Мо-кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи муосири Пойтахт” ҳамасола Рӯзи артиши миллиро ба унвони ҷашни фарогири расмӣ ботантана таҷлил мекунем ва бо истифода аз ҳузури шахсиятҳои барӯманди миллӣ ва чеҳраҳои саршиноси ватанӣ маҳфилу нишастҳои адабӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ ташкил менамоем. Басо рамзист, ки Рӯзи Артиши миллӣ бо солрӯз ва солгарди муҳаққиқ, адабиётшинос ва равшангари миллӣ, устод Ҷамолиддин Саидзода баробар аст. Ба сухани дигар, ду ҷашнвораи миллӣ – Рӯзи Артиши миллӣ ва 70-умин солгарди  адабиётшинос ва меҳанпарасти забардасти тоҷик, устод Ҷамолиддин Саидзода ба ҳам тавъам шудаанд ва мо дар тавъамию ҳамоҳангӣ ин ду ҷашнро  таърихи 17-уми феврали соли ҷорӣ дар толори хониши Китобхона бо ҳузури соҳибҷашн устод Ҷамолиддин Саидзода, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нозим Нурзода, курсантони Академияи милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгорони ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ходимони Китобхона таҷлил кардем.

Маҳфили ҷашнӣ дар сатҳи ба талаботи замон ҷавобгӯ баргузор шуд ва устод Ҷамолиддин Саидзода дар мавзӯи “Миллатпарастӣ ватандӯстист” гузориши хуби илмӣ ироа карда, дар заминаи масъалаҳои миллияту ҳувиятсозии миллӣ дар қолиби ашъори бузургони классикию муосири тоҷик иттилооти ҷолиби адабӣ ва илмӣ-оммавӣ пешниҳод намуд. Дар гузориш устод Саидзода атрофи мафҳумҳои калидии “миллат”, “ватан”, “ҳувият” ва “масъулият” таваққуф намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки миллати тамаддунофари тоҷик тайи таърихи тӯлонӣ, новобаста ба шебу фарози рӯзгор тавонист, ҳувияти хешро ҳифз намояд ва дар баробари таҳоҷумоти бегонагон ҷасурона воистад. Устод, ҳамчунин аз вазъи имрӯзаи сиёсӣ, ҳассосиятҳои замонӣ ва тазодҳои мафкуравӣ ёдовар шуда, тазаккур дод, ки дар шароити муосири бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ мебояд аз миллату ватан ҳимоят кард ва ҷиҳати исботи ҳувияти миллӣ аз ақлу мантиқ ва хирад кор гирифт.

Баъдан пажӯҳишгари масоили иҷтимоию фарҳангӣ, ходими пешбари илмии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Нозим Нурзода ҷашни Артиши миллиро ба ҳамагон табрик карда, аз баъзе мушаххасоти шахсиятию ахлоқӣ ва илмию мадании устод Саидзода ёдовар шуд. Алалхусус, мавсуф атрофи масъалаи шахсияти миллӣ ва мавқеъгирии ҷиддии устод Саидзода изҳори назар карда, дар анҷоми суханронӣ се дубайтии аъзои маҳфили фалсафии “Ҷаҳони андеша”-ро, ки ба муносибати зодрӯзи устод ихтисос ёфта буданд, минҳайси табрикоту шодбошӣ дар ҳузури иштирокчиёни маҳфил қироат намуд.

Адабиётшинос, андешаманд ва равшанфикри муосири миллӣ устод  Ҷамолиддин Саидзода 20 феврал зодрӯз доштанд ва ба синни мубораки 70 қадам ниҳоданд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу пажӯҳиши масъалаҳои муҳимми адабӣ, бадеӣ, илмӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва фарҳангӣ карда, то имрӯз дар  масири ташаккулу таҳаввули ҳувияти миллӣ ва ҷаҳоншиносии тоҷик бардамона қадам мезанад. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурӯъ намуда, устод Ҷамолиддин Саидзода миллатшиносӣ, меҳанпарастӣ ва озодманиширо ба сифати мушаххасоти ҳувиятию эҷодӣ, психологию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ меъёри кору зиндагӣ қарор дода, то имрӯз дар ин шоҳроҳ беғаразона ҳаракат мекунад.

Ташаббус ва ибтикороти устод Ҷамолиддин Саидзода дар заминаи таблиғу муаррифии осори арзишманд ва чеҳраҳои саршиноси адабу фарҳанги аҷдодӣ, ки дар раванди зеҳниятсозии миллӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим ба ҳисоб мераванд, дар замони соҳибистиқлолӣ вусъат пайдо намуд ва то имрӯз ҳазорон мақолаву матолиби ҷолиби илмӣ, адабӣ ва оммавии ин андешаманди муосири тоҷик дар матбуоти даврии ватанӣ чоп шуда ва мешаванд. Ҳафтае нест, ки як матлаби илмӣ-оммавии устод Саидзода дар матбуоти даврӣ нашр нагардад ва ё ин ки устод бо ҳузури фаъоли худ сари мавзӯъҳои муҳимми адабӣ, фалсафӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва фарҳангӣ дар экранҳои телевизорҳои ватанӣ пайдо нашавад.

Нуктаи меҳварии омӯзишу пажӯҳиш, таълиму тадрис, муколимаву гуфтугӯ ва таблиғу ташвиқи устод Ҷамолиддин Саидзода бедории фикрӣ ва тақвияти рӯҳияву ҳувияти миллӣ мебошад, ки дар тамоми навиштору гуфтораш возеҳу равшан арзёбӣ мегардад. Бо итминон метавон арз дошт, ки устод Ҷамолиддин Саидзода сермутолеатарин, фаъолтарин ва сермаҳсултарин шахсияти миллӣ дар муҳити муосири ватанӣ ба шумор меравад.

Мо дар симои устод Ҷамолиддин Саидзода андешаманд ва равшангари миллиро мебинем, ки ба вазъи сиҳатӣ ва мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ нигоҳ накарда, дар масири дунёмадорӣ, миллатсозӣ ва давлатсолории миллӣ устуворона қадам бармедорад. Маҳз аз тавонмандиҳои фикрию эҷодӣ ва илмию ихтисосии чунин  равшангарон ҷомеаи миллӣ  ҳамеша истифода мебарад ва вуҷуду ҳузури  ин гуна шахсиятҳо боиси ташаккул ва рушди иқтидори зеҳнӣ ва ифтихороти миллӣ дар минтақа мегардад.

Дар анҷоми матлаби иҷмолии худ аз номи кормандони Китобхонаи муосири Пойтахт устод Ҷамолиддин Саидзодаро ба муносибати 70-умин солгарди умр шодбош гуфта, барояшон дарозӣ ва саодати умр, сиҳатию тандурустӣ, хонаободӣ, тавону қудратмандӣ, болидарӯҳӣ, ҷуръату ҷасорати пурдавоми илмию эҷодиро таманно мекунем.

Зодрӯз муборак ва фархунда бод, устоди гиромӣ!

Аҳдия Ҷалолиддинзода,

мудири Муассисаи давлатии “Китобхонаи муосири Пойтахт”

ВОРИСИ АРЗАНДАИ САРБАДОРОН

(Ба истиқболи ҷашни ҳафтодумин рӯзи солгарди донишманди ватандӯст ва миллатпараст Ҷамолиддин Саидзода)

Чун Ҷамолиддин Ватанро сад ҳазорон боядо,

Чун насими субҳ дар фасли баҳорон боядо.

Қиссаи ин марди майдони сухан кӯтаҳ мабод,

Чун ҳадиси булбулон дар шохсорон боядо.

Бар ҳаводорони назму насри ӯ садҳо дуруд,

Нуктаҳои нобу панди рузгорон боядо.

Саргузашти қавмро навъе дигар таҳрир кард,

Баҳри таҳрире чунин сад корзорон боядо.

Алғараз, ҷаҳду талоши ӯ муборак хизматест,

Хизмати шоистае чун Сарбадорон боядо!

Комил Бекзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь