Дар китоби «Тоҷикнома»-и профессор Иброҳим Усмонов, ки дар 3 ҷилд нашр гардидааст, мавзӯи арзишҳои миллӣ, истиқлол ва забони тоҷикӣ, андешаи миллӣ, ваҳдати маънавии миллат, ифтихори миллӣ, баҳси тоҷику форс, андешаҳо перомуни адабиёту забони тоҷикӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст.
Дар ҷилди аввали китоб дар бораи устод Садриддин Айнӣ ва аллома Бобоҷон Ғафуров сухан меравад. Дар бораи устод Садриддин Айнӣ гуфта шудааст, ки «беҳтарин асарҳои Садриддин Айниро, аз ҷумла «Ёддоштҳо», «Ҷаллодони Бухоро», «Таърихи амирони манғитӣ», «Ғуломон», «Марги судхӯр», публитсистикаи миллиашро ба шакли мунтахабот, ё тамоми эҷодиёташро – ҳамаи он сазовори таваҷҷӯҳи аҳли олам аст, бо шаш забони расмии дунё чоп кунему паҳн намоем. Дар Тоҷикистон Маркази Айнишиносӣ ташкил диҳем, ки он ба омӯхтану таблиғи тамоми мероси устод, тарбияи мутахассисони ватанию хориҷӣ – Айнишиносон машғул шавад.Дар ҳамаи ихтисосҳои гуманитарии мактабҳои олии Тоҷикистон дар барномаи таълим Айнишиносӣ ҳатман дохил карда шавад ва бо назардошти ихтисос таълим дода шавад – адабиёт ва адабиётшиносии Айнӣ, таърихшиносии Айнӣ, ҷаҳоншиносии Айнӣ, фалсафаи Айнӣ, педагогикаи Айнӣ, публитсистикаи Айнӣ ва амсоли ин».
Дар китоб мавқеи аллома Бобоҷон Ғафуров дар сиёсат ва илм бисёр бузург арзёбӣ гаштааст: «Дар тӯли 10 сол роҳбари Тоҷикистон, дар тӯли 21 сол роҳбари Институти шарқшиносии СССР, қариб 20 сол сармуҳаррири маҷаллаи «Азия и Африка сегодня», Раиси Кумитаи шӯравии лоиҳаҳои ЮНЕСКО — «Шарқ-Ғарб» буданд. Вай бо 6 ордени Ленин, ордени «Револютсияи Октябр», бо ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат» мукофотонида шудааст.
Академик Б. Ғафуров соли 1968 ба мукофоти байналхалқии Ҷаворҳирлол Неру шарафманд гардид, профессори ифтихории донишгоҳҳои Теҳрон ва Оллоҳободи Ҳиндустон мебошад ва соли 1967 унвони Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистонро сазовор гардид. Ӯ дорандаи ордени «Байрақи Сурхи Меҳнат»-и Муғулистон низ мебошад. Дар Тоҷикистон осорхонаи Б. Ғафуров мавҷуд аст, дар назди Академияи илмҳои Тоҷикистон нимпайкараи вай гузошта шудааст. Яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд номи ӯро доранд.
Дар Тоҷикистон ба номаш пул, сикка зада шудааст. Барои хизматҳои бузург ва фидокориҳо дар поягузории Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолияти хирадмандонаи давлатдорӣ, инкишофи тамаддун ва худшиносии миллӣ» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 8 -уми сентябри соли 1997 «ба фарзанди бошарафи халқи тоҷик Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон»-ро дод.
Дар мавриди ифтихороти миллӣ ва фаҳмиши «тафаккури тоҷикистонӣ» бошад, гуфта мешавад:
«Барои аксарият фаҳмиши «тафаккури тоҷикистонӣ» ҳаммаънои калимаи «ҳаммиллат будан» аст. Аслан, дар илм бисёриҳо калимаи «миллат» ва вожаи «халқ»-ро ҳаммаъно ҳисоб мекунанд. Ҳатто вожаҳое, ки гурӯҳҳои хурдтарро ҳам ифода мекунад, ба монанди қавм, қабила ва ғайраро низ ба ҳамин маъно меоранд. Албатта, вақте ки калимаи «этнос» дар илм истифода шуд, дар решаи умумии онҳо як маъно вуҷуд дошт. Барои фаҳмидани маънои хоси ҳар истилоҳ, замонро дар назар гирифтан зарур мебошад. Мафҳуми «халқ» мардуми давлати замони феодалро ифода менамояд. Баробари ба вуҷуд омадани давлат, халқ ба вуҷуд омад. Яъне, дар ин давра, яке аз қавмҳо бартарӣ пайдо кард. Масалан, давлати тоҷикҳо – давлати Сомониҳо буд ва халқи тоҷик дар замони Сомониҳо ташаккул ёфт. Чунин маъно бардоштан даркор нест, ки онҳое, ки ба забони тоҷикӣ сухан мегуфтанд, тоҷик буданд, то замони Сомониҳо мавҷуд набуданд, балки ин чунин маъно дорад, ки маҳз ҳамин халқи тоҷик, ки дар Осиёи Миёна мезист, муттаҳид шуда давлати Сомониёнро бунёд гузоштанд. Албатта, дар он вақт ҳам «тоҷик» мегуфтанд, вале калимаҳои суғдиву бохтарӣ, хоразмиву форс, шуғнониву фарғонӣ зиёдтар истифода мешуданд. Дар замони ибтидои халқшавии мардуми тоҷик ҳар кӣ ба номи суғдиву бохтариву хоразмиву фарғонӣ ёдоварӣ мешуд, инҳо ҳама таъкид ба тоҷик буд. Тавре дар асрҳои XIX-XX ҳар кӣ бо номи шаҳрҳо ёдоварӣ мешуд, масалан, Ҳисорӣ, Бухороӣ, Хуҷандӣ, Ҳиротӣ, Нишопурӣ, Кобулӣ низ тоҷик буд…».
Дар китоби дувум баҳси илмӣ дар мавриди замон ва муҳити пайдоиши халқи тоҷик рафта, гуфта шудааст, ки «дар бораи миллати тоҷик сухан рондан, дар бораи давлатдории миллатсозии халқи тоҷик, дар бораи истиқлолияти давлат, халқ ва забони тоҷикӣ сухан гуфтан таҳқиқу қадр кардани сухани устод С.Айнӣ «баромад оқибат овози тоҷик» аст. Зеро давлат ва миллати тоҷик танҳо дар солҳои бистуми асри 20 аз нав ташаккул ёфтанд. Воқеан, агар ба ҳар кадом китоби таърихи халқи тоҷик нигарем, хоҳем дид, ки мо дар бораи давлатдории тоҷик не (ба истиснои давлати Сомониён), балки дар хусуси минтақаҳои мамлакат ё ҳавза ва мавқеи тоҷикон дар онҳо мулоҳиза меронем. Масалан, номи фаслҳо ва бобҳои китоби Б. Ғафуров «Тоҷикон» чунинанд: Осиёи Миёна дар ҳайати давлати Ҳахоманишҳо; Осиёи Миёна дар давраи Кӯшониён; Тохористон; Суғд; Уструшан-Фарғона; Анҷоми протсесси ташаккули халқи тоҷик ва созмони давлатии ӯ: Давлатҳои Тоҳириён, Саффориён, Сомониён; Осиёи Миёна дар ҳайъати хилофати араб; давлатҳои Ғазнавиён, Қарахониён, Ғуриён ва Хоразмшоҳиён, халқи тоҷик дар давраи чингизиён; халқи тоҷик дар давлати Темуриён; халқи тоҷик дар давлати Шайбониён; халқи тоҷик дар ҳайати давлати Ҷониён; халқи тоҷик дар аморати Бухоро ва давлати хонии Қӯқанд; халқи тоҷик дар давраи ба Русия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна».
Китоби сеюм ба забони русӣ нашр шуда, мавзӯҳои муҳимми тоҷикшиносиро дар бар мегирад.
Умуман китоби «Тоҷикнома»- и профессор Иброҳим Усмонов асари ҷадид оид ба таърихи халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, андешаҳои илмии хонданӣ дорад. Чи гунае, ки дар шиносномаи китоб гуфта шудааст:
«мақсади ягонаи муаллиф – муайян кардани ҷойгоҳи халқи тоҷик дар Осиёи Миёна ва мавқеи вай дар байни мардуми эронинажод аст. Ӯ вожаи эронро, на ба мафҳуми имрӯзаи ҷуғрофияи сиёсӣ, балки дар фаҳми таърихии он, сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон истифода мекунад. Хокдони халқу забони худро дар ҳамин минтақа ва решаи аҷдодии худро дар халқиятҳои хурду калони инҷо, аз ҷумла Суғду Бохтар медонад. Таҳқиқҳои муаллиф ба осори зиёди илмии форсу тоҷик, араб, рус ва донишмандони аврупоӣ такя мекунанд».
Китоби бо шеъри
Аз зуҳраву зуҳал,
Аз қаъри торикӣ
Орам навиди нав
Бо лафзи тоҷикӣ
оғоз ёфта, ҳамчунин пурсиши дили муаллиф низ ҷой дода шудааст:
1. Мо мардуми таҳҷоии Осиёи Марказӣ ҳастем ё қавми омадаем?
2. Аврупоиҳо дар таърихи тоисломии халқҳои эронӣ, суғд, бохтар ва форсро шинохтаанд, розӣ мешавем ё не.
3. Пас, ҳамчун халқи қадимӣ мо суғду бохтар ҳастем ё форс?
4. Агар мо худро форс ва эронӣ гӯем, сарнавишти падару модар ва хоҳару бародар ва фарзандони дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон будаамон чӣ мешавад? Онҳоро форсшавӣ намемонанд. Оё тоҷикияташон ҳам аз байн намеравад?
5. Бароямон чӣ беҳтар, моро ҳамчун тоҷик ва тоҷикистонӣ шиносанд ё ҳамчун форс ё эронӣ? Мустақил будан беҳтар ё ҷузъи миллати бузург, бе номи худ?
6. Истилоҳи тоҷик, ки хитоиҳо, арабҳо, туркҳо, юнониҳо, арманиҳо, русҳо, аз бузургони мо Унсурӣ, Саноӣ, Аттор, Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Амир Хусрав, Бедил истифода бурдаанд, ишора ба чист? Халқ, миллат ё ягон мафҳуми дигар?
7. Эрон шакли калимаи ориёиҳо. Воқеан мо яке аз халқҳои ориёӣ ҳастем. Аз ин нигоҳ мо эронӣ мебошем. Номи Эрон чун ҳудуди давлатӣ дар соли 1936 пайдо шуд.
8. Мо дар солҳои шӯравӣ аз он норизо будем, ки баъзе миллатҳои мамлакатамон тарҷумаро аз адабиёти классикии мо «тарҷума аз форсӣ» мегуфтанд. Ҳоло бо онҳо ҳамфикр шудаем?
9. Пантуркистҳо оё дуруст мегуфтанд, ки мардуми тоҷик туркҳои ба таъсири мадраса забонгумкардаанд?
10. Қисми зиёди даризабонҳои Афғонистон худро тоҷик мегӯянд, онҳоро эронӣ ва форс номидан мумкин аст?
11. Аз рӯи гуфтаи бузургони илму адабамон то қарни XVII аксарияти аҳолии Хуросону Шероз чун халқ худро тоҷик мегуфтанд. Чаро имрӯз чунин намегӯянд?
Шервони УМРИДДИН
рӯзноманигор