Либоси тоҷикӣ як ҷузъи фарҳанги миллии мо ба шумор меравад, ки дар тӯли асрҳо моро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамояд.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва тарғибу ташвиқи либосҳои миллӣ дар байни ҷавонон зиёд гардидааст. Тавре аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем халқи тоҷик бо фарҳангу тамаддуни қавии худ тавонистааст мавқеи арзишҳои миллии худ, бахусус, либоси миллиро то ин дам нигоҳ дорад.
Яке аз нишонаҳои асосӣ ва муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои гуногуни дунё ин либоси миллии онҳост. Вақте сухан дар атрофи либоси миллии тоҷикӣ меравад, ҳатман симои зан-модар бо сару либоси тоҷикона пеши назар меояд.
Аммо баръакси ташвиқи фарҳанги миллӣ аз ҷониби Ҳукумати кишвар бархе аз ҷавонони мо тақлид ба фарҳанги бегона карда, бо пӯшидани либосҳои кӯтоҳу танги ба тан часпида, доманҳои кӯтоҳ, ҳиҷоби сартопо печида хавфи калони аз байн рафтани фарҳанги миллиро ба вуҷуд овардаанд. Ҷавонони кӯтоҳандеши мо фикр намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба фарҳанги миллӣ ин беэҳтиромӣ нисбати миллат ва давлат аст. Дар сурате, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занону духтарон либосҳои тавсияви пешбинӣ шудаанд, пас чаро ҷавонони моро қонеъ намегардонад? Бисёре аз ҷавонони мо чун ба фарҳанги кишварҳои Ғарб такя мекунанд, боре ба худ суол додаанд, ки чаро шаҳрвандони кишварҳои ғарб либоси моро ба бар намекарда бошанд?
Албатта ин аз дарки пасти миллӣ ва эҳтиром нагузоштан ба арзишҳои миллӣ шаҳодат медиҳад.
Дар яке аз баҳсҳои шабакаи иҷтимоӣ шоҳиди баҳсе дар мавзуи «Фарҳанги либоспушӣ» гаштам, ки Санавбар Раҷабова, омӯзгори собиқадор аз шаҳри Ваҳдат гуфтааст:
«Либоси миллии тоҷикӣ ба ҳусни зебои духтарони тоҷик ҳусни дигаре зам мекунанд. Бовар кунед, он майкачаҳои беостине, ки баъзе «тоҷикони нав» мепӯшанд, ба чеҳраи тоҷикона ва абрӯвони пайвастаи онҳо ҳеҷ намезебад. Вақте тариқи моҳвора телевизиони Туркманистонро тамошо мекунам, ба он мардум аҳсан мегӯям! Ҳатто депутатҳо ва вазирҳояшон аз ҷинси латиф дар тан либоси миллӣ доранд. Пас чаро мо наметавонем чунин бошем?! Аз сари минбарҳо мо тоҷикем мегӯем, аммо на забонамонро тоза нигоҳ медорему на урфу одатамонро риоя мекунем ва на либоси дуруст мепушем!». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки фарҳанги миллии мо зери таҳдиди фарҳанги бегона қарор гирифтааст.
Аммо таърих шоҳид аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои халқу миллат ба шумор меравад.
Мо тоҷикон мардуми хушбахтем, ҷумҳурии соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва забон, урфу одат ва либоси ба худ хос дорем. Пас моро зарур аст, ки ин арзишҳои миллии худро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем, то насли ояндаи мо аз гузаштагони бофарҳанги худ ифтихор намоянд.
Пас, барои ҳифзи суннату анъанаҳои неки ниёгонамон моро зарур аст, ки аз фарҳангу тамаддуни бегона дурӣ ҷӯем ва ҳарчи бештар ба тарғиби фарҳанги миллии тоҷикии худамон пардозем, вагарна бо ин ғарбпарастиамон таърих моро нахоҳад бахшид.
Гулбаҳор Розиқзода – донишҷӯ