Устод Мирзо Турсунзода яке аз шоирони машҳури Иттиҳоди шӯравӣ ва ҷаҳон буда, ҳамчун раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо ба мамлакатҳои қитъаҳои мазкур сафар намуда, бо ҳаёти мардумони мазлум аз наздик шинос шуда, онҳоро пуштибонӣ менамуд ва ба худшиносиву худогаҳии миллӣ ташвиқ мекард, Мо дар эҷодиёти устод Мирзо Турсунзода номи бисёре аз муборизони сулҳу амният, адибони хушсалиқаи Осиё ва Африқо ва ҷаҳониро ба мушоҳида мегирем, ки онҳо барои амнияти халқу миллатҳои ҷаҳон бо қатъият мубориза мебурданд. Бештарашон дӯстону пайравони адиби тоҷик буда, андешаҳояшро ҷонибдорӣ менамуданд.
Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун Раиси Кумитаи сулҳ ва якдилии халқҳо беш аз 20 сол дар ин вазифа фаъолият намуда, мардумони азияткашида ва дар ҷабру зулми истисморгарони хориҷӣ мондаи шарқро ба бедорӣ ва худшиносӣ кашида, барояшон ҳуқуқи миллӣ ва озодихоҳиро тавсиа менамуд. Ӯ ҳамчун намояндаи Давлати ҷавони шӯравӣ ва ҳукумати шукуфтаистодаи диёри аъзам, паёмовари сулҳу амнияти халқҳо шинохта мешуд, мардуми дунё бо дилу ҷон ба пешвозаш мебаромаданд. Мавзуи асосии ӯ мубориза барои озодии миллӣ, мубориза ба муқобили империализм ва мустамликадорӣ буд. Вай кӯшиш менамуд, ки завлонаҳои ғуломиро аз дасту пойи мардуми бечора биканад, барояшон дари бахту саодат ва дунёи зеборо бикушояд, онҳоро аз рӯзгори бад ба ҳаёти осоиштаи рӯзафзун барорад, хушбахт ва саодатманд гардонад. Маҳз ба ҳамин муносибат ҳар бор дар ҳар мамлакат ва қитъаҳои олам конференгсия, форум ва маҷлисҳои машваратӣ ташкил намуда, онҳоро ба бедорӣ ва худшиносӣ мекашид. “Садои Инқилоби Октябр чун бонги дунёи нав тамоми ҷаҳонро фаро мегирифт, занҷири асорату бандагии халқҳои Шарқ торафт аз ҳам мегусастанд” (5а). Ҳодисаҳои худшиносии миллӣ “сабаби ҷанги гражданӣ, бархӯрдани неруҳо гардида, торафт ҷабру ситами миллиро аз байн мебардоштанд. Дар натиҷа мамлакатҳои Миср, Ироқ, Гвинея, Танганика, беш аз 70 мамлакати ҷаҳон аз юғи капитализм озод шуда, ба роҳи ғайрикапиталистии тараққиёт озодона қадам гузоштанд. Устод навиштаанд: “Вазифаҳои ҷамъиятӣ, хидмат ба Кумитаи якдилии кишварҳои Осиё ва Африка маро зуд-зуд ба хориҷи Ватан, гоҳ ба ягон деҳи Покистон, гоҳ ба ягон пойтахти мамлакати Аврупо ва гоҳо дар деҳи яке аз қабилаҳои Гвинея мебарад. Одам аз дур мисли космонавт нуфузи ғояҳои инқилобиро беҳтар эҳсос мекунад” (111, 402). Вай дар ин роҳ бисёр муборизони роҳи озодиро ба мисли шоир Баҳрулулум, Маҳендра Пратап, духтари муқаддас, Маҳатма Гандӣ, Робиндронат Такур, Файз Аҳмади Файз, Долорес Ибаррури ва садҳо адибону сиёсатмадорони Шарқу Ғарб сухан ба миён оварда, аз ҳаёту рӯзгори онҳо нақл намуда, дар шеъру достонҳои худ аз фаъолияти озодихоҳиашон бо муҳаббат сухан гуфта, мардумони Осиёву Африкаро фаъол мегардонид.
Ҳамаи адибони дунё дар баробари асарҳои адабиёти бадеӣ ба таълифи маърузаву мақола машғул шуда, фикру андешаҳои худро дар бораи ҳаёти ҷамъиятӣ, сиёсӣ ва адабӣ иброз менамуд. Ҳамчунин ӯ мекӯшид, ки дар беҳбуди эҷодиёти адибон бевосита мудохиза намуда, дар пешрафти ҷомеа, шукуфоиву зиндагонии аҳли башар саҳми босазое гузорад. Устод Мирзо Турсунзода фарзандони бошарафи миллат буда, дар баробари Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будан тез-тез бо мақолаҳои илмиву танқидӣ ва публисистӣ ба эҷодиёти бадеии адибон рӯ оварда, асарҳояшонро хонда, онҳоро ба роҳи дурусти эҷодӣ ҳидоят менамуд. Устод ба ин муносибат давра ба давра дар рӯзҳои пленуму анҷуманҳои адабӣ, ҳафтаву даҳаҳои адабиёти халқҳои бародар асарҳои адибони тоҷикро хондаву мутолиа намуда, фикру андешаҳои ҷолиби худро дар муқоиса нисбати адибони шӯравӣ иброз менамуд.
Устод Турсунзода дар мақолаву маърӯзаҳои адабӣ адабиёти тоҷикро ҳам маҳсули адабиёти ҷаҳон медонист. Масалан, гуфтааст, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз ва дигар классикони тоҷик таърихи адабиёти халқҳои ҷаҳонро аз ҳиндувону юнониён ва дигар мардумони пешқадами ҷаҳон меомӯхтанд ва аз маъниҳои барҷастаашон илҳом гироифта, дар асарҳои худ ҷой медоданд. Шоири халқӣ ҳеҷ гоҳ як адабиётро бар дигар адабиёт муқаддам намегузошт. Адабиётро маҳсули тафаккури умумибашарӣ медонист.
Устод таъкид менамуд, ки нависандагон дар миёни халқ бошанд, Носир Хусрав, Саъдӣ умри азизи худро дар сафар гузаронда, аз ҳаёти мардумони дунё асарҳои мазмуни ҷаҳонӣ ба вуҷуд меоварданд. Хайём бе Афлотун, Бедил бе Маҳапҳарата пайдо шуда наметавонист (111, 308,309). Ҳамчунин: “Ганҷинаҳое, ки дар Гилгамеш ва Авесто, Маҳапҳарата ва Рамаяна, Иллиада ва Шоҳнома мебинем, китобҳои муқаддас, аввалин асарҳои заковати адибон мебошанд, ки ҷиҳатҳои муттаҳидкунандаи одамон, ҷараёни чандинҳазорсолаи инкишофи маданияти ҷаҳонро дар худ таҷассум менамоянд” (Он ҷо). Адиб дар давоми умри худ ҳамеша аз тараққиёти адабиётҳои ҷаҳон ва беҳтарин намояндагони адабиёти тоҷик сухан ба миён гузошта, адибони тоҷикро ҳам дар ҳамон сатҳ тайёр менамуд. Борҳо ва гаштаю баргашта гуфтааст, ки дар замони пасазинқилобӣ устодон Айнӣ ва Лоҳутӣ мунодии аср буданд, бар зидди капитализм ва мустамликадорӣ, барои ободон кардани ҷаҳон мубориза мебурданд (3, 330).
Устод Мирзо Турсунзода ҳамчун раҳбари нависандагон бо қатъият ва меҳрубонӣ асарҳои адибони ҳамзамонро таҳқиқ намуда, ба онҳо баҳои ҳаққонӣ медод, баъзан дар наср аз камии худосаҳои чуқури фалсафӣ, олами ботинии образҳо, тақдири баъзе персонажҳо сухан мегуфт. Вай адибонро ҳамеша ҳушдор менамуд, ки ба муҳимтарин масъалаҳо диққат диҳанд ва ҳамеша ҳамроҳи замон қадам зананд. Вай аз пешравиҳои адибон хушҳол мешуд, чароғе буд, ки роҳи ояндаи эҷодии ҳар кадоме аз адибонро равшан ва дурахшон менамуд. Натиҷаи чунин ғамхориҳо буд, ки дар раҳбарии ин устоди бузурги меҳнатӣ адабиёти муосири тоҷик дар қатори адабиёти дигар халқҳои бародар роҳи мустақими худро давом дод. Устод ба сайқал додани маҳорати адабии ҷавонону калонсолон мекӯшид, Худхоҳӣ ва болидаруҳӣ аз муваффақиятҳоро дӯст намедошт, дар мавридҳои зарурӣ пайванд омадани адабиётҳоро асоси пепшравӣ медонист, ҳамагонро даъват менамуд, ки аз дастовардҳои адабиёти ҷаҳон фаровон истифода баранд. А.М.Горкий, В.Маяковский, Н.Тихонов, Н.Ҳикмат, П.Неруда, Р.Такур Лу Син ва монанди инҳоро дар пешрафти маънавиёти ҷаҳонӣ сабзиши фикру андеша медонист. Бо классикони адабиёти форсу тоҷик ифтихор менамуд, Асарҳои Ҷ.Икромӣ, С.Улуғзода, Р.Ҷалил, Ф.Ниёзӣ, Б.Раҳимзода, А.Шукӯҳӣ, А.Қаҳҳорӣ, М.Раҳимиву М.Миршакар ва А.Деҳотиро бо диди нави ҷаҳонӣ аз назар гузаронда, гоҳ мулоҳизаҳои танқидиашонро изҳор менамуд. Ӯ дар бораи адабиёти русу халқҳои бародар ва дигар мамолики ҷаҳон назари нек дошта, ҳамеша дар муқоиса бо адабиёти тоҷик месанҷид ва ба мулоҳиза мегирифт.
Устод Мирзо Турсунзода дар масъалаҳои адабиёти ҷаҳон ва сермиллати шӯравӣ, инкишофи ҷаҳонии тамаддуни башарӣ зиёд андеша менамуд. Ӯ назариядони машҳуре буд, ки ба шогирдону муосирон аз паҳлуҳои гуногуни назарияи шеъру сухан ва адабиёти олам маълумот медод. Мулоҳизаҳои ҷаҳоншумули ин устод сари вақт ба забонҳои гуногуни олам тарҷума ва нашр мегардиданд.
Мирзо Турсунзода ба шеър муҳаббат ва рағбати зиёд дошт, вақте ки бо С.Айниву А.Лоҳутӣ шинос шуда, шеърҳои онҳоро шунид, ӯ ҳам худро ба қомати онҳо наздик гирифта, мисли онҳо шеър навиштанро машқ менамуд. Шеърнависӣ барояш хуб даст медод, шеърҳояш равону хушоҳанг ва ҷолиб навишта шуда, ба ҳушу дили хонанда ҷой мегирифтанд. Мо хонандагони тоҷик ҳар як шеъри устодро бетоқатона интизор мешудем ва дар шеърҳояш умеду орзуҳои дили худро пайдо менвмудем, аз мазмунҳои ишқӣ, иҷтимоӣ ва сиёсиаш руҳбаланд мегардидем. Барои чунин шеърҳоро навиштан устод монда нашуда хизмат мекард. Пасон шеърҳо аз таҳти дили шоир, аз умқи андешаҳояш ҷӯшидаву хурӯшида берун мебаромаданд.
Шоирон одатан оромона шеър навишта наметавонанд, онҳо бояд дар сари гирудори меҳнат, дар ҳар мавзуъ ҷӯшу хурӯш дошта, бо андешаҳои пур аз эҳсосу эҳтиросот шеър нависанд. Онҳо бояд бо амри дил рафтор кунанду қувваи худро дареғ надоранд. Ба фикри ман, мегуфт шоири бузурги тоҷик, шеъри баланд вақте пайдо мешавад, ки шиддати афкору ҳиссиёт бағоят зӯр шавад, қаҳру ғазаб ё шодиву хурсандӣ ба авҷи олии худ расад”. (3,112). Ё “шеър навиштан баъзан ба муҳорибаи сахт монанд мешавад” (3, 109).
Устод Мирзо Турсунзода дар мақолаи “Андешаҳо дар бораи лирикаи гражданӣ” (1954) дар бораи маҳорати адабӣ, ҷаҳонбинӣ ва эҳсосоти шахсӣ, дарк намудани мавзуъ ва гунҷонидани таҷрибаҳои адабӣ дар қолибҳои ҷудогона, аз адабиёти классикӣ ва ҷаҳонӣ пайваста омӯхтан, душвориҳои пайдо кардани шеъри хуб, таҷрибаи таълиф намудани баъзе шеъру достон, мисраъҳои барзиёди ҳар асар, образҳои куҳнаву нав ва баъзе паҳлуҳои эҷодиёти адибони тоҷик ва дигар халқу миллатҳоро хеле зиёд мулоҳиза менамуд. Ба фикри ин адиб, шоир ҳар қадар ҷаҳонфаҳмии хуб ва лаёқати баланди шеърнависӣ дошта бошад, асарҳои навиштааш дилнишин ва барои мардум таъсирбахш мебарояд.”Лирика яке аз шаклҳои самимитарини санъат аст, ки, – менависад муаллиф, – ҷаҳонбинии васеъ ва ҳиссиёти бойро талаб менамояд, Лирика назмест, ки ба дилу ҷони одамони пурзавқу ҳавас кошона монда, аммо барои одамони хунсарду бепарво бегона аст” (111, 98). Шоири бузурги тоҷикон аз осори классикони форсу тоҷик ва адабиёти ҷаҳон баъзан ба шӯру ҳаяҷон омада, аз онҳо дар эҷодиёти худ ҳарҷониба истифода менамуд.
Устод Мирзо Турсунзода дар бораи назарияи шеър навиштааст: “Шеър бояд аз мисраъҳои аввалин диққатро ба сӯйи худ кашад, вагарна онро касе нахоҳад хонд” (111, 101). Ба фикри ин шоир, шеър аз мисраи аввал бо ранҷу азоби зиёд ба даст меояд ва он ҳамаи мисраъҳоро то охир саришта намояд. Дар халқ гуфтаанд: Хишти аввал гар ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ. Воқеан мисраи аввал дар шеър аҳамияте дорад, ки он шеърро ба шакл медарорад, мазмуни умумии шеърро ба вуҷуд меорад, силсилаи маъниҳо низ ба он сахт вобаста аст, ҳамаи маъниҳои дар шеър ҳосил шаванда, муқаддам зоидаи мисраи аввал мебошад. Бинобар ин ҳам устод мисраи аввалро душвортарин ҳосили бардошташавандаи шеър медонист.. Дар ҷойи дигар навиштааст: “Барои ман ёфтани байти матлаи шеър бозёфти калон аст. Ман фақат дар ёфтани матлаъ бисёр меҳнат мекунам”.
Шоир хусусан байти мадхалро асоси ҳар гуна шеър ҳисоб мекард ва то онро ёфтан баъзан хуни ҷигар мешуд. То устухони асосии шеърро пайдо намудан мазмунҳоро пайи ҳам чида, давом додан мегирифт. Ба ӯ як байти асосӣ лозим буд, ки пойдевори шеър шавад” (3, 117). Вай хусусан байти матлаъро дар пайдоиши шеър махсус таъкид намуда, онро пойдевори шеър медонист. “Барои ман ёфтани матлаи шеър ,- навиштааст шоир,-бозёфти калон аст, ман фақат дар ёфтани матлаъ бисёр меҳнат мекунам. “Бинои“ минбаъдаи шеър ба он сахт вобаста аст” (3, 113).
Шоир аз таҷрибаҳои эҷодиёти худ низ мисол оварда мегуфт, ки “як вақтҳо шеър навиштан барои ман осон буд, имрӯз бошад, он шеърҳои куҳнаамро иштиёқи хондан надорам… зеро бисёр шеърҳои пешинаи ман самимона навишта шуда бошанд ҳам, лекин ман дар онҳо таҷрибаи аз ҳаёт андӯхтаи худро ошкор насохтаам. Ҳаёти ҳақиқиро нишон надода, танҳо тасаввуроти умумиро дар бораи он ба қалам додаам. Дар он шеърҳо сифатҳои ба назми қадимии мо хос ва образҳои куҳнаву аз даҳан монда (чашмони оҳу, миёни мӯрча, зулфони мори печон, абрӯвони шамшери буррон, қомати сарви равон, даҳони пистаи хандон, каломи тӯтии Ҳиндустон…) зиёд буданд. Зеро он вақт ман ҳанӯз барои дарёфтани образҳое, ки аз тарафи ман чӣ гуна дода шудани ҳаётро ифода карда тавонанд, намекӯшидам, балки образҳои тайёри классиконро, ки бо зебоӣ ва дурахшонии худ маро мафтун сохта буданд, ба ёд меовардам” (3, 100). Акнун “гулу булбул ва “лаълу марҷон” ба табъи хонандагони имрӯза асло мувофиқ нест”. Шоир бинобар ин ҳам фаъолияти одамонро дар майдони пахтазор, заводу фабрик ва сохтмонҳои азим нишон доданро зарур меҳисобид. Шогирдонро даъват менамуд, ки диловарӣ ва қаҳрамониҳои меҳнаткашонро дар дашту биёбонҳои асрҳо бекорхобида ба тасвир гиранд. Шоир ҳамеша мекӯшид, ки навуиштаҳояш дархӯри замон бошанд, хонандагон бо шавқу завқ хонанд. Барои ин амал зиёд андеша кардан ва ҳар шеърро гаштаву баргашта аз нав кор кардан зарур мешуд.
Шоир баъзан аз душвориҳои шеърнависӣ ҳикоят менамуд. Зеро ӯ дар сари шеър зиёд андеша мекард, баъзе шеърҳоро гаштаву баргашта аз нав менавишт. Ба андешаи вай, шеър бояд ҷавобгӯи замон, мисли Маяковский навишта шавад. “Дар ёд дорам,- навиштааст шоир,-солҳое ҳам буданд, ки шоирони ҷавон аз рӯйи содалавҳӣ худро “пайрави Владимир Маяковский” эълон мекарданд. Дар шеърашон на вазн буду на қофияи оҳангдор. Онҳо дуруст намефаҳмиданд, ки бо шикастани вазнҳо ва ба зинаҳо бемавқеъ тақсим кардани мисраъҳо шеъри нав ё дурусттарашро гӯем, Маякоскийи дигар ба амал намеояд. Владимир Маяковский ҳамчун минбари инқилоб дар худ маданияти баланди назми рус ва ҷаҳониро муҷассам карда, аз ҳамон шаклҳои маъмули пушкинӣ — хорей ва ямба мисраъҳои зинадор сохта, вазни қатъӣ, ҳатмӣ ва қофияҳои дохилию хотимавии ҷарангосӣ ба вуҷуд меовард, ки мазмунҳои олии замонро дар бар мегирифтанд, балки дар назми советӣ таҳаввулоти куллӣ дароварда буданд” (3, 323).
Ба мулоҳизаи шоири тоҷик, “эҷодкор бояд ҳамеша дар фикри тайёр кардани сухане бошад, ки мафҳуми он ба хонанда марҳами ҷон гардад (111, 324) яъне устод тарафдори шеъри инқилобии устодон Айниву Лоҳутӣ буда, аз ашъори инқилобии Владимир Маяковский ба ваҷд меомаданд. С.Айнӣ навиштааст: “Маяковский ҷорчии инқилоб буд. Назми Маяковский фикру шуури табақаҳои гуногуни инсониро бедор кард ва табақаҳои поёни ҷамъиятиро ба мақоми баланд бардошт” (111, 88). “Маяковский назми бузургро бо омма мепайваст. Ӯ истеъдоди худро ба доҳии пролетариат мебахшид. Ҳанӯз дар солҳои аввали инқилоб садои ҷарангосии ӯ ба гӯши халқҳои Осиёи Миёна расида, онҳоро ба муборизаи инқилобӣ бармехезонд”.
Устод Мирзо Турсунзода дар як мақолааш, ки “Дар хизмати халқу Ватан” ном дорад, бештар кӯшиш кардааст, ки дар бораи эҷодиёти адибон аз С. Айнӣ то шоирони ҷавон андеша кунад. Масалан, дар бораи эҷодиёти баъзе шоирон менависад: “Агар дар ин достон (Мавҷҳои Днепр”-и Муъмин Қаноат) порчаи ба бародараш бахшидаи ӯ намешуд, қимати достон ба ин дараҷа зиёд намегардид. Агар Қутбӣ Киром”Бӯи нон” ном шеъреро наменавишт, дигар шеърҳои ӯ дар бораи нон манзури хонандагон намешуданд. Дар ҳаёти эҷодии нависанда воқиае рӯй медиҳад, ки мақоми ӯро ба ҷӯш меоварад, бадоҳатан мусанниф бо таппиши дил асарашро эҷод мекунад ва ин асар дар ҳаёти адиб ва ҳам барои як адабиёт комилан воқиаи бузург мегардад. Кас мехоҳад, ки чунин асарҳо дар адабиёт ва санъати мо бештар бошанд” (3,321) Ё худ М.Раҳимӣ ҳам дар рафти тарҷума “В.Маяковскийро дақиқ омӯхта, ба дарёи шеърияти шоири револютсионии рус чун ғаввос фурӯ рафта, аз мазмуни бикр ва фикри дурпарвози ӯ илҳом гирифта, ба ваҷд омада, ниҳоят бо ҷӯшу хурӯш ва сӯзу гудоз дар васфи Ленин мисраъҳое гуфтааст, ки онҳо ҷавҳари омӯзиши дуру дарози шоир буда, дар шуури хонандагон мисли сурб нақши абадӣ ёфтаанд” (3, 321-322).
Устод Мирзо Турсунзода вазифаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимой дошт, Бинобар ин ҳам на ҳама вақт шеър навиштан даст медод. Ӯ навишҳтааст: “Ман ҳаргиз фақат машғули шеърнависӣ набудам, яъне касбам танҳо нависандагӣ набуд. Аммо дар ягон ҷо кор мекардам, масалан, дар газета бисёр кор кардам, чандин сол аст, ки вақти бисёрамро корҳои ҷамъиятӣ ва депутатӣ мегирифтанд. Одати шабҳо баъди анҷоми ташвишу тараддуди рӯзона шеър навиштан аз ҳамин ҷо пайдо шудааст” (3, 109). Шоир шабҳои дароз дар бораи шеър ва мавзуъҳои ҷудогона фикр намуда, аз паҳлӯҳои гуногуни он ба андеша медаромад. Душвориҳои шеърнависиро нисбат ба ҳамаи жанрҳои адабӣ зиёдтар қайд кардааст. “Баъди анҷоми ташвишу тараддуди рӯзнома ба хона омада, шаби дароз ба шеърнависӣ машғул мешудам… зӯр ояд, сигор паси сигор кашида, то саҳар хонаро пур аз дуду хокистар менамуд. Вай дар бунёд кардани шеърҳои хурду бузург, ҳамин хел, бо душворӣ амал менамуд.
Қариб ҳамаи мақолаҳои илмӣ-адабӣ ва публисистии устод Мирзо Турсунзода ба нақди адабӣ молик буда, хусусиятҳои ин жанрро пурра риоя менамоянд. Мо дар нақди илмиву бадеии устод тамоми ҷиҳатҳои жанрию эстетикӣ ва маҳорати бадеиро пурра ба мушоҳида мегирем. Устод хеле аз муҳаққиқони номии адабиёти тоҷик А.Мирзоев, Ш.Ҳусейнзода, М.Шукуров, С.Табаров, Ю.Бобоев ва дигаронро ном гирифта, навиштаҳояшонро хондаву муҳокима менамуд. Аз баъзеи онҳо ҳамчун Ш.Ҳусейнзода домангир буданд, ки мисли адабиёти дигар халқу миллатҳо достонро ба чанд вазн нанависем, ё ба сабки Маяковский навиштани ашъори Пайравро пайравии шаклӣ номида, дар шеъри “Корвон” ба роҳ рафтани поезд тақлид шудааст. “Ҳар чӣ бошад, масъалаи ба адабиёти тоҷик таъсир расондани Маяковскийро ҳарҷониба таҳқиқ карда, бо фактҳо нишон доданро зарур медонист. На танҳо санъати зоҳирӣ, балки мазмуни дохилии асарро ҳартарафа баён карданро зарур мешуморид. Танқид бояд дар ин масъала на ба муболиға афтад, на ба кам карда нишон додани он. Дар ин бора фактҳо бисёранд, вале онҳо ҳанӯз пурра омӯхта нашудаанд” (3,349) таъкид менамуд устод.
С.Табаров ҳам як қисм шеърҳои навпардозонаи Миршакаровро ба таҳқиқ гирифта, онҳоро “новатории сохта” меномад, ки муаллиф ин аҳволро айбдоркунии ҷиддӣ ва рафтори хато номидааст. Дар рафти баёни фикр боз чунин мулоҳизаҳо баён шуда буданд: “Ба фикри ман, ин шеърҳои нави Миршакаровро “новатории сохта” ҳисоб кардан мумкин нест. Агар кас бодиққат хонад, дар байнашон як қатор шеърҳои нағз ҳам ёфта метавонад, шеърҳое ҳам ҳастанд, ки бемуваффақият баромадаанд… Ақидаи Табаров асос ва далел талаб мекунад”. (Ҳамон ҷо).
Муҳаққиқ Турсунзода дар нақди адабӣ муқобили танқидчиён-маддоҳон баромада, асоси воқеии асарҳоро талаб менамуд, ки барояшон кӯмак расонанд. Масалан, худи устод умедвор будаанд, ки дар бораи эҷодиёти ӯ ҳам мунаққидон мулоҳиза карда, камбудиҳояшонро нишон диҳанд, Дар бораи шеъри “Шаби котиби райком” навиштааст: “Дуруст мегӯянд ва миннатдорам, ки дар ин шеър образи котиби райкомро инкишоф надодаам” (345). Лекин устод дар баробари дигар мунаққилон дар бораи эҷодиёти ӯ ҳам чӣ мегуфта бошанд, тақдири навиштаҳояш ба дасти маддоҳон расида, мадҳу ситоиш шудааст. Танқидҳои бемавқеъ аз ҷониби Миршакаров ҳам шунида шудааст, ки ӯро дар хиҷолат мемононад. “Ман ҳам нигаронам, ки танқид кори маро ҳарҷониба таҳлил кунад, дар ин сурат ман эҷодиёти худро мефаҳмам ва дар оянда чӣ кор карданамро донам, фақат танқиди умумиро мебинаму халос. Бисёр навиштаҳои дар бораи ман чизи нав дода наметавонанд. Бояд нисбат ба асарҳоямон ғамхорона муносибат кунанд” (3, 342)
Устод ҳамчунин дар бораи синфи коргар кам асар доштанамон, ба ҷуз “Марги судхӯр” дигар ба ҳаҷв мисли Гоголу Шедрин рағбат нанамудани адибони тоҷикро ёдовар шуда, аз А.Деҳоти ва Миршакаров хоҳиш кардаанд, ки ҷойҳои холимондаро бо асарҳои сазовори замон пур кунанд. Мисли Белинский ва Добролюбов дида тавонистан ва ба таҳқиқ гирифтани ҳар навигарии дар бораи пешрафти маърифату маданият, аҳли зиё, роли роҳбарикунандаи сарварон ва бисёри монанди инҳоро зарурати саривақтӣ маънидод кардаанд.
Ашъори шоирони дар солҳои панҷоҳум навиштаи Баҳорӣ дар бораи саноат, мазмуну мундариҷаи осори Шукӯҳӣ, дар бораи дӯстӣ навиштаи Ғ.Мирзоро ғамхорона ба таҳқиқ гирифта, муваффақият ва баъзе норасоиҳояшонро ба мулоҳиза мегирифтанд, танқиди адабӣ бурд мекард, вале, мутаассифона, навиштааст устод, “танқиди адабии мо аз ин навигариҳо чашм пӯшида мегузарад” (3,253). Бинобар камҳавсалагии нақди адабӣ устод аз адибон хоҳиш менамуд, ки худашон дар кори танқид фаъол иштирок намуда, дар бораи асарҳои наву тозаи адабиву бадеӣ фикру андешаҳояшонро иброз доранд. “Ба фикри ман,-менависад муҳаққиқ,-нависандагон ҳам ба мунаққидон даст ба даст диҳанд, худашон ба асарҳо баҳо диҳанд, дар жанри танқид асар нависанд, чунонки нависандагони умумииттифоқ мекунанд, ба пешрафти танқид ёрӣ мерасонанд” (Ҳамон ҷо). Минбаъд устод ин масъаларо ба Президиуми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон гузошта, чораҳои зарурӣ андешиданро талаб мекард.
Шоҳзамон РАҲМОНОВ,
профессор