Кишвари офтобрӯяи Тоҷикистон солҳои 1991-1992 ба гирдоби фалокат, ҷанги таҳмилии хонумонсӯз гирифтор шуда, фарди бо нангу номусу боҷуръату ҷасорат ёфт нашуд, ки чамбараки роҳбариро ба дасти тавонояш гирифта, халқу Ватанро аз вартаи ҳалокат раҳо намояд. Мардум дар он рӯзҳои пурғаму ғусса чашм ба сӯи Қасри Арбоб медӯхтанд. Оҳу нол ва умеду орзуи халқи бечораро оқибат вакилони мардумӣ бо тамоми ҳиссиёт дарк намуда, идора кардани мулки ҷафодидаро рӯзи 16 – уми ноябр ба фарзанди фарзонаи миллат, ҷавонмарди ғаюру ҷасуру тавоно, ки навакак 40 – солагии зодрӯзашро қайд карда буд, бо дилпурии тамом супориданд ва дар интихоби Сарвари давлат хато накарданд.
Аз ин хотир, бо тамоми масъулият қайд менамоям, ки рӯзи 16 – уми ноябр – рӯзи наҷоти миллат ба шумор меравад.
Барои сарварӣ ва пешбурди ҳар қавму миллат ва давлату кишвар фарди оқилу одил, донову хирадманд, бузургу ҷасур аз миёни мардум баргузида мешавад ва ин фарди некусиришт аз миёни мардум баромад.
Сарвари тозаинтихоб аз рӯзҳои аввали роҳбарияш Барномаи асосии сулҳу амонӣ, ваҳдату ягонагӣ, навсозиҳои иқтисодӣ – иҷтимоӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва озодии баёнро эълон намуда, ин бандҳои Барномаро давра ба давра, пайи ҳам бо иштироки васеи шаҳрвандони бедордилу солимфикри кишвар ба иҷро расонд. Аз ин рӯ, ҳамаи моро зарур аст, ки ба хотири пойдорӣ, устуворӣ, бақо ва пешрафту тавсеаи Ватани ҷоноҷонамон бояд аз низом ва Пешвои миллат ҷонибдорӣ намоем.
Гуфтан ба маврид аст, ки ҳифзи истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон ва дастовардҳои азими он: сулҳу оромӣ, суботи сиёсию ваҳдати миллӣ бояд қарзи инсонии ҳар як фарди бо нангу номуси тоҷик бошад ва барои рушди давлатдориамон аз хизматҳои содиқонаи Президенти маҳбубамон биомӯзем. Дар ин замина, Ҷаноби Олӣ борҳо ишора карданд: «Таъқид менамоям, ки танҳо саъю талоши содиқонаю софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан ва иқдому ташаббусҳои созанда моро ба ҳадафҳои олиамон мерасонад».
Халқи азизи моро лозим аст, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлоли миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромӣ ва якпорчагии кишвар ва эҳёи дурахшонтарини арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузургро бар дӯш гирад.
Иқболи баланди миллат буд, ки дар ҳамон лаҳзаҳои мушкил халқ раҳнамои худро пайдо кард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раҳнамоест, ки ҳазорсолаҳо боз халқи мазлуми мо интизораш буд.
Халқи моро зарур аст, ки барои болоравии обрӯю нуфузи Тоҷикистони азиз аз фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзи 16 – уми ноябри соли 1992 ба тахт нишаста, барои боло бурдани обрӯю эътибори Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузошта истодааст, бо кору пайкорамон сиёсати созандаву бунёдкоронаашро ҳамеша дастгирӣ намоем.
Рӯзи Президент муборак, ҳамдиёрони азиз!
Зариф Ғулом,
адиб