Андешаҳо пиромуни 29-соли фаъолияти ҲХДТ ва мавқеъи сиёсии он дар ҳаводиси рӯз

Ҳамакнун бисту нӯҳ қуллаи сар ба афлоккашидаи ормонҳои миллии миллати тамаддунофари таърихсози тоҷики Ориётаборро пушти сар намуда, фатҳи қуллаи сийюм рӯ ба рӯи мо  истодааст.

Тӯли бисту нуҳ соли фаъолият садҳо марказҳои таҳлиливу таҳқиқотии дохиливу хориҷӣ, фаъолияти ҲХДТ-ро дар қатори дигар ҳизбҳои дар фаъолиятбудаи Тоҷикистони азиз мавриди таҳлилу таҳқиқот ва омӯзиш қарор дода, баҳои воқеии хешро гузоштанд. Дид ва нигоҳи таҳлилгарони сиёсии ин кишварҳо якранг набуда аксари кулли онҳо вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва раванди демократиро дар кишвари азизи мо баҳои воқеӣ додаанд. Ҳарчанд иддае аз коршиносони сиёсӣ, публитсистӣ ва таблиғии ҳизбҳои сиёсӣ бар он назаранд, ки ҲХДТ дар миёни панҷ ҳизби сиёсии дар фаъолият будаи кишвар соҳиби ҷойгоҳи пурарзиши хеш мебошад. Аммо иддаи дигари коршиносон дорои чунин эътибори баланди сиёсӣ будани ҲХДТ-ро бо арҷу эҳтироми баланди Раиси муаззами он миёни мардум дониста, ҳама пешравӣ ва соҳибэҳтиромии онро бо номи пурэътибори ӯ мансуб медонанд. Ҳарчанд дар бисёре аз мавридҳо фаъолияти бархе аз минтақаҳои фаъолияти ҳизбро зери тозиёнаи танқид қарор додаанд. Барои далели ин гуфтаҳо назарсанҷии як маркази таҳлилии равандҳои сиёсии Олмон бо номи “Ренесонс”-ро мехоҳам мавриди таҳлил қарор бидиҳам. Ин марказ бо кӯмаки чанд маркази хабариву иттилоотӣ ва сотсиологии кишвар тӯли ду моҳ соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва навоҳии атрофи он назарсанҷӣ намуда чунин хулосаҳо бароварда аст: “Эътибори ҲХДТ дар миёни дигар ҳизбу ҳаракат ва созмонҳои иҷтимоии кишвар хеле баланд буда, дар он минтақаҳое, ки раиси ҳизб аз ҳисоби занон мебошад эътибори он миёни мардум бештар аст. Дониш ва малакаи баланди роҳбарии занон нисбат ба мардон 30% зиёд буда садоқат ба ҳизб ва роҳбарияти он 40% аз мардон зиёд мебошад. Яъне эътибори ҳизби ҳоким дар миёни мардум тавассути занон бештар буда, 60% мардум аз фаъолияти роҳбарии мардон дар Ҳизби Халқии Демократи дар минтақаҳо норизо мебошанд. Ин назарсанҷиҳо миёни мардум Роҳбарияти Олии Ҳизбро водор месозад, ки сари ин андеша ба хулосаи лозимӣ биёянд. Ногуфта намонад, ки ин назарсанҷиҳо миёни муҳаққиқини сиёсатшиносӣ ва сотсиологӣ мавриди таҳлилу таҳқиқоти ҷиддӣ қарор гирифта хулосаи онҳо аз тариқи матбуот манзури мардум гардонида шудаанд. Дар воқеъ дид ва нигоҳи муҳаққиқини сиёсӣ дар роҳи тӯлонии як давраи пуртаҳлукаи сарнавиштсози миллат, дархури ормонҳои фарзандони фарзонаи миллат буда, ин нигоҳ тавъам ба фаъолияти башардӯстӣ ватанхоҳӣ ва созандагиву ободкории Роҳбари муаззами Ҳизб, Асосгузори Сулҳу ваҳдати Миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Воқеъияти дигар он аст, ки таҳлилҳои гуногунҷабҳаи ба фаъолияти ҲХДТ бахшидаи марказҳои таҳлилӣ дар корзори ҷомеаи башарии ҳуқуқбунёди демократӣ баҳои воқеъбинона ва беғараз буда, рақибони сиёсии ҳизбро водор месозад, ки ба ин таҳлилҳо бовар намоянд. Ҳарчанд ин худтанқидкунӣ аз ҷониби бисёре аз роҳбарияти зинаҳои поёнии ҳизб бар гушҳо мерасад, вале бархе аз роҳбарони алоҳидаи зинаҳои роҳбарии маҳаллаҳо, шаҳракҳо ва ноҳияҳо онҳоро ғараз пиндошта садди раҳи ислоҳҳо мегарданд. Ин амалҳои носавоб эътибори ҳизбро коста намуда, дар дохили ҳизб рахна ва ҷудоиро ба миён меорад. Набояд фаромӯш кард, ки сари вақт ошкор намудани камбудиҳо бурди ҳизб  аст на бохти онҳо. Эътибори ҲХДТ ки аз эътибори Раиси муаззами он сарчашма мегирад ҳеҷ касе аз роҳбарияти зинаҳои поёнии роҳбари то зинаҳои Олии роҳбарӣ ҳақ надоранд, ки эътибори онро коста намоянд. Имрӯз ҳизбҳои сиёсии ҳоким чӣ дар Амрико, чӣ дар Аврупову Осиё ва чӣ дар Россия ба он узви саркаше, ки эътибори ҳизби роҳбарро коста месозад шадидтарин ҷазо дода мешавад. То дигаре инро такрор насозад. Шояд фурсати он расида бошад, ки сафи ҳизби соҳибэътибори кишварро аз чунин ашхоси беэътибор поксозӣ намоем.

ҲХДТ силсилаи ҳарфҳои холӣ набуда, дар муҳтавои он бозтоби арзишҳои як давраи таърихии миллат, идеология ва назару андешаҳои як қисмати бузурги ҷомеа маҳфуз мебошад. Оре ин ҳақиқати таърихии сарнавишти ин миллати гурдзоӣ фарзонаи тоҷик будаву ҳаст. Ва замони роҳгумиҳо (дар назар дошта шудааст оғоз ва анҷоми соли 1991) душманони ташнаи ниқори собиқ Иттиҳоди мардумсолори раъиятпарвари Шуравӣ ва миллати тоҷик то ҷое тавонистанд, ки аз роҳгумӣ ва содагии онҳо истифода намуда, зери ниқоби гуногунандешӣ (плюрализм) онҳоро ба ҷони ҳамдигар барангезанд. Дар бархӯрди ақидаҳои атеистии Шӯравӣ ва панисломизми Осиёӣ, сарнавишт бар сари миллатҳои бечораи музтазъафи мусалмони Осиёи Марказӣ сахтиҳои зиёде оварда, ҷанги бародаркуши таҳвилшудаи Афғонистони ҷангзадаро ба Тоҷикистони биҳиштосои мо таҳвил намудан мехостанд. Панисломизми таҳвилшуда бо дастгоҳи таблиғии зиддибашариаш дар як муддати кутоҳ рахна бар деворҳои демократияи ҷавон зада, ҳама неруҳои демократии кишвар, ки аз қишри бедор ва рӯшанфикри миллат иборат буд, дар оинаи каҷнамои андешаҳои бесарунӯгини хатарзояшон, дар чашми мардум ҳамчун баловгарони сиёсӣ иншон дода шуданд. Он гуна, ки сиёсатшиноси машҳури олмонӣ Уилям Шмидт дар китоби хеш “Раҳоӣ аз низоъҳои сиёсӣ” овардааст: “Иддае аз нотавонбинони сиёсӣ тобу тоқати баҳсро надошта, созмон додани низоъ ва кашмакашиҳои сиёсиро роҳи ҳалли мушкилот медонанд, ки ин билкул ғалат буда, оқибатҳои ин кашмакашиҳо ба фоҷиа анҷом ёфта, он ҳизб ва ё ҳаракати сиёсӣ шармандавор аз арсаи сиёсат ронда шуда, роҳи бозгашт ба майдони сиёсатро дар васваса ангехтан мебинанд”.

Оре, рақибони сиёсии қудратхоҳи ҷоҳу ҷалолталаби панисломӣ ва шоуменҳои сиёсӣ он фурсати “муносиб”-ро истифода намуда, ба бадномсозии фарзандони воқеан ҳам ватанхоҳу миллатдӯст пардохтанд. Ҳол он ки шаст дарсади нируҳои демократии оғози соли навадуми садаи гузашта, ки аз ҳисоби олимон, шоирон, нависандагон, хабарнигорон, устодони донишгоҳу донишкадаҳои кишвар иборат буд, як мақсад доштанд: сохтани як ҷомеаи башардӯсти инсонсолори демократӣ. Ягон нафаре аз ин донишмандон бо диндорони мутаасиб, ки аксари онҳо хатмкардагони мактабҳои душвортарбия буданд  ва аз мактаби олии гуманизми Шуравӣ фарсахҳо дур буданд, ҳампайкор набуданд фақат  бо истиснои чанд нафар аз устодоне, ки бо амри Роҳбарияти иттиҳоди Шуравӣ, ба сифати тарҷумони ҳизбӣ ва низомии нируҳои Шуравӣ дар Афғонистон фаъолият намуда буданд.

Хамин тавр, истиқлолияти кишвар зери по уфтода, кишвар дар вартаи ҳалокати сиёсӣ ва порашавӣ қарор дошт. Хушбахтие, ки насиби ин миллати гурдзои ҷафои таърих кашида гардид, ин бар сари аркони сиёсат омадани раиси нави Шӯрои Олии китшвар, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Оре, ҳамин ҷавони ватанхоҳ, миллатдӯст ва ватанпарвар дар баҳои ҷони ҷавони хеш кишварро аз вартаи ҳалокати сиёсӣ наҷот бахшид ва ба демократия (мардумсолорӣ) заминаи бузург гузошт. Ва ҳамин пайроҳаи пуршебу фароз ӯро вориди дунёи пуртазоди сиёсатҳои бузург намуд.

Баъди аввалин вохӯрии Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи феврали соли 1999 бо мардуми шаҳри Душанбе, ин мулоқот ӯро водор намуд, ки барои поксозии неруҳои  воқеъан ҳам мардумӣ ки аз ҷониби баъзе аз бо ном “лидерҳои сиёсӣ” бадном шуда буданд. Зарурати як ҳизби сиёсие, ки фарогири ҳама ормонҳои миллат бошад ба миён омад. Ҳамин тавр  бо пешниҳоди ӯ 12-июни соли 1993 Кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба миён омад. Ва 10-декабри соли 1993 Анҷумани аввалини Ҳизб гузаронида шуда, 15-декабри соли 1993 ба таври расмӣ аз ҷониби Вазорати адлияи ҷумҳурӣ номнавис гардид.

Ин аст таърихчаи мухтасари тавлиди ҲХДТ. Оре, Ҳизби ормонҳои ватанхоҳону ватанпарварони кишвар. Ҳизбе, ки дар як муддати кӯтоҳ оташи ҷангро хомӯш намуд. Ҳизбе, ки бо муҳаббат ва садоқат пораҳоро ҷамъ кард. Ҳар пораи ормонҳои миллатро бо риштаи ҷон дӯхт. Ҳизбе, ки Тоҷикистони нави башарпарварро сохт. Ҳизбе, ки оини созанда ва суръату тараққиёт, сулҳу субот ва якпорчагиро шиори хеш қарор дод. Ва ҳамакнун ин Ҳизби роҳнамо, кафили амният ва рушди истеҳсолоти кишвар мебошад.

Бисёре аз коршиносони сиёсӣ дар перомуни зарурати таъсиси ҲХДТ дар замони барқарорсозии кишвар баъди ҷанги шаҳрвандӣ андешаҳои хешро дар машваратҳои сиёсӣ ва матбуоти давриву китобҳои алоҳидаи таҳлилии таърихӣ баён намудаанд ки ҳоҷат барои овардани маълумот нест. Иддае бар он гумонанд, ки рӯйи  кор омадани ҲХДТ дар ҳамон шабу рӯз барои кишвар як амри воқеӣ ва зарурати таърихӣ буд. Аввал аз ҳама, тавассути иқдомҳои сулҳхоҳонаи Роҳбари муаззами Ҳизб сулҳ ва ҳамбастагии миллӣ дар саросари кишвар ба миён омад. Бо мақдами мубораки ҲХДТ ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии кишвар, ки ба лаб муҳри хомӯшӣ ва бар пешониашон тамғаи бадномии нифоқангезони амнияту осудагии кишвар часпонида буданд, ба фаъолият шурӯъ намуданд. Фазои озоди рақобати сиёсӣ ба миён омад. Рӯзнома, ҳафтаномаи ва моҳномаву варақаҳои таблиғотии ақидаҳои озоду созанда рӯйи кор омаданд. Ин ҳама эътибор ва шаъну шарафи сиёсии кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, мушти сангине бар даҳони рақибони ҳарзагӯйи дунёбехабар куфта шуд.

Интихоботи нави парлумони касбӣ аз рӯйи системаи бисёрҳизбӣ ба фаъолият оғоз намуд. Ибораи нифоқангези “Мухолифони мусаллаҳ ва дастаҳои сиёҳкор” шармандавор аз аркони сиёсӣ ба фаромӯшхонаи таърих ва хоби абадӣ фиристода шуд. Рақобатҳои сиёсии бошуурона миёни ҳизбу ҳаракатҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ рӯйи кор омад. Аз моҳи июни соли 1997 аз замони имзои Созишномаи Сулҳ ва истиқрори миллӣ то моҳи июни соли 2007 тӯли даҳ сол давраи гузариш бомуваффақият ба анҷом расид. Ҳамакнун замоне фаро расид, ки дар фазои сулҳу оромӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ба корҳои созандагӣ даст бояд зад. Ҳизбҳои дигари сиёсии кишвар дар рақобат бо ҲХДТ ба фаъолияти сиёссии хеш оғоз бахшиданд. Дар муборизаҳои сиёсии майдони иқтидори сиёсӣ, ҲХДТ хеле пешгом буда, маҳбубияташ миёни мардум, махсусан миёни  зиёиёни кишвар, хеле зиёд гардид. Ин пешгомӣ ва эътибору шаъну шарафи баланди ҲХДТ ба баъзе аз рақибони сиёсӣ хуш наомад. Чаро? Чунки холигоҳи ақидаҳои озоди сиёсиро ҲХДТ дар такя ба арзишҳои милливу фарҳангӣ ва башариву созандагӣ соҳиб гардида, рақибони сиёсии онҳо дар кашмакашии ҷоҳу қудрат ин мавқеъро аз даст дода буданд. Ва бо ҳар баҳона дар маҳфилҳои сиёсӣ санги маломат ба сари ҲХДТ мезаданд. Гурӯҳе онҳоро бо он маломат мекард, ки қудрати сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиву миллӣ, ки дар дасти ҲХДТ мебошад, ҳама пешрафт ва муваффақиятҳои мардумро дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ ба номи ҳизби ҳоким, яъне ҲХДТ ном мебаранд. Он рақибони каҷназар намедонистанд, ки ин эътибор ва шаъну шараф ба ҲХДТ дар тӯли заҳматҳои  зиёд ҳампаҳлуи мардум будан ва шароити хуби корӣ созмон додан барои халқ  ба даст омада, дар баробари ин ҳама хидмат ба халқу ватан яке аз ҳадафҳои асосии барномаи Ҳизб мебошад.

Акнун фурсает расидааст, ки аз камбудиҳо наҳаросида, онҳоро рӯйирост дар чаҳорчӯбаи ахлоқи башарӣ бигӯем. Вақте ки камбудии намояндаи ҳизбро мегӯем, эътиборамон миёни мардум хеле ва хеле баланд мегардад. Яъне мардум медонад, ки Ҳизб қудрати бузурги мардумсолорӣ дошта, намегузорад, ки касе аз мансабдорони ҳизбӣ ва ҳукуматӣ берун аз барномаи Ҳизб гом биниҳанд. Шахси танқидшаванда набояд, ки аз ифшои камбудиаш ранҷида баҳри ниқор ва кинатузӣ пайк биҷӯяд. Балки дар роҳи ислоҳи камбудиаш бикӯшад ва нагузорад, ки камбудиаш такрор ёбад. Назари бархе аз коршиносони сиёсӣ ба дид ва нигоҳи Роҳбари муаззами Ҳизб хеле наздик буда, таҳлилҳояшон дуруст, бамаврид ва саривақтиву саропо манфиатовар ба сиёсати пешгирифтаи Ҳизб мебошад. Пас, моро  зарур аст, ки аз ин таҳлилҳои воқеъбинона бе ранҷиш ва ниқору кина хулосаи лозимӣ барорем.  Аз танқидҳо набояд ҳаросид ва ҳар нафаре, ки назари хубу созанда дар роҳи ободии кишвар дорад, новобаста аз мақоми сиёсиаш, мебояд арҷгузорӣ шавад. Ин аст мароми аслии Ҳизб.

Биёед аз рӯи инсоф ба таърихи замони то Истиқлол назар намоем. Ҳамингуна ниқору кинатӯзӣ нимаи дуввуми солҳои ҳаштодуми садаи гузашта ҳизби ҳокими коммунистро беэътибор намуда онҳоро пора-пора намуда қурбони дасисаҳои бофтаи хешашон гардонид. Ин аҳвол аз Маскав то ба Душанбе расида буд. Бисёре аз нотавобинони бешараф, ки аз доираи қавм ва гурӯҳҳои иртиҷоӣ берун набаромада буданд бо ҳар роҳу восита мақомҳои роҳбарии Ҳизби Коммунистии Шуравиро соҳиб гардида, бар сари мардуми бечораи заҳматкаш охири солҳои  ҳаштодум ва аввали солҳои навадуми садаи гузашта ҳазорон бадбахтиҳоро оварда буданд. Иддае аз онҳо оғози соли 1992 зери парчами истиқлол бо ҳамон амалҳои касифи хеш ва балегуфтанҳои қавмҳои хирадситезашон соҳиби мақомҳои баланд гардида, бозори  ниқору кина ва адоваташонро бозоргир намуда буданд. Бехабар аз он ки шоири шаҳири классики тоҷик Мир Обид Сайидои Насафӣ фармуда:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Имрӯз ҲХДТ қариб, ки ҳама орзуву ормонҳои мардумони саросари кишвар ва ҳамаи қишрҳои ҷомеаро дар амал татбиқ намуда истодааст. Ҳарчанд зиддият ва тазодҳои роҳбарони ҷудогонаи сатҳи роҳбарии баъзе аз ноҳияву шаҳраку шаҳрҳо эътибори ҳизбро миёни мардум ва назди рақибони сиёсиаш то ҷойе коста месозад.  Ин омили харобиовар кам ҳам бошад то ҷое дар дохили Ҳизб вуҷуд дошта, пешгирии он қарзи муқаддаси фарзандони воқеан ҳам сазовори миллат мебошад. Он гуна ки пештар ёдовар шудем, бисёре аз марказҳои таҳлилии сиёсии хориҷӣ кишвар ки ба омӯзиши равандҳои демократӣ дар кишвари мо машғул мебошанд он вақт гуфта буданд, ки ҷобаҷогузории кадрҳои ҳизбӣ дар мақомҳои роҳбарикунанда ҳанӯз ба талабот ҷавобгӯ нест. Камтаҷрибагӣ, камдонишӣ ва муносибат бо ҷомеа ва гуногунандешӣ дар баъзе аз зинаҳои поёнии роҳбарии Ҳизб касро дар ҳайрат мегузорад. Чаро ки аксари роҳбарони ҷудогонаи зинаҳои роҳбарӣ тобу тоқати шунидани танқидро надоранд.

Ҳол он ки Роҳбари муаззами ҳизб дар ҳама вохӯриҳояш бо мардум бо таъкид аз ҳама гуна роҳбарони идориву корхона, муассисаҳои таълимиву макотиби олӣ даъват ба амал оварда, бо дилсӯзии ватанхоҳона мегӯяд, ки онҳо нисбати ҳама гуна воқеаҳо таҳаммулпазир, нисбати зердастон ғамхору мушфиқ, ба Ватан содиқ ва ба дастовардҳои халқ арҷгузор бошанд.  Ин таъкидҳои хирадмандонаи Роҳбари муаззами Ҳизб, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Рахмон барои ҳар як одами қаторӣ ва мансабдорони давлативу ҳизбӣ мебояд дар баҳои садоқати инсонӣ арҷгузорӣ карда шавад. Бо таасуф, баъзе аз роҳбарони зинаҳои роҳбарии поёнии Ҳизб ва мансабдорони давлатӣ аз камтаҷрибагӣ ва камдонишӣ аз мақоми роҳбариаш суистифода намуда, эътибори Ҳизбро коста ва боварии пайравонаи Ҳизбро ба ояндаи дурахшон сард месозанд. Пешгирии ин амалҳои носавоб вазифаи ҷонии роҳбарияти болоии ҳизб буда, комиссияи назоратии ҳизб мебояд, ки мутобиқи Оинномаи ҳизб, ҷавобгӯи бурду бохти он бошад. Ин комиссиюн мебояд аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳангӣ, сиёсӣ ва шахсиятҳои барӯманд ва соҳибэътибору поктинат созмон дода шавад. Ва касоне, ки берун аз кодекси ахлоқи Ҳизб ва барномаву оинномаи он по мениҳанд, шадидан маҳкум ва аз сафи Ҳизб хориҷ гардида, ҳисоботи коммисиюни назоратии Ҳизб дар ҳафтаномаи Ҳизб манзури хонандагон бигардад, то дигарон дониста бошанд, ки мақоми роҳбарӣ ва назоратии Ҳизб фаъол буда, ҳар амали носавоби онҳо сазовори ҷазо мегардад.

Коршиносони сиёсӣ бар он назаранд, ки  хишти аввали бинои муҳташами сиёсии ҳизб аз ҷониби фарзонагони миллат таҳти роҳбарии Роҳбари муаззами Ҳизб, Бунёдгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хирад ва заковати баланди инсонӣ гузошта шуда, атрофи хеш ҳаводорони воқеан ватанхоҳу башардӯст ва созандаро, новобаста аз мақомҳои сиёсиашон барои созмони як ҷомеаи демократии башардӯст даъват намуда, муттаҳид намоянд. Як гурӯҳи дигар, ки нокомҳои набардҳои сиёсӣ буданд ва ба ояндаи дурахшони Ҳизб бовар надоштанд, аз тарс ва ноилоҷӣ вориди Ҳизб гардида, зери шаҳпари Ҳизб паноҳ бурда, дар аъроф нокому номурод интизори “инъом”-и касе буданд. Яъне ин бардагони номуроди ғаразҷӯи рашкзада, интизори амри хоҷа ва подоши амал буданд.

Аммо гурӯҳи дигари оштинопазир, ки ба хотири чоҳу ҷалолу эътибор ва ниқору кина вориди Ҳизб гардида, тавассути мақоми роҳбарии Ҳизб ва  мансабҳои роҳбарии давлатӣ, ки аз ҷониби Роҳбари муаззами Ҳизб бо тавсияи мақомоти роҳбарӣ тавсия гардида, ба он таъйин гардиданд, суистифода намуда, ғаразҳои қавмиву маҳаллӣ ва миллатчигии хешро пиёда  намуда, ва рахнаҳо бар эъмори ҳизби мардумсолорӣ мезананд. Миёни гурӯҳи дуюм ва сеюм баъзан гургоштиҳо дар муқобили ҳақталошони ватанхоҳ ба миён омада, ин “иттиҳод”-и гургонаи носавоб ба тақдири бисёре аз кадрҳои болаёқат хатти батлон кашиданд.

Ин омилҳои хатарзо хоси тамоми ҳизбу ҳаракот ва созмонҳои қудратӣ буда, он дастгоҳи шуму мардуд сари садҳо сарафрозро хӯрдаву домони поки садҳо фарзонагони ватанхоҳро доғдор намудааст. Бе ягон муболиға ва тамаллуқ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, воқеан як ҳизби созанда ва ватанхоҳу ватанпарвар худро миёни тамоми мардуми Тоҷикистон муаррифӣ намудааст.

Тантанаҳои меҳрбори иттиҳоду якпорчагӣ, шомҳои саропо адабиву фарҳангӣ ва дӯстиву бародарӣ мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буда, муҳаббат ва садоқати мардумро ба Ҳизб ва Роҳбари муаззами он даҳчанду садчанд намуда, насли навраси кишвар зери парчами муҷаллои “Мо пайравони Пешвои миллатем!” ҳисори рақибонашро дар ларза андохтаанд. Оре, аз воқеият чашм пӯшидан хиёнат ба ҳастӣ мебошад. Рақибони сиёсии ҲХДТ хеле ва хеле хуб медонанд, ки эътибори Ҳизб миёни мардуми саросари кишвар баланд буда, боварии мардум ба ин ниҳоди пурифтихори мардумсолор ва ояндаи дурахшони кишвар рӯз аз рӯз зиёд гардида, парчами муҷаллои он бар қалбҳои мардум гармиву рӯшноӣ хоҳад овард.

Ҷумъахони Темурзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь