Иброҳим Усмонов нахуст ҳамчун инсони комил дар дилу дидаи наздикону атрофиён ҷо гирифтааст. Ӯ донишмандест, ки муваффақона аз аввалин қадамҳо дар роҳи илму эҷод пойдевори ин камолотро гузоштааст. 

Устодро аз оғози солҳои навадуми асри гузашта инҷониб мешиносам. Аксар вақт, аз нигоҳи мусбӣ дар бораи касе ҳамчун ихлоснома чизе менависанд, табиист, ки он бештар ба як таърифнома табдил меёбад. Аз ин ҷиҳат, кушиш мекунам, ки чанд ҷумлаи дар поён овардаам таъриф набошанд. Намехоҳам, ки тамаллуқе ба миён ояд ва ҳатто мубтадову хабари ҷумлаҳоро дар нисбати чанд сифати устод дар шакли танҳо боқӣ мегузорам. Устод ниёз ба таъриф надорад ва аз рӯи таҷрибаи шогирдиву ҳамкориам медонам, ки ӯ тавсифро дӯст ҳам намедорад. Дар зер дар бораи воқеият ва сифатҳои устод чанд нуқтаи умумиро қайд кардан мехоҳам.

Устод Иброҳим Усмонов донишманди тавоност. Дар ҳама шохаву пайроҳа устод кони маъниву маълумоту дониш аст. Дирӯзу имрӯз болотару ҷолибтар аз устод касе дарси журналистикаро гузашта натавонистааст. Журналистикаи ватаниву хориҷиро медонад ва аз нозукиҳои эҷоди публитсистиву адабӣ воқиф мебошад. Ҳам дар телевизион ва ҳам дар матбуот собиқаи корӣ дорад. Дар донишгоҳ то ба дараҷаи доктори илм расида, тамоми шоҳроҳу пайроҳаҳои журналистикаи тоҷикро барои дигарон маълуму суфта сохтааст. Баробари ӯ касе дар риштаи журналистикаву публитсистикаи тоҷик асару мақолаҳо иншо накардааст ва аз нигоҳи арзишу манзалат низ ҳар намунаи эҷодаш ҷойгоҳи худро соҳиб аст. Устодест, ки вақти дарсии ӯ ноайёну номаълум сипарӣ мешавад. Пурмазмунтарин лексияҳоро пешниҳоди шогирдон менамояд. Шогирд аз дарси ӯ хаставу гурезон нест ва аз дарси устод навиштану гуфтанро омӯхта метавонад. Устодест, ки нутқи равонаш хеле осон ба матни китоб табдил ёфта метавонад.

 Аз устод ман журналистикаро омӯхтам. Сабки публитсистии устодро пазируфтаву меписандам. Устод дар қуллаи баланди таълими журналистика ҷои худро ёфтааст. Устодон дар системаи таълими ин фан кам набуданду нестанд, аммо таҷрибаву усули тадриси устод барои ҳама устодон омӯзанда аст. Боҷуръатона мегӯям, ки ҳам амалия ва ҳам назарияи журналистикаро то ба ҳол ба сатҳи устод касе фатҳ карда натавонистаст. Ҳама ҷанбаҳои соҳаро беш аз ҳамаву пеш аз ҳама воқиф аст.

Устод беҳтарин тарбиятгар дар олами устодиву шогирдӣ мебошад. Азбаски шахсияти закиву донишманд аст, табиист, ки рафтору гуфтору пиндораш барои ҳамагон омӯзандаву ибратбахш мебошад. Шеваи ба аудиторияи донишҷӯӣ ворид шудану берун шуданаш худ дарси тарбия аст. Қоидаи саволу ҷавоб ва баҳсу мунозираҳоро аз устод омӯхтан мумкин аст. Устод аҳли кибр намебошад ва ба ҳар як донишҷӯ дар доираи одоби хос муносибат менамояд. Медонам, ки устод медонад, ки аз ғайбату бадгӯи ҳеҷ суд нест. Даҳҳо луқма партоед ҳам, устод тамкину таҳаммули шоиста дорад. Бадгӯиву бадҷӯиву бадгумониро бад мебинад. Бокеву биме аз таҳдиду бадгӯии касе надорад. Хандаи оҳиставу пурмаънӣ ҷавобу вокуниши ҳамешагии устод ба ҳисоб меравад. Сифати ҳар нафарро дар ҳузуру ғоибаш тавре менамояд, ки муҷиби роҳи ҳалли мушкилҳову баҳсҳои тира мегардад. 

Иброҳим Усмонов ватандӯсти фаъолу садоқатманд аст. Ватандӯстии ӯ тавасссути алфози хушку холӣ сурат намегирад. Ман мегӯям, ки агар ватандӯстии Иброҳим Усмоновро фаҳмидан хоҳед, эҷоди ӯву таҳқиқи ӯро хонед. Ҳамагуна ҳаракату аъмоли муқобили миллату ватанро намеписандад. Тӯли қариб сӣ соле, ки устодро мешиносам, надидаам ва нашунидаам, ки дар доираи худшиносиву ватандӯстӣ ба шогирдеву пайрави худ берун аз меҳри ватан чизе гуфта бошад. Ободиву шукуфоии ватану миллатро васф менамояду дигаронро ба ин роҳ даъват менамояд. 

Яке аз аввалинҳоест, ки дар «замони нав» ҳимоятгари вожаи тоҷику халқи тоҷик гардидааст. Устод бо комменту луқмапартоӣ дар шабакаи иҷтимоӣ не, балки бо китобҳову асарҳояш аз тоҷику Тоҷикистон ҳимоят менамояд. Дар ин роҳ наққошест, ки асарҳои алоҳидаи ӯ солиёни тӯлонӣ қадимиву аҷдоддор будани тоҷиконро ба нотавонбинону мункирон собит менамояд. Иброҳим Усмонов намехоҳад, ки аҷнабиеву нохалафе ба рӯи хидматҳои бузурги Садриддин Айниву Бобоҷон Ғафуров хати батлон кашад. 

Устод Иброҳи Усмонов адиби публитсистест, ки танҳо барои имрӯз наменависад. Таъриху адабиётро хеле нозукона ба ҳам омезиш медиҳад. Усули пешниҳоди устод дар роҳи дарки матлабу ҳадаф ҳамеша омӯзанда мебошад. Дар бораи ихтилофи нооромиҳо, ҷангу сулҳ ва дигар дастовардҳои тоҷикон тавре менависаду мегӯяд, ки кам касон аз ӯҳдаи он мебароянд. Чун яке аз муҳаққиқону таълимдиҳандагони публитсистика ҷанбаҳои илмиву фалсафиву адабии публитсистикаро огаҳ аст ва ин аст, ки навиштаҳояш аз чанд сарчашма об мехӯранд. Навиштаҳояш бо ин ҷиҳатҳо хусусияти мондагорӣ пайдо кардаанд. Устод Иброҳим Усмонов дар олами эҷод чеҳраофари нотакрор аст. Ҳар дафъае,  ки китоби «Мо чилсола шудем»-ро мехонам, аҳсан ба устод мегӯям, ки чунин сабку услуби хосу хотирмон дорад. Дар корхонаи эҷодии ӯ чеҳрасозӣ бо сабку услубе сурат мегирад, ки ин танҳо хоси ӯст. Сухани печидаву дуру дароз надорад. Ҳама чизро дар сурати худаш бо пешниҳоди мақбул муаррифӣ карда метавонад. Яке аз очеркнависонест, ки қаҳрамонаш дар ёду хотири хонанда то дер боз боқӣ мемонад.

Устод сиёсатшиносу коршиноси муваффақи сиёсӣ мебошад. Ҳама зинаҳоро дидааст. Садри яке аз факултаҳои номдори донишгоҳро ба ӯҳда дошт, ки аз он даргоҳ сиёсатмадорон ба арсаҳо равона мегаштанд. Вакили халқ дар Шӯрои Олӣ буд. Роҳбарии  Кумитаи радиову телевизионро ба ӯҳда дошт. Бо Роҳбари давлат кор кардааст. Дар КОМ яке аз иштирокчиёни доимӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳамаи инҳо майдонҳое буданд, ки ба устод малакаву донишҳо бахшидаанд. Сиёсат ва идеологияи сиёсиро амиқан дарк менамояд. Сабақҳои таърихиро омили пешрафти имрӯзаи Тоҷикистон медонад.Мухолифату низоъҳои шаҳрвандиро, ки ҳамчун як раванди таҳмилӣ диёри моро ба майдони ҷангу хун табдил дода буд, маҳкум менамояд. Вассофи  сулҳу сафои диёри тоҷикон аст. Маҳз ӯ дақиқкоронаву воқеъбинонаву мушаххас баён кардааст, ки тасмими ёфтани роҳҳои сулҳу ваҳдати миллати тоҷик аз Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфтааст. Ба амалҳои сулҳдӯстонаи Эмомалӣ Раҳмон баҳои баланд медиҳад. 

Устод зиёиест ба маънии томаш. Гуфтораш ҳам дар доираи хона ва ҳам дар минбару иҷтимоъ ҳатман рабти амиқ ба зиёӣ будани ӯ дорад. Либоспӯшӣ, сӯҳбат, муносибат, аксуламал ва амсоли он даҳҳо сифатҳое, ки доранд, мутафовуту ибратбахшанд. Дар куҷо чӣ гуфтану чӣ гуна муносибат намуданашро хеле хуб медонад. Ҳеҷ гоҳ ба муқобили маҷрое намеравад, ки дар он манфитаи халқу ҷомеа вуҷуд дошта бошад. Устод ҳеҷ гоҳ зархариди хоҷаҳо нашудааст ва имрӯз аз он мегӯяд, ки иддае мафтуни молу зар мешаванду муқобили миллат санг мезананд. Ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки ҳарисеву роҳгумкардае муқобили миллати кӯҳанбунёд сухан гӯяду мавҷудияти таърихии онро инкор намояд. Ҳамчун як зиёии фаъол дар масъалаи худшиносиҳои миллӣ ҳеҷ гоҳ дар канор нест. Ин садо аз қаъри маъниҳои даҳҳо китобу садҳо мақолаҳои устод бармеояд. 

Як ифтихору имконоти ман дар мавриди қаробат бо устод он аст, ки мо ҳамсоя мебошем. Ҳарчанд дар ҳавлӣ иқомати камтар дошта бошанд ҳам, гоҳ-гоҳ имкон мешавад, ки он касро дар маҳаллаи худамон бинам. Ин ҳамсоягӣ боис гашт, ки ман то ҳадде аз муҳити оилаи он кас огаҳ шавам. Нону намакашонро чашидаам ва гуфтору муҳаббату самимияти фазои хонаи он кас маро ба ваҷд меоварад. Ҳамсари ниҳоят меҳрубону бофаросат доранд. Гоҳе барои ягон коре ба ҳавлии устод равам, он касро чун модари мушфиқу дилогоҳ дармеёбам. Орому малеҳу дилсӯзона сӯҳбат намуда, орзуманди зиндагии шоистаи фарзандону наздикон мебошад. Ба мисоли фарзандони худ ба шогирдони устод муносибат менамояд ва меҳру шафқати ин модари меҳрубон фаромӯшношуданист. Бо ду нафар писарони устод – Фуруғу Фирдавс сӯҳбатҳои бештар кардаам. Тарбиятдидаву бомаданият мебошанд ва дар симои онҳо рафтору хулқи падарашонро дар ҷило мебинам. Ақлу заковату фаросати мақбул дар ин хонадон салтанат дорад. 

Устод хислати аҷибу пурасрор доранд. Агар як шохаи хурдакаки ниҳолеро буриданӣ шаванд, ҳатман чанд нафарро ба ҳашар даъват менамоянд. Маслиҳат мепурсанд ва ботавозӯъ бо он маслиҳатҳо дар оростану тартиби боғчаи хонаашон иқдом мекунад. Чанд ниҳолу бутаи гулҳоро худашон шинонда, ифтихормандона мегӯянд, ки инҳо маҳсули дастонашон мебошанд. «Ман»-и устодро танҳо дар ҳамин ҷабҳа дидаам.  

Одатан одамони оқилу доно зарофатгӯву латифтабъ мебошанд. Устод Усмонов аз ҷумлаи онҳост. Ҳар як ҷумлаи он кас дар таколуму баён саршори лутфу зарофатанд. Зарофати он кас ҳеҷ гоҳ пуртамасхуру сӯзон нест, балки саршори муҳаббатанд. Зарофатҳои устод ҳикматдору тарбиябахш мебошанд. Суханони пурлутфи устод андешазост. Ҳар як ҷумлаи устод барои мо пурқимату таъсирбахш аст.

 Устод Иброҳим Усмонов инсони комил ва донишманди тавоное мебошад, ки хираду донишашон роҳнамои шогирдону пайравонашон ба ҳисоб меравад. Дар ҷомеа хидматҳои сазоворро ба ҷо овардаанд. Бошад, ки ин хидматҳо давомдор бошанд ва садсолагии ин фарди донишманду бохирадро бо ҳам бинем.

Бахтиёри Қутбиддин, 

устоди ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь