Соли таҳсил дар курси савуми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон бори аввал муаллим Эргаш Шоҳзодаро дидам. Нафари болобаланд, шиму костюми қиргуни тозаву озода ба бар, дар сар кулоҳи мувофиқ ба сарутан, портфели профессорӣ, бо қомати расо, бовиқор ва босалобат роҳ паймуданаш, ҳаваси касро меовард. Ба назари аввал шахси мағруреро мемонд. Аммо бо оғоз шудани дарсҳо ошноӣ, муносибат бо донишҷӯён, тарзи дарсдиҳӣ, баръакси ҳолро дидем. Муаллим шахси боодоб, мулоим ва донишманде будаанд. Оҳиста ва мулоим сухан меронданд, тарзи лексияхониашон низ писанд афтод. Бо донишҷӯён муносибати хуб, чун бо ҳамтоёни хеш доштанд. Ба касеву чизе, ҳангомаву мағрурӣ коре надоштанд. Бо садо додани занг хайрухуш карда, сабурона аз назарҳо дур мешуданд.

Ҳангоми ҷамъбасти семестр, ҳини имтиҳонсупории донишҷӯён, муаллим тағйир намеёфтанд. Ором ба посухҳо гӯш медоданд. Санҷиш ба хушӣ поён меёфт. Ягон донишҷӯеро надидам, ки аз муаллим гила дошта бошад.

Устод Эргаш Шоҳзода бо қомати расо, фохиру мулоиматӣ, муаллиме бетамаъ дар ёд мондаанд. Ҳоло ҳам тарзи роҳгардии он кас, либоспӯшӣ, мулоимгуфторӣ ва эҳтиром бо донишҷӯёнро пеши назар дорам.    

 БУНЁН

Шоимардони Азиз, падари устод, парвардаи деҳаи Каҳдараи ҷамоати Қалъаи Сурхи ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) мебошад. Вай ҳанӯз қабл аз инқилоби Октябр хатхон гаштаву дар мактабҳои типи нав таҳсил ва алифбои лотинӣ ва кириллиро аз худ намуда буд.

Солҳои 1939 – 1941 курсҳои махсуси дусолаи кормандони хоҷагии қишлоқро дар шаҳри Конибодом хатм намуд. Аз ин лиҳоз, ӯро дар зодгоҳ чун шахси саводнок эътироф мекарданд. Вай аз зумраи ташкилотчиёни фаъоли сохти колхозӣ дониста мешуд. Шоимардон солҳои мадид ҳамчун котиби колхоз, муовин, раиси колхоз, раиси ҷамоат, саркору мудири ферма фаъолияти пурсамар дошт. Узви фаъоли ҳизби коммунист ва муддате аъзои ҳукумати ноҳия ва вилояти Ғарм буд.

Ҳамсари раис Шоимардон Бибисанг аз хонаводаи заминдору бадавлати деҳаи Ҳиюм, бонуе пурдон маҳсуб меёфт. Бонуи ҳунарвар кони зарбулмасалу мақол ва байту сурудҳои халқӣ буд. Ширингуфториву маъракаороӣ, сағирапарварии ӯ мақоми волоро молик гашта, дар пухтупаз низ ҳамто надошт. Бибисанг дар тарбияи чандин сағираҳои хешону ҳамсояҳои камбизоат саҳм дошт. Бачаҳо ин бонуи зебои меҳрубонро чун модари худ эҳтиром мекарданд.

ЭРГАШ

Аввалҳои саддаи ХХ, қабл аз он ҳам, аҳолии кӯҳистони баланди мамлакат бо душвориҳо рӯз мебурданд. Барои пайдо намудани қути лоямут ва беҳбуди рӯзгори аҳли хонавода ағлаби ҷавонмардон ба водии Фарғона, шаҳри Тошканд ба заводҳои пахта рӯ меоварданд. Шоимардон низ ба мавридаш худро ба кӯи ғарибӣ – мардикорӣ зад. Дар ҳавлии марди фарғонагие сарпаноҳ ёфт. Соҳибхона, шахси ҳалиму порсо ва маърифатнок, бо мусофирони кӯҳистонӣ бародарвор муносибат мекард. Сарпарастӣ ва ёрии хешро аз тоҷикбачаи чақон дареғ намедошт. Фарзандони хонавода: Эргашбой, Болтабой ва Юлдошбой низ бо ӯ муносибати дӯстона карда, Шоймардонро чун аҳли хонаводаи хеш мехонданд.

Кӯҳистонӣ аз муносибати аҳлона мамнун будаву дар дил орзу мепарварид, ки рафтаву писардор шавад, ба хотири поси намак, номҳои фарзандони дӯсташро ном медиҳад, то ҷигарбандони ӯ низ мисли фарзандони ин марди фозил ҷавонмардони соҳибақлу ботамиз ба воя расанд.

Шоимардон, пас аз бозгашт аз мусофират, бо духтари ҳамсоядеҳ Бибисанги паричеҳра хонадор шуд. Соҳиби фарзандони солеҳ гашта, ба қавлаш вафо кард. Ӯ фарзандонашро Эргашбой, Болтабой, Юлдошбой, Саидаъзам, Саидҷон, Меҳринисо ва Сайлинисо ном ниҳод…

МУАЛЛИМОН

Он замон мардуми кӯҳистон ба душворӣ рӯз мегузаронданд. Ба қавле, устухони бачаҳои кӯҳистон, бо шираву шарбати гиёҳҳо, решаи гулу гиёҳҳои кӯҳӣ мустаҳкам мегашт, аммо сарфи назар аз вазниниҳо, онҳо ба оянда назари нек доштанд.

Эргаш дар ҳафтсолагӣ, соли 1946, ба мактаби ҳафтсолаи деҳаи Каҳдара рафт. Дар синфи якум омӯзгорони ҷонфидо Алӣ Гиёев (Халифа Алӣ), пас Назрихӯҷаи Шариф ба бачаҳо дарс мегуфтанд. Вай дар синфҳои ибтидоӣ аз омӯзгорон Шарофи Носир ва Идии Раҳим низ сабақ гирифтааст.

Устод ҳикоят мекарданд: аз Шарофи Носир хушгӯӣ, ҳазлу мутойиба, далериву бебокӣ ва аз Идии Раҳим ҷиддияту ростқавлӣ ва принсипнокӣ андӯхтаанд. Дар синфҳои болоӣ ба онҳо муаллимони мушфиқу меҳрубон Ғиёсиддин Бобокалонови масчоҳӣ (аз риёзиёт), Худойназар Кенҷаеви ғармӣ ва Абдуқуддус Абдуллоеви ӯротепагӣ (аз забон ва адабиёт), Дӯстмурод Саидмуродови самарқандӣ ва Идӣ Раҳимови ғармӣ (аз таърих) ва дигар омӯзгорон дониш омӯзондаанд.

Новобаста аз шароити душвори баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ, омӯзгорон аз рӯи донишу тавон, софдилона дар қалби кӯчаки бачаҳои кӯҳистон шуълаи илму маърифатро меафрӯхтанд…

ОМӮЗИШГОҲ

Пас аз хатми мактаби ҳафтсолаи деҳаи Каҳдара, Эргаш соли 1953 ҳуҷҷатҳояшро ба омӯзишгоҳи педагогии Ғарм супурд. Баъди ду сол омӯзишгоҳро ба шаҳраки Навобод кӯчонданд ва ҳамаи донишҷӯён ба ин мавзеи зебоманзар дил бастанд.

Солҳои аввал гоҳ таърихшиносу риёзидон, гоҳ табиатшинос шуданро орзу мекард, аммо пас аз дарсҳои омӯзгорони варзида Усмон Ҳасанов (баъдан, ходими намоёни давлатӣ), Кифтон Майдонов (шоир Кӯҳсорӣ) ва Ҳамид Зуҳур фикраш дигар шуд. Омӯзгорони фавқуззикр дар қалби Эргаши ҷавон меҳри фанни забон ва адабиёти тоҷикро бедор намуданд. Пасон хулоса бурд, ки филолог мешавад. Боиси зикр аст, ки меҳри ин фанро ҳанӯз овони мактабхонӣ муаллим Абдуқуддус Абдуллоев низ дар дили талабагон бедор карда буд.

Устод Эргаш Шоев аз омӯзгорони номвари омӯзишгоҳ С. Хоҷаев, Р. Юсуфов, И. Ҳукуматшоев (аз таърих), Ғ. Бобокалонов, М. Мастов, С. Мухторов (аз риёзиёт), Б. Доев ва И. Григорйев (аз варзиш) ба ҷуз илму дониш, одаму одамгарӣ, накукорӣ, меҳнатдӯстиву мардонагӣ андӯхтаст. Ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳ Эргаш бо ҳидояти ҳамсабақаш Рустам Саид ба гуфтани шеърҳои ошиқона оғозид…

 ДОНИШГОҲ

Мавсуф бо ҳидояти муаллимонаш баҳри идомаи таҳсил ба шаҳри Сталинобод (ҳоло Душанбе) равон шуд. Аз он сабаб ки, омӯзишгоҳро соли 1957 бо дипломи аъло хатм намуд, ӯро дар шуъбаи забону адабиёти факултети таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин бе имтиҳони дохилшавӣ пазируфтанд.

Хушбахтона, то ба он маврид аз осори адибони классики тоҷику форс баҳравар буд. Дар Донишгоҳ мекӯшид, то бо дигар намояндагони адабиёту фарҳанг ошноӣ пайдо намояд.

Аз моҳҳои аввал дониши амиқ, феъли хуб, истеъдоди фитрии ҷавони боодоби кӯҳистонӣ аз назари муаллим, забоншиноси шинохта, мудири кафедраи забони тоҷикии донишгоҳ профессор Додоҷон Тоҷиев дур намонд. Муаллим ҷавони қобилро ба маҳфилҳои илмии кафедра раҳнамун сохт. Ҳамин тавр, дар ин маҳфилҳо пайваста ширкат ва аз мубосиҳаи илмӣ баҳравар мегашт.

Солҳои донишҷӯиро Эргаш Шоҳзода давраи тиллоӣ мегуфтанд. Номи ҳамсабақони хеш Нозирҷон Қулматов (Арабзода, аз ноҳияи Ашт, доктори илми фалсафа, профессор), Раҳим Мусулмонқулов (Мусулмониён, аз Қубодиён, доктори илми филологӣ, профессор), Ҷӯрабой Раҳматуллоев (аз Чусти Ӯзбекистон, номзади илми филологӣ, дотсент), Расул Шарифов (аз вилояти Самарқанд, Корманди шоистаи Тоҷикистон) ва дигаронро бо фахр ба забон меоварданд.

Иддае аз ҳамкурсонаш, монанди Бозор Собир (Шоири халқии Тоҷикистон), Бурҳон Ғанӣ (нависанда, журналист), Нурмуҳаммад Табаров (драматург, ходими давлатӣ), Шоҳмузаффар Ёдгорӣ (шоир, журналист), Асадулло Саъдуллоев (адабиётшинос, журналист), Раҷаб Мардон (журналист, нависанда), Холмурод Буйдоқов (олим), Одина Мирак (шоир), Анора Остонова (муртаҷим) ва дигарон дар фарҳангу адабиёти советии тоҷик саҳм гузоштаанд. Муаллим аз муваффақияту дастовардҳои ҳамсабақон, дӯстони овони донишгоҳияш меболид.

ДОНИШВАРОН

Он айёми пурнишот дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон олимони сатҳи баланд академикҳо Абдулғанӣ Мирзоев, Бобоҷон Ниёзмуҳаммадов ва Мулло Эркаев, профессорон (он вақт дотсентҳо) Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Ҳилол Каримов, Соҳиб Табаров, Воҳид Асрорӣ, Обидҷон Ҷалолов, Я. Гордон, Н. Нечаева, Г. С. Михайличенко, Саид Ҳалимов ва дигар омӯзгорони номдору пуртаҷриба заҳмат ба бор доштанд.

Аз чунин устодон таълим гирифтан, мояи фахри ҳар як донишҷӯи донишёр маҳсуб меёфт. Солҳои таҳсил дар донишгоҳ барои Эргаш Шоҳзода мактаби комили ҳаёт, таҷрибаи зиндагӣ гашт. Бо иқрори устод, панҷ соли таҳсил он қадар аз устодон сабақ андӯхт, ки он ба татбиқи нақшаҳояш як умр басандагӣ карданд.

ДОДОҶОН ТОҶИЕВ

Ба риштаи забоншиносӣ майл намудани Эргаш Шоҳзода бесабаб набуд. Зеро дар ин маърифатгоҳ роҳбалад, муттако ва раҳнамое дошт, ки, ба гуфти халқ, бо мадади ӯ «кӯҳро талқон кардан» метавонист. Дар ин ҷода меҳрубонӣ ва ғамхории устод Додоҷон Тоҷиев беандоза буд. Ҳангоми таҳсил дар бахши дувум, кори курсии навиштаи донишҷӯи закитабъ Эргаш Шоҳзода ба муаллим писанд уфтод. Аз ҳамон давра устод шогирди қобилашро аз мадди назар дур намонд ва ин муносибати хайрхоҳона то хатми донишгоҳ ва минбаъд ҳам идома ёфт.

Ҳангоми таҳсил дар курси 4-ум бо маслиҳати профессор Д. Тоҷиев вай дар мавзуи «Ҷумлаи мураккаби омехта дар осори устод Садриддин Айнӣ» кори курсӣ навишт. Маҳсули эҷодаш ба роҳбараш мақбул омад ва онҳо ба хулосае расиданд, ки ин мавзуъро пайгирӣ намоянд.

Соли панҷуми таҳсил Э. Шоҳзода дар мавзуи «Ҷумлаи мураккаби омехта дар забони адабии ҳозираи тоҷик» кори дипломӣ навишт. Аз он сабаб, ки мавзуъ қариб комилан нав буду дар адабиёти лингвистӣ хеле кӯтоҳ ва бо номҳои гуногун (ҷумлаҳои мураккаб бо алоқаи пайвасту тобеъ, ҷумлаҳои мураккаби дусарҷумладор ва ғайра) зикр меёфт.

Рӯзи дифои рисолаи дипломии донишҷӯи умедбахш ба ҷуз омӯзгорони донишгоҳу аъзои комиссияи имтиҳоноти давлатӣ, чанд тан аз кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ низ ҳузур доштанд. Баъди муҳокима ҳозирин ба кори дипломии Эргаш Шоҳзода баҳои баландро муносиб диданд. Додоҷон Тоҷиев аз пирӯзии шогирдаш болида, таклиф пеш овард, ки дар кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳ бимонад.

СОЛИ 1962

Эргаш Шоҳзода Донишгоҳро хатм намуда, соҳиби маълумоти олӣ гашт. Комиссияи имтиҳоноти давлатӣ тавсия дод, то дар Донишгоҳ монда, таҳсилро дар аспирантура идома диҳад. Ба иқрори худи устод, он давра, ба қавле, каме «бачагӣ кард». Дар зодгоҳ ягон сол муаллимӣ кунам, баъд мебинам, гуфт. Тобистони соли 1962 ба зодбум баргашт. Шуъбаи маорифи ноҳияи Ғарм (ҳоло Рашт) муаллими ҷавонро ба мактаби миёнаи деҳаи Каҳдара ҳамчун омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик раҳнамун шуд. Ва ӯ ду сол дар деҳа муаллимӣ ва байни омӯзгорон ва аҳолии деҳа обрӯманд гашт.

Омӯзгори ҷавони қобилу масъулиятшиносро ба симати нозири шуъбаи маорифи ноҳия ба кор хонданд. Мавсуф тули солҳои 1964 – 1966 ифои вазифа намуд. Соли 1966 вазъ дар мактаби миёнаи Каҳдара қаноатбахш набуд. Аз ин рӯ, шуъбаи маориф мутахассиси қобили хешро директори мактаб таъин кард. Роҳбари ҷавону серғайрат, пухтакору донишманд таълиму тарбияро дар мактаби зодбум хуб ба роҳ монд. Кор дар ҳамаи ҷабҳаи таълиму тадрис рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Ҳайати омӯзгорон аз роҳбари нав қаноатманд гашта, тамоми нерую кӯшиши касбии худро ба харҷ доданд.

 ОШЁНЕ БАЛАНД

«Каме муаллимӣ кунам…» – гуфтанҳои Эргаш Шоҳзода шаш солро фаро гирифт. Ӯ кунун дарк намуд, ки метавонад ба пойтахт баргардад ва ба пажӯҳиш пардозад. Аз ин ваҷҳ, соли 1968 озими пойтахт шуд. Роҳбараш Додоҷон Тоҷиев аз нияти шогирди қобилаш хушҳол гашт ва ҳамон фурсат ӯро ҳамчун омӯзгори кафедраи забони тоҷикии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба кор гирифта, ба идомаи кори илмии шогирд ҳидоятгар шуд.

Ҷавони ташнаи илм таҳти роҳбарии профессор Додоҷон Тоҷиев ба пажӯҳишу тадқиқи масоили сарфи забони тоҷикӣ остин барзад. Устод заковату қобилияти шогирдашро мушоҳида карда, ӯро ба пажӯҳиши масоили калимасозии забони тоҷикӣ, бавижа калимасозии суфиксии (пасванди – ӣ) сифатҳои нисбӣ ҳидоят намуд.

Ҳисси масъулиятшиносии олими ҷавон рӯз ба рӯз афзуда, ҷиддан ба пажӯҳиши тадқиқи хусусиятҳои дастурӣ, хоса хусусияти сарфи забони адабии муосири тоҷик рӯ овард. Таҳсил дар аспирантура, шиносоӣ бо маводи назариявии забоншиносони Шарқу Ғарб, пажӯҳишу тадқиқи мавзуи рисолаи номзадиро раҳро ба умқи масоили забоншиносӣ боз намуд. Дар ин самт маводи зарурӣ аз осори адибони классику муосири тоҷикро гирд оварда, бо ёриву маслиҳати устодаш дар лабораторияи илмию назариявии хеш таҳлил намуд. Ва он ҳама ниҳоят ҳини иншои рисолаи илмии «Калимасозии суфиксии (пасвандии) сифатҳои нисбии забони адабии ҳозираи тоҷик (дар мисоли пасванди – ӣ (- гӣ, – вӣ)» рӯи кор омад.

 ҲИМОЯ

Соли 1984 Эргаш Шоҳзода рисолаи номзадиашро бо сарбаландӣ дифоъ кард. Рисолаи илмиаш аз ҷониби донишмандон, муҳаққиқон, забоншиносони ватанӣ баҳои баланд гирифт. Пас аз чанде олими ҷавон соҳиби унвону дипломи номзади илми филология гашт. Ин дастовард ӯро руҳбаланд намуд, болу пар бахшид. Дар 45-солагӣ ба ӯ даст дод, то ин марҳаларо бо заҳмати пайваста ва шабзиндадориҳо тай занад. Ҳимояи рисолаи илмӣ барои ҷавонмарди кӯҳистонӣ руҳбаландӣ фузуд.

Эргаш Шоҳзода дар ин давра зиёда аз 30 асару мақолаҳои илмӣ таълиф намуд, ки дар онҳо масъалаҳои забоншиносии муосири тоҷик, хоса сарфи забони тоҷикӣ, мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтаанд. Аз ҷумла, «Роли суфикси – ӣ дар сохтани як типи сифатҳои мураккаб» (1973), «Омоморфемаи – ӣ» (1980), «Сифатшавии баъзе исмҳо» (1980), «Суффикси – ор» (1982), «Морфемаи сифати нисбиомӯзи – ӣ ва синонимҳои он» (1985), « – Ина ё – ин – а» (1990), «Калимасозии суффиксии сифатҳои нисбии забони адабии ҳозираи тоҷик» (фишурдаи рисолаи номзадӣ, 1984) ва амсоли инҳо.

Эргаш Шоҳзода тули фаъолияти омӯзгорӣ, ҳамчунон, дар маҷаллаву рӯзномаҳои ҷумҳурӣ беш аз 50 мақолаи илмию оммавӣ ва публитсистӣ ба чоп расонд…

ЗАБОНШИНОС

Аз таҳқиқоти илмии Эргаш Шоҳзода забоншиноси пухтакору нуктасанҷ буданаш ҳувайдост. Муаллим мудом дар омӯзишу пажӯҳиши соҳаҳои гуногуни забоншиносии тоҷик заҳмат ба харҷ додаанд. Аксар асару мақолаҳои илмии муҳаққиқ бо далелу санадҳо матраҳ гаштаанд. Ба иқрори донишмандони ҳамкор, масалан, дар мақолаи «Омоморфемаи – ӣ» (1980) ва фишурдаи рисолаи номзадӣ (1984) дар мисоли пасванди – ӣ (- гӣ, – вӣ…) имкониятҳои васеи калимасозии пасвандии забони тоҷикӣ нишон дода шудааст. Дар адабиёти лингвистии ба забони тоҷикӣ таълифшуда 12 гурӯҳи маъноии сифатҳои нисбӣ оварда мешуданд, аммо Эргаш Шоҳзода ин гурӯҳҳои маъноиро то ба 22 навъ расонд, ки аксарият боз чандин зергурӯҳ низ доранд.

Масалан, муродифот (синонимия) дар соҳаҳои гуногуни забоншиносӣ аз проблемаҳои мубраму актуалӣ маҳсуб меёфт. Ба қавли ҳамкорони муҳаққиқи варзида, забоншиносон дар бораи муродифот, хусусан муродифоти воҳидҳои наҳвӣ, муродифоти воситаҳои грамматикии алоқаи калимаю ибора ва ҷумлаҳо, тадқиқоти зиёде бурдааст. Аммо аз хусуси ҳамвазифагӣ ё синонимияи воситаҳои калимасозӣ, ба истиснои баъзе ишораҳо, қариб чизе гуфта нашудааст.

Дар атрофи ин проблема нахустин маротиба Эргаш Шоҳзода тадқиқоте поён бурда дар конференсияи «Проблемаҳои актуалии филологияи Эрон» маъруза кард. Тадқиқоти мазкур аз ҷониби эроншиносон баҳои баланд гирифта, он соли 1985 дар шакли мақолаи илмӣ ба табъ расид. Дар ин тадқиқот масъалаи комилан нави забоншиносии тоҷик мавриди баррасӣ қарор гирифт, ки барои муҳаққиқон роҳнамои хубест.

Фавқуззикр, ҳамчунон, ба тадқиқоти забони романи «Восеъ»-и Сотим Улуғзода шуғл варзида, аз натиҷаҳои бадастоварда ду мақола ба чоп расондааст, ки онҳо арзиши илмию амалиро моликанд. Тадқиқотҳои Эргаш Шоҳзода доир ба пасвандҳои – ор, – иш, – ина, – чӣ, – гар ва тарзҳои калимасозии забони тоҷикӣ заргарона суфта шудаанд, ки истеъдоди волои забоншиносии ӯро нишон медиҳад.

Доираи мавзуъҳои тадқиқотии мавсуф хеле васеъ аст. Ӯ ба омӯзишу пажӯҳиши проблемаҳои калимасозӣ маҳдуд нагашта, дар ҳалли баъзе масълаҳои сарфу наҳв ва вожашиносии муосири тоҷик низ саҳми арзанда гузоштааст.

 ШОГИРДОН

Муҳаққиқи шинохта Эргаш Шоҳзода солиёни зиёд дар омода намудани мутахассисони соҳаҳои филологияи тоҷик, таъриху бостоншиносӣ, рӯзноманигорию дигар васоити ахбори омма заҳмати зиёд кашидааст. Шогирдонаш имрӯз ҳамчун муаллимони донишгоҳу донишкада, коллеҷу литсей, ҳунаристону макотиби миёна, кормандони бахши маорифу фарҳанг, дар ҷумҳурӣ ва хориҷ аз он пурсамар фаъолият менамоянд. Зумрае аз шогирдони муаллим дар институтҳои илмию тадқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ғайра ба таҳқиқу омӯзиш шуғл меварзанд.

ҲАМПЕШАГОН

Шуруъ аз соли 1968 то лаҳзаҳои вопасин Эргаш Шоҳзода, тули қариб панҷоҳ сол, дар Донишгоҳ бо омӯзгорону донишмандони маъруф, профессорон Худоӣ Шарифов, Урватулло Тоҳиров, Баҳриддин Камолиддинов, Ҳомид Маҷидов, Субҳон Амирқулов, Аламхон Кӯчаров, Равшан Раҳмонӣ, Абдулҳай Маҳмадаминов, Давлатбек Хоҷаев, Ҳуснигул Талбакова, дотсентон Мадиброҳим Норматов, Шаҳбоз Кабиров, Аҳмадҷон Неъматов, Сулаймон Анварӣ, Бадриддин Мақсудов, Мирзо Солеҳов, Мастура Абдураҳмонова, Шакар Бобомуродов фаъолияти пурсамар дошт.

Муаллим аз кору пайкори хеш, аз ҳамнишинон қаноатманд буд. Хушнуд аз он ки, кори басо мушкили пажӯҳишро дар боби сарфу наҳви забони тоҷикӣ анҷом додааст. Эргаш Шоҳзода аз пешаи омӯзгории хеш қаноатманд буд ва меболид, ки солҳои мадид баҳри пешрафти соҳаи маориф дар кишвар саҳм дорад…

Хизматҳои шоёни муаллим Эргаш Шоҳзода дар ҷодаи илму маориф бо унвони Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон (1990), медали «Ветерани меҳнат» (1988) ва ордени «Шараф» (1999) қадр шудааст.

Устод аз узвияти хеш дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон меболид. Бо хушнудӣ шаҳодатномаи узвиятро бо имзои шогирди номвараш Акбари Саттор (равонашон шод бод) бо худ мегардонд.

Муаллим аз рӯзгори оилавӣ, аҳли хонавода, ҷигарбандонаш меболид. Боиси зикр аст, ки муаллим ҳанӯз овони донишҷӯӣ, пас аз итмоми курси 2, моҳи августи соли 1959 ҳамсари ҳаётии хешро интихоб намуда, дар панҷумкурсӣ, аллакай, писардор шуда буданд.

Фарзандонаш Аврод, Қудратхон, Маҳмудхон, Эраҷ, Заррина, Парвина ва Беҳрӯз дар ҷомеаи имрӯзӣ соҳибмаълумоту обрӯманданд…

Умари ШЕРХОН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь