Соли 1967 баъди хатми факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳозири Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), фаъолият дар телевизиони тоҷик ва адои хизмати ҳарбӣ дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ба аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон шомил шудам. Чун ба омӯзиши адабиёти классикӣ шавқ доштам, устод Расул Ҳодизода таҳқиқи ҳаёт ва эҷодиёти Анварии Абевардӣ, яке аз шоирони маъруфи қарни XII-ро ба дӯшам вогузор карданд.

Ногуфта намонад, ки дар он давра Анварӣ чун шоири маддоҳ ва қасидасаро мавриди интиқоди адабиётшиносии советии тоҷик қарор гирифта буд. Ҳатто устод Садриддин Айнӣ номи ӯро шомили «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926) накарда ва мураттибони «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) бо такя ба равиши марксистӣ, ба далели идеологияи коммунистӣ зарур нашумориданд, ки «паёмбари қасида»-ро дохили ин китоб кунанд. Бинобар ин, омӯзиши рӯзгори Анвариро ба сифати мавзӯъи таҳқиқи банда пешниҳод кардани профессор Расул Ҳодизода ва розӣ шудану ба ин кор дасту остин барзадани ман ҷуръат ба ҳисоб мерафт.

Ба дунёи рангини эҷодиёти Алӣ Авҳаддудини Анварӣ зуд ворид шудам, нусхаҳои мухталифи девони ӯро хондам, ҳар чи дар боби эҷодиёти шоир дар китобхонаҳои Маскав, Санкт-Петербург, Душанбе, Тошкант ва ғ… ба даст омад, мутолиа кардам ва ба таълифи рисола камар бастам. Ба хотири қулай шудани ҷараёни таълифи рисола ва мутобиқ шудани он ба сиёсати замон Расул Ҳодизода «Мавқеъи ғазал дар эҷодиёти Анварӣ»-ро ба сифати кори илмии ман пешниҳод карданд. Ҳамин тавр, банда бо роҳнамоии устодам навиштани рисоларо ба анҷом расонида, соли 1974 онро дифоъ кардам. Дар ҷараёни таълифи рисола ва пас аз он низ банда анваришиносиро идома дода, дар чанд маҷмӯаи илмӣ ва нашрияҳо мақолаҳо ва намунаи осори шоирро таҳияву чоп кардам. Соли 1988 рисолаи банда бо номи «Анварӣ ва ғазалиёти ӯ» дар нашриёти «Дониш» ба нашр расид.

Солҳои 1975-1979 ва 1981-1985 бо амри сарнавишт ба сифати тарҷумон ба Ҷумҳурии Афғонистон рафатам. Бо пофишориҳои дӯсти адабиётшиносам Олимҷон Хоҷамуродов, ки дар айни замон доктори илм аст, таҳқиқи рӯзгор ва осори Анвариро идома дода, рисолаамро такмил додам, ба ҳуруфи арабиасоси форсӣ баргардон намудам, ки дар шаш шумораи маҷаллаи «Хуросон» ба нашр расид. Ҳамчунин, зимни ковишҳои илмӣ дар китобхонаву архивҳои Кобул мақолаҳои алоҳида таълифу нашр кардам. Яъне дур аз институт низ эҷодиёти Анвариро канор нагузоштам.

Вақте аз сафари Афғонистон баргаштам, мехостам пажӯҳиши паҳлӯҳои дигари осори Анвариро идома диҳам, вале баробари омадан ба Душанбе огоҳ шудам, ки устод Расул Ҳодизода ин мавзӯъро ба шогирди дигарашон додаанд. «Домани адабиёт васеъ аст, дигар мавзӯъро ба шумо медиҳам, дар як-ду сол доктор мешавед»,-гуфтанд устод. Вале ман ба Институти педогогии забон ва адабиёти рус ба номи А. С. Пушкин, ҳоло Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба кор гузаштаму ҳамин тариқ бо Анварӣ «видоъ» гуфтам. Зеро дар донишкада самти пажӯҳиши ман ба куллӣ тағйир ёфт. Банда ба омӯзиши назарияи тарҷума ва тарҷумашиносӣ машғул шуда, умрамро дар роҳи рушди донишкада ва тарбияи шогирдон сарф кардам. Дар самти тарҷума пажӯҳишҳо бурда, асарҳои илмӣ, мақола, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методӣ навиштам. Вале иттифоқе афтоду дар камолоти умр бори дигар ба эҷодиёти Анварӣ рӯй овардам.

Дар остони 75-солагии умрам ба банда саодате насиб шуд, ки бо ҷавонони эҷодкор – Иброҳимҷон Дӯстализода, Одил Нозир ва Бузургмеҳри Баҳодур, ки ҳар яке дар роҳи илму адабиёт ва матбуот  гомҳои устувор мебардоранд, шинос гардам. Ин ҷавонони саодатманд бахшида ба 75-солагии банда китоби зебое бо номи «Оинадори Фарангу Ховар» ба нашр омода карданд, ки мақбули писанди ҳамагон гардид. Зимни таҳияи ин китоб, ки аз меҳрномаҳо фароҳам омадааст, зарурате пеш омад, ки мураттибони ҷавон ба асарҳои нашркардаи ман шинос шаванд. Зимни шиносоӣ пажӯҳишгари ҷавон Одил Нозир, ки журналисти шинохта ва муҳаррири ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳасту ба таҳқиқи адабиёт рағбат дорад, ба анваришиносии ман мароқ зоҳир карда гуфт:

– Чаро рисола ва мақолаҳоятон оид ба Анвариро бознигарӣ ва аз нав нашр намекунед?

– Дар ин синну сол, ки бемории зиёд азиятам медиҳад, ин корро карда наметавонам,- посух додам.

Одилҷон идея дод, ки рисолаи «Анварӣ ва ғазалиёти ӯ»-ро бо мақолаҳои дар солҳои гуногун нашршуда дар як китоб ҷамъ оварда ва ба чоп расонам.

– Агар шумо кӯмак кунед, даст ба ин кор мезанам,- гуфтам.

Ӯ бо вуҷуди серкорӣ розӣ шуд ва масъулияти ба чоп омода кардани китобро бар дӯш гирифт.

Вақтҳои охир ба сабаби беморӣ имкони мутолиа, эҷод ва сари кор нишастан камтар ба банда даст медиҳад.  Аз ин рӯ Одилҷон, ки ба писархондӣ пазируфтамаш, таҳия, тасҳеҳ ва таҳрири китоби калонҳаҷмро ба танҳоӣ ба сомон расонид. Барака ёбад. Аз ӯ миннатдорам. Одилҷон ният дорад, ки доир ба паҳлӯҳои норавшани рӯзгору эҷодиёти Анварии Абевардӣ мақолаҳо нависад, бо ёрмандӣ гоми нахустинро гузоштем, як мақола навиштем ва як суҳбат низ анҷом додем, ки ба ин китоб дохил шудааст. Барои таълифоти ояндааш дуои нек медиҳам.

Барои нашри ин китоб ректори собиқи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, профессор М. Раҷабзода ва ректори кунунӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода ёрмандӣ карданд, ки ба эшон арзи миннатдорӣ мекунам. Ба адабиётшиноси номвар Субҳони Аъзамзод низ, ки дар вероиш такмил ва тасҳеҳи китоб саҳм гузошт, ташаккур мегӯям. Аз пажӯҳишгар Мӯҳсини Фараҳбар, ки дар вероиши матни форсӣ саҳм гузоштанд сипосгузорам.

Ин китоб тӯшаи умри ман ба адабиёт ва илми тоҷик аст. Он бароям хеле арзишманд мебошад, зеро дар пиронсолӣ маро ба ёди ҷавонии пуршӯр бурд, ба ёди Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, ба ёди устодони рашиди он, ба ёди дӯстони адабиётшиносам, ба ёди ковишҳоям дар китобхонаҳо ва ба ёди беқарориҳоям дар кори пажӯҳиш ва таълиф.

Ин китобро ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии ватани маҳбубам Тоҷикистон, ки аз ҷон зиёдтар дӯсташ дорам ва бо он мефахрам, ҳадя мекунам.

Абдурашид САМАДОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь