Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо раиси ноҳияи мазкур Ҷаббори Ғаффор суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» (аз 21 декабри 2021) таъкид карданд, ки “Амалигардонии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати кишвар имкон медиҳад, ки рушди устувори соҳаи саноат ҳамчун тавлидкунандаи арзиши баланди иловашуда таъмин гардида, дар ин раванд даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ ташкил карда шавад”. Аз ин рӯ, дар баробари рушди дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат таваҷҷуҳи масъулини Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус ба рушди соҳаи саноат нигаронида шудааст. Ҳарчанд дар ин самт аллакай қадамҳои устуворе гузошта шуда бошад ҳам, рушди беш аз пеши ин соҳаро ба нақша гирифтаем, зеро Пешвои миллат зикр карда буданд, ки: “Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд”.
Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус дар шаш моҳи аввали соли 2022 якҷо бо ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҷиҳати таъмини иҷрои Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Дастгоҳи иҷроияи Презеденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон корҳои муайянро ба анҷом расонид.
Иҷрои буҷет
Дар идомаи суҳбат мавсуф қайд намуд, ки дар 6 моҳаи аввали соли 2022 нақшаи буҷет боназардошти андози иҷтимоӣ ва буҷети маҳаллӣ 28 милиону 669 ҳазори 500 сомонӣ ворид гардида, ки 103,6 фоизи нақшаи андозҳоро иҷро гардид.
Нақшаи пардохти маблағҳои андоз ва андози иҷтимоии аҳолии ноҳия 103,6 фоиз иҷро карда шудааст, аз ҷумла андози иҷтимоии буҷетӣ 96,3 фоиз ва ғайрибуҷетӣ 115,6 фоиз таъмин гардида, ки нисбати нақша маблағҳои андоз 100 ҳазору 906 сомонӣ ва андози иҷтимои 901 ҳазору 178 сомонӣ зиёд гардидаааст.
Ба ҳолати 1 январи соли 2022 қарзи корхонаю ташкилотҳо аз ҳисоби андозҳо 7 миллиону 334 ҳазору 876 сомониро ташкил дод, ки ба ҳолати 1 июни соли 2022 бақияи қарзи андозҳо 7 млн 232 ҳазору 318 сомониро ташкил менамояд, аз он ҷумла, андоз 706 ҳазору 609 сомонӣ ва андози иҷтимоии буҷетӣ ва ғайри буҷетӣ 6 млн 525 ҳазору 709 сомонӣ, ки нисбати ба аввали соли 2022, 102 ҳазору 558 сомонӣ кам карда шудааст. Маблағҳои мақсаднок аз ҳисоби буҷети ҷумҳурияви нақша 10 милиону 380 ҳазор сомонӣ, иҷроиш 10 милиону 380 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби буҷети вилоятӣ нақша 2 миллиону 676 ҳазор 990 сомонӣ , иҷроиш 2 миллиону 676 ҳазор 990 сомонӣ ворид гардид, ки 100% таъмин гардидааст.
Соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ
Дар рафти суҳбат номбурда тазаккур дод, ки дар ноҳия ҳамагӣ 4995 нафар соҳибкор, аз ҷумла 1832 нафар бо патент, 360 нафар бо шаҳодатнома, 2381 адад хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 2414 адад кору фаъолият дошта, ба андозбандӣ ҷалб шудаанд.
Мувофиқи маълумотҳои бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ноҳия 7 адад лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии аз худшуда 2,3 миллион доллари ИМА-ро, аз он ҷумла, лоиҳаи “Тиҷоратикунонии соҳаи кишоварзӣ”, “Барномаи мутобиқгардонии ва кам кардани оқибатҳои тағирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал”, лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбии техникӣ ва омӯзиш”, “Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳлили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ”, лоиҳаи “Мустаҳкам намудани инфрасохтори муҳим ҷиҳати таъмини устуворӣ зидди хатарҳои тиббӣ”, лоиҳаи “Фавқулода бар зидди бемории COVID-19” ва лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” ташкил намуда дар бар мегирад.
Дар ин давра аз тарафи соҳибкори маҳалӣ 4 адад дархостӣ лоиҳавӣ ба гранти Президентӣ ба маблағи 49500 ҳазор сомонӣ карда шудааст.
Саноат ва энергетика
Ҳамзамон, мавсуф илова намуд, ки дар 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 90 миллиону 884 ҳазору 700 сомонӣ, ё ин ки бо нархҳои муқоисавӣ 122,1 фоизро нисбат ба соли гузашта ташкил медиҳад.
Дар ин давра 564 тонна бринҷ истеҳсол карда шуда, нон ва маҳсулоти нонӣ 7 ҳазору 899,5 тонна 112,9 фоиз, хишти сементӣ 2 млн 626 ҳазору 140 дона 105,6 фоиз ва гушт (вазни зинда) 1 ҳазору 588,3 тонна 100,1 фоизро ташкил менамояд.
Мувофиқи ҳисоботҳои Шабакаҳои барқ дар 6 моҳи соли 2022 дар ноҳия ба маблағи 48,4 миллион кВт/соат қувваи барқи фоиданок қабул намуда, аз маблағи ҳисобшудаи қувваи барқ 8 миллиону 617 ҳазору 314 сомонӣ маблағ ворид шудааст, ки 84,35 % нақшаро дар бар мегирад.
Дар ин давра аҳолии ноҳия ба маблағи 4 млн 970 ҳазору 735 сомонӣ пардохт намудааст, ки ин 91,49 фоизро ташкил медиҳад.
Бақияпулиҳои истифодабарии нерӯи барқи фоиданок бо назардошти солҳои пешин 21 миллиону 151 ҳазору 197 сомониро ташкил медиҳад.
Сохтмон ва меъморӣ
Дар идомаи суҳбат номбурда қайд намуд, ки сохтмон ва меъморӣ натанҳо дар ноҳия балки дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои асосӣ ба ҳисоб рафта, сол то сол дар ватани азизамон ҳусни зебо ва биною иншоотҳои ба талаботи муосир ҷавобгуро ба соҳибкорону шаҳрвандон пешниҳод менамояд.
Вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми майи соли 2022, №АП-188 “Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии чумҳурии Тоҷикистон” дар ноҳияи Шаҳритус 327 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта, аз ин теъдод 34 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатиро ташкил медиҳад, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – “Саноатикунонии босуръати кишвар” ва солҳои 2022-2026 “ Солҳои рушди саноат” мусоидат мекунад. Аз 327 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун 21 адади он мавриди истифода қарор дода, ба ҳисоботи оморӣ ворид карда шуд.
Бо мақсади омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдори раиси ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои он таҳия ва бо намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳритус тасдиқ шудааст.
Дар 6 моҳи аввали соли равон як қатор иншоотҳои таъйиноташон гуногун мавриди истифода қарор гирифт:
сохтмони амборхона барои нигоҳдории маводҳои хоҷагии халқ дар деҳаи Ҷ. Деҳқони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров;
сохтмони мағоза дар Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус;
барқарорсозии дарвозаи тақсимоти об дар канали Сайёд воқеъ дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти ба номи Т. Садриддинов;
сохтмони сехи сементбарорӣ дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти ба номи Т. Садриддинов;
сохтмони сехи сементбарорӣ дар деҳаи Сайёди Ҷамоати деҳоти ба номи Т. Садриддинов;
насби 2 адад тарнсформатор дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Т. Садриддинов;
сохтмони 2 синфхонаи иловагӣ дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти ба номи Т. Садриддинов;
сохтмони 1 адад дорухона дар Ҷамоати шаҳраки Шаҳритус;
сохтмони 1 адад майдончаи варзишии замонавӣ дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Пахтаобод;
сохтмони сехи коркарди гандум ва шолӣ дар Ҷамаоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров;
сохтмони сехи қаннодӣ дар Ҷамаоати деҳоти ба номи Ҷ. Назаров;
Тибқи нақшаи чорабиниҳо дар ноҳия бахшида ба ҷашни ҷашни 35 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ бунёду таъмири 327 иншоот ба нақша гирифта шуда, то ба имрӯз 21 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд, ки 61 ҷойҳои кории доимиро ташкил намуд.
Иҷрои корҳои сохтмони аз тарафи мутассадиёни бахш зери назорати доимӣ қарор дорад.
Кишоварзӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф афзуд, ки нақшаи кишти такрориро дар ноҳияи Шаҳритус дар сатҳи ҷумҳури аввалин шуда иҷро карданд нақшаи кишти такрорӣ дар ин ноҳия 4013 ташкил медод, ки он 4015 иҷро карда шуд.
Дар 6 моҳи соли 2022 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия 443 млн. 657 ҳазору 400 сомониро ташкил дода, ё ин ки 106,4 фоиз таъмин гардидааст, ки нисбати 6 моҳи соли гузашта 27 миллиону 795 ҳазору сомонӣ зиёд мебошад.
Майдони кишти зироатҳои кишоварзӣ дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 11382 гектар, ё ин ки 102,4 фоизро нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ташкил намуда, ғалладона ва лӯбиёгиҳо 2091 га, аз ҷумла ҷав 179 га, лубиёгиҳо 42 га, ҷуворимаккаи дон 159 га, зироатҳои техникӣ 5423 га, аз ҷумла пахта 5400 га, картошка 266,84га, сабзавот 1766 га, полезӣ 691 га ва зироати хӯроки чорво 2078 га кишт карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ 1588,3 тонна гушт, 1 миллиону 552 ҳазор 500 дона тухм, аз ҳисоби миёнаи ширдӯшӣ 6185,1 тонна ё ин ки 102,8% нисбат ба ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ бошад, дар 6 моҳи соли 2022 нақша 6350 тонна буда, иҷроиш 6398 тонна ё ин ки 100,8% иҷро гардидааст.
Маориф
Дар хусуси маориф мавсуф изҳор дошт, ки шумораи умумии хонандагон дар 55 муассисаҳои таълимии ноҳия 30 ҳазору 921 нафар, аз ҷумла 15 ҳазору 84 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки ба онҳо 1870 омӯзгор, аз ҷумла, 1265 нафар зан таълим медиҳад.
бо маълумоти олӣ 999 нафар, аз ҷумла, занон 580 нафар;
бо маълумоти миёнаи махсус 315, аз ҷумла, занон 201 нафар;
бо маълумоти миёнаи касбӣ 497, аз ҷумла занон 420 нафар;
бо маълумоти миёнаи умумӣ 59;
Дар 8 муассисаи томактабӣ 1005/470 кӯдак дар 33 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, дар назди 51 муассисаҳои таълимӣ ва 8 муассисаҳои томактабии ноҳия 1836 нафар кӯдакони синни 6 сола ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд.
Дарсоли таҳсили 2021-2022 аз ҳисоби 1704 нафар хатмкунандагони синфҳои 11, 1268 нафар ба Маркази миллии тестӣ ба кластерҳои 1-5 ҳуҷатсупорӣ намуданд. Дар ноҳия 2 корхонаи дӯзандагӣ барои таъмини хонандагон бо либоси ягонаи мактаби фаъолият менамояд.
Нақшаи таъмини лиосҳои ягонаи мактаби барои хонандгони муассисаҳои таълимии ноҳия алакай 100 дарсад иҷро гардидааст. Зеро тибқи нақша бояд барои хонанадгон 77000 дона либосҳои мактабӣ омода карда мешуд, ки аллакай онҳо пурра омода шуданд.
Либосҳои мактабиро ду корхона ҶДММ “Зебо-75” ва ҶДММ “Ҷиллои рангҳо” омода карданд.
Ҳайати муҳандисию омӯзгории Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Шаҳритус » аз 24 нафар иборат буда, аз он 10 нафар занонро ташкил намуда, 360 нафар, аз ҷумла 73 нафар духтарон таҳсил намуда истода, онҳо бо ихтисосҳои кафшергари барқӣ, дӯзандагӣ, барқчӣ, омӯзиши барномаи компютерӣ, тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ ва ронанда фаро гирифта шудааст.
Тандурустӣ
Дар бобати вазъи тандурустӣ дар ноҳия мавсуф изҳор дошт, ки дар ноҳия 1 адад Беморхонаи марказӣ, 3 адад беморхонаи рақами, 1 адад муассисаи шабакаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, 11 марказҳои саломатии деҳот, 34 бунгоҳҳои тиббӣ, 10 адад марказҳо соҳавӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонанд.
Дар ноҳия шумораи табибони ҳамаи ихтисосҳо 124 нафар мебошанд.
Кормандони миёнаи тиббӣ 467 нафарро ташкил намуда, ба сокинони ноҳия хизмати шабонарӯзӣ менамояд.
Вазъи эпидемиологии бемориҳои сироятӣ дар ноҳия муътадил буда, риояи меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ зери назорати доимии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия қарор дорад.
Бо мақсади амалисозии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва талаботҳои ситоди ҷумҳуриявӣ, ситоди ноҳиявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои пешгирии интиқол ва пайдоиши сироятӣ коронавируси нави “COVID-19” тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, воксинакунии сокинони ноҳия идома дорад.
Шумораи гирифторони бемории вируси норасоии масунияти одам ҳамагӣ 7 нафар ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6 нафар зиёд мебошад.
Варзиш, ҷавонон ва сайёҳӣ
Дар идома суҳбат ҳамсуҳбати мо афзуд, ки дар ноҳия 47 710 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 25 587 нафар духтарон истиқомат намуда, онҳо дар чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ фаъолона ширкат карда, шумораи хонандагону донишҷуён 28042 нафар, аз он 58 нафар ҷавонон дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар таҳсил намуда, шумораи ҷавонони роҳбарикунанда 27 нафар, аз он 7 нафар занонро ташкил медиҳад.
Ҷиҳати иҷрои Барномаҳои соҳа дар ин давра 214 номгӯи чорабиниҳои фарҳангӣ-омӯзишӣ, мулоқоту вохуриҳо бо ҷавонон дар самти пешгирии омилҳои номатлуб бо иштироки 15 ҳазору 422 нафар ҷавонон, аз он ҷумла 5 ҳазору 142 нафарашон бонувон чорабиниҳои мақсаднок гузаронида шудааст.
Дар ноҳия 18 маротиба мусобиқаҳои варзишӣ, бо иштироки 650 нафар наврасону ҷавонон, аз он 72 нафар бонувон ва 23 маротиба машқҳои пагоҳирӯзӣ бо иштироки васеъи наврасону ҷавонон бо теъдоди 2533 нафар, аз ҷумла 1523 нафар духтарон баргузор карда шудааст.
Дар ноҳия 1 адад варзишгоҳ бо ҷойи нишаст 5000 нафар, 19 адад толорҳои варзишӣ дар муассисаҳои таълимӣ, 2 адад толорҳои варзишӣ, 13 адад майдончаи варзишии хусусӣ, 187 майдончаҳои варзишӣ, аз он 174 майдончаҳо дар деҳаҳо, аз ҷумла 152 адад майдончаҳо аз рӯи намуди футбол, 20 майдончаҳои баскетбол, 14 адад майдончаҳо барои волейбол фаъолият дорад.
Ноҳия ҳамчун мавзеи сайёҳӣ дар атрофи дарёи Кофарниҳон ҷойгир буда, бозёфтҳои нодиру қадима «Хоҷа Машҳад», «Хоҷа Дурбод», «Хоҷа Сарбоз», «Қалъаи Мир», «Тилло Ҳалоҷи», «Кони Намак», «Манастери Русҳо» ва чандин ёдгориҳои беназири ин диёр аз таърихи куҳани Шаҳритус шаҳодат дода, ба ҷалбӣ сайёҳони дохилӣ ва хориҷӣ мусоидат менамояд.
Дар ноҳия 5 меҳмонхонаи хурд фаъолият доранд, барои 103 ҷойи дар як шабонарӯз.
Омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолият
Дар фароварди суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 327 адад иншоотҳои таъиноташон гуногун ба нақша гирифта, аз ин теъдод 34 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатиро ташкил медиҳад, ки ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-“Саноатикунонии босуръати кишвар” мусоидат мекунад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳритус баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, баҳри амалӣ намудани он тамоми кӯшиши худро равона менамояд.
МТЖТ