбинӣ ва амалӣ намудаанд. Дар самти танзими раванди таълим ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Академия, аз ҷумла, 14 адад таҳияи нақшаҳои таълимӣ аз рӯи низоми кредитӣ, 4 адад нақшаҳои таълимӣ аз рӯи дараҷаи бакалавр барои ихтисосҳои 1-26010101 – идораи мақомоти маҳаллӣ, 1-25010410 – менеҷменти молиявӣ, 1-2301060103 – сиёсат ва идораи давлатӣ, 1-2301060301 – менеҷменти сиёсӣ, 1 адад аз рӯи дараҷаи магистр 1-240101 ҳуқуқи байналмилалӣ, 9 адад аз рӯи дараҷаи доктори фалсафа (PhD) анҷом дода шуда, аз Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шудааст. Инчунин таҳияи барномаҳои таълимӣ таҷдиди назар шуда, ба комиссияи назди Шӯрои илмӣ-методӣ пешбарӣ карда шудаанд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 маводҳои таълимии асосӣ (силлабус, бонки лексия, барномаи таълимӣ, презентатсия) ва ёрирасони фанҳои таълимӣ, ки бояд мавриди истифодаи омӯзгорони дарсдиҳанда қарор мегирифтанд, мавриди омӯзиш қарор дода шуда, барои истифодабарӣ тавсия карда шудаанд. Зарурияти таҳким ва ташаккули пойгоҳи моддию техникии раванди таҳсилот, истифодабарии усулҳои муосири таълим дар асоси татбиқи технологияҳои иттилоотию иртиботӣ, такомули низоми китобхонаи электронӣ ва дигар тадбирҳо ҳамчун омилҳои асосии татбиқи кластери мазкур, дар болоравии сифати таълим ва  сатҳи дониш, рақобатпазирӣ дар бозори меҳнат, истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар ҷараёни таълим, аз ҷумла натиҷаҳои татбиқи пурсамар ба шумор мераванд. Ворид шудани Академия ба низоми таҳсилоти фосилавӣ ва тибқи нақшаҳои бакалавриат, магистратура ва PhD ба роҳ мондани таълим эҷоди заминаи замонавии таҳсилот, пайвасти устувори ҷараёни таҳсилоти миллиро бо фазои ҷаҳонии таҳсилот таъмин менамояд.

Дар соли таҳсили 2019-2020 Академия барои омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ 2 факултет, шуъбаи магистратура ва 14 кафедра дошт. Дар соли таҳсили 2020 ҷиҳати омода намудани мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ, воҳидҳои корӣ зиёд карда шуда, дар Академия 3 факултет, шуъбаи магистратура ва 16 кафедра фаъолияти босамар намуда истодаанд.

Дар соли таҳсили 2019 теъдоди умумии омӯзгорон 195 нафарро ташкил медод, ки аз ин 82 нафарашон омӯзгорони унвондор буданд. Дар соли таҳсили 2020 теъдоди умумии омӯзгорон ба 271 нафар расид, ки аз ин 114 нафар омӯзгорони унвондор буда, нисбати соли таҳсили 2019-ум 76 воҳиди корӣ ва аз ҳисоби омӯзгорони унвондор бошад, 32 нафар зиёд шудааст.

Тибқи маълумотҳои оморӣ миқдори донишҷӯён ва магистрантони Академия ба ҳолати 04.05.2020-ум 2589 нафарро ташкил дода, аз онҳо 686 нафарашон (26,5%) духтарон ва 1903 нафарашон (73,5%) писарон мебошанд. Аз шумораи умумии донишҷӯёну магистрантони Академия 510 нафарашон (19,7%) тариқи ройгон ва 2079 нафари боқимонда (80,3%) тариқи шартномавӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Айни ҳол дар бинои маъмурӣ ва бинои таълимии Академия таҷҳизоти тақсимкунандаи хати интернет (бе ноқил), камераҳои мушоҳидавӣ ва серверҳо, ки барои ҷамъоварии маълумот ва нигоҳдории он пешбинӣ шудаанд, насб гардида, тадбиқи ҳамаҷонибаи автоматикунонии низоми таълим давра ба давра амалӣ гардида истодааст.

Дар соли таҳсили 2020 дар баробари тариқи тест санҷидани дониши донишҷӯён, ҳамзамон тавассути иштирок дар машғулиятҳои устодон сатҳи донишҳои азхуднамудаи донишҷӯён ва фаъолияти омӯзгорон баҳогузорӣ гардидааст. Дар маҷмуъ, сатҳи донишазхудкунӣ дар Академия 85,3%-ро ташкил додааст, ки нисбати соли таҳсили 2019 (0,6%) зиёд шудааст.

Дар назди раёсати таълими Академия шуъбаи бақайдгирии донишҷӯён ва машварати академӣ фаъолият менамояд. Самтҳои асосии фаъолияти шуъба аз татбиқи амалии низоми кредитии таҳсилот, ташкил ва назорати ҳафтаҳои ташвиқотӣ, муаррифии омӯзгорони дарсдиҳанда ва фанҳои интихобӣ, ҷамъбаст ва таҳлили санҷишҳои марҳилавӣ, имтиҳонҳои ниҳоӣ иборат мебошад.

Бинобар сабаби ташкили самараноки сифати таълим, ҳамзамон қабули санҷишҳои марҳилавӣ ва ниҳоӣ дар шакли тестӣ бо истифода аз технологияи иттилоотию иртиботӣ маркази тестӣ ташкил карда шудааст. Самтҳои асосии фаъолияти маркази тестӣ аз ҷамъоварӣ, коркард ва мутобиқ сохтани саволномаҳои тестӣ бо барномаи электронии компютерӣ (Web-test.tj) ворид намудани ҷавобҳои дурусти саволномаҳои тестӣ ба барномаи компютерӣ ва чопи натиҷаи имтиҳон ба шакли тестӣ бо истифода аз технологияии иттилоотӣ дар давраи қабули сессияи имтиҳони донишҷӯёни зинаи таҳсилоти бакалаврият, магистратура, фосилавӣ ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ иборат мебошад.

Мувофиқи барномаи таълимии Академия дар соли таҳсили 2020 чор шакли таҷрибаомӯзӣ: истеҳсолӣ (дар курси дуюми магистратура ва курси сеюми бакалавриат), илмӣ-педагогӣ (дар курсҳои якум ва дуюми магистратура), пешаздипломӣ (дар курси чоруми бакалавриат) ва таълимӣ (дар курси дуюми бакалавриат) ба нақша гирифта шуда, дар шуъбаи магистратура аз 12.02.2020 шуруъ гардидааст.

Дар соли таҳсили 2020 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро 188 нафар донишҷӯёни курсҳои 4-уми зинаи таҳсилоти бакалаврият (рӯзона), 201 нафар донишҷӯёни курси 5-уми зинаи таҳсилоти мутахассис (ғоибона-таҳсилоти дуюми олии касбӣ) ва 124 нафар магистрантони курси 2-юм хатм менамуданд. Теъдоди умумии хатмкунандагони зинаҳои таҳсилоти бакалаврият, мутахассис ва магистратураи Академия дар соли 2020-ум 513 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба соли 2019 (327) 186 нафар зиёд мебошад.

Дар Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 тибқи Нақша-ҷадвали курсҳои азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии хизматчиёни давлатӣ барои соли 2020, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 26 курс баргузор гардидааст. Аз ҷумла, 3 курси азнавтайёркунӣ, 15 курси такмили ихтисос дар заминаи Академия, 11 курси сайёри такмили ихтисос. Дар курсҳои мазкур ҳамагӣ 1318 нафар (340 зан) иштирок намудаанд, ки аз ин шумора 685 нафар (аз ҷумла 174 зан) то 35-сола мебошанд. Инчунин дар давраи ҳисоботӣ 10 курси ғайринақшавӣ  баргузор гардидааст, ки дар курсҳои мазкур ҳамагӣ 243 нафар (аз ҷумла 168 зан) иштирок намудаанд, ки аз ин шумора 58 зан то 35-сола мебошад. Дар маҷмуъ дар 36 курс 1561 нафар шунаванда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба 1361 нафар «Гувоҳнома», ба 95 нафар «Шаҳодатнома» ва ба 105 нафар «Диплом» тақдим гардидааст.

Дар Академия фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ аз тарафи ҳайати устодон ва профессорони кафедраҳо, марказ ва пажуҳишгоҳҳо анҷом дода мешавад. Дар соли 2020 аз ҷониби ҳайати устодон ва профессорони Академия 24 адад монографияи илмӣ, 14 адад васоити таълимӣ, 18 адад дастури таълимӣ, 273 адад мақолаи илмӣ, ки аз он 144 адад дар маҷаллаҳои тақризшаванда ба нашр расонида шудааст. Дар маҷмуъ натиҷаи фаъолияти зеҳнии ҳайати устодон ва профессорони Академия дар соли ҳисоботӣ бе назардошти натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ҳамкорони берунӣ  463 адад маводи илмиро ташкил медиҳад.

Дар соли 2020 ҳамагӣ 67 чорабинии илмӣ баргузор гардидаааст, ки аз он 3 конференсияи байналмилалӣ, 3 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 4 конференсияи сатҳи Академия, 9 семинари илмӣ ва 6 мизи мудаввари сатҳи Академия, 14 семинари илмии сатҳи факултет ва 28 семинари илмии дар назди кафедраҳо ташкил ва баргузоргардида мебошад.

Дар давраи ҳисоботии соли 2020 ҳайати устодон ва профессорони Академия дар 34 конференсияи байналмилалӣ, 45 коференсияи ҷумҳуриявӣ, 31 семинари илмӣ ва 7 мизи мудаввари сатҳи Академия иштирок карда, маърӯза намудаанд, ки дар маҷмуъ 117 ададро ташкил медиҳад. Дар қиёс бо соли 2019 иштирок дар чорабиниҳои илмӣ 5 баробар зиёд мебошад.

Аз соли 2019 то инҷониб дар Академия 11 нафар докторанти доктори фалсафа (PhD) ва 68 нафар унвонҷӯ таҳсил менамоянд. Дар аттестатсияи унвонҷӯён ва докторантон, ки моҳи августи соли 2020 баргузор гардид, мавзӯи 40 нафар унвонҷӯ расман дар Шӯрои олимони Академия тасдиқ карда шуд. Барои тасдиқ намудани номи мавзуҳои илмии 20 нафар унвонҷӯ ва 11 нафар докторантон давраи иловагӣ муҳлат дода шуд.

Яке аз вазифаҳои дигар ва асосии Раёсати Академия – ин пешниҳоди мақолаҳо (изҳороту вокунишҳо) ба рӯзномаҳои кишвар дар мавзуҳои ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ, ҳифзи марзу буми давлатӣ, маҳкумияти созмону равияҳои тундгарою ифротӣ ва тарғиби сиёсати давлату Ҳукумат, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар ин самт аз ҷониби кормандони Академия дар ҳамкорӣ бо омӯзгорон зиёда аз 75 изҳороту вокунишҳо дар саҳифаҳои расмии Академия ва рӯзномаи “Сарвар ва миллат” ба табъ расидааст. Ҳамзамон, устодон, кормандон ва донишҷӯёни Академия дар ин давра дар барномаҳои телевизиону радио, нашрияи “Сарвар ва миллат”, сомонаи Академия www.apa.tj ва рӯзномаҳои кишвар зиёда аз 178 назари худро иброз доштаанд.

Китобхонаи илмии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг» (1997), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» ва дигар санадҳои танзимкунандаи соҳаи китобдорӣ ва нақшаи тасдиқгардида ба роҳ монда, дар давоми  нимсолаи якуми соли 2020 дар самти иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҷиҳати баҳисобгирии Фонди Китобхона, бой гардонидани махзани он, назорат ва иҷрои гардиши ҳуҷҷатҳои коргузорӣ, кор бо толори хониш, дастрас намудани адабиёти нав, теъдоди адабиётҳои кӯҳна ва гардиши онҳо корҳои назаррасро анҷом додааст. Фонди китобхонаи илмии Академия дар соли 2020-ум 19474 нусха ва китобхонаи электронӣ бошад, ҳудуди 1 миллион китобро ташкил медиҳад. Дар соли 2020 аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон ба Китобхонаи илмии Академия 250 адад китобҳои илмӣ, бадеӣ-сиёсӣ туҳфа карда шуд.

Пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҳамчун воҳиди сохтории Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кори гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатӣ ҷиҳати самаранок намудани фаъолияти мақомоти давлатӣ нақши фаъол дорад. Пажуҳишгоҳ дар соли 2020 корҳои тадқиқоти илмиро дар доираи лоиҳаҳои илмӣ-тадқиқотии аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда «Энсиклопедияи идоракунии давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” идома дода, таҳияи ҷилди якуми Энсиклопедияи мазкурро ҷамъбаст карда, барои чоп пешниҳод намудааст. Пажуҳишгоҳ барои пурсамар гардонидани фаъолияти илмӣ ва ҷалби бурсияҳо барои корҳои илмию таълимӣ 2 лоиҳаро барои гирифтани бурсияҳои давлатӣ ва байналмилалӣ таҳия ва пешниҳод намуда, ғолиб гардидааст.

Маркази омӯзиши “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон” аз рӯи Нақшаи тасдиқгардидаи корҳои илмӣ-тадқиқотии Академия амал намуда, самти омӯзиш ва мавзӯи тадқиқотии он ба масъалаҳои ташаккул  ва рушди мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон равона карда шудааст. Ҷилдҳои 1, 2 ва 3-и китоби “Мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, масъалаҳои ташаккул ва рушд” ба нашр расида, ҷилдҳои 4 ва 5-и он дар оянда ба табъ хоҳанд расид.

Раёсати робитаҳои байналмилалии Академия бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва методӣ бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар оид ба тайёр намудани мутахассисони соҳибкасб, баланд бардоштани савияи илму дониши устодону донишҷӯён, хизматчиёни давлатӣ дар курсҳои такмили ихтисос, омӯхтани таҷрибаи пешқадам барои баланд бардоштани сифати таълим тавассути технологияи ҳозиразамон, ташкил ва фиристодани устодон ба хориҷи кишвар ҷиҳати ширкат дар семинару ҷаласаҳо, конфренсияҳои илмию байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи якдигар як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Ҳамин тариқ, дар давраи ҳисоботӣ кормандони Академия дар 59 конференсияҳо, конференсияҳои онлайнӣ, вебинарҳо, симпозиумҳо, семинарҳо ва тренингҳои байналмилалӣ, ки дар дохили ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар баргузор гардиданд, фаъолона иштирок намуданд.

Корҳои тарбиявӣ яке аз самтҳои муҳими фаъолият дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, масъулияти асосии пешбурди он ба зиммаи Раёсати корҳои тарбиявӣ ва сохторҳои назди он мебошад. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақшаи кории худ Раёсати корҳои тарбиявӣ 11 ҷаласаҳои корӣ доир намудаааст.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи садорати факултетҳо ва шуъбаи магистратура дар Академия 8 нафар ятимони кулл, 46 нафар нимятимон ва 10 нафар маъюбон таҳсил менамоянд. Аз ҷумла, дар факултети идоракунии давлатӣ 4 нафар ятими кулл, 35 нафар нимятим, 7 нафар маъюб ва дар факултети дипломатия ва сиёсат 4 нафар ятими кулл, 11 нафар нимятимон  ва 1 нафар донишҷӯёни маъюб ва шуъбаи магистратура 2 нафар маъюб таҳсил менамоянд. Ҳамасола дар арафаи Иди Наврӯз донишҷӯёни ятими кулл аз ҳисоби маблағҳои махсуси Академия бо сарулибоси баҳорӣ ва тобистона таъмин гардида, ба онҳо хӯроки яквақтаинаи гарм ба таври доимӣ дода мешавад.

Ҳамчунин дар Академия Маркази иҷтимоии шахсони имконияташон маҳдуд таъсис дода шудааст. Марказ дар асоси Низомнома амал намуда, ҷиҳати мусоидат ба амалишавии ҳуқуқҳои иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсии шахсони имконияташон маҳдуд таъсис дода шудааст.

Аввали моҳи октябри соли равон аз ҷониби роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи донишҷуёни ятими кулли Академия ба маблағи 400 сомонӣ ба ҳар кадом кумаки яквақтаина расонида шудааст. Санаи 18.12.2020 ба 20 нафар донишҷӯёни ятими кулл ва донишҷӯёни имконияташон маҳдуд ба миқдори 300 (сесад) сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷониби Раёсати Академия кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ расонида шудааст.

Санаи 22.08.2020 дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ду нафар донишҷӯёни Академия иштирок намуда, Муродов Амирҷон аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври дигар роҳхат гирифтааст. Санаи 11-уми сентябри соли 2020 дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” миёни тарбиятгирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз рӯйи панҷ номинатсия баргузор гардида, дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 нафар омӯзгорону магистрантон ва донишҷӯён аз рӯи чор номинатсия фаъолона иштирок намудаанд. Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар омӯзгорону магистрантон ва донишҷӯён аз рӯи чор номинатсия фаъолона иштирок намудаанд. Боиси ифтихор ва хурсандӣ аст, ки аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар иштирокчиён сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд.

Бо мақсади таҷлили сазовори ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо дар асоси фармоиши ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №98 аз 28.08.2020 ба тасвиб расидааст. Дар асоси фармоиши мазкур рӯзҳои 3-7-уми сентябри соли 2020 мусобиқаи варзишии волейбол миёни донишҷӯдухтарони хобгоҳ ва дастаи бонувони Раёсати Академия барои дарёфти «Ҷоми Академия» баргузор карда шуда, дар натиҷа ҳуҷраи 303 сазовори ҷойи аввал ва дастаи бонувони раёсати Академия сазовори ҷойи дуюм гардидаанд. Ҳамзамон, рӯзҳои 4-14-уми сентябри соли 2020 мусобиқаи варзишии футбол ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ барои дарёфти «Ҷоми Академия» баргузор карда шуд.

Тибқи мактуби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №5/1-692 аз 20-уми октябри соли 2020, ҷиҳати иштирок дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди “Футболи хурд” миёни волонтёрони муассисаҳои таҳсилоти олӣ, ҳудуди шаҳри Душанбе, ки барои Ҷоми “Пайравони Пешвои миллат” аз 26-уми октябр то 10-уми ноябри соли 2020 баргузор гардид, волонтёрони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои 2-юм гардидаанд.

Бахши хобгоҳи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.08.2020 фаъолияти кории худро оғоз намуда, то ин ҷониб як қатор корҳоро ба сомон расонидааст. Аз санаи 10 то 15-уми августи соли 2020 тақсимоти донишҷӯён ба хобгоҳ ҷиҳати истиқомат намудан ба роҳ монда шудааст. Дар рафти тақсимот ба ҳар як донишҷӯ ҳуҷҷатҳои зарурӣ, аз ҷумла Ордери манзили истиқоматӣ, рухсатномаи даромаду баромад ва уҳдадориҳои истиқоматкунанда супорида шудааст.

То давраи ҳисоботӣ дар хобгоҳи Академия 153 нафар донишҷӯён ва магистрантон истиқомат менамоянд. Аз ин шумора 40 нафар донишҷӯдухтарон, 99 нафар донишҷӯписарон, 10 нафар духтарони магистрант, 4 нафар писарони магистрант истиқомат доранд.

Ҳамзамон, 18 нафар омӯзгорон оилавӣ ва 29 нафар кормандони муҷаррад, аз ин шумора 7 нафар бонувон ва 22 нафар мардон дар хобгоҳи Академия истиқомат менамоянд.

Сардухтури бунгоҳи тиббӣ фаъолияти худро дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, дар давраи ҳисоботӣ корҳои мушаххасро ба анҷом расонидааст. Тибқи нақша ва талаботҳои муассисаи таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон донишҷӯён, устодон ва кормандони Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхат гирифта шудаанд. Бунгоҳи тиббӣ мунтазам оид ба тозагӣ, тарзи тайёр кардан ва истифодабарии хокаи 40% гипохлорид калсия ва тарзи пӯшидани либосҳои махсуси кории фаррошони академия суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад. Кормандони хоҷагӣ (фаррошон) барои тоза нигоҳ доштани нуқтаҳои хизматрасонӣ (ташноб, хоҷатхона ва ғайра) аз маҳлули гипохлорид калсия 0,5% истифода мебаранд. Ҳолати синфхонаҳо, нуқтаи хӯрокхурӣ, нуқтаҳои ҷамъиятӣ (ташноб, ошхона), бунгоҳи тиббӣ дар ҳолати омодабошӣ нигоҳ дошта мешаванд.

Дар сохтори Парки технологӣ матбаа, кошонаи ҳусн, сартарошхона, сехи дӯзандагӣ, сехи қаннодӣ, курсҳои забономӯзӣ, мағозаи китоб, ошхона ва меҳмонхона фаъолият менамояд.

Ба гуфтаи Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ, “имрӯз тайёр намудани мутахассисони ҷавон бо донишҳои мукаммал амри воқеист. Баҳри пешрафти соҳа хизмати Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар сиёсати худ ба соҳаи маориф мақоми афзалиятнок додаанд, зиёд буда, маҳз амнияти кулл ва фазои Ваҳдати саросарӣ имкон дод, ки кишвар бо роҳи дурусти созандагию ободкориҳои беназир дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаёт пеш рафта, зиндагии шоиста барои ҳамватанон таъмин карда шавад”.

– Пешвои муаззами миллат ҳамеша ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, маорифчиёнро дастгирӣ кардаву руҳбаланд месозанд. Мо – аҳли маориф аз дастгириҳову таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем ва мекӯшем, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаи таълимиямон боз ҳам беҳтар шавад,- афзуд ӯ.

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь