Ё худ, нигоҳе ба як шеъри Аҳмади Шомлу
Соли 1989-и садаи гузашта ман дар маҷаллаи «Машъал» (ҳозира «Истиқбол») фаъолият доштам. Идораи маҷалла бо идораи нашриёти «Адиб» дар як бино ҷо гирифта буд. Мо зуд-зуд меҳмони ҳамдигар мешудем. Ҳамун шабу рӯз ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ду шеъри Аҳмади Шомлуро ба нашр расонид. Ман хондам, вожаҳо шинос буданд, аммо мақсади муаллифро пай набурдам. Баъд бо баҳонаи кундфаҳмии худ рӯзномаро пӯшидам. Дертар ба идораи нашриёти «Адиб» гузаштам. Дар он ҷо шоҳиди чунин воқеа гаштам. Панҷ-шаш нафар адиб саҳифаи бози «Адабиёт ва санъат»-ро, ки дар он ашъори Аҳмади Шомлу чоп шуда буд, дар байн гузошта, мегуфтанд: «Чизеро нафаҳмидем». Ин гуфта маро ба кӯи андеша кашид. Баъд ба омӯхтани «шеъри нав», ки поягузораш Нимо Юшич буд, пардохтам. Дертар аз ҷониби камина чанд навиштае дар таҳлили шеъри Нимо иншо шуд ва он дар рӯзномаҳо интишор ёфт. Дертар хостам ашъори Аҳмади Шомлуро, ки яке аз пайравони содиқи Нимо Юшич аст ва он дар ҳафтаномаи «Адабиёт ва саънат» чоп шуда буд, дубора пайдо намоям. Аммо беҳафсалагӣ нагузошт, ки ба ин кор даст занам. «Ҳанӯз дар фикри он калоғам» ном шеъри дигари Аҳмади Шомлу ба дастам афтод ва хеле ҷолиб тофт, аз рӯи фаҳмиши худ хостам онро мавриди таҳлил қарор диҳам.
Ҳанӯз
Дар фикри он калоғам дар дарраҳои Юш
Бо қайчии сиёҳаш
Бар зардии бириштаи гандумзор
Бо хиш-хише мазоиф
Аз осмони коғазии мот қавсе бурид каҷ,
Ва рӯ ба кӯҳи наздик
Бо ғор-ғори хушки гулӯяш чизе гуфт
Ки кӯҳҳо беҳавсала дар залли офтоб
То дергоҳе онро бо ҳайрат
Дар каллаҳои сангинашон такрор мекарданд.
Гоҳе суол мекунам аз худ ки як калоғ
Бо он ҳузури қотеъи бетахфиф
Вақте салоти зуҳр
Бо ранги сӯгвори мусираш
Бар зардии бириштаи гандумзоре бол мекашид
То аз фарози чанд сапедор бигзарад
Бо он хурӯш ва хашм чӣ дорад бигӯяд
Бо кӯҳҳои пир
К-ин обидони хастаи хоболуд
Дар нимрӯзи тобистонӣ
То дергоҳе онро бо ҳам такрор кунанд?
Калимаҳо дар ин навишта ба сурати шайъ даромадаанд. Шайъ чист? Яъне, як намуди намод аст. Рубоиёти мардуми тоҷик низ лабрез аз шайъ аст:
Ин себи Самарқандира ёр овардай,
Дар фикр будам, ба чӣ хаёл овардай.
Дар ин рубоӣ муҳаббати ду дилдода ба сурати шайъ даромада, шакли «себ»-ро гирифтааст. Яъне, себ рамзи муҳаббат аст. Ягон меваҷот наметавонад ҷои онро иваз намояд. Чунки шакли себ ба дил шабоҳат дорад. Дар баробари ин себ дорои ранги сурх (нишонаи ҷасорат), зард (нишонаи хастаҳолӣ) ва кабуд (нишонаи сарсабзӣ) мебошад. Аз ҷиҳати тамъ ширин ва турш аст. Барои муайян намудани рози он кас бояд ба ранги себ бодиққат нигоҳ кунад, баъд чашад. Аз ранг ва тамъ дар вуҷудаш чизеро эҳсос намояд. Он лаҳза ба розҳои муҳаббат пай хоҳад бурд. Зеро роҳи муҳаббат ҳамвор нест. Шебу фарози зиёде дорад. Он метавонад ҳам зард, ҳам турш ва дар як лаҳза метавонад ҳам кабуд ва ҳам ширин бошад.
Файласуфи шинохтаи франсавӣ Ҷон Пол Сартр дар асараш «Адабиёт чист?» (Теҳрон) адабиётро дар як паллаи тарозу мегузорад ва шеър, наққошӣ ва мусиқиро дар паллаи дигари тарозу. Ӯ дар бораи Тунтура, наққоши итолёвӣ, ки дар сураташ дар теппаи «Ҷил ҷито» маслуб шудани Исо ва дар фарози он шикофи зарди осмонро кашидааст, чунин менависад: «… Он шикофи зарди осмонро, ки бар фарози «Ҷил ҷито»-ст, Тунтура баргузидааст, то изтироб ва халаҷонро «бирасонад» ё ҳатто «барангезад». Он шикоф худ, изтироб аст ва дар айни ҳол осмон зард аст… Изтиробе аст, ки ба сурати шайъ даромадааст, изтиробе аст, ки шакли шикофи зарди осмонро гирифтааст…».
Аҳмади Шомлу, ки дар ҷодаи шеъру шоирӣ шебу фарози зиёдро пушти сар намудааст, аввал ранг, тамъ, садо, ҳаҷм, дуруштӣ ва нармии ҳар як ашёро аз мағзи ҷонаш мегузаронад, баъд ба риштаи назм мекашад. «Ҳанӯз дар фикри он калоғам» ном шеъри Аҳмади Шомлу, ки низ аз чунин дарё об хӯрдааст ва маҳсули солҳои охири эҷодиёташ аст, ин ҷо чун нишонаи дақиқкории ӯ ба ашё вожа ва ибораҳои шеърро ба ҷузъҳо тақсим менамоем: шоир, калоғе бо қайчии сиёҳаш, зардии бириштаи гандумзор, осмони коғазии мот, кӯҳҳои пир ва хастаи хоболуд, чанд сафедор, нимарӯзи тобистонӣ… Ин чанд калима ва ибора аз қолаби маъмулии худ берун шуда, «ҷон» гирифтаанд, нафас мекашанд ва қобилияти гуфтугӯ карданро доранд. Калоғ ин ҷо рамзи зиштист. «Дарраҳои Юш» бозгӯкунандаи ватани воқеаи бардавом аст. Калоғ бо қайчии сиёҳаш дар атроф зардии бириштаи (сӯхта) гандумзорро мебинад, ки бо хӯшаҳои расида сархам ва интизори лаҳзаҳои охирини умраш аст. Дар адабиёт то кунун хӯшаи сархами гандум ҳамчун рамзи шахси пурдон, хоксор ва чун нишонаи фаровонӣ истифода мешавад. Дар ин шеър бошад, гандумзор бо ранги зард ва сӯхтааш шайъи ашхоси тарсуро касб намудааст. Баъд чашми калоғ ба само меафтад. «Осмони коғазии мот»-ро мебинад. Вожаи «мот» бозгӯи муборизаи сахти шоҳмот дар байни чанд гуруҳ аст. Гуруҳе, ки пули (коғаз) зиёд дорад, дигаронро мот мекунад. Калоғ, ки қудрати фаровон дорад, қавсро чун нишонаи ҳаракат ва фаъолият каҷ мебурад. Баъд ба куҳи наздик рӯ меорад. Калоғ «бо ғор-ғори хушки гулӯяш» ба куҳ чизе мегӯяд. Куҳҳо бо каллаҳои сангинашон чизеро намефаҳманд. Навбат ба «чанд сафедор» мерасад. Калоғ пеш аз таҳдид ба сафедор «бо ранги сӯгвор»-аш «бар зардии бириштаи гандумзор» бол мекашад. Вай бо ин амалаш дар дили «чанд сафедор» ворид намудани ҳаросро дорад.
Аҳмади Шомлу дар офаридани ибораи «нимарӯзи тобистонӣ» аз «Зимистон» ном шеъри Ахавони Солис илҳом гирифтааст. Дар ин шеър «зимистон» низ шакли шайъро гирифта, ифодагари замони ноамнӣ аст. Мардумонаш аз тарси харобкорон сарро дар гиребон гирифтаанд ва ба саломат посух намедиҳанд. «Нимарӯзи тобистонӣ» низ ба сурати шайъ даромадааст. Худ тасаввур кунед, дар «нимарӯзи тобистонӣ», ки ҳаво бениҳоят гарм аст, чӣ воқеа сар заданаш мумкин? Албатта, гурези мардум аз гармӣ. Мардум аз гармии тоқатфарсо дар хонаҳои худ паноҳгоҳ меҷӯянд. Дигар ҳаваси ба кӯча, яъне, ба назди ҷамъият баромаданро намекунанд. Нафаре, ки аз гармиву сардӣ меҳаросад ва аз воқеаҳои сиёсиву иҷтимоӣ чандон эътибор намедиҳад, аз вай чиро интизор шудан мумкин? Албатта, бемасъулиятиро бар тақдири сарзамини хеш.
Калоғ бо қайчии сиёҳаш тамоми ҷомеаро фаро гирифтааст. Ба ҷуз шоир, касе нест, ки сар боло кунад. Шоир, ки танҳост бо гуфтаи худ атрофиёнро бедор кардан мехоҳад. Аммо беилоҷ мемонад ва хулоса мекунад: бар ивази зулм ҳаргиз адолат нахоҳад буд!
Ҳамроҳи АВЛИЁПУР